Истиқлолият омили асосии рушди забони давлатӣ
«Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд».
Эмомалӣ Раҳмон
Забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Метавон гуфт, ки дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин, устувории он дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ забони давлатӣ нақши муҳим дорад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рушду пойдор сохтани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ падидаи тақдирсози фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур 5 октябри соли 2009 таҳти №553 қабул гардид, ки аз 7 боб ва 28 модда иборат аст. Ҳадаф ва мақсади ниҳоии ин қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – рушди забон чун падидаи фарҳанг, васеъ намудани амалкарди забони тоҷикӣ дар таълим, коргузорӣ, илм, васоити ахбори омма, муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ дар хориҷи кишвар ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ омили муҳими эҳёи забони тоҷикӣ буда, забони давлатӣ омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
Қабул шудани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи этнолингвистии сифатан наверо ба вуҷуд овард, ки он барои баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои забон ва рушди он заминаи воқеӣ фароҳам сохт. Аз тарафи дигар ба вазъи ҳуқуқии тамоми забонҳои сокинони Тоҷикистон новобаста ба «хурдию бузургиашон» эҳтиром гузошта шуда, ҳуқуқи корбурд ва инкишофи озодонаи онҳоро таъмин намудааст.
Қонуни мазкур дурнамои рушди забони давлатиро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот бо вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ ва пок нигоҳ доштани он, инчунин дар баробари ин донистани забонҳои хориҷӣ пайваста дар суханрониҳои худ таъкид менамояд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2010 ба ҷавонон муроҷиат карда, қайд намуда буданд: « Тамоми неруи худро барои азбар кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунари интихобкарда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созед» .
Барои татбиқи муқаррароти Қонуни забони давлатӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди забони тоҷикӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Бояд қайд намуд, ки ин сохтори давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои давлатӣ татбиқи Қонунро дар тамоми идораву муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъмин менамояд.
Забони тоҷикӣ аз нав эҳё гардид ва дар умури давлатдорӣ мавқеъ ва манзалати хоси худро пайдо намуд. Таҳти пуштибонии Пешвои миллат дар замони Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо намуда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тақрибан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш гирифтааст. Аз ин лиҳоз, Истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад. Имрӯз давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон бо забони давлатӣ санадҳои ҳуқуқии байналмилаливу байнидавлатӣ, аз ҷумла созишномаҳо ва қарордодҳои муҳимро ба имзо мерасонад.
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангие баргузор мегарданд, ки забони кории онҳо дар баробари забони англисӣ ва русӣ, забони тоҷикӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки забони тоҷикӣ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ соҳиби мақоми байналмилалӣ гардидааст.
Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки азхуд намудани забони давлатӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад: «Ҳар як шахси таҳсилкарда, бахусус роҳбарон ва кормандону мутахассисони ташкилоту муассисаҳо бояд забони давлатиро хуб донанд ва бо забони адабӣ ба таври озод суҳбат карда тавонанд. Дар таъини онҳо ба вазифаи роҳбарӣ дар кадом сатҳ донистани забони давлатӣ ба инобат гирифта шавад».
Тадбиру чорабиниҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба он равона шуда истодааст, ки забони тоҷикӣ дар мақоми забони илм қарор дода шавад. Муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ, мутобиқи талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» уҳдадор карда мешаванд, ки барои ташаккули забони тоҷикӣ хамчун забони илм ва рушду танзими истилоҳоти илмӣ тадбирҳои муассир андешанд. Пеш аз ҳама, навиштан ва нашри китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён, фарҳангҳои русӣ-тоҷикӣ, англисӣ-тоҷикии истилоҳоти бахшҳои гуногуни илмӣ бояд ба раванди доимӣ табдил ёбад. Боло бурдани сатҳи фарҳанги забондонӣ вазифаи асосии муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аз ин рӯ ба таълими он бояд дар ин муассисаҳо бо истифода аз усулу имкониятҳои замони ҳозираи илму техника ва технологияи нав бештар диққат дода шавад ва барои ташкили муҳити забони илм шароит фароҳам оварда шавад.
Ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон, таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, мушкилотӣ фалсафа ва адабиёту фарҳанг, поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ ва таҳким бахшидан ба мақоми он, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ аз вазифаҳои муҳими мо мебошад.
Дар замони пуртазоду пурихтилофи ҷаҳонишавӣ устувор ва мустаҳкам намудани робитаи фарҳангию забонӣ, омӯхтану азхуд намудани адабиёт, таъриху фарҳанги ниёгон ба манфиати миллат ва рушди забони тоҷикӣ мебошанд.
Тахмина Офаридаева, мутахассиси
пешбари Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳавии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон