Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли эҳтиром тамоми бонувони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамасола ба муносибати иди фархундаи баҳору зебоӣ 8-уми март–Рӯзи Модар аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳамаи модарон ва бонувон саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоянд. Эҳтироми зан, шинохту қадр ва манзалати модар қарз ва рисолати ҳар фарди худогоҳ буда, мо дар сурате онро адо карда метавонем, ки ба қадри заҳмату ранҷи модар, меҳру самимият ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони мо бо иффату ҳаётофарии худ арҷи шоиста гузошта тавонем.
Рӯзи байналмилали занон дар аввал, Рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он на иди бонувон, балки ҷашни занони инқилобгар ном дошт.
Дар санаи 8-уми марти соли 1857 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА коргарзанони фабрикаҳои пойафзор ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ доир карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он солҳо занон дар як шабонарӯз то 16 соат кор мекарданд, вале музди ночиз мегирифтанд.
Аз соли 1975 Созмони Миллали Муттаҳид, аз сабаби Соли байналмиллалии занон буданаш, 8-уми мартро чун Рӯзи байналмиллалии занон эълон намуд. Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷуҳ, гул ва туҳфаҳо интизоранд. Дар оилаҳои шаҳрвандон ба модарону занон туҳфаҳо супорида мешаванд.
Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо «Рӯзи Модар» эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯйи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст. Зани тоҷик, ки намунаи олитарини Зан-Модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст.
Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд, зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯйи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони модар барои фарзанд беҳтарин истироҳат аст, новобаста ба синну сол.
«Модар» – калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст, вале дар мазмуну муҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо суруда шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд.
Бузургии зан – модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад, зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Худованд ба зан – модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад. Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст. Аз ин лиҳоз, мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобастааст, вале агар ҳаёти зан танҳо бо мушкилоти рӯзгор маҳдуд гардад ва бори гарони хонавода бар дӯши ӯ бошад, пас гумон аст, ки чунин тарбия судбахшу ҳадафманд сурат гирад.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ роҷеъ ба нақши занҳо дар ҷомеа чунин ибрози назар намуданд: “Теъдоди занҳо дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ чунинанд дар риштаи хизмати давлатӣ 23,4 фоиз, дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз, дар тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 68 фоизро ташкил медиҳанд. Инчунин, теъдоди роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафар мебошанд”. Ҳарчанд дар солҳои нахустини Истиқлоли давлати занон дар сафи кадрҳои роҳбарикунанда тамоман кам ва ҳатто ангуштшумор буданд. Хушбахтона, имрӯз теъдоди занҳои роҳбаркунанда дар Тоҷикистон хело зиёданд. Масалан, дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон (25,8 фоиз) ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар (23,8 фоиз)-ро ташкил медиҳад. Теъдоди занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоизро ташкил медиҳад. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими савгандёдкунӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаззаф намуда буданд, ки лоиҳаи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030” омода намояд. Айни замон лоиҳаи мазкур омода гардида, дар сатҳи баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон карда, дар доираи он ба таҳсил фаро гирифтани духтаронро яке аз масъалаҳои муҳим мешуморад. Чуноне шумо дар хотир доред, дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ масъалаи таҳсили духтарон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфта буд. Аз соли 1997 шурӯъ намуда, бо мақсади тарбияи кадрҳо аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ, бахусус, аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, дар ҳама мактабҳои олии мамлакат квотаи махсуси президентӣ ҷорӣ карда шуд. Тибқи ҳисоботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 3961 нафар шаҳрванди бекор ба андозаи 12 млн. 243 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Дар ин самт ба дастгирии ташаббуси соҳибкории занон ва ҷавонон афзалият дода шуда, 1896 нафар зан дар ҳаҷми 5 млн. 930,6 ҳазор сомонӣ ва 1291 нафар ҷавон ба андозаи 3 млн. 991,2 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок гирифтанд.
Давлате, ки нисбат ба зан – модар, сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво мебошад, ояндаи худро аз даст медиҳад. Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонаҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Аз ин лиҳоз, иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои Модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст. Дар остонаи иди занону модарон ба сарзамини мо баҳор бо қадамҳои хуҷаставу сабзи худ расида, аз фарорасии Наврӯзи оламафрӯз башорат медиҳад. Дар домони сабзи табиат Шумо – бонувони гиромӣ низ монанди гулҳои зебову шукуфоне ҳастед, ки бо таровату малоҳати хосса, дастони ҳунарофар ва меҳру шафқати худ ба он ҳусни тоза мебахшед.
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар
Акбаршои Олимхон,
мутахассиси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ
МТС– и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон