Моҷароҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон бо тобишҳои дигар таҳқиру туҳмат истифодаи силоҳ бо ангезаҳои бадбинӣ расонавӣ гардида истодаанд. Чанд даҳсолаи охир расонаҳои иттилоотии хориҷиву шахсӣ, ба мавзуи муносибатҳои ин ду давлати ҳамсоя таваҷҷуҳи махсуси ғаразона зоҳир намуда истодаанд.
Албатта, ба таърих ва ҳодисаҳои муайяни рухдода бо гузашти солҳо барои ошкор намудани ҳақиқат коршиносону равшанфикрони ҷомеа назару андеша баён намуда, бо шарҳи ҳақиқати ҳол хулосаҳои худро мебароранд. Агар ин гуна фарзияи нигоҳҳо бо чашми хирад набошад, таърих на танҳо ҷаҳолати назаркунандагонашро ошкор месозад, балки бо таҳлилу андешаҳо хулосаҳои нодурусташон мардумро ба гумроҳӣ ва гирдоби сарбаста гирифтор менамоянд.
Мақсаду ҳадаф аз рӯй овардан ба ин мавзуъ дар чист? Ба ҷомеаи ҷаҳон бояд маълум гардад, ки тарроҳони ин гурӯҳҳои кинаҷӯю мушкил эҷодкунанда муаллифону саҳм гузорандагонашон киҳоянд, дар паси парда кадом манфиатҳо ниҳон аст? Бо чунин рафтори ғайриинсонӣ то куҷо метавонанд ба ин ду мардуми дӯсту ҳамсоя бо роҳи хиёнат ба ҳадафашон муваффақ гарданд? Чунин амалҳои номатлуб хилофи қонунҳои байналмилалӣ буда, ба манфиатҳои миллӣ таъмини амнияту суботи кишвар таъсири манфии худро мерасонад.
Барои посух ва дарёфти маълумоти зарурӣ ба саҳифаи таърихи даҳ соли охир моҷароҳои сиёсии рӯйдода, оқибатҳои онҳо, ки талафоти гарони ҷонию молиро ба бор овардаанд, мавриди таҳлил қарор медиҳем.
Аз рӯйи маълумот, Ҷумҳурии Қирғизистон бо кишвари мо 976 километр сарҳади муштарак дорад. Душанбе ва Бишкек аз соли 2006 то ба ҳол бо таъсиси гурӯҳи дуҷонибаи кории байнидавлатӣ аз рӯйи харитаҳо ҷузъиёти зиёдеро барои мувофиқа мушаххас кардаанд. Аз ҷумла, 504 километри он, ки асосан аз болои кӯҳҳо мегузарад, аломатгузорӣ карда шудааст.
Тавре Кумитаи давлатии идораи заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 январи соли 2016 маълумот додааст, баҳси ду кишвар бар сари қисмҳои ҳанӯз мушаххаснашудаи боқимондаи 472 километри сарҳади муштарак, ки нуқтаҳои аҳолинишин бо Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, аломатгузорӣ ва тасдиқи худро наёфтааст. Минтақаҳои баҳсӣ дар ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, Олтимазору Қарамиқи ноҳияҳои Лахш ва Мурғоб боқӣ мондааст. Дар ин самт созишнома барои баррасӣ ва имзо ба ҳукуматҳо фиристода шудаанд. Барои тасдиқи қазия такяи Ҷумҳурии Қирғизистон ба харитаи соли 1958 ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1925–1927 такя менамоянд.
Ёдовар мегардад, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон дар нишасти сарони ИДМ дар шаҳри Алмаато ба мувофиқа омада буданд, ки бархӯрди муқаррарсозии сарҳади давлатиро тағйир диҳанд. Бояд на аз рӯйи харитаҳои қадимаи баҳсталаб, балки аз рӯйи Эъломияи ба мувофиқаомадаи Алмаато амал намоянд. Ин Эъломия соли 1991 қабул карда шуда буд. Кишварҳои минтақа тибқи Эъломияи соли 1991 ба созиш омада буданд, ки ҳангоми муқаррарсозии хатти сарҳади байни кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳар як ҷумҳурӣ вазифадор карда шуда буд, ки дар чаҳорчӯбаи марзҳои ҳангоми дарёфти Истиқлоли давлатиашон бе баҳси тарафайн боқӣ монданд. Қарордод ба тавсиб расида буд, ки мавзуъҳои қаламрави баҳсталаб дар алоҳидагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири аз байн бурдани ихтилофот пайваста ба Ҷумҳурии Қирғизистон таъкид менамояд, ки барои ба амал овардани иттилои бардурӯғу носанҷида якдигаро муттаҳам кардану муносибатро сард гардонидан, аз рӯйи адолати имонию инсонӣ ва ҳамсоягӣ нест. Роҳ додан ба чунин шитобкорӣ ва пешдовариҳо ба низоъ овардани мардуми ҳамсоя ва истифодаи силоҳ роҳи ҳалли мушкилоти сарҳадиро печидатар мегардонад. Вазъи ба амаломадаи солҳои 2015–2016, 2019, 2021, 2022 ба муноқишаю хунрезиҳо оварда расонида, то андозае муносибату ҳамкориҳои тарафайнро коста гардонид, раводиду тиҷоратро баст. Байни ду кишвар баҳсу талошҳо барои замину об, нуқтаҳои аҳолинишине, ки баъди солҳои 1985–1995 сохташуда, захираҳои зеризаминӣ ва ғайра то тирпарронию куштор анҷомида истодааст. Давоми 31 соли Истиқлоли давлатӣ ба эътидол овардани вазъият ва ба анҷом расонидани баҳсҳои ҳудудӣ ва ҷонок намудани ҳамкориҳои мутақобила заҳмати зиёдеро талаб кард ва ин раванд идома дорад.
Сабақи таърихро фаромӯш набояд кард, ки вазъи ҳарбию сиёсӣ ҳар дақиқаю сония тағйир ёфтанаш аз эҳтимол дур нест. Дар ин самт зиракии сиёсиро набояд фаромӯш кард, ҳарчи тезтар тариқи гуфтушунид ба баҳсҳои сарҳадӣ бояд нуқта гузошт. Рӯзе фаро расидааст, ки ҳар саҳифаи таърихи халқи худро баҳогузорӣ бояд намуд, ки он ба ояндаи халқ чӣ додааст, дар оянда кадом иқдомҳои натиҷабахшро ба манфиати халқ мавриди амал қарор дода метавонем? Тарафи дигари масъала дар он аст, ки ҳамин воқеаи ба амаломада падидаҳои тамоман аз ақли инсони берун буд, ба таъриху тамадуни халқҳои тоҷику қирғиз ҳисороту зиёни зиёде ба бор меорад.
Ба ин хотир яке аз масъалаҳои калиди дар самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштани робитаҳои мутақобила, ҳамкориҳои судманд бо ҳамсоякишварҳо, хусусан Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Бо ин кишвар ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Б.Ғафуров, Ҷ,Расулов, Спетамени вилояти Суғд, ноҳияи Лахш ва Мурғоб сарҳадҳои тӯлонӣ ва нуқтаҳои зиёди аҳолинишини баҳсталаб муайян карданашуда доранд. Дар ин минтақаҳои муҳимми стратегии кишвар бо амри тақдир миллату халкиятҳои гуногуне омехта шуда, тайи асрҳо дар якҷоягӣ умр ба сар мебаранд. Ғайр аз ин, яке аз дарвозаҳои асосии воридоту содироти пайваст намудани Тоҷикистон бо Қирғизистон аз он ҷо ба воситаи Русия то қитъаи Аврупо маҳсуб меёбад. Ба ин кишвар ҳамсарҳад будан, собиқаи таърихии ҳамзистиву ҳамкорӣ ва ҷой доштани шароиту имкониятҳои баробар таъсири худро дар ҳама ҳолат мерасонад.
Вазъи сиёсии ба вуқуъпайвастаи даҳсолаҳои охир ва ҳодисаҳои рӯйдодаи 11 январи соли 2013 дар ноҳияи Исфара сиёсати дохилию хориҷии минтақавии ду кишваро бо дарназардошти ҷой доштани омилҳои баҳсҳои байни марзи муносибатҳои ҳамсоягиро то имрӯз сард гардонида, таҳдиду нофаҳмиҳо то истифодаи силоҳро нисбати ҳамдигар ба вуҷуд овард. Низоъҳои рухдода ба ноҳияҳои марзи Лахш ва Мурғоб низ таъсироти манфии худро расонид, гузаргоҳҳои асосии шоҳроҳи раводид ва тиҷоратии тарафайн баста шуда, ба иқтисоди ҳар ду кишвар зарари гаронро ба бор овард.
Вақтҳои охир ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳои зиёди хусусияти таблиғотӣ ва манфиатҷӯёна доштаро барои мутташаниҷ гардонидани эҳсосоти шаҳрвандони ҳар ду тараф дар баҳсҳои роҳ, замину об, марзҳои сарҳадӣ, хусусан дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон, вилояти Ботканди Қирғизистон нигарониҳои зиёдеро ҳамчун манбаи хатар боис мегардад. Вазъи кунунии дар минтақа ба вуқуъ пайваста талаб менамояд, ки чи гуна мушкилотро ба эътидол оварда, ҳамкориҳои дуҷонибаро барқарор намуда, пеши роҳи омилҳои ҷойдоштаи хатарэҷодкунандаро ба хотири таъмини сулҳу субот ва амнияти минтақа равона намоянд.
Дар давраи солҳои 2005 ва 2010 –2015 вақте вазъи сиёсӣ бо ташкили якчанд инқилобҳо дар Қирғизистон нором гардида буд, тамоми мушкилоти онҳоро мушкилоти худ ҳисобида, ҷонибдори мардуми қирғиз буданд, ки бо роҳи мусолиҳатомез вазъи рӯйдодаро худашон ба эътидол оваранд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд ҳама гуна кумаку мададро дареғ надошта шуд. Ҳифзи анъанаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамзистӣ, дӯстии байни мардумони гуногуни миллатҳои сокини шаҳру ноҳияҳои кишварамон низ вазифаи ҳар фарди худогоҳу солимфикр буд ва мемонад. Таърихи будубоши деринаи тоҷикон ва қирғизҳо дар ноҳияҳои Мурғобу Лахш ва Исфара аз он шаҳодат медиҳад, ки ин мардум аз замонаҳои қадим, дар ҳудуди сукунат доштаашон, ҳусни дӯстиву бародариро ҳамеша пос медоштанд, то ба андозае бо ҳам омехтаю қарин гаштаанд, ки ҳатто ҳамдигаро ба қавму миллат ҷудо намекунанд.
Таҳлилу омӯзиши раванди муноқишаҳо нишон медиҳанд, ки вазъи амнияти сиёсиву идеологӣ, иҷтимоӣ, ақаллиятҳои миллӣ бо баъзе масъалаҳои берунию дохилӣ алоқамандии зич доранд. Солҳои тӯлонӣ ба манфиатҳои миллии мардуми сокини ноҳияҳои наздимарзи, амсоли Исфара, Мурғобу Лахш аҳаммияти камтар дода шудааст. Мушкилоти марзии онҳо низ аз қарни гузашта то имрӯз боқӣ мондаанд, дар ҳолати сард гардидани муносибатҳои байнидавлатӣ бештар нигарониҳоро ба вуҷуд оварда истодаанд.
Тибқи маълумот нисбат ба вазъи буҳронии пешомада миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон назарҳо гуногунанд шояд дар паси парда шахсоне кинаҷӯе доман мезананду низои мусаллаҳонаро идома мебахшанд. Тӯл кашидани низоъ истифода гардидани силоҳу муҳиммоти низомӣ дар давоми хушунату ихтилофоти сиёсӣ ду ҳамсоя шумораи зиёди қурбониёнро ба бор овард.
Андешаи аксар таҳлилгарони сиёсӣ дар он аст, ки Сарвари давлати
Қирғизистон Содир Жапаров ҳамчун роҳбари тасодуфӣ то ҳол бархӯрди ҳодисаҳои инқилобӣ аз зеҳнаш берун нашудааст. Ӯ дар ҳама вохӯрию гуфтушунидҳо ваъда медиҳад, ки дар мудати кӯтоҳе баҳсҳои мавчуда ҳалли худро меёбанд, вале ягонтояш амали нагашт. Ӯ дар ин давра баҳонаи пуршиддат будани муборизаҳои сиёсии дар дохили Қирғизистонро асос карда, бо ин роҳи созиш рақибони сиёсии худро саркӯб бо хиёнаткорӣ айбдор кард. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибег Тошиев, ки солҳост масъулияти музокирот ба эътидол овардани низоъро ба душ дорад, тарроҳи ҳамаи низоъҳои бавуқуъомада мебошад. Моҳи январи соли 2022 дар тазоҳуроте фаъолони фарҳангӣ рӯзномантгорон аз Президент Содир Жапаров талаб карданд, ки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибег Тошиев бо сабабҳои даст доштан ба ташкили табаддулот, суиқасд ба вакилони парлумон ва ғайра, аз мақомаш барканор карда шавад. Бо пешниҳоду талоши ин ду нафари ҷиноятпеша Қирғизистон барои мустаҳкам намудани қудрати дифоии худ аз кишвари Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишин харид кардаанд, ки имрӯз ба муқобили мардуми осоиштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода гардид, паёмадҳои хунини дигарро касе кафолат дода наметавонад.
Мардуми осоиштаи ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Б.Ғафуров, Ҷ,Расулов, Спетамени вилояти Суғд, ноҳияи Лахш ва Мурғоб хабари рӯзи 19 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқоти навбатӣ доир ба ҳалли муноқишаи мусаллаҳонаро бо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон шунида, ашки шодӣ рехтанд, даст ба дуо бурданд, орзу карданд, ки кош бо тавсиби ин созишнома минтақа ором гардаду амнияту субот поянда монад.
Саидхоҷа Акбаров,
сармутахассиси Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон