Дар таърихи 6 ноябри соли 2013 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ мардуми шарафманди кишварамон фаъолона ширкат варзида, аз байни 6 номзад бо аксарияти кулли овозҳои интихобкунандагон номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуданд. Ин ғолибияти мутлақи номзад сабабу омилҳои зиёде дошт, ки аз байни онҳо дуторо махсусан зикр кардан зарур аст: аввалан, шахсияти худи номзад, ки сиёсатмадори шинохтаву варзида буда, дар таърихи навини миллати тоҷик барои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат хизматҳои шоиста намудаанд ва сулҳу оромӣ, ваҳдати миллатро таъмин ва устувор сохта, сазовори унвонҳои олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои миллат гаштаанд; сониян, ғолибияти Пешвои миллатро дар интихоботи мазкур барномаи пешазинтихоботии номзад таъмин намуд, ки дар асоси Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳадафу андешаҳои шахсии номзад оид ба давлату давлатдории миллӣ таҳия гардида, дар тамоми самтҳо дар ҳақиқат ҳам як барномаи воқеӣ ва амалишаванда буд.

Таҳлилҳои Барномаи мазкур гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ҳадафҳои дар пешгузоштаашон, ки дар «Самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» дар қисматҳои «Дар соҳаи иқтисод», «Дар соҳаи иҷтимоиёт ва маънавиёт», «Дар бахши сиёсат, рушди демократия», «Такмили низоми қонунгузорӣ» ва «Дар бахши сиёсати хориҷӣ» барои солҳои 2019-2020 инъикос ёфтаанд, расиданд ва дар назди интихобкунандагон ва тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон вазифаҳои худро сарбаландона ба сомон расониданд. Тавассути амалишавии Барномаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир ноил гардида, саҳифаи наверо дар таърихи худ дар чоряки аввали қарни  XXI боз намуд.

Чунонки маълум аст, имсол санаи 11 октябри соли 2020 интихоботи нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки барои иштирок дар он аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Итифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардидааст. Барои ширкат дар ин интихобот ҳоло мо санади нави созандагию ободкорӣ  – “Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст»-ро дар даст дорем, ки таҳти шиори «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» таҳия гардида, бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда, яъне барои солҳои 2021-2027 пешниҳод шудааст ва чун барномаи интихоботи қаблӣ хеле пурмуҳтаво ва воқеӣ аст.

Барнома аз қисмати муқаддимавӣ, фаслҳои нақшаҳои барномавӣ дар давраи то соли 2027, сиёсати иқтисодӣ, маориф ва илм, шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот, ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, инчунин қисмати натиҷаҳои татбиқи самарабахши ҳадафҳои пешбинигардида иборат мебошад.

Дар қисмати муқаддимавии Барнома зикр гардидааст, ки ин санад дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

Дар давоми ҳафт соли гузашта Пешвои миллат дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал изҳори назар карда, дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва дастоварду пешравиҳои кишварро таҳлил ва баррасӣ намуданд.

Дастоварду пешравиҳоро Пешвои муаззами миллат маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон ҳисобида, даъват ба амал овардаанд, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё намоем.

Пешрафти босуботи иқтисоди мамлакат дар солҳои сипаришуда, пеш аз ҳама, дар натиҷаи татбиқи ҳуҷҷатҳои қабулгардидаи афзалиятнок, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015», «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018» ва дигар барномаҳои давлатӣ таъмин гардид.

Ҳоло ҳам дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома дошта, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор амалӣ шуда истодааст.

Дар ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба 7 фоиз баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад.

Чунин натиҷа аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,7 баробар, кишоварзӣ 1,5 баробар, савдо 2 баробар ва сармоягузорӣ 2,7 баробар таъмин гардид.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолии мамлакат аз 5 ҳазор сомонии соли 2013 то 8,8 ҳазор сомонӣ дар соли 2020 расонида шуд.

Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра аз 54 ба зиёда аз 70 фоиз расид.

Дар ҳафт соли охир зиёда аз 1200 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола 150 ҳазор ҷойи кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд ва шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50 фоиз кам гардид.

Даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 маротиба ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар зиёд шуд.

Сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020 паст гардида, сохтори истеъмолии аҳолӣ тағйир ёфт ва дар он ҳиссаи хароҷоти ғайриозуқаворӣ бамаротиб зиёд гардид.

Дар ин давра дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт ва фавти кӯдакони синни то панҷсола 20 фоиз коҳиш ёфт.

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 12 миллиард сомонии соли 2013 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020, яъне 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар ҳафт соли охир ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 83 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла зиёда аз 30 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

Барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 24 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар соҳаи энергетика 11 миллиард сомонӣ, нақлиёт 7,3 миллиард сомонӣ, кишоварзӣ ва обёрӣ 1,3 миллиард сомонӣ, бахши иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок беш аз 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Ҳоло бошад, барои рушди соҳаҳои мазкур 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 36 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ бо зиёда аз 160 ҳазор ҷойи нишаст ва муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ин солҳо беш аз 1500 километр роҳи мошингард, 190 пул, 4 долони зидди тарма ва 50 километр роҳи оҳан бунёду навсозӣ гардида, имконияти транзитии кишвар густариш дода шуд.

Бо ҳамин сабаб Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳои мошингард дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.

Ҷиҳати татбиқи ҳадафи стратегии таъмини истиқлоли энергетикии кишвар истеҳсоли неруи барқ аз 17,1 миллиард киловатт – соат дар соли 2013 то 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2020 расонида шуд.

Ду агрегати НБО-и «Роғун» ба истеҳсоли неруи барқ шурӯъ намуда, маҳдудияти интиқоли барқ дар фасли зимистон бартараф гардид.

Бо мақсади беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар, таъмини шуғли пурмаҳсул ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд.

Ҳоло дар раванди омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 25 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар раванди созандагӣ шаҳрвандони кишвар сиёсати Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ саҳми арзишманд гузоштанд.

Илми ватанӣ дар ин давра рушд намуда, олимони кишвар тайи ҳафт соли охир таваҷҷуҳи асосиро ба таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои асосии вобаста ба пешрафти соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ равона намуданд.

Дар соҳаи маориф дар ин давра 135 муассисаи томактабӣ, 740 маркази ташаккули зеҳнии кӯдакон, 1444 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.

Инчунин, таъмири асосии 439 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба анҷом расида, 5 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шуд.

Дар ин муддат ба хотири татбиқи сиёсат оид ба дастгирии занон ва оила якчанд барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда, шумораи онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда бамаротиб зиёд гардид.

Ҷавонон низ ба сифати қишри фаъол ва созандаи кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар ин самт хеле корҳои назаррас амалӣ гардиданд.

Дар ин раванд ду барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон татбиқ гардида, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис ёфт.

Соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардид ва дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои ҷавонон бунёд карда шуданд.

Ба рушди варзиш ва оммавигардонии он аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар кишвар толор ва майдончаҳои зиёди варзиш бунёд гардид.

Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи варзиш ду барномаи давлатӣ амалӣ гардида,Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт.

Дар натиҷаи таваҷҷуҳ ба ин соҳаи муҳим шумораи мактабҳои варзиш ба 128, варзишгоҳҳо ба 124, майдончаҳои варзиш ба 7301, толорҳои варзиш ба 1807, ҳавзҳои шиноварӣ ба 92 ва иншооти махсуси варзиш ба 792 расида, ба кор оғоз кардани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе имкони дар кишвар баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро фароҳам овард.

Дар ҳафт соли охир сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон дар доираи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шуда, мақому мавқеи кишвар дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият пайдо кард.

Дар ин муддат якчанд пешниҳоду ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд, ки обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои обу экология, тағйирёбии иқлим ва масоили амниятиву гуманитарӣ баланд бардоштанд.

Қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» намунаи барҷастаи ин ибтикорот мебошад.

Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба маркази баргузории чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ табдил ёфт ва чанде аз онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси “равандҳоиДушанбе” эътироф шуданд.

Ҳамчунин, раёсати кишвари мо дар якчанд созмони муҳимми минтақавӣ муваффақона анҷом ёфт.

Сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла сиёсати “дарҳои кушода” ва бисёрсамтӣ самараи нек ба бор овард.

Дар фасли нақшаҳои барномавӣ дар давраи то соли 2027 таъкид гардидааст, ки дар ҳафт соли оянда рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд мешавад.

Ҳамзамон бо ин, вазъи соҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва бахшҳои дигар беҳбудӣ ёфта, ба сокинони мамлакат барои расидан ба зиндагии шоиста имконияти бештар фароҳам оварда мешавад.

Бо ин мақсад дар ҳафт соли оянда татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таъмин гардида, дар ин асос муҳимтарин масъалаҳои иқтисодӣ амалӣ мешаванд.

Дар ин давра дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ афзалият дода мешавад: таъмин намудани рушди устувор бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтӣ ва рақобатнокии иқтисоди миллӣ; афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолии мамлакат; расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна.

Барои барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат бошад, яъне истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат тавсеа додани татбиқи барномаву тадбирҳо дар соҳаҳои дахлдор таъмин карда мешавад.

Тавассути саноатикунонии босуръати кишвар сифати рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардида, низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва иқтисоди рақамӣ такмил меёбад. Дар ин раванд навовариҳо ҷорӣ гардида, ба рушди неруи инсонӣ такони ҷиддӣ бахшида мешавад.

Мувофиқи нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таносуби он ба ҳар сари аҳолӣ дар 7 соли оянда 2 баробар афзоиш меёбад.

Ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода мешавад.

Ҳамасола ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, давлат барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Сатҳи дастрасии аҳолии кишвар ба маҳсулоти озуқа, бахусус, ғизои хушсифати мутобиқ ба меъёрҳои тавсияшуда афзоиш ёфта, вобастагии иқтисоди кишвар аз воридот кам карда мешавад.

Сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба ин бахш бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Ислоҳот дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ идома меёбад.

Инчунин самаранокии идоракунӣ ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ баланд бардошта мешавад.

Ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш меёбад.

Дар оянда барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда, пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, манфиат ва шаъну шарафи шаҳрвандонро тақвият меёбанд, тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон вусъат ёфта, суботу амнияти ҷомеа мустаҳкам карда мешавад ва ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум ва болоравии нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошҳо ба харҷ дода мешавад мекунем.

Фасли 1 Барнома «Сиёсати иқтисодӣ» ном дошта, барои татбиқи сиёсати иқтисодӣ дар оянда дар он ҳалли масъалаҳои зерин зарур ҳисобида шудаанд:

– таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ барои амалисозии ҳадафи олӣ – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар;

– таҳия ва татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавии тараққиёти кишвар ва минтақаҳои он, аз ҷумла «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»;

– таҳким бахшидан ба сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии кишвар;

– мунтазам зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнати кормандон;

– такмил додани механизми дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони ватанӣ;

– идома додани ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ;

– бо мақсади пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, таъмин намудани суботи молиявии кишвар ва устувории макроиқтисодӣ;

– рушди бозори коғазҳои қиматнок;

– вусъат бахшидан ба раванди буҷетикунонии барномавӣ ва васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ;

– дар заминаи татбиқи «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2019-2030» таъмин кардани самаранокии идораи молияи давлатӣ ва пурзӯр намудани назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ;

– баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии бонкҳо ва таъмин намудани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои молиявию қарзӣ;

– истифодаи васеи технологияҳои муосири пардохти ғайринақдӣ;

– бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ такмил додани низоми маъмурикунонии андоз;

– идома бахшидани ислоҳот доир ба беҳтар кардани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, баланд бардоштани мавқеи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ;

– таъмин намудани фаъолияти бонизоми соҳибкорӣ тавассути ташкили марказҳои хизматрасонӣ ба сармоягузорону соҳибкорон дар минтақаҳои кишвар ва содда гардонидани расмиёти пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ;

– таҳия ва амалӣ намудани «Стратегияи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2021-2025»;

– такмил додани низоми таъмини кафолати сармоя ва ҳуқуқи соҳибмулкӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ;

– густариш бахшидан ба ҳамкориҳои молиявию иқтисодии кишвар бо шарикони рушд;

– амалӣ кардани консепсияҳои иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ дар идора ва хизматрасониҳои давлатӣ;

– истифодаи технологияҳои пешрафтаи инноватсионӣ дар истеҳсолот;

– фароҳам овардани заминаҳои қонунгузорӣ ва сохторӣ барои амалӣ намудани барномаҳои миллии инноватсионӣ;

– дар соҳаи саноати кишвар бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ;

– тавсеа бахшидан ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ташкил кардани минтақаҳои саноатӣ;

– таъсис додани маҷмаа ва корхонаҳои агросаноатӣ барои зиёд намудани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;

– афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, бунёд намудани марказҳои логистикӣ;

– зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ;

– истифодаи дастовардҳои илму техника дар соҳаи тухмипарварӣ, зотпарварӣ, биотехнология, дастгирӣ кардани коркарди навъҳои нави зироатҳои серҳосил ва ба шароити иқлими маҳал мувофиқ;

– амалӣ намудани сиёсати экологӣ доир ба коҳиш додани таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист;

– тавсеа бахшидан ба сиёсати «иқтисоди сабз», вусъатдиҳӣ ва дастгирии давлатии низоми соҳибкории экологӣ;

– идома додани сохтмони НБО-и «Роғун», НБО-и «Себзор», хатти интиқоли барқи байналмилалии Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ – «CASA – 1000», таҷдиди НБО-ҳои «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд»;

– бунёд кардани иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ;

– идома додани сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ, аз ҷумла дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Данғара-Гулистон, Кӯлоб-Муъминобод, Хуҷанд-Конибодом, Восеъ – Темурмалик -Кангурт, Гулистон-Кӯлоб, Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон-Сари Хосор, Шкев-Қалъаихумб, Қалъаихумб-Ванҷ, қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ, Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ, Хуҷанд-Ашт ва дигар роҳҳои дохилӣ;

– васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақл, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ;

– таъмин кардани рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва инфрасохтори транзитии нақлиёти ҳавоӣ;

– амалӣ намудани лоиҳаҳои бунёди шабакаи нуриву нахии байналмилалӣ, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ;

– густариш бахшидан ба раванди ташаккули низоми шаҳрҳои миёна ва хурд ҳамчун «марказҳои устувори рушд» дар деҳоти кишвар;

– ташкил кардани инфрасохтори муосир дар деҳоти кишвар;

– бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ташаккул додани инфрасохтори замонавии сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, шикор ва дигар намудҳои сайёҳӣ.

Дар фасли 2 Барнома – “Маориф ва илм” таъкид ёфтааст, ки бо дарназардошти он, ки илму маориф рушди муттасили ҳар як кишварро таъмин мекунад, дар ин самт амалӣ намудани тадбирҳои зерин мувофиқи мақсад шумурда шудаанд:

– таваҷҷуҳи авваландараҷа зоҳир намудан ба соҳаҳои илму маориф, идома бахшидани ислоҳот дар ин самт, давра ба давра зиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ;

– баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди таҳсилот;

-амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи «Барномаи рушд ва омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020 -2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

– такмил додани низоми таҳсилоти муттасил, фосилавӣ ва фарогир,  касбу ҳунаромӯзии наврасон, ҷавонон ва калонсолон;

  • фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва фароҳам овардани шароити баробари дастрасӣ ба рушди зеҳнии кӯдакон дар деҳоти кишвар;

– андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати дар ҷомеа баланд бардоштани мақоми омӯзгорон;

– амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди сармояи инсонӣ, тавсеа бахшидан ба имкониятҳои зеҳнии кишвар ва навсозии низоми идораи тамоми зинаҳои таҳсилот;

– таъмин намудани робитаи илм бо истеҳсолот;

  • муайян кардани самтҳо ва равияҳои афзалиятноки илм, таҳким бахшидан ба заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ,;
  • таҳия ва татбиқ намудани “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технологияҳо ва инноватсия барои давраи то соли 2030”;
  • тавсеа додани ҳамкориҳои илмӣ доир ба масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ ва масъалаҳои марбут ба об;
  • андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ҳавасмандгардонии ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Дар фасли 3 Барнома – “Шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” таъкид гардидааст, ки дар ҳафт соли оянда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои шуғл тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуда, барои боз ҳам беҳтар гардонидани солимии ҷомеа ба соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзалият дода, амалӣ намудани ҳадафҳои зерин пешбинӣ мегардад:

– тақвият бахшидан ба фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, таъсис додани бозори меҳнати қобили рақобат ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ;

– муайян намудани дурнамои бозори меҳнат, муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳияву татбиқ намудани ҳуҷҷати консептуалӣ барои давраи дарозмуддат;

– дастрас гардонидани хизматрасониҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва дар ин самт ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ;

– дастгирӣ кардан ва рушд додани соҳибкории хурду миёна;

– таҳия намудани барномаҳои махсуси беҳтар гардонидани имкониятҳои шуғл барои занон, шахсони маъюб ва гурӯҳҳои дорои имконияти маҳдуд,;

– зиёд кардани курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон, аз ҷумла такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва соҳиби касб намудани ҳар як шахси бешуғл;

– бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ ташаккул додани заминаҳои ҳуқуқӣ ва сохтории соҳаи ҳунармандӣ, рушди инфрасохтори он;

– банақшагирии захираҳои инсонӣ барои идораи давлатӣ, такмил додани низоми дурнамо ва механизми ҳифзи бозори меҳнат;

– амалигардонии барномаҳои афзалиятноки тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои давраи то соли 2030;

– тадриҷан зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ;

– ворид намудани технологияҳои нави ташхису табобат дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

– тараққӣ додани соҳаи дорусозӣ;

– амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ доир ба ҳифзи иҷтимоии ятимон, кӯдакони маъюб ва бесаробон.

Фасли 4 Барнома ба масъалаҳои “Фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот” бахшида шудааст. Фарҳанг ҳастии миллат ва яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа буда, тибқи Барнома барои рушди маънавиёти ҷомеа, инкишофи фарҳанг, санъату мусиқӣ, театр, кино, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, иттилоот ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон тадбирҳои зерин амалӣ мегарданд;

– таҳким бахшидан ба сатҳи маънавиёти ҷомеа ва таъмин намудани рушди забони давлатӣ ва фарҳангу санъат;

– устувор намудани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои фарҳанг;

– ҳавасманд гардонидани мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат ва муҳайё намудани шароити арзанда барои истеъдодҳои ҷавон;

– ҳифз кардани мероси фарҳанги миллӣ, васеъ тарғибу ташвиқ  намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат;

– пешгирӣ кардани паҳншавии афкори радикаливу ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва роҳ надодан ба таъсири равияҳои хатарноки мафкуравӣ;

– арҷ гузоштан ба мероси моддиву маънавии халқи тоҷик  ва дастовардҳои фарҳангии ҷаҳони муосир;

– бо мақсади ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва бостонӣ таҳия намудани барномаҳои давлатӣ;

– оммавӣ гардонидани китобхонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои болоравии сатҳи маънавиёт ва ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа;

– ба тарғибу ташвиқи ҳадафҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, озодӣ, давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон васеъ ҷалб намудани воситаҳои ахбори омма.

Дар фасли 5 Барнома – «Ҷавонон, занон ва варзиш” зикр шудааст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон, ҳалли мушкилоти вобаста ба оила ва занон диққати аввалиндараҷа дода шуда, дар ҳафт соли оянда тибқи Барномаи кунунӣ низ ташаббусҳои созандаи ҷавонон дастгирӣ ёфта, нақши занон дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта мешавад, оммавигардонии варзиш таъмин шуда, дар ин соҳаҳо тадбирҳои зерин амалӣ мегарданд:

  • бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани ҳувияти миллӣ миёни наврасон ва ҷавонони кишвар таҳия намудани барномаҳои нави тарбияи ватандӯстӣ;
  • таҳким бахшидан ба заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла дар таҳрири нав қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон”ва “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон”;
  • зиёд намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмомӯзӣ, ихтироъкорӣ, навоварӣ ва бунёд кардани марказҳои инкишофи зеҳнии наврасону ҷавонон;

– тақвият бахшидан ба эҳсоси ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ миёни ҷавонон;

– фароҳам овардани шароит барои боз ҳам бештар ҷалб кардани ҷавонон ба равандҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва маърифатии байналмилалӣ;

– ба хотири васеъ намудани фаъолияти занон дар рушди иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ кардани “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030»;

– такмил додани заминаҳои қонунгузории ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои  оила, тавсеа бахшидани маърифати оиладорӣ ва таъмин намудани устувории оилаҳои ҷавон;

– тавсеа бахшидан ба раванди иштироки занон дар рушди иқтисоди кишвар, зиёд кардани ҳаҷми грантҳои Президенти ҶумҳурииТоҷикистон ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои занони соҳибкор;

– бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ ташкил кардани корхонаҳои хурду миёна;

– ба фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ бештар ҷалб намудани занон;

– оммавӣ гардонидани варзиш, васеъ тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ, таҳия кардани барномаҳои нави давлатӣ доир ба рушди варзиши касбӣ;

– идома додани бунёди иншооти муосири варзиш ва таъмин намудани шароити мусоид барои иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ.

Фасли 6 Барнома фарогири “Масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ” мебошад. Тибқи Барнома мақсади муҳимтарин дар ин самт баланд бардоштани фарҳанги сиёсии шаҳрвандони мамлакат, устувору пойдор гардонидани пояҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Ба ин мақсад амалӣ намудани тадбирҳои зерин муҳим ҳисобида шудааст:

тавсеа бахшидан ба фарҳанги сиёсии шаҳрвандон, таъмин намудани иштироки шаҳрвандон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунии корҳои давлатӣ, эҳтироми Конститутсия ва садоқат ба давлат;

– таъмин намудани таҳкиму пойдории давлатдории миллӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои миллӣ;

– густариш додани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ дар ҷомеа;

– тавсеа додани фарҳанги сулҳ ва тақвият бахшидан ба ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди нодири мардуми Тоҷикистон;

– ҳифз намудани суботу оромии ҷомеа, таҳким бахшидан ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, дар ин самт таҳия ва қабул намудани «Стратегияи рушди низоми ҳуқуқии кишвар барои давраи то соли 2030»;

– таҳия ва қабул кардани қонунҳо дар бораи ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҳуқуқӣ ва манфиатҳои ҷомеа ва шахс;

– қабул кардани қонунҳои таъминкунандаи ҳифзи ҳуқуқи моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ;

– баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ин самт тақвият додани фаъолияти мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

– таъмин кардани амнияти миллӣ барои ҳифзи суботу оромӣ, дастовардҳои истиқлол ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ;

– таким бахшидани ҳифзи сарҳади давлатӣ, муҳайё сохтани шароити беҳтар барои сарҳадбонон ва риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа;

– пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ – терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва кибертерроризм;

– тақвият бахшидани муқовимат бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои муассир барои аз байн бурдани сабабу омилҳои ба содиршавии он мусоидаткунанда;

– таҳким бахшидани риоя ва иҷрои қатъии қонунҳо ва оинномаҳои хизматӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, таҳким бахшидан ба омодагии касбии онҳо, инчунин, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба миллат, давлат ва савганди ҳарбӣ.

Дар фасли 7 Барнома нақшаи фаъолият оид ба ҳалли масъалаҳои «Сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ” омадааст.  Бо дарназардошти ҳадафҳои наве, ки дар назди кишвар қарор доранд, дар Барнома ҷиҳати ҳимояву пешбурди манфиатҳои миллӣ ва таҳким бахшидан ба ҷойгоҳи кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар ҳафт соли оянда иҷрои корҳои зерин мувофиқи мақсад ҳисобида шудааст:

– тақвият бахшидани муносибатҳои байналмилалӣ ва равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дӯсту ҳамҷавор;

– вусъат додани таҷрибаи ҳамзистии дӯстона бо халқҳои Осиёи Марказӣ ва рушду тавсеа додани робитаҳои ҳасана бо кишварҳои минтақа;

– густариши бештари муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму фарҳанг, технологияҳои нав, сармоягузорӣ ва такмили ниҳодҳои демократӣ;

– таҳким бахшидани ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷануби Шарқӣ, Ховари Миёна, Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Африқо;

– устувор намудани мақом ва нуфузи сиёсии ҶумҳурииТоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи ташаббусҳои глобалии кишвар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об;

– истифодаи бештари воситаҳои дипломатияи иттилоотӣ дар густариши равобит бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ бо мақсади таблиғи фазои сармоягузорӣ, ташвиқи ҳамкориҳои самарабахши иқтисодиву тиҷоратӣ ва рушди сайёҳӣ;

– такмил додани равиши сиёсати хориҷии мутавозин ва эътимоднок бо кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявию сармоягузорӣ;

– идома ва такмил додани сиёсати “дарҳои кушода”;

– таҳким бахшидани раванди ҳамкориҳо бо мақсади таъмин намудани амният ва суббот дар қаламрави кишвар, минтақаи Осиёи Марказӣ ва саросари ҷаҳон тавассути истифодаи васеи имконоту механизмҳои мавҷудаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;

– ба таври пайваста идома додани робитаҳои муассир бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва зерсохторҳои он;

– ҷиҳати пешбурди дипломатияи иқтисодӣ ва манфиатҳои иқтисодии кишвар густариш додани робитаҳои судманд бо шарикони рушду стратегӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявии ҷаҳон;

– ба таври шоиста муаррифӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозӣ намудани дипломатияи фарҳангӣ ва инсонӣ бо дарназардошти ҷанбаҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ;

– таҳким бахшидан ба дастгирии ҳуқуқӣ ва фарҳангию маърифатӣ, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалб кардани онҳо ба ҳаёти фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикистон;

– ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳо, шаъну шараф ва эътибори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар.

Дар қисмати натиҷаҳои татбиқи самарабахши ҳадафҳои пешбинигардида дар Барнома таъкид шудааст, ки дар муддати ҳафт соли оянда дар кишвар модели нави иқтисодӣ амалӣ гардида, ҳадафҳои стратегии кишвар тадриҷан татбиқ мешаванд ва вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ба куллӣ тағйир меёбад.

Инчунин, дар доираи ин амалҳо шуғли аҳолӣ ба танзим даромада, сатҳи муҳоҷират ба хориҷи кишвар бамаротиб коҳиш меёбад ва барои мардум шароити зиндагии шоиста фароҳам оварда мешавад.

Дар баробари ин, сатҳи зиндагӣ ва дарозумрии аҳолӣ боло рафта, фавти модару кӯдак паст мегардад.

Маърифату фарҳанги миллӣ рушд мекунад, эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси гузашта ва забони давлатӣ афзуда, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз арзишҳои миллӣ тақвият меёбад.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои шаҳрвандон таъмин шуда, волоияти қонун пойдор мегардад.

Равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ густариш ёфта, сиёсати “дарҳои кушода” дар ҳамаи самтҳои сиёсати хориҷӣ татбиқ мегардад ва муносибатҳои дӯстона бо кишварҳо вусъати тоза касб мекунанд.

Дар маҷмӯъ, мавқеи ҶумҳурииТоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон боз ҳам устувор мегардад ва барои рушди босуръати иқтисоди миллӣ имкони бештар фароҳам оварда мешавад.

Певшои миллат дар барномаашон иброз намудаанд, ки «Мо бовар дорем, ки ҳамроҳ бо мардуми шарифи Тоҷикистон, неруҳои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар табақаҳои иҷтимоии кишвар ҳадафҳои мазкурро амалӣ намуда, барои пешрафти Тоҷикистон роҳи васеъ мекушоем ва аз худ барои наслҳои оянда як давлати бонизому устувор ва кишвари ободу зеборо ба мерос мегузорем».

Чунонки мебинем, “Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст», як барномаи воқеӣ, рӯзмарра ва ҷавобгӯи талаботи тамоми табақаҳои аҳолии кишварамон буда, амалисозии он дар ҳақиқат ҳам рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардумро то соли 2027 таъмин месозад. Аз ин рӯ эътимоди комил дорем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон ин Барномаро дастгирӣ мекунанд ва дар таърихи 11 октябри соли 2020 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзанда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона овоз медиҳанд.

 

Таҳиякунанда:
Хуршед Зиёӣ
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед