Санаи 23-юми феврал барои миллату давлати тоҷик чун Рӯзи Артиши миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷашни муҳимми умумидавлатӣ ботантана ва бошукуҳ таҷлил карда мешавад.
Мусаллам аст, ки мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як давлат василаи муҳимми муҳофизат ва таҳкими истиқлолу арзишҳои он ба шумор меравад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ҷойгир аст, мавҷудияти Артиши миллӣ моҳиятан баробар ба арзиши давлат аст.
Имрӯз дар саросари кишварамон сулҳу субот тантана дораду мардум дар фазои оромию осоиштагӣ осудаҳолона кору зиндагӣ менамоянд. Симои шаҳру деҳот аз баракати сулҳу субот, сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол ба таври шинохтанашаванда дигаргун ва ободтару зеботар мегардад. Агар саҳифаҳои начандон дури таърихи кишварамонро варақгардон намоем, хоҳем дид, ки 33 сол муқаддам дар кишварамон нооромӣ ҳукмфармо буду мавҷудияти халқу миллатамон зери суол қарор дошт. Он рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, агарчи аксари мардум аз нарасидани хӯрокворӣ сахт танқисӣ мекашиданд, вале аз хурд то бузург орзуи оромию осоиштагӣ дар дил доштанд. Агарчи қатъи ҷангу хунрезӣ ва таъмини осоиштагӣ орзуи ҳарлаҳзаинаашон буд, аммо касе ба ин рӯзи хушу пурсаодат расиданро бовар надошт.
Яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлатсозӣ таъсиси Артиши миллӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таъмини амният ва манфиатҳои давлату миллат мерафт, ки он таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба шумор меравад. Ин худ воқеияти таърихист, ки бе Артиши миллӣ, таъминкунандаи амнияти кишвар ва оромию осоиштагии мардум, ҳеч давлату миллате вуҷуд дошта наметавонад. Бо дарки муҳиммияти масъал щукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ноил шудан ба ин мақсад тадбирҳои зарурӣ андешида, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ Ҷумҳурии Тоҷикистонроро дар шароити вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ба анҷом расониданд.
Дар таърихи 23 феврали соли 1993 Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе заминаи дурусти моддиву техникӣ таъсис ёфта, аввалин паради ҳарбии он дар санаи зикршуда дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Зимни гузаштани паради ҳарбӣ аз чеҳраи хушнуди ҳар сарбози аввалини Артиши миллӣ ин маъниро хондан мумкин буд, ки кишварашон акнун соҳиби артиши мустақил асту манфиатҳои миллату давлатамон бекаму кост ҳифзу ҳимоя карда мешаванд. Руҳияи баланди ҳар як нафар сарбоз, ки сидқан ба он шомил шудаву ҳифзи тамомияти Ватан ва манфиатҳои давлату миллатро қарзи фарзандии худ қарор дода, ҳамчунин, дар ин ҷода ҷоннисорӣ намуданро барояшон шарафу ифтихор дониста буданд, ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон иқтидору тавоноӣ мебахшад.
Қобили зикр аст, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 дар интихоботи Президеннти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст оварда, таҳким бахшидани базаи моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ таъйин намуд. Тайи 31 соли сипаришуда баҳри сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шароитҳои беҳтарини хизмат фароҳам оварда шуда, сарбозон дар баробари адои хизмати ҳарбӣ дар ин мактаби мардонагиву ҷасорат, дар толору майдончаҳои бо тамоми лавозимоти варзишӣ муҷаҳҳаз тамрин намуда, вазъи саломатии худро беҳтар намудаву ҳушёриву чусту чолокӣ меомӯзанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ то ба ҳол барои дар руҳияи манфиатҳои миллӣ ва истиқлоли Ватан, ҷасорату мардонагӣ, садоқати бепоён ва фидокорӣ тарбия ёфтани ҳар як хизматчии ҳарбӣ хизматҳои шоиста анҷом додааст. Боиси сипосу шукргузории ҳамешагии мост, ки хизматчиёни ҳарбӣ корнамоии қаҳрамонони гузаштаи халқамонро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ намуда, дар ҳифзи амнияти халқу Ватан мардонагию шуҷоат ва фидокориҳои бемисл нишон додаанд.
Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ, ки бо кӯшишу талошҳои душманони дохилию берунии кишвару миллатамон рӯй дод, сабақи талхи он солиёни зиёд фаромӯш намешавад. Бо вуҷуди он ки ин ҷанг барои мо талафоти бисёр овард, сабақи он мардуми моро сарҷамъ сохта, ҳушдор дод, ки мо бояд дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиамонро аз даст надиҳем, фирефтаи дасисаю иғвои душманони халқу миллатамон нашуда, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро пос дошта, ба қадри истиқлоли Ватанамон бирасем.
Агарчи аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон 27 сол сипарӣ мешавад, ҳанӯз ҳам рақибони сиёсии кишвару миллатамон барои дубора барангехтани оташи ҷанг ва халалдор кардани осудагию сулҳу суботи халқу кишварамон талош доранд. Бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки боз ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил намоянд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси кишвар, инро набояд фаромӯш кунанд ва зиракиву ҳушёриро аз даст диҳанд.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023 аз ҷумла чунин омадааст: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, ”ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муоссир–терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намуданӣ амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.
Бо дарназардошти вазъи мавҷуда, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи давлатии амнияти миллиии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати ҳимояи устувори сарҳади давлатӣ ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ пайваста чораҷӯйӣ карда, назоратро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намояд.
Дар Паёми навбатии худ соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барои саҳми соҳибкорони ватанӣ дар сохтмони иншооти гуногун сухан ронда, аз ҷумла қайд намуданд: “Мо дар зарфи қариб 20 сол ва аз он ҳам зиёд ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, давлатҳои пешрафтаву мутамаддин доир ба ташкили “камарбанди амниятӣ” дар сарҳадот бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон даҳҳо бор муроҷиат кардем. Баъзеҳо каму беш кумакҳое карданд. Лекин вақте ман ба соҳибкорони ватанӣ муроҷиат кардам, дар як сол 75 иншооти сарҳадӣ, аз ҷумла дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар хатти сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ба дараҷаи олӣ бунёд карда шуд… Ба чунин соҳибкорони ватандӯст чӣ гуна офарин нагӯем?”
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро ки ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи субботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ аз ҳама вазифаҳои муҳимдараҷа ба шумор рафта, он ба зиммаи Артиши миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқ вогузор шудааст.
Бояд хотирнишон сохт, ки тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз омода кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ ва тарбияи руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад. Хизматчиёни ҳарбӣ ҳам дар мавриди худ бо масъулияти баланди ватандории худ дарк менамоянд, ки бояд ҳамеша зиракии сиёсии худро нигоҳ доранд, донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, баҳри рафъи ҳолатҳои фавқулоддаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.
Имрӯз месазад, ки мо аз саҳми бузург ва шоистаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон дар ҳифзи давлату миллат ва истиқлоламон бо ифтихор сухан ронем. Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ин эътибор ва шаъну шарафро ба осонӣ ба даст наовардаанд. Хизмати содиқонаи ҳазорон сарбозони шуҷоъ ва корнамоиҳои вантандӯстонаи онҳо буд, ки Артиши миллии Тоҷикистон ба комёбиҳои бузург ва шаъну эътибори бепоён ноил гардид.
Ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро қарзи виҷдон ва шаъну шарафи ҷавонмардони ватандӯст аст. Сарбозони ихтиёрӣ бо ин амали хуб собит менамоянд, ки падару модар ва Ватани ҷоноҷонашонро сидқан дӯст медоранду дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат намуда, қарзи фарзандии худро бо сарбаландӣ адо менамоянд.
Ҳар як ҷавонписар бояд фаромӯш накунад, ки ихтиёран адои хизмати ҳарбӣ намудан, беҳтарин сифати ҷавонмардӣ ба шумор меравад. Ин гуна ҷавонмардон муҳофизони ҳақиқии Ватан, фарзандони шоистаи халку миллатанд, ки ҳифзи Ватанро бо амри дил интихоб намудаанд.
Шоистаи таҳсин ва қобили зикр аст, ки айни ҳол дар нуқтаҳои муҳимми муҳофизатӣ, хосса дар сарҳади давлатамон, ба хотири ҳифзи кишвар аз ҳамлаҳои душманон ҷавонони ғаюри миллатамон шабҳои зиёди бедорхобиро паси сар намуда, фароғату осоиш ва амнияти моро ҳифз менамоянд. Аз ин рӯ, ҷавонмардони дигарро низ мебояд, ки бо нидои дил ба ҳифзу ҳимояи халқу Ватан омода бошанду дар лаҳзаҳои зарурӣ дар ин роҳ ҷоннисорӣ намуданро шаъну шараф ва қарзи виҷдонии худ донанд. Ҳар касе, ки дар Артиши миллӣ хизмати ҳарбиро баҷо меоварад, чусту чолокӣ, ҷасорат, шуҷоат, далерӣ, мардонагӣ омӯхта, дигар хислатҳои наҷибро дар вуҷуди худ парвариш медиҳад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: «Ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар нишонаи бузурги ватандӯстӣ, азму ирода ва ҷасорату далерии ҷавонмардони мо буда, ин сифатҳо зимни хизмати ҳарбӣ боз ҳам ташаккул меёбад».
Айни замон имконияту шароитҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтару хубтар гардида, дар қисму воҳидҳои он ҳазорон нафар ҷавонони шуҷоъ ва далери кишварамон хизмати ҳарбиро сарбаландона баҷо оварда истода, садоқати худро ба Ватан ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд.
Имрӯзҳо аз баракати сулҳу субот ва сиёсати оқилонаву хирадмандона ва бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи рӯзгори мардуми шарифи мо бамаротиб беҳтару хубтар гардидааст. Ҳамчунин, бо василаи бунёди иншооти таъйиноти гуногун симои шаҳру деҳотамон рӯз то рӯз ободу зебо ва дар қиёс бо 33 соли пештара тамоман шинохтанашаванда гардидааст.
Меҳмонони дуру наздики кишварамон, ки 33 сол муқаддам дар Ватанамон меҳмон шуда буданд, дар ташрифи дубораи худ аз дигаргуниҳои бавуқуъпайваста хеле мутаассир ва хушҳол мегарданд. Онҳо хуб дарк мекунанд, ки кишвари биҳиштосои Тоҷикистон, алалхусус пойтахти он–зебошаҳри Душанбе, аз самараи сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои муаззами миллат ва кӯшишу заҳмати мардуми шарифаш чӣ гуна ободу шукуфо гардидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи бузурги корҳои ободониву созандагӣ тарҳрезӣ ва ба амал татбиқ гардонида шуд, ки зимни он дар кишварамон беш аз 25 ҳазор иншооти таъйиноти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар миёни онҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, бинохои муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ-хизматрасонӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзишӣ ва амсоли инҳо буданд. Ҳамин гуна нақшаи бузурги корҳои ободониву созандандагӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад. Итминони комил дорем, ки амалишавии чунин нақшаҳои ободонӣ ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишварамон мусоидати комил менамояд. Мардуми соҳибфарҳангамон сухани пурҳикмате доранд: «Мушкиле нест, ки осон нашавад». Оре, ҳамаи мушкилот бо василаи муттаҳидӣ, ҷаҳду талошҳои пайваста осон ва бартараф карда мешавад. Далели равшани ин гуфтаҳо он аст, ки 33 сол муқаддам кишварамон дар миёни алангаи оташ қарор дошту касе аз ободию осоиштагӣ ва ояндаи дурахшони он бовар надошт. Боиси шукргузории зиёд аст, ки имрӯз дар саросари кишвар фазои оромию сулҳу суббот тантана дораду ҳамарӯза ба сӯйи ободию шукуфоӣ қадамҳои устувортар гузошта мешавад.
Дар фарҷом гуфтан лозим аст, ки ҳар як фарди солимфикри ҷомеаи кишварамон хуб медонад комёбӣ ва дастовардҳои бузурги халқу миллат ва давлатамон осон ба даст наомадаанд. Дар роҳи пуршебу фарози расидан ба сулҳу суботу осоиштагӣ халқи моро қурбониҳои зиёд пеш омад. Барои ба ин рӯзи пурсаодат ва хушию хуррамӣ расидан, саҳми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят бузург аст. Рӯзи Артиши миллӣ муборак, сарбозон ва афсарони содиқи ВАТАН!!
Мирзо Ашӯров,
сармутахассиси Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон