Чунонки маълум аст, дар таърихи 11 октябри соли 2020 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки барои иштирок дар он аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Итифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардидааст. Барои ширкат дар ин интихобот мо санади нави созандагию ободкорӣ  – “Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст»-ро дар даст дорем, ки таҳти шиори «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» таҳия гардида, бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда, яъне барои солҳои 2021-2027 пешниҳод шудааст.

Барнома аз қисмати муқаддимавӣ, фаслҳои нақшаҳои барномавӣ дар давраи то соли 2027, сиёсати иқтисодӣ, маориф ва илм, шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот, ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, инчунин қисмати натиҷаҳои татбиқи самарабахши ҳадафҳои пешбинигардида иборат мебошад.

Дар қисмати муқаддимавии Барнома зикр гардидааст, ки ин санад дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шудааст.

Дастоварду пешравиҳоро дар давоми ҳафт соли гузашта Пешвои муаззами миллат маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон ҳисобида, даъват ба амал овардаанд, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё намоем.

Дар ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба 7 фоиз баробар шуд. Дар ин давра зиёда аз 1200 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола 150 ҳазор ҷойи кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд ва шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50 фоиз кам гардид.

Даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 маротиба ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар зиёд шуд. Сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020 паст гардид. Дар ин давра дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт ва фавти кӯдакони синни то панҷсола 20 фоиз коҳиш ёфт.

Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ бо зиёда аз 160 ҳазор ҷойи нишаст ва муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ин солҳо беш аз 1500 километр роҳи мошингард, 190 пул, 4 долони зидди тарма ва 50 километр роҳи оҳан бунёду навсозӣ гардида, имконияти транзитии кишвар густариш дода шуд.

Ду агрегати НБО-и «Роғун» ба истеҳсоли неруи барқ шурӯъ намуда, маҳдудияти интиқоли барқ дар фасли зимистон бартараф гардид.

Бо мақсади беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар, таъмини шуғли пурмаҳсул ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд.

Ҳоло дар раванди омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 25 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар соҳаи маориф дар ин давра 135 муассисаи томактабӣ, 740 маркази ташаккули зеҳнии кӯдакон, 1444 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.

Дар ин муддат ба хотири татбиқи сиёсат оид ба дастгирии занон, оила ва ҷавонон якчанд барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда, шумораи онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда бамаротиб зиёд гардид. Ба рушди варзиш ва оммавигардонии он аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар кишвар толор ва майдончаҳои зиёди варзиш бунёд гардид. Дар натиҷаи таваҷҷуҳ ба ин соҳаи муҳим шумораи мактабҳои варзиш ба 128, варзишгоҳҳо ба 124, майдончаҳои варзиш ба 7301, толорҳои варзиш ба 1807, ҳавзҳои шиноварӣ ба 92 ва иншооти махсуси варзиш ба 792 расида, ба кор оғоз кардани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе имкони дар кишвар баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро фароҳам овард.

Дар ҳафт соли охир сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон дар доираи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шуда, мақому мавқеи кишвар дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият пайдо кард. Дар ин муддат якчанд пешниҳоду ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд. Қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» намунаи барҷастаи ин ибтикорот мебошад. Сиёсати пешгирифтаи “дарҳои кушода” ва бисёрсамтӣ самараи нек ба бор овард.

Дар фасли нақшаҳои барномавӣ дар давраи то соли 2027 таъкид гардидааст, ки дар ҳафт соли оянда рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин мегардад. Бо ин мақсад татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таъмин гардида, дар ин асос муҳимтарин масъалаҳои иқтисодӣ амалӣ мешаванд.

Дар ин давра дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ афзалият дода мешавад: таъмин намудани рушди устувор бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтӣ ва рақобатнокии иқтисоди миллӣ; афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолии мамлакат; расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна.

Мувофиқи нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таносуби он ба ҳар сари аҳолӣ дар 7 соли оянда 2 баробар афзоиш меёбад. Ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода мешавад. Ҳамасола ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода мешаванд. Сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баланд бардошта шуда, ба ин бахш зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Барои татбиқи сиёсати иқтисодӣ дар оянда дар Барнома ҳалли масъалаҳои зерин зарур ҳисобида шудаанд:

– таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ;

– таҳия ва татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавии тараққиёти кишвар;

– таҳким бахшидан ба сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии кишвар;

– мунтазам зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнати кормандон;

– такмил додани механизми дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони ватанӣ;

– рушди бозори коғазҳои қиматнок;

– вусъат бахшидан ба раванди ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ;

– баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии бонкҳо;

– истифодаи васеи технологияҳои муосири пардохти ғайринақдӣ;

– идома бахшидани ислоҳот доир ба беҳтар кардани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, баланд бардоштани мавқеи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ;

– таҳия ва амалӣ намудани «Стратегияи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2021-2025»;

– густариш бахшидан ба ҳамкориҳои молиявию иқтисодии кишвар бо шарикони рушд;

– дар соҳаи саноати кишвар бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ;

– тавсеа бахшидан ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ташкил кардани минтақаҳои саноатӣ;

– таъсис додани маҷмаа ва корхонаҳои агросаноатӣ;

– афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, бунёд намудани марказҳои логистикӣ;

– зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ;

– амалӣ намудани сиёсати экологӣ;

– идома додани сохтмони НБО-и «Роғун», НБО-и «Себзор», хатти интиқоли барқи байналмилалии Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ – «CASA – 1000», таҷдиди НБО-ҳои «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд»;

– идома додани сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ, аз ҷумла дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Данғара-Гулистон, Кӯлоб-Муъминобод, Хуҷанд-Конибодом, Восеъ – Темурмалик -Кангурт, Гулистон-Кӯлоб, Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон-Сари Хосор, Шкев-Қалъаихумб, Қалъаихумб-Ванҷ, қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ, Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ, Хуҷанд-Ашт ва дигар роҳҳои дохилӣ;

– васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақл;

– таъмин кардани рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ;

– амалӣ намудани лоиҳаҳои бунёди шабакаи нуриву нахии байналмилалӣ, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ;

– ташкил кардани инфрасохтори муосир дар деҳоти кишвар;

– ташаккул додани инфрасохтори замонавии сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, шикор ва дигар намудҳои сайёҳӣ.

Бо дарназардошти он, ки илму маориф рушди муттасили ҳар як кишварро таъмин мекунад, дар ин самт дар Барнома амалӣ намудани тадбирҳои зерин мувофиқи мақсад шумурда шудаанд:

– таваҷҷуҳи авваландараҷа зоҳир намудан ба соҳаҳои илму маориф, идома бахшидани ислоҳот дар ин самт, давра ба давра зиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ;

– баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди таҳсилот;

-амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи «Барномаи рушд ва омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020 -2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

– такмил додани низоми таҳсилоти муттасил, фосилавӣ ва фарогир,  касбу ҳунаромӯзии наврасон, ҷавонон ва калонсолон;

  • фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва фароҳам овардани шароити баробари дастрасӣ ба рушди зеҳнии кӯдакон дар деҳоти кишвар;

– таъмин намудани робитаи илм бо истеҳсолот;

  • таҳия ва татбиқ намудани “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технологияҳо ва инноватсия барои давраи то соли 2030”;
  • андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ҳавасмандгардонии ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. Дар ҳафт соли оянда тибқи Барнома ҷиҳати ҳалли масъалаҳои шуғл тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуда, барои боз ҳам беҳтар гардонидани солимии ҷомеа ба соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзалият дода, амалӣ намудани ҳадафҳои зерин пешбинӣ мегардад:

– таъсис додани бозори меҳнати қобили рақобат ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ;

– дастгирӣ кардан ва рушд додани соҳибкории хурду миёна;

– таҳия намудани барномаҳои махсуси беҳтар гардонидани имкониятҳои шуғл барои занон, шахсони маъюб ва гурӯҳҳои дорои имконияти маҳдуд,;

– зиёд кардани курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон, соҳиби касб намудани ҳар як шахси бешуғл;

– бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ ташаккул додани заминаҳои ҳуқуқӣ ва сохтории соҳаи ҳунармандӣ, рушди инфрасохтори он;

– тадриҷан зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ;

– тараққӣ додани соҳаи дорусозӣ;

– амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ доир ба ҳифзи иҷтимоии ятимон, кӯдакони маъюб ва бесаробон.

Оид ба фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот дар Барнома таъкид ёфтааст, ки фарҳанг ҳастии миллат ва яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа буда, барои рушди маънавиёти ҷомеа, инкишофи фарҳанг, санъату мусиқӣ, театр, кино, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, иттилоот ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон тадбирҳои зерин амалӣ мегарданд;

– таҳким бахшидан ба сатҳи маънавиёти ҷомеа ва таъмин намудани рушди забони давлатӣ ва фарҳангу санъат;

– устувор намудани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои фарҳанг;

– ҳавасманд гардонидани мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат ва муҳайё намудани шароити арзанда барои истеъдодҳои ҷавон;

– пешгирӣ кардани паҳншавии афкори радикаливу ифротгароӣ дар байни ҷавонон;

– арҷ гузоштан ба мероси моддиву маънавии халқи тоҷик  ва дастовардҳои фарҳангии ҷаҳони муосир;

– оммавӣ гардонидани китобхонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои болоравии сатҳи маънавиёт ва ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа;

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон, ҳалли мушкилоти вобаста ба оила ва занон диққати аввалиндараҷа дода шуда, дар ҳафт соли оянда тибқи Барнома ташаббусҳои созандаи ҷавонон дастгирӣ ёфта, нақши занон дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта мешавад, оммавигардонии варзиш таъмин шуда, дар ин соҳаҳо тадбирҳои зерин амалӣ мегарданд:

  • таҳким бахшидани ҳувияти миллӣ миёни наврасон ва ҷавонони кишвар тавассути таҳияи барномаҳои нави тарбияи ватандӯстӣ;
  • зиёд намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмомӯзӣ, ихтироъкорӣ, навоварӣ ва бунёд кардани марказҳои инкишофи зеҳнии наврасону ҷавонон;

– тақвият бахшидан ба эҳсоси ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ миёни ҷавонон;

– такмил додани заминаҳои қонунгузории ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои  оила, тавсеа бахшидани маърифати оиладорӣ ва таъмин намудани устувории оилаҳои ҷавон;

– ба фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ бештар ҷалб намудани занон;

– оммавӣ гардонидани варзиш, васеъ тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ, таҳия кардани барномаҳои нави давлатӣ доир ба рушди варзиши касбӣ;

– идома додани бунёди иншооти муосири варзиш ва таъмин иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ.

Тибқи Барнома мақсади муҳимтарин дар самти масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ баланд бардоштани фарҳанги сиёсии шаҳрвандон, устувору пойдор гардонидани пояҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ба ин мақсад амалӣ намудани тадбирҳои зерин муҳим ҳисобида шудааст:

тавсеа бахшидан ба фарҳанги сиёсии шаҳрвандон;

– таъмин намудани таҳкиму пойдории давлатдории миллӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои миллӣ;

– густариш додани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ;

– таҳия ва қабул кардани қонунҳо дар бораи ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҳуқуқӣ ва манфиатҳои ҷомеа ва шахс;

– таъмин кардани амнияти миллӣ барои ҳифзи суботу оромӣ, дастовардҳои истиқлол ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ;

– пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва кибертерроризм;

– тақвият бахшидани муқовимат бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои муассир барои аз байн бурдани сабабу омилҳои ба содиршавии он мусоидаткунанда;

Сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. Дар Барнома ҷиҳати ҳимояву пешбурди манфиатҳои миллӣ ва таҳким бахшидан ба ҷойгоҳи кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар ҳафт соли оянда иҷрои корҳои зерин мувофиқи мақсад ҳисобида шудааст:

– тақвият бахшидани муносибатҳои байналмилалӣ ва равобит бо кишварҳои дӯсту ҳамҷавор;

– устувор намудани мақом ва нуфузи сиёсии ҶумҳурииТоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи ташаббусҳои глобалии кишвар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об;

– идома ва такмил додани сиёсати “дарҳои кушода”;

– дастгирии ҳуқуқӣ ва фарҳангию маърифатӣ, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалб кардани онҳо ба ҳаёти фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикистон;

– ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳо, шаъну шараф ва эътибори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар.

Дар қисмати натиҷаҳои татбиқи самарабахши ҳадафҳои пешбинигардида дар Барнома омадааст, ки дар муддати ҳафт соли оянда дар кишвар модели нави иқтисодӣ амалӣ гардида, ҳадафҳои стратегии кишвар тадриҷан татбиқ мешаванд ва вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ба куллӣ тағйир меёбад.

Певшои миллат дар барномаашон иброз намудаанд, ки «Мо бовар дорем, ки ҳамроҳ бо мардуми шарифи Тоҷикистон, неруҳои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар табақаҳои иҷтимоии кишвар ҳадафҳои мазкурро амалӣ намуда, барои пешрафти Тоҷикистон роҳи васеъ мекушоем ва аз худ барои наслҳои оянда як давлати бонизому устувор ва кишвари ободу зеборо ба мерос мегузорем».

Чунонки мебинем, “Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст», як барномаи воқеӣ, рӯзмарра ва ҷавобгӯи талаботи тамоми табақаҳои аҳолии кишварамон буда, амалисозии он дар ҳақиқат ҳам рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардумро то соли 2027 таъмин месозад. Аз ин рӯ эътимоди комил дорем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон ин Барномаро дастгирӣ мекунанд ва дар таърихи 11 октябри соли 2020 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзанда – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона овоз медиҳанд.

Таҳиякунанда:
Хуршед Зиёӣ

доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед