Рӯзи 23 ноябри соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бахшида ба 30-солагии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчами давлатӣ рамзи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон ифтитоҳ намуда, чунин иброз дошт: “Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоли миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва талошҳои пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд. Аз ҷумла, қайд гардид? ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии кишвар буда, дар баробари Конститутсия, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз шумори рамзҳо ва муқаддасоти давлат ба ҳисоб меравад.

Директори Марказ Усмонзода Хайриддин Усмон зимни суханронии худ нақши таърихии Иҷлосияи 16 ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар қабули Парчами давлатӣ махсусан муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас мизи гирд таҳти раёсати муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода ба кори худ идома дод. Дар назди хозирин сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Зубайдулло Давлатов дар мавзӯи “Парчами нангу ори миллат” ва сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Саидхоҷа Акбаров дар мавзуи “Парчам – рамзи давлатдории миллӣ”, суханронӣ намуданд.

Дар бахши музокирот кормандони Марказ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, муаррифгари кишвар дар арсаи ҷаҳонию зиннатбахши шаҳри Душанбе, ҳамчунин муайянкунандаи марзи ҳуввияти миллӣ дар қаламравӣ сиёсӣ ва нақши Парчами давлатӣ дар муайян намудани ҳуввияти фарҳангию таърихӣ суханронӣ намуданд.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ҳайати кормандони Марказро бори дигар ба муносибати 30-солагии Прчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Ҳамоиш дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

 Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед