БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Қанд ҷӯйӣ, панд ҷӯйӣ,
Панд ҷӯйӣ, эй ҷаноб!
Ҳар чӣ меҷӯйӣ, биҷӯй.
Бекарон баҳрест гавҳар беҳисоб,
Ҳарчӣ меҷӯйӣ, биҷӯй!
Форсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо,
Ҳарчӣ мегӯйӣ, бигӯй.
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯйӣ варо,
Ҳарчӣ мегӯйӣ, бигӯй.
Баҳои ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам,
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам,
Дӯст медорам варо!
МУЪМИН ҚАНОАТ
ТО ҲАСТ ОЛАМЕ, ТО ҲАСТ ОДАМЕ…
Ҳар дам ба рӯйи ман
Гӯяд адуи ман,
К-ин шеваи дарии ту
Чун дуд меравад,
Нобуд мешавад.
Бовар намекунам,
Бовар намекунам.
Бовар намекунам,
Лафзе, ки аз латофаташ ҷонам кунад ҳузур,
Рақсад забон ба созашу ояд ба дида нур,
Лафзе ба ранги лолаи домони кӯҳсор,
Лафзе ба сони бӯсаи ҷонпарвари нигор,
Ширинтару лазиз
Аз шир, аз шакар,
Қиматтару азиз
Аз суҳбати падар.
Зеб аз бунафша дораду аз нозбӯй бӯй,
Софӣ зи чашма ҷӯяду шўхӣ зи оби ҷӯй,
Нав-нав таровате диҳад чун сабзаи баҳор,
Форам чу савти булбулу дилбар чу обшор.
Бо ҷӯшу мавҷи худ,
Мавҷи чу мавҷи рӯд,
Бо сўзу тоби худ,
Бо шаҳди ноби худ,
Дил об мекунад,
Шодоб мекунад.
Лафзе, ки эътиқоди ман асту маро вуҷуд,
Лафзе, ки пеши ҳар суханаш оварам суҷуд,
Чун меҳри модарам,
Чун ишқи дилбарам.
Чун хоки кишварам.
Чун завқи кӯдаке,
Чун байти Рӯдакӣ,
Чун зарраҳои нури басар мепарастамаш,
Чун шуълаҳои нарми саҳар мепарастамаш,
Ман зиндаву зи дидаам чун дуд меравад?
Нобуд мешавад?
Бовар намекунам,
Бовар намекунам!
Номаш барам ба авҷи само мерасад сарам,
Аз шавқ мепарам.
Сад марди муътабар,
Ояд бари назар,
К-онро чу лафзи байту ғазал иншо намудаанд,
Бо панди Саъдиям,
Бо шеъри Ҳофизам,
Чун ишқи оламе ба ҷаҳон эҳдо намудаанд.
Ҳайрон машав аду,
Сарсон машав аду,
К-ин ишқи пок бар дили дилпарвари ҷаҳон,
Монад ҳаме ҷавон,
То ҳаст оламе,
То ҳаст одаме.
УБАЙД РАҶАБ
ЗАБОНГУМКАРДА
Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,
Дар замину дар замон гумкардае.
Ин нишон гумкардаеву дигаре
Хештанро бенишон гумкардае.
Ин яке бахти ҷавон гум кардааст,
Дигаре ганҷи равон гум кардааст.
Ин яке гар ними нон гум кардааст,
Дигаре ними ҷаҳон гум кардааст.
Ин яке ҷону ҷигар гум кардааст,
Он яке шӯру шарар гум кардааст.
Ин яке гум карда гар моли падар,
Дигаре панди падар гум кардааст.
Гар яке бому даре гум кардааст,
Дигаре ному фаре гум кардааст.
Он забони ҳамдилӣ гум кардааст,
Ин забони модарӣ гум кардааст.
Аз тамоми ину он гумкардагон
Зиштрӯтар нест дар рӯи ҷаҳон
З-он ки гум карда забони модарӣ,
Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон.
Бок не, гар доварӣ гум кардааст
Ё умеди сарварӣ гум кардааст.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Он яке қадри сухангумкардае,
Дигаре боғу чамангумкардае.
Аз забонимодаригумкарда лек
Мерасад рӯзе ватангумкардае…
ЛОИҚ ШЕРАЛӢ
ЗАБОНИ МОДАРӢ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт дод,
Хиттаи Балху Бухоро дошт дод,
Суннати волою Девон дошт дод,
Тахти Сомон дошт дод.
Душмани донишгадояш “Дониш”-и Сино гирифт,
Душмани бе суннаташ девони Мавлоно гирифт,
Душмани суратпарасташ сурати Беҳзод бурд,
Душмани бе хонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.
Қомати кӯтоҳи манғит
Аз манори каллаи аҳли Хуросон шуд баланд,
Пастии саҳрои Қипчок
Аз баландии Бадахшон шуд баланд.
Аз ватан то бар кафан ҳар буду нобудаш, ки буд
Бар ватанталбу кафанталбандаҳо бахшиду дод,
Аз ватан то бар кафан худро адо кард,
Аз ватан то бар кафан худро гадо кард.
Дар миёни тангчашмоне,ки чашми тангашонро
Ҳеҷ ганҷе пур намекард,
Ҳафт хони Рустамашро барҳадар густурд,
Ҳафт ганҷи қиммати Афросиёбашро
Барҳадар рехт,
Ҳафт мулкашро фидо кард.
Оқибат аз ҳафт иқлим
Зери пояш як қадам монд,
Як қадам аз мулки Ҷам монд,
Лек дар дасташ қалам монд,
Бо қалам дар ҳар қадам монд.
Мағзи кӯҳистон даромад,
Балки гӯристон даромад
Тарки дунё карду тарки шоирӣ не,
Тарки ин пайғамбарӣ не;
Ғорҳоро мактаби шеъру ғазал кард,
Дар забони модарй сеҳру амал кард,
Ҷилди девони ғазалро
Ҷилди девони азал кард.
(То ҳанӯз аз тоқи ғоре,
Аз мағоке, аз мағоре,
Аз мазору гӯшаи вайронае
Метавон дарёфт тӯморе, баёзе,
Дафтаре аз шоири гумном).
Дар сарояш тоҷик аз бахти нагун
Гарчи бо габру мусулмон ҳамсаро буд,
Ҳамрасулу ҳамхудо буд,
Дар забон, аммо ҷудо буд;
Оҷ гум карду забонро гум накард,
Тоҷ гум карду забонро гум накард,
Тахт гум карду забонро гум накард,
Рахт гум карду забонро гум накард,
Бахт гум карду забонро гум накард.
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик-
Забони тоҷик аст,
То забон дорад ватандор аст ӯ,
То забондор аст бисёр аст ӯ,
Бешумор аст,
Беҳисоб аст,
Беҳад аст,
Бесарҳад аст.
МЕКАШАД МОРО ДАРӢ АЗ ҲАР ДАРЕ
Нест қонуни кашише дар ҷаҳон
Дар кашидан ҳамчу қонуни забон.
Гарчи ҳамхуни Сиёвушем мо,
Бо забони худ ҳамоғӯшем мо.
Гарчи бо сад халқ ҳамдӯшем мо,
Ҳар куҷо сар то қадам ҳӯшем мо.
Ҳар куҷо сар то қадам гӯшем мо,
То забони хешро нӯшем мо.
Алғараз, моро дарӣ аз ҳар даре
Мекашад ҳамчун забони модарӣ.
Бо ҳамин қонун таҳорат мекунам,
Бо ҳамин қонун зиёрат мекунам.
Каъбаро на, Каъбатулушшоқро,
Хокро на, шишаи офоқро.
Бас маро аз қитъаи волои Рум
Сурмае аз хоки Мавлонои Рум.
БОЗОР СОБИР
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Лафзи тоҷик,
Лафзи ширини дарӣ.
Лафзи шеъру шеваи хунёгарӣ,
Аллаҳои шакарини модарӣ.
Зинда бошӣ,
Эй забони тоҷикӣ.
Эй забони хосу девону вазир.
Эй забони шоҳу султону амир,
Номаи шоҳону «Девони кабир».
Зинда бошӣ,
Эй забони тоҷикӣ.
Шукри қисмат, шукри лутфи сарнавишт.
Дар замирам донаи меҳри ту кишт,
Бо ту дорад гуфтугӯ аҳли биҳишт.
Зинда бошӣ,
Эй забони тоҷикӣ.
Эй пур аз ҳикмат забони миллатам.
Ҳам нишону ҳам тавони миллатам,
Ҷои ҷони ҷони ҷони миллатам.
Зинда бошӣ,
Эй забони тоҷикӣ.
То ту ҳастӣ зинда номи тоҷик аст.
Зиндагӣ доим ба коми тоҷик аст,
Ҳифзи ту роҳу мароми тоҷик аст.
Зинда бошӣ,
Эй забони тоҷикӣ.
АЛИМУҲАММАД МУРОДӢ
ЗАБОНИ МОДАРӢ
Ту он ҷонӣ, ки доим қавми моро зинда медорӣ,
Забони модарӣ, моро ту ҷонбахшу нигаҳдорӣ!
Ту ҳастӣ меҳани мо, обрӯю эътибори мо,
Забони порсӣ, ширинтар аз ҷонӣ, шакарборӣ! .
Вуҷуди мо сиришта аз биҳишти ъишқу ирфон аст,
Ҳама аз давлати туст ин муҳаббат, ин ватандорӣ.
Зи илму аз адаб, ҳам ҳикмату ҳамосаву торих,
Кутуби мо нигаҳдорандаи ҳастию ҳушёрӣ.
Агарчи тика-тика ғосибоне хурдамон карданд,
Ту ҳастӣ риштаи пайванди мо, маншои бедорӣ.
Чӣ бедардона бо ту душманӣ карданду номардӣ,
Вале эшон пазируфтанд таъсират ба ночорӣ.
Забони модарӣ, бо вусъату паҳною жарфоят,
Умедам ҳаст, то дунё бувад моро нигаҳ дорӣ!
САФАР АБДУЛЛОҲ
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Забони тоҷикӣ тоҷи забонҳои ҷаҳон бошад,
Касе бо ин забон гап мезанад, ӯ қаҳрамон бошад.
Забони “Шоҳнома”, “Маснавии маънавӣ”, “Хамса”,
Забони руҳбахшои “Авасто” ҷовидон бошад.
Забони Ҳофизу Саъдию Фирдавсию Мавлоно,
Забони Рӯдакӣ – он шоири шӯридаҷон бошад.
Забони Ҷомию Берунию Форобию Сино,
Забони Аҳмади Дониш, забони нухбагон бошад.
Забони Туғралу Ҳоҷӣ Ҳусайну Шамсиддин Шоҳин,
Пур аз лутфи Камолу ҳикмату панди замон бошад.
Забони Айнию Лоҳутию Мирзои оламгир,
Забони Лоиқу Фарзонаи рангинбаён бошад.
Забони Озарахшу Озару Бозору Гулрухсор,
Забони дилнавози байту шеъру достон бошад.
Забони Марву Хоразму Самарқанду Бухоро, Чоч,
Забони Марву Шерозу Ҳироту Исфаҳон бошад.
Забони Суғду Хатлону Хутан, Помиру Фарғона,
Забони Рашту Дарвозу Ҳисори Шодмон бошад.
Забони Истаравшону Зарафшони шарорафшон,
Забони Ванҷу Файзободу Кӯлоби Калон бошад.
Забони сабзи тоҷикӣ намегардад хазон ҳаргиз,
“Гулистон” – у “Баҳористон” дар он, ҳам ” Бӯстон” бошад.
Забони тоҷикӣ бигзор бошад он забон, хоҳанд
Агар андар тамоми рӯйи дунё як забон бошад.
Забони сабзи тоҷикӣ – забони шеъри Хайрандеш,
Илоҳӣ то қиёмат аз балоҳо дар амон бошад.
ХАЙРАНДЕШ
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
То забони тоҷикӣ барҷост, тоҷик зинда аст,
То бувад як тоҷике лафзи дарӣ поянда аст.
Дар сари гаҳвора гӯяд алла то як модаре,
Лафзи гавҳарбори модар чашмаи зоянда аст.
Мешавад бо шири модар ҷой он дар мағзи ҷон,
Метаровад ҳамчу чашма аз лаби пиру ҷавон.
Ормони миллати моро ба дунё мебарад,
Парзанон аз лаб ба лабҳо, аз карон то бар карон.
Ҳар ҳиҷову ҳарфи онро моми тоҷик асрҳо
Кишт дар дилҳо ба мисли дони гандум мекунад.
Шираи ҷонбахшу пандомӯзи қанди порсӣ
Ҳамчу шаҳди ноб ширин коми мардум мекунад.
Дурру гавҳар мешавад ҳарфу каломи тоҷикӣ,
То ба олам мебарад назму низоми тоҷикӣ.
Рӯдакӣ афсунгарӣ бо шеъру девон мекунад,
Ифтихори тоҷикии мо ба номи тоҷикӣ.
Аз Халиҷи Форс то Ҳинду ба Чин алфози мо
Мебарад шеъру сухан, овозаю овози мо.
Номи тоҷикро ба гетӣ мебарад бо боли худ,
Мояи иқболу бахту шаҳпари парвози мо.
Ганҷи мову давлати мо, шуҳрату ному нишон,
Дар Самарқанду Бухоро, Балху Чочу Бомиён.
Дар Хуросони Бузургу дар Варорӯди куҳан
Ҳалқаи пайванд мегардад миёни тоҷикон.
ЗАБОНИ МОДАР
Сарчашмаи зиндагӣ забони Модар,
Ин лафзи гуҳаррези равони Модар.
Ҷо дар лабу ҷисму ҷони мо гардида
Ҳар ҳарфу ҳиҷои ҷовидони Модар.
Пайванди равони мо забони Модар,
Бар реша тавони мо забони Модар.
Дар олами пуртазоди пуршебу фароз
Аз умр нишони мо забони Модар.
Ин шева, ки атри мушку анбар дорад,
Шаҳду шакари забони Модар дорад.
Дар Ҳинду Хуросону Варорӯди куҳан
Сад шукр, барои хеш минбар дорад.
Чун шаҳду шакар лафзи дарӣ ширин аст,
Гулқанди каломи модарӣ ширин аст.
Бо ҳикмату панди Рӯдакӣ шуҳраи даҳр
Бо шираи шеъри Анварӣ ширин аст.
Як қитъаи гулфишон забони Модар,
Як хиттаи ҷовидон забони Модар.
Як олами шуҳрату нишони тоҷик,
Як парчами парфишон забони Модар.
НУРИДДИНИ АМРИДДИН
РӮЗИ ЗАБОН ФАРХУДА БОД!
Тоҷикистон аст биҳишту лафзи он аст тоҷикӣ,
То даме, ки як забон аст, дар забон аст тоҷикӣ.
Таърихи олам мураттаб аз забони тоҷикист,
Аз қадим лафзи ҳама озодагон аст тоҷикӣ.
Бо суруду бо тарона, бо дубайтиву ғазал,
Лафзи меҳри одамони меҳрубон аст тоҷикӣ.
Лафзи сармаст аз Хайёму лафзи шеъри Гулназар,
Як забони шаккарини шоирон аст тоҷикӣ.
Одамон бо ин забон аз ошиқӣ ёд оваранд,
Баҳри изҳори ҳама рози ниҳон аст тоҷикӣ.
То даме, ки ин ҷаҳон аст, дар ҷаҳон аст тоҷикӣ.
Як забони зиндагии ҷовидон аст тоҷикӣ.
НОЗИР ЁДГОРӢ
БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОН
Мағзи ҷонам, нури имонам, забони тоҷикӣ,
Ифтихору шӯҳрату шонам, забони тоҷикӣ.
Меҳр дорад, сеҳр дорад, шакару шириниҳо,
Ҳадяе аз Оли Сомонам, забони тоҷикӣ,
Ҳифз карда хештанро аз ҳазору сад бало,
Ҳастиям, инсофу ирфонам, забони тоҷикӣ.
Шодию дарду ғамамро мекунам тақсим агар
Сахт ҳамчун аҳду паймонам, забони тоҷикӣ.
Ҳофизи Шероз бо Саъдӣ ҳамовозӣ кунанд,
«Бӯстонам», ҳам «Гулистонам» забони тоҷикӣ.
Аз Маҳастии сухан, Зебуннисову Робия
Монда мерос аз ниёгонам забони тоҷикӣ.
Шукри Истиқлоли миллат мекунад, Норинисо,
Туҳфае аз лутфи Яздонам забони тоҷикӣ.
НОРИНИСО
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Бебаҳоӣ ё баҳои оламӣ,
Мову манро, эй забони модарӣ.
Ман бар онам, ки набуду нест, нест,
Аз ту шевотар забони дигаре.
Дилфурӯзӣ ҳамчу меҳри модарон,
Дилнавозӣ чун нигоҳи кӯдакон.
Дилфиребӣ ҳамчу рангу бӯи гул,
Дилписандӣ чун баҳори гулфишон.
Эй забони лаззати шеъру суруд,
Эй забони зиннати базму тараб.
Эй забони аз нафосат бениёз,
Эй забони шойгони вирди лаб.
Эй забони бӯи гулҳои чаман,
Эй забони чашмаҳои кӯҳсор,
Эй забони обшорони баланд,
Эй забони сози мавҷи рӯдбор.
Эй забоне, ки шиносам хешро,
Бо ту танҳо тоҷики толеъбаланд.
Бо ту монам ҷовидон, гарчи маро,
Менамонад зиндагонӣ бегазанд.
Эй зи аҷдодам нишони ҷовидон,
Бе ту ёде аз ниёи ман набуд,
Бо ту дорам ифтихору эътибор,
Ҷовидон он сон, ки аз аҷдоди худ.
Эй забоне, ки ба шевоӣ ҳанӯз,
Дар ҷаҳон дорӣ ҳаводори зиёд,
Дар Бухоро шуҳра гардӣ кош боз,
Дар Душанбе ноҳаводорат мабод!
ФАРЗОН НАЗРӢ
Чӣ ширину чӣ зебову чӣ дилбар,
Забони порси,эй покгавҳар.
Фаришта бо ту месозад такаллум
Биҳиштии зи бас монанди модар.
Набошад чун забони фаҳшу дашном,
Магӯ бо ин забон фаҳш, эй бародар!
ШАҲРИЯИ АҲТАМЗОД
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Зиндаам бо ҳарфи ширинат, забони тоҷикӣ,
Зиндаам бо шеъри рангинат, забони тоҷикӣ.
Дар ҷаҳони ношикебу нотавону бебасар,
Зиндаам бо сабру тамкинат, забони тоҷикӣ.
Бигзарад умри забонҳое забуну зердаст,
Зиндаам бо тоҷи зарринат, забони тоҷикӣ.
Салчуқу Темурро дарси амирӣ додаӣ,
Зиндаам бо машқи талқинат, забони тоҷикӣ.
Давлати дур аз заволам додаӣ ту, асрҳо,
Зиндаам бо лафзи хушбинат, забони тоҷикӣ.
Меҳри ному нони модар ояд аз ҳар ҳарфи ту,
Зиндаам бо расму оинат, забони тоҷикӣ.
То абад сарчашмаи саршори Илҳоми маро,
Мекунам як умр таҳсинат, забони тоҷикӣ.
ИЛҲОМ МУҲАММАДАЛИЗОДА