ДУШАНБЕ, 24.09.2020/АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, муаррифӣ менамояд.

БАРНОМАИ
ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА
МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, КИ АЗ ҶОНИБИ
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
ПЕШНИ
ҲОД ШУДААСТ

Душанбе – 2020

 

«БАРОИ РУШДИ УСТУВОРИ

ИҚТИСОДӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ»

Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

Дар давоми ҳафт соли гузашта мо дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал изҳори назар карда, дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва дастоварду пешравиҳои кишварро таҳлил ва баррасӣ намудем.

Дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозанд, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё намоем.

Пешрафти босуботи иқтисоди мамлакат, пеш аз ҳама, дар натиҷаи татбиқи ҳуҷҷатҳои қабулгардидаи афзалиятнок, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015», «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018» ва дигар барномаҳои давлатӣ таъмин гардид.

Ҳоло дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома дошта, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ шуда истодааст.

Дар ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба 7 фоиз баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад.

Чунин натиҷа аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,7 баробар, кишоварзӣ 1,5 баробар, савдо 2 баробар ва сармоягузорӣ 2,7 баробар таъмин гардид.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолии мамлакат аз 5 ҳазор сомонии соли 2013 то 8,8 ҳазор сомонӣ дар соли 2020 расонида шуд.

Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра аз 54 ба зиёда аз 70 фоиз расид.

Дар ҳафт соли охир зиёда аз 1200 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола 150 ҳазор ҷойи кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд ва шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50 фоиз кам гардид.

Даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар зиёд шуд.

Дар заминаи татбиқи саривақтӣ ва босифати ҳуҷҷатҳои стратегӣ нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020 паст гардида, сохтори истеъмолии аҳолӣ тағйир ёфт ва дар он ҳиссаи хароҷоти ғайриозуқаворӣ бамаротиб зиёд гардид.

Дар ин давра дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт ва фавти кӯдакони синни то панҷсола 20 фоиз коҳиш ёфт.

Сиёсати самарабахши молияи давлатӣ амалӣ гардида, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 12 миллиард сомонии соли 2013 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020, яъне  2 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар ҳафт соли охир ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 83 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла зиёда аз 30 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

Барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 24 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар соҳаи энергетика 11 миллиард сомонӣ, нақлиёт 7,3 миллиард сомонӣ, кишоварзӣ ва обёрӣ 1,3 миллиард сомонӣ, бахши иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок беш аз 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Илова бар ин, ҳоло барои рушди соҳаҳои мазкур 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 36 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ бо зиёда аз 160 ҳазор ҷойи нишаст ва муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ҳафт соли охир беш аз 1500 километр роҳи мошингард, 190 пул, 4 долони зидди тарма ва 50 километр роҳи оҳан бунёду навсозӣ гардида, имконияти транзитии кишвар густариш дода шуд.

Дар натиҷа Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳои мошингард дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуд.

Ҷиҳати татбиқи ҳадафи стратегии таъмини истиқлоли энергетикии кишвар истеҳсоли неруи барқ аз 17,1 миллиард киловатт — соат дар соли 2013 то 21 миллиард киловатт — соат дар соли 2020 расонида шуд.

Бо талошҳои созандаи Ҳукумат ва мардуми кишвар ду агрегати НБО-и «Роғун» ба истеҳсоли неруи барқ шурӯъ намуда, маҳдудияти интиқоли барқ дар фасли зимистон бартараф  гардид.

Бо ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ орзуи чандинсолаи халқи азизамон амалӣ гардид ва тамоми кишвар аз мушкилоти бебарқӣ раҳоӣ ёфт.

Бовар дорем, ки мо бо заҳмати софдилонаи мардум ва бо азми мутахассисони неругоҳ дар оянда ин иншооти азими асрро бунёд карда, талаботи корхонаҳои саноатии кишварро бо неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза пурра таъмин месозем ва ҳаҷми иловагии онро ба кишварҳои ҳамсоя содирот мекунем.

Бо мақсади беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар, таъмини шуғли пурмаҳсул ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд.

Ҳоло омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ идома дорад, ки дар доираи нақшаи ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ тасдиқгардида, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 25 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Вусъат гирифтани раванди созандагӣ нишонаи возеҳи боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ дар миёни аҳли ҷомеа мебошад.

Зеро дар ин раванд шаҳрвандони кишвар сиёсати Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ саҳми арзишманд гузоштанд.

Мардуми заҳматқарини кишвар барои беҳтар гардидани вазъи инфрасохтори деҳот ёрии амалӣ расонида, дар бунёди иншооти иҷтимоӣ — муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва таъмиру тармими роҳу пулҳо ва дигар ободгариҳо ҳиссаи сазовор доранд.

Илми ватанӣ дар ин давра рушд намуда, олимони кишвар тайи ҳафт соли охир таваҷҷуҳи асосиро ба таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои асосии вобаста ба пешрафти соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ равона намуданд.

Дар соҳаи маориф дар ин давра 135 муассисаи томактабӣ, 740 маркази ташаккули зеҳнии кӯдакон, 1444 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.

Инчунин, таъмири асосии 439 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба анҷом расида, 5 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шуд.

Дар ин муддат ба хотири татбиқи сиёсат оид ба дастгирии занон ва оила якчанд барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда, шумораи онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда бамаротиб зиёд гардид.

Ҷавонон низ ба сифати қишри фаъол ва созандаи кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар ин самт хеле корҳои назаррас амалӣ гардиданд.

Дар ин раванд ду барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон татбиқ гардида, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис ёфт.

Соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардид ва дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои ҷавонон бунёд карда шуданд.

Тадбирҳои зикршуда имкон фароҳам оварданд, ки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимову фарҳангӣ фаъолона иштирок карданд.

Мо, махсусан, ба рушди варзиш ва оммавигардонии он аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар кишвар толор ва майдончаҳои зиёди варзиш бунёд намудем ва варзишро гарави солимии ҷомеа эълон карда, садҳо чорабинии варзиширо дар дохили кишвар ба роҳ мондем.

Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи варзиш ду барномаи давлатӣ амалӣ гардида,Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт.

Дар натиҷаи таваҷҷуҳ ба ин соҳаи муҳим шумораи мактабҳои варзиш ба 128, варзишгоҳҳо ба 124, майдончаҳои варзиш ба 7301, толорҳои варзиш ба 1807, ҳавзҳои шиноварӣ ба 92 ва иншооти махсуси варзиш ба 792 расида, ба кор оғоз кардани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе имкони дар кишвар баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро фароҳам овард.

Дар ҳафтсолиохирсиёсатихориҷии давлати Тоҷикистон дар доираи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шуда, мақому мавқеи кишвар дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият пайдо кард.

Дар ин муддат якчанд пешниҳоду ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд, ки обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои обу экология, тағйирёбии иқлим ва масоили амниятиву гуманитарӣ баланд бардоштанд.

Қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» намунаи барҷастаи ин ибтикорот мебошад.

Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба маркази  баргузории чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ табдил ёфт ва чанде аз онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси “ равандҳои Душанбе” эътироф шуданд.

Ҳамчунин, раёсати кишвари мо дар якчанд созмони муҳимми минтақавӣ муваффақона анҷо мёфт.

Сиёсати пешгирифтаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла сиёсати “дарҳои кушода” ва бисёрсамтӣ самараи нек ба бор овард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ки дар оянда низ муносибатҳои некро бо тамоми кишварҳои дунё бар пояи эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории мутақобилан судманд густариш диҳад.

Бовар дорам, ки дар ҳафт соли оянда мо ҳама якҷо корҳои боз ҳам муҳиммеро ба анҷом мерасонем ва Ватани азизамонро ободу пешрафта мегардонем.

Нақшаҳои барномавӣ дар давраи то соли 2027

Мо дар ҳафт соли оянда мақсад гузоштем, ки рушди устувори иқтисоди миллиро таъмин намоем, дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд кунем ва истеҳсоли маҳсулоти ба рақобати бозор тобовар ва ба содирот нигаронидашударо ба роҳ монда, тамоми иқтидорҳои мавҷударо дар ин самт сафарбар созем.

Ҳамзамон бо ин, вазъи соҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва бахшҳои дигарро беҳбуд бахшида, ба сокинони мамлакат барои расидан ба зиндагии шоиста имконияти бештар фароҳам оварем.

Бо ин мақсад мо дар ҳафт соли оянда татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» — ро таъмин карда, дар ин асос муҳимтарин масъалаҳои иқтисодиро амалӣ менамоем.

Дар ин давра дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ афзалият дода мешавад:

— таъмин намудани рушди устувор бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтӣ ва рақобатнокии иқтисоди миллӣ;

— афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолии мамлакат;

— расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна.

Инчунин, барои барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат тавсеа додани татбиқи барномаву тадбирҳо дар соҳаҳои дахлдор ва вобаста ба ин, ба анҷом расонидани маҷмӯи амалҳо доир ба афзоиши иқтидорҳои истеҳсоливу имкониятҳои инфрасохторӣ, такмил додани равандҳои идориву истеҳсолӣ, истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва тақвияти нерӯи инсонӣ таъмин карда мешавад.

Тавассути саноатикунонии босуръати кишвар сифати рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардида, низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва иқтисоди рақамӣ такмил меёбад.

Вобаста ба захираву имкониятҳои минтақаҳои кишвар навовариҳо ҷорӣ гардида, ба рушди неруи инсонӣ такони ҷиддӣ бахшида мешавад.

Мувофиқи нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таносуби он ба ҳар сари аҳолӣ дар 7 соли оянда 2 баробар афзоиш меёбад.

Ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода мешавад.

Ҳамасола ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, давлат барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Сатҳи дастрасии аҳолии кишвар ба маҳсулоти озуқа, бахусус, ғизои хушсифати мутобиқ ба меъёрҳои тавсияшуда афзоиш ёфта, вобастагии иқтисоди кишвар аз воридот кам карда мешавад.

Сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба ин бахш бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Ислоҳот дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ идома ёфта, ташаббусҳои созандаи соҳибкорон минбаъд низ дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ҳимоя карда мешаванд.

Вобаста ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳон, зиёд гардидани таъсири хатару таҳдидҳо ба иқтисоди кишвар ва пешгирии онҳо ҷиҳати тақвияти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида, самаранокии идоракунӣ ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ баланд бардошта мешавад.

Ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш меёбад.

Дар асоси ин барнома мо дар оянда барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда, пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, манфиат ва шаъну шарафи шаҳрвандонро тақвият мебахшем, тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, хусусан, наврасону ҷавононро вусъат бахшида, суботу амнияти ҷомеаро мустаҳкам мегардонем ва ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум ва болоравии нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ талош мекунем.

Барои татбиқи нақшаҳои барномавӣ тадбирҳои зеринро амалӣ месозем:

1.СИЁСАТИ ИҚТИСОДӢ

Мо барои татбиқи сиёсати иқтисодӣ дар оянда ҳалли масъалаҳои зеринро зарур медонем:

— таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ барои амалисозии ҳадафи олӣ — баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар;

— таҳия ва татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавии тараққиёти кишвар ва минтақаҳои он, аз ҷумла «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»;

— таҳким бахшидан ба сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии кишвар ҳамчун замина барои таъмин намудани гузариш ба модели индустриалии рушд ва баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ;

— мунтазам зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнати кормандон;

— такмил додани механизми дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони ватанӣ тавассути истифодаи самараноки воситаҳои ҳавасмандгардонӣ ва пешниҳоди усулҳои муосири дастгирии молиявии онҳо;

— идома додани ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои давлатӣ;

— бо мақсади пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, таъмин намудани суботи молиявии кишвар ва устувории макроиқтисодӣ тақвият бахшидан ба раванди ҳамоҳангсозии сиёсати буҷету андоз, пуливу қарзӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ;

— рушди бозори коғазҳои қиматнок;

— вусъат бахшидан ба раванди буҷетикунонии барномавӣ ва васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар ин самт;

— дар заминаи татбиқи «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2019-2030» таъмин кардани самаранокии идораи молияи давлатӣ ва пурзӯр намудани назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ;

— баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии бонкҳо ва таъмин намудани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои молиявию қарзӣ тавассути такмил додани фаъолияти низоми бонкии кишвар, ҷалби бештари воситаҳои молиявӣ ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳо;

— истифодаи васеи технологияҳои муосири пардохти ғайринақдӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ;

— бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ такмил додани низоми маъмурикунонии андоз;

— идома бахшидани ислоҳот доир ба беҳтар кардани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, баланд бардоштани мавқеи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ;

— таъмин намудани фаъолияти бонизоми соҳибкорӣ тавассути ташкили марказҳои хизматрасонӣ ба сармоягузорону соҳибкорон дар минтақаҳои кишвар ва содда гардонидани расмиёти пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла такмил додани низоми иҷозатдиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ;

— таҳия ва амалӣ намудани «Стратегияи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2021-2025»;

— такмил додани низоми таъмини кафолати сармоя ва ҳуқуқи соҳибмулкӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бо мақсади ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишвар;

— густариш бахшидан ба ҳамкориҳои молиявию иқтисодии кишвар бо шарикони рушд ҷиҳати ҷалби бештари сармоя ба иқтисоди миллӣ;

— амалӣ кардани консепсияҳои иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ дар идора ва хизматрасониҳои давлатӣ ҷиҳати таъмин намудани хизматрасониҳои босифат ба аҳолӣ ва соҳибкорон;

— истифодаи технологияҳои пешрафтаи инноватсионӣ дар истеҳсолот бо мақсади баланд бардоштани сатҳи рақобатнокии иқтисоди миллӣ;

— фароҳам овардани заминаҳои қонунгузорӣ ва сохторӣ барои амалӣ намудани барномаҳои миллии инноватсионӣ;

— дар соҳаи саноати кишвар бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ;

— тавсеа бахшидан ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ташкил кардани минтақаҳои саноатӣ дар кишвар;

— таъсис додани маҷмаа ва корхонаҳои агросаноатӣ барои зиёд намудани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла коркарди меваю сабзавот ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ;

— афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин, бунёд намудани марказҳои логистикӣ;

— зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ барои пурра таъмин намудани эҳтиёҷоти аҳолии кишвар;

— истифодаи дастовардҳои илму техника дар соҳаи тухмипарварӣ, зотпарварӣ, биотехнология, дастгирӣ кардани коркарди навъҳои нави зироатҳои серҳосил ва ба шароити иқлими маҳал мувофиқ;

— амалӣ намудани сиёсати экологӣ доир ба коҳиш додани таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист;

— тавсеа бахшидан ба сиёсати «иқтисоди сабз», вусъатдиҳӣ ва дастгирии давлатии низоми соҳибкории экологӣ;

— идома додани сохтмони НБО-и «Роғун», НБО-и «Себзор», хатти интиқоли барқи байналмилалии Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ – «CASA — 1000», таҷдиди НБО-ҳои «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд»;

— бунёд кардани иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ ҷиҳати таъмин намудани истиқлоли энергетикии кишвар;

— идома додани сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ, аз ҷумла дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Данғара-Гулистон, Кӯлоб-Муъминобод, Хуҷанд-Конибодом, Восеъ – Темурмалик -Кангурт, Гулистон-Кӯлоб, Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон-Сари Хосор, Шкев-Қалъаихумб, Қалъаихумб-Ванҷ, қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ, Гулистон – Фархор – Панҷ — Дӯстӣ, Хуҷанд-Ашт ва дигар роҳҳои дохилӣ;

— васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақл, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ва дастрасӣ ба он;

— таъмин кардани рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва инфрасохтори транзитии нақлиёти ҳавоӣ;

— амалӣ намудани лоиҳаҳои бунёди шабакаи нуриву нахии байналмилалӣ, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ;

— густариш бахшидан ба раванди ташаккули низоми шаҳрҳои миёна ва хурд ҳамчун «марказҳои устувори рушд» дар деҳоти кишвар;

— ташкил кардани инфрасохтори муосир дар деҳоти кишвар ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум;

— бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ташаккул додани инфрасохтори замонавии сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, шикор ва дигар намудҳои сайёҳӣ ва бо истифода аз усулҳои муосир васеъ ба роҳ мондани тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишвар.

2.МАОРИФ ВА ИЛМ

Бо дарназардошти он, ки илму маориф рушди муттасилиҳар як кишварро таъмин мекунад, мо дар ин самт амалӣ намудани тадбирҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:

— таваҷҷуҳи авваландараҷа зоҳир намудан ба соҳаҳоиилмумаориф, идома бахшидани ислоҳот дар ин самт, даврабадавразиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддивутехникиионҳо, аз ҷумла таъминот бо технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ;

— баланд бардоштани сатҳусифатитаълимдарҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди таҳсилот;

-амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи «Барномаи рушд ва омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020 -2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

— такмил додани низоми таҳсилоти муттасил, фосилавӣ ва фарогир ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати касбу ҳунаромӯзии наврасон, ҷавонон ва калонсолон;

  • фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ барои фароҳам овардани шароити баробари дастрасӣ ба рушди зеҳнии кӯдакон дар деҳоти кишвар;

— андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати дар ҷомеа баланд бардоштани мақоми омӯзгорон ва беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии онҳо;

— амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди сармояи инсонӣ, тавсеа бахшидан ба имкониятҳои зеҳнии кишвар ва навсозии низоми идораи тамоми зинаҳои таҳсилот дар шароити замони муосир;

— таъмин намудани робитаи илм бо истеҳсолотваба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш миёни муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ;

  • муайян кардани самтҳо ва равияҳои афзалиятноки илм, таҳким бахшидан ба заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмиву таҳқиқотии муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар;
  • таҳия ва татбиқ намудани “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технологияҳо ва инноватсия барои давраи то соли 2030”;
  • тавсеа додани ҳамкориҳои илмӣ доир ба масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ ва масъалаҳои марбут ба об дар сайёра;
  • андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ҳавасмандгардонии ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

3.ШУҒЛ, ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

Дар ҳафт соли оянда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои шуғл тадбирҳои ҷиддӣ андешида, барои боз ҳам беҳтар гардонидани солимии ҷомеа ба соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзалият дода, амалӣ намудани ҳадафҳои зерин пешбинӣ мегардад:

— тақвият бахшидан ба фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, таъсис додани бозори меҳнати қобили рақобат ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ;

— бо дарназардошти омилҳои демографӣ муайян намудани дурнамои бозори меҳнат, муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳияву татбиқ намудани ҳуҷҷати консептуалӣ барои давраи дарозмуддат;

— дастрас гардонидани хизматрасониҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва дар ин самт ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва таҳияи барномаҳо барои онҳо;

— дастгирӣ кардан ва рушд додани соҳибкории хурду миёна дар шаҳру деҳот;

— таҳия намудани барномаҳои махсуси беҳтар гардонидани имкониятҳои шуғл барои занон, шахсони маъюб ва гурӯҳҳои дорои имконияти маҳдуд, васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои техникии тавонбахшӣ барои маъюбон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд;

— дар ҳафт соли оянда зиёд кардани курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон, аз ҷумла такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва соҳиби касб намудани ҳар як шахси бешуғл;

— бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ ташаккул додани заминаҳои ҳуқуқӣ ва сохтории соҳаи ҳунармандӣ, рушди инфрасохтори он, васеъ намудани дастрасии ҳунармандон ба таҳсилоти касбӣ, дар заминаи муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъсис додани ихтисосҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;

— банақшагирии захираҳои инсонӣ барои идораи давлатӣ, такмил додани низоми дурнамо ва механизми ҳифзи бозори меҳнат;

— амалигардонии барномаҳои афзалиятноки тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои давраи то соли 2030;

— тадриҷан зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ;

— ворид намудани технологияҳои нави ташхису табобат дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар сохтани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат;

— бо дарназардошти дастовардҳои илми муосир, технологияҳои ҳозиразамон ва сарватҳои табиии кишвар тараққӣ додани соҳаи дорусозӣ;

— амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ доир ба ҳифзи иҷтимоии ятимон, кӯдакони маъюб ва бесаробон.

4.ФАРҲАНГ, МАЪНАВИЁТ ВА ИТТИЛООТ

Мо фарҳангро ҳастии миллат ва яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа эълон намуда, барои рушди маънавиёти ҷомеа тадбирҳои навро роҳандозӣ мекунем ва дар ҳафт соли оянда дар инкишофи фарҳанг, санъату мусиқӣ, театр, кино, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, иттилоот ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон тадбирҳои зеринро амалӣ мекунем;

— таҳким бахшидан ба сатҳи маънавиёти ҷомеа ва таъмин намудани рушди забони давлатӣ ва фарҳангу санъат ҳамчун самти муҳимми сиёсати давлатӣ;

— устувор намудани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои фарҳанг ва бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти онҳо қабул кардани барномаву стратегияҳои нави давлатӣ;

— ҳавасманд гардонидани мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат ва муҳайё намудани шароити арзанда барои истеъдодҳои ҷавон;

— ҳифз кардани мероси фарҳанги миллӣ, васеъ тарғибу ташвиқ  намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат;

— пешгирӣ кардани паҳншавии афкори радикаливу ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва роҳ надодан ба таъсири равияҳои хатарноки мафкуравӣ;

— арҷ гузоштан ба мероси моддиву маънавии халқи тоҷик  ва дастовардҳои фарҳангии ҷаҳони муосир;

— бо мақсади ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва бостонӣ таҳия намудани барномаҳои давлатӣ;

— оммавӣ гардонидани китобхонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои болоравии сатҳи маънавиёт ва ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа;

— ба тарғибу ташвиқи ҳадафҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, озодӣ, давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон васеъ ҷалб намудани воситаҳои ахбори омма.

5.ҶАВОНОН, ЗАНОН ВА ВАРЗИШ

Мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат ва ҳалли мушкилоти вобаста ба оила ва занон диққати аввалиндараҷа дода, дар ҳафт соли оянда мақсад дорем, ки ташаббусҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ карда, нақши занонро дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта, оммавигардонии варзишро таъмин намоем ва дар ин соҳаҳо тадбирҳои зеринро амалӣ гардонем:

  • бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани ҳувияти миллӣ миёни наврасон ва ҷавонони кишвар таҳия намудани барномаҳои нави тарбияи ватандӯстӣ;
  • таҳким бахшидан ба заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла дар таҳрири нав қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон” ва  “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон”;
  • зиёд намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмомӯзӣ, ихтироъкорӣ, навоварӣ ва бунёд кардани марказҳои инкишофи зеҳнии наврасону ҷавонон;

— бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тақвият бахшидан ба эҳсоси ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ миёни ҷавонон;

— фароҳам овардани шароит барои боз ҳам бештар ҷалб кардани ҷавонон ба равандҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва маърифатии байналмилалӣ;

— ба хотири васеъ намудани фаъолияти занон дар рушди иқтисодимиллӣ таҳия ва амалӣ кардани “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030»;

— такмил додани заминаҳои қонунгузории ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои  оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва асоси тарбияи фарзанд, тавсеа бахшидани маърифати оиладорӣ ва таъмин намудани устувории оилаҳои ҷавон;

— тавсеа бахшидан ба раванди иштироки занон дар рушди иқтисоди кишвар, зиёд кардани ҳаҷми грантҳои Президенти ҶумҳурииТоҷикистон ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои занони соҳибкор;

— бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи ҳунарҳоимардумӣ ва корҳои хонагӣ ташкил кардани корхонаҳои хурду миёна ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи зиндагии оилаҳои камбизоат;

— ба фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ бештар ҷалб намудани занон;

— оммавӣ гардонидани варзиш, васеъ тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ, таҳия кардани барномаҳои нави давлатӣ доир ба рушди варзиши касбӣ;

— идома додани бунёди иншооти муосири варзиш ва таъмин намудани шароити мусоид барои иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ.

6.МАСЪАЛАҲОИ СИЁСӢ, ВОЛОИЯТИ ҚОНУН, АМНИЯТ, МУДОФИА ВА ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ

Мақсади муҳимтарини мо дар ин самт баланд бардоштани фарҳанги сиёсии шаҳрвандони мамлакат ба шумор рафта, ҳадафи асосӣ устувору пойдор гардонидани пояҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Ба ин мақсад амалӣ намудани тадбирҳои зеринро муҳим медонем:

— тавсеа бахшидан ба фарҳанги сиёсии шаҳрвандон, таъмин намудани иштироки шаҳрвандон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунии корҳои давлатӣ, эҳтироми Конститутсия ва садоқат ба давлат;

— таъмин намудани таҳкиму пойдории давлатдории миллӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои миллӣ;

— густариш додани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ дар ҷомеа;

— тавсеа додани фарҳанги сулҳ ва тақвият бахшидан ба ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди нодири мардуми Тоҷикистон;

— ҳифз намудани суботу оромии ҷомеа, таҳким бахшидан ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, яъне таъмин кардани волоияти қонун, ҳимоя кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дар ин самт таҳия ва қабул намудани «Стратегияи рушди низоми ҳуқуқии кишвар барои давраи то соли 2030»;

— таҳия ва қабул кардани қонунҳо дар бораи ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҳуқуқӣ ва манфиатҳои ҷомеа ва шахс;

— ба хотири таҳким бахшидан ба асосҳои ҳуқуқии рушди устувори иқтисодӣ қабул кардани қонунҳои таъминкунандаи ҳифзи ҳуқуқи моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ;

— баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ин самт тақвият додани фаъолияти мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

— таъмин кардани амнияти миллӣ барои ҳифзи суботу оромӣ, дастовардҳои истиқлол ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ;

— таким бахшидани ҳифзи сарҳади давлатӣ, муҳайё сохтани шароити беҳтар барои сарҳадбонон ва риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа;

— пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ — терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва кибертерроризм, инчунин, ба роҳ мондани шаклу усулҳои муосири муқовимат ба дигар хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ;

— тақвият бахшидани муқовимат бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои муассир барои аз байн бурдани сабабу омилҳои ба содиршавии он мусоидаткунанда, амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани рӯҳияи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа;

— таҳким бахшидани риоя ва иҷрои қатъии қонунҳо ва оинномаҳои хизматӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, таҳким бахшидан ба омодагии касбии онҳо, инчунин, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба миллат, давлат ва савганди ҳарбӣ.

7.СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бо вуҷуди  дастовардҳои муҳим дар сиёсати хориҷӣ ва бодарназардошти ҳадафҳои наве, ки дар назди кишвари мо қарор доранд, ҷиҳати ҳимояву пешбурди манфиатҳои миллӣ ва таҳким бахшидан ба ҷойгоҳи кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар ҳафт соли оянда иҷрои корҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:

— тақвият бахшидани муносибатҳои байналмилалӣ ва равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дӯсту ҳамҷавор  тибқи усулу меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ ва воқеиятҳои ҷаҳони муосир;

— вусъат додани таҷрибаи ҳамзистии дӯстона  бо халқҳои Осиёи Марказӣ ва рушду тавсеа додани робитаҳои ҳасана ва ҳамкории  гуногунҷанбаи мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа;

— густариши бештари муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва тавсеа бахшидани  ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму фарҳанг, технологияҳои нав,  сармоягузорӣ ва такмили ниҳодҳои демократӣ;

— таҳким бахшидани ҳамкориҳои сиёсӣ,  иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷануби Шарқӣ,  Ховари Миёна, Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Африқо;

— устувор намудани мақом ва нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арсаи  байналмилалӣ ва татбиқи ташаббусҳои глобалии кишвар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об;

— истифодаи бештари  воситаҳои дипломатияи иттилоотӣ дар густариши равобит бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ бо мақсади таблиғи фазои сармоягузорӣ,  ташвиқи ҳамкориҳои самарабахши иқтисодиву тиҷоратӣ ва рушди сайёҳӣ;

— такмил додани равиши сиёсати хориҷии мутавозин ва эътимоднок  бо кишварҳои ҷаҳон,  созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявию сармоягузорӣ;

— идома ва такмил додани сиёсати “дарҳои кушода”;

— таҳким бахшидани раванди ҳамкориҳо бо мақсади таъмин  намудани амният ва суббот дар қаламрави кишвар,  минтақаи Осиёи Марказӣ ва саросари ҷаҳон тавассути истифодаи васеи имконоту механизмҳои мавҷудаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;

— ба таври пайваста идома додани  робитаҳои муассир бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва зерсохторҳои он;

— ҷиҳати пешбурди дипломатияи  иқтисодӣ ва манфиатҳои иқтисодии кишвар густариш додани робитаҳои судманд  бо шарикони рушду стратегӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявии ҷаҳон;

— ба таври шоиста муаррифӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳандозӣ намудани дипломатияи фарҳангӣ ва инсонӣ бо  дарназардошти ҷанбаҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ;

— таҳким бахшидан ба дастгирии ҳуқуқӣ ва фарҳангию маърифатӣ,  робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалб  кардани онҳо ба ҳаёти фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикистон;

— ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳо, шаъну шараф ва эътибори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар.

 Натиҷаҳои татбиқи самарабахши ҳадафҳои пешбинигардида

Тадбирҳои зикршуда имкон медиҳанд,  ки дар муддати ҳафт соли оянда модели нави иқтисодӣ амалӣ гардад, ҳадафҳои стратегии кишвар  тадриҷан татбиқшаванд ва вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ба куллӣ тағйир ёбад.

Инчунин, дар доираи ин амалҳо шуғли аҳолӣ ба танзим даромада,  сатҳи муҳоҷират ба хориҷи кишвар бамаротиб коҳиш меёбад ва барои мардум шароити зиндагии шоиста фароҳам оварда мешавад.

Дар баробари ин, сатҳи зиндагӣ ва дарозумрии аҳолӣ боло рафта, фавти модару кӯдак паст мегардад.

Маърифату фарҳанги миллӣ рушд мекунад,  эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси гузашта ва забони давлатӣ афзуда, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз арзишҳои миллӣ тақвият меёбад.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои шаҳрвандон таъмин шуда,  волоияти қонун пойдор мегардад.

Равобит ва  ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ густариш ёфта,  сиёсати “дарҳои кушода” дар  ҳамаи самтҳои сиёсати хориҷӣ татбиқ мегардад ва муносибатҳои дӯстона бо кишварҳо вусъати тоза касб мекунанд.

Дар маҷмӯъ, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон  боз ҳам устувор мегардад  ва барои рушди босуръати иқтисоди миллӣ имкони бештар фароҳам оварда мешавад.

Мо бовар дорем, ки ҳамроҳ бо мардуми шарифи Тоҷикистон, неруҳои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар табақаҳои иҷтимоии кишвар ҳадафҳои мазкурро амалӣ намуда, барои пешрафти Тоҷикистон роҳи васеъ мекушоем ва аз худ барои наслҳои оянда як давлати бонизому устувор ва кишвари ободу зеборо ба мерос мегузорем.

Бознашр: АМИТ “Ховар”

Чоп кунед