Тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14 майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ин ҷашни миллиро бо суруру шодмонӣ гиромӣ медоранд.
Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни фархунда дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки ватани мо, пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳогардид.Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ҳисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Бинобар ин, таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.
Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад. Илова бар ин, фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст. Ҳамин тавр, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хидматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, дар “Рӯзи Президент” беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд.
Пешвое, ки гавҳараш нур аст,
Суханаш нуру минбараш нур аст.
Қадамаш хуррамию ободӣ,
Ватанаш нуру кишвараш нур аст.
Ба шаби тира дастболо шуд,
Офтобе, ки лашкараш нур аст.
Нури ҳафт осмон нигаҳбон бод,
Ватанеро, ки Сарвараш нур аст.
Дастовардҳои бунёдии Ҷумҳурии Тоҷикистон
зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсияш қадам ба қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди бузург табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти вай ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд.
Аммо барои расидан ба ин мақоми миллию таърихӣ, Роҳбари давлат роҳеро тай намуд, ки пур аз мушкилот, пур аз печутоб, пур аз камину хатар, аммо пур аз ифтихор, пур аз муҳаббат ва пур аз комёбӣ буд. Ин аст, ки агар касе бихоҳад, то симо, шахсият ва ҷойгоҳи ӯро назди мардуми тоҷик дарк намояд, бояд пеш аз ҳама роҳи паймудаи ӯ ва хидматҳои таърихии вайро барои ин мардум дарк кунад. Таҳлили ҳамин роҳ ва дарки ҳамин дастовардҳо худ ба худ нишон медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон кист ва барои мардум ва давлати Тоҷикистон чӣ ҷойгоҳ ва чӣ арзише дорад, зеро имрӯз вақте дар бораи роҳи тайшуда ва дастовардҳои бунёдии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи пурпечутоби Истиқлолияти давлатӣ сухан меравад, бешубҳа, симои ин шахсият пеши назар меояд. Маҳз ҳамин нигоҳи ҷомеъ ва маҳз таҳлили қадам ба қадам нишон медиҳад, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон Пешвои дӯстдоштаи миллат аст ва чаро ин мақоми ӯ ҳолати табиӣ ва бисёр устувор дорад.
Албатта, комёбиҳои миллат ва кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон бисёр зиёданд, вале фақат дарк, муқоиса ва ҷамъбасти дастовардҳои усулӣ ва бунёдии ин марҳала кофист, то дарк шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари пурталоши он чӣ роҳеро тай карда ва чӣ дастовардҳои азимеро ноил шудаанд. Ва низ бо дарку ҷамъбасти ин дастовардҳои бунёдӣ метавон дарёфт, ки сабаби эҳтироми амиқ ва эътимоди устувори мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллии худ дар чист.
Дастоварди бунёдии аввал:
Наҷоти давлатдории миллии тоҷикон
Қадами нахуст ё асоситарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин аст, бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ӯ давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин масъала муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва тамоми ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз дастмедод, зеро баъди ҳазор сол таърих барои халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати миллӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба миён омада буд, давлатдории миллии мо аз даст мерафт, моро наслҳои оянда ҳаргиз намебахшиданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте Сарвари давлати тоҷикон интихоб шуд, ки кишвар дар оташи ҷанг месӯхт ва ба гирдоби нобудӣ фурӯ мерафт. Дар он лаҳзаи ҳассоси таърихӣ барномаи роҳбарияти нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат як чиз буд: хомӯш кардани оташи ҷанг, наҷот додани давлат аз нобудӣ ва эминии миллат аз парокандагию бадбахтӣ.
Хушбахтона, ин вазифаи таърихӣ иҷро гашта, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣнаҷот ёфт. Ва шояд фақат ҳалли ҳамин масъала барои чеҳраи мондагори таърихи халқи мо ва пешвои миллии мардуми мо донистани Эмомалӣ Раҳмон кофӣ бошад.
Дастоварди бунёдии дуюм:
Ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягона
Дар қадами дуюм, талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат боис гашт,ки тамомияти арзӣ, яъне ягонагии сарзамини Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад. Ҳарчанд давлати нави мустақили тоҷикон ҳамагӣ дар як пораи кӯҳистонии сарзамини бузурги таърихии халқи тоҷик таъсис гаштааст, вале дар он рӯзҳо боз ҳам нақшаҳои тақсими ин давлат дар миён буд. Чунин тарҳу нақшаҳоро на танҳо неруҳои хориҷӣ, балки баъзе аз сиёсатмадорон ва қувваҳои сиёсии дохилӣ низ ҷонибдорӣ намуда, дар ин самт қадамҳои амалӣ низ гузошта буданд.
Дар он рӯзҳо ҳатто пойтахти кишвар–шаҳри Душанбе ҳамчун хонаи умеди тоҷикистониён моҳияти сиёсӣ ва рамзии худро қариб аз даст дода буд. Дар натиҷа, на танҳо мардуми одӣ ва донишҷӯён, балки зиёиёну фарҳангиёне, ки даҳҳо сол дар пойтахт зиндагӣ мекарданд, соли 1992 шаҳри Душанберо ноумедона тарк намуда, ба маҳаллу зодгоҳи бобоии худ баргаштанд. Ҳамин тавр, хатари воқеии парокандагии Тоҷикистони ягона пеш омада буд.
Вале, хушбахтона, ба шарофати иродаи қавии Эмомалӣ Раҳмон ин хатар бартараф гардид ва ягонагии Тоҷикистон таъмин карда шуд. Ва ин дастоварди дигарест, ки номи ӯро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ва Пешвои миллат ҷовидона мегардонад.
Дастоварди бунёдии сеюм:
Барқарор намудани низом ва аркони давлатдорӣ
Ҳамчун қадами сеюм Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ низоми мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдории моро эҳё намояд. Барои он, ки вазъияти онрӯзаи давлатдории кишварамонро дуруст ба ёд орем, аз гузориши раиси онвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ иқтибос меорем, ки гуфта буд: “Имрӯз дар кишвар органҳои конститутсионӣ амалан фалаҷ шудаанд… Агар ин вазъият идома ёбад, хатари он мавҷуд аст, ки Тоҷикистон аз харитаи ҷуғрофии ҷаҳон умуман нест шавад”. Ин буд вазъияти воқеии кишвар дар рӯзҳои аввали ҳамчун Роҳбари ҷумҳурӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳоло бисёриҳо дар шароити орому осудаи имрӯза даъвои вазирию раҳбарӣ доранд, вале дар он рӯзҳо, ки кишвар дар коми оташ месӯхт, иддае ба ояндаи Тоҷикистон бовар надошта, ҳатто ба вазифаи вазирӣ розӣ намешуданд… Дар он рӯзҳо на танҳо мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, балки дар аксари минтақаҳо мақомоти маҳаллии ҳокимият низ пурра фалаҷ гашта буданд, ки барқарорсозии онҳо кори осон набуд.
Ва, хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин замон тавонист, ки мақомоти конститутсионии давлатдориро барқарор намуда, ниҳодҳои фалаҷшударо эҳё намояд. Тайи ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби сохтори мукаммали идорӣ, ҳукумати коршоям, парлумони касбӣ, Артиши миллӣ,ниҳодҳои босалоҳияти қудратию амниятӣ ва дигар рукну афзорҳои зарурии давлатдории худ гашт.
Дар ин масъала бояд гуфт, ки маҳз ташаккул ёфтани системаи давлатӣ ва ҳамчун механизми ягона ба кор даромадани низоми давлатдорӣ яке аз заруратҳо ва нишондиҳандаҳои асосии барпо шудани давлат ва давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз системаи ташаккулёфтаи давлатӣ метавонад кори муназзами ниҳодҳои давлат ва бақои давлатдориро таъмин намояд. Бинобар ин, дар сатҳи муосир эҳё ва барқарор намудани системаи мукаммали давлатдории тоҷикон яке аз дастовардҳои бунёдии дигари Президенти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, балки яке аз хидматҳои муҳимтарини ӯ барои давлату миллати тоҷик мебошад. Касоне, ки ба сиёсат ва давлат аз назари касбӣ менигаранд, то чӣ дараҷа ҳаётӣ будани ин дастовардро ба хубӣ дарк менамоянд.
Дастоварди бунёдии чорум:
Барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ
Дастовард ё қадами устувори чоруми Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки бо ҷасорат ва иродаи қатъии ӯ мардуми Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилии хонумонсӯз раҳо гашта, ба ваҳдати миллӣ расид. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва афву ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳое буданд, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали интихобаш ба миён гузошта буд ва ин паёмҳо ҷавҳари тамоми барномаю фаъолияти баъдии ӯро ташкил намуданд.
Ҳамагон дар ёд доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони иҷлосияи таърихӣ ва дар пешгоҳи халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд кард: “Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард». Имрӯз шоҳидем, ки он суханон як шиори холии сиёсӣ набудаанд, балки фарёди самимии як фарзанди халқи тоҷик, ки дарди ҷонкоҳи миллат ва андешаи наҷоти Ватан тамоми вуҷудашро фаро гирифта буд.
Ҳарчанд мардуми шарифи Тоҷикистон ташнаи сулҳу ваҳдат буд, аммо тарроҳони ин ҷанги бемаънӣ ба осонӣ аз нақшаҳои худ даст намекашиданд. Ин буд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон солҳо лозим омад, то ба иҷрои яке аз паёмҳои марказии худ – барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гардад. Барои расидан ба ин ҳадафи муқаддас роҳбарияти давлат тавонист, ки ҳудуди як миллион гурезаро ба хонаҳояшон баргардонад, даҳҳо ҳазор манзили вайроншударо барқарор созад, ҳазорон макони ҷамъиятӣ ва нуқтаҳои истифодаи умумӣ, мисли мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, пулҳо ва корхонаҳоро эҳё ва барқарор намояд.
Ҳамин тавр, маҳз барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат аз хатари нобудӣ наҷот ёбад ва тоҷикон ҳамчун миллат аз вартаи маҳвшавӣ раҳоӣ ёбанд. Бинобар ин, масъалаи сулҳу ваҳдат барои давлату миллати мо натанҳо масъалаи қатъи низоъ ва расидан ба оштию ҳамзистӣ, балки масъалаи наҷоти миллӣ буд. Ва ин тарҳи наҷоти таърихии миллӣ маҳз бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд. Худи ҳамин хидмати беназир кофист, ки вай ҳамчун шахси муттаҳидкунандаи миллат ва Пешвои воқеии миллӣ эътироф ва пазируфта шавад. Магар барои як давлат ва як миллат чизе болотар аз наҷот ҳаст?
Дастоварди бунёдии панҷум:
Ташаккули давлатмард ва ё ҳалли мушкилаи пешвои сиёсии миллӣ
Чаҳор дастоварди зикршуда боис гаштанд, ки заруратҳои ҳаётии давлату миллат ба таври устувор таъмин гашта, масъалаи наҷоти миллӣҳалли худро ёбад ва дар ин раванди мураккабтарини таърихӣ, ки масъалаи буду набуди давлату миллат ҳал мешуд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти дорои хусусиятҳои баланди роҳбарӣ зуҳур карда, ба таври табиӣ ба пешвои мардумӣ ва лидери умумимиллӣ табдил ёфт. Муҳимтарин хусусияти шахсияти сиёсии Сарвари давлат дар он буд, ки дар симояш тамоми рӯҳия ва хусусиятҳои беҳтарини халқи тоҷик ифода ёфта, ӯ дар муҳити мардумӣ ҳамчун падидаи худӣ, ҳамчун бахше аз худи мардум, ҳамчун “Порае аз пайкари халқ” пазируфта шуд. Ҳамин тавр, бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби пешво ё лидери ягонаи миллӣ гашт ва дар натиҷа яке аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ ва таърихии давлатдории мо, яъне масъалаи лидери сиёсии миллат, пешвои эътирофшудаи давлатӣ ё ташаккули давлатмард ҳалли муносиби худро пайдо намуд. Ин дастоварди панҷуми Эмомалӣ Раҳмон, балки дастоварди бунёдии тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аст.
Масъалаи пешвои сиёсии миллат ва лидери эътирофшудаи давлатӣ як мавзӯи бисёр ҳаётии давлатдорӣ буда, дар мавриди он таваҷҷуҳ ба нуктаҳои зерин бисёр муҳим аст:
Якум, масъалаи лидери миллиро набояд бо падидаҳои манфие чун шахсиятмеҳварӣ канори ҳам гузошт. Лидери миллӣ шахсиятест, ки маҳз бо ифои нақши воқеии сарнавиштсоз барои давлату миллати худ сазовори эътирофи умумимиллӣ гашта, масъалаи пешвоии ӯ ба таври табиӣ ва воқеӣ аз тарафи ҷомеа қабул мегардад. Лидери миллӣ ба таври сунъӣ ё бо мадҳу сано сохта намешавад, балки он маҳсули як марҳалаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштагии шахсият дар роҳи давлату миллат, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст.
Дуюм, таҳлили ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта нишон медиҳад, ки дар он солҳо ҷомеаи мо илова бар мушкилоти дигар, бо буҳрони амиқи набудани лидери умумимиллӣ низ рӯбарӯ гашта буд. Ҳар як гурӯҳи аҳолӣ аз пайи лидерони ҳизбӣ, гурӯҳӣ, динӣ ва маҳаллии худ рафта, дар айни замон, ин «пешвоён» ҳамдигарро умуман, эътироф намекарданд. Ҳамин тавр, ҷомеа ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафт ва фоҷиаи миллӣ пеш омад. Бинобар ин, агар дар он марҳала шахсияти дар сатҳи умумимиллӣ эътирофшудае вуҷуд медошт, ки бо тамоми ҷасорат ва иродаи қавӣ зимоми идораи мамлакатро ба зимма мегирифт ва ҳамчун кафили ҳифзи давлатдорӣ, суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ тамоми неруҳои сиёсиро дар атрофи худ ҷамъ меовард, шояд пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта мешуд. Ин аст, ки дар баъзе марҳалаҳои таърихӣ ҳузури лидери миллӣ барои миллат ва давлат ба як масъалаи сарнавиштсоз табдил мешавад.
Сеюм, набояд чунин пиндошт,ки масъалаи Пешвои миллӣ як масъалаи куҳна буда, ба ҷомеаҳои анъанавӣ ва ғайридемократии асрҳои гузашта дахл дорад, зеро аз назари илми сиёсат, зуҳури лидери умумимиллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ як зарурати бисёр ҷиддии давлатдорӣ ва давлатсозӣ буда, на танҳо дар гузаштаи дур, балки дар таърихиҷаҳони муосир низ ҳастию бунёди аксари давлатҳои пешрафтаву демократии ҷаҳон ба номи шахсиятҳои алоҳидаи рамзӣ ва калидӣ вобаста аст.Чунин шахсиятҳо дар марҳалаҳои ҳассостарини таърихи давлатҳои худ зуҳур карда, на танҳо масъалаи буду набуд, балки роҳи минбаъдаи рушди ин кишварҳоро муайян намудаанд. Масалан, таъриху давлатдории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо номи Ҷорҷ Вашингтон, Фаронса бо Шарл Де-Голл, Чин бо Мао Зе Дун, Туркия бо Камол Отатурк пайвастагии зич доранд. Дар кишварҳои аъзои ИДМ бошад, касе наметавонад нақши калидии Владимир Путинро дар наҷоту эҳёи давлатдории Русия ва ё нақши таъйинкунандаи Нурсултон Назарбоевро дар ташаккул ва рушди давлатдории миллии қазоқҳо инкор намояд. Эътирофи хидмат ва ҷойгоҳи табиӣ ва воқеии ин шахсиятҳо ҳаргиз давлатҳои зикршударо аз сифати демократӣ маҳрум накардааст.
Чорум, бисёр муҳим аст,ки масъалаи лидери сиёсии миллат ва ташаккули давлатмард бо масъалаи вуҷуди шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва маънавии миллӣ иштибоҳ гирифта нашавад. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи худ садҳо фарзандони бузургеро парвариш намудааст, ки дар илму фарҳанг, донишу хирад ва ахлоқу одоб на танҳо дар минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътибору эътироф ёфтаанд. Аммо садсолаҳои набудани давлатдории худӣ имкон намедод, ки мо дорои лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ, яъне дорои давлатмард бошем, зеро ташаккули чунин падида маҳз дар шароити давлати мустақили миллӣ имконпазир аст. Пас худи ташаккули шахсияти давлатдор, ба майдон омадани давлатмард ва зуҳури лидери давлатию сиёсии миллат барои таърихи садсолаҳои охири мо падидаи комилан нав буда, сатҳи сифатан нав ё марҳалаи соҳибдавлатии рушди миллатро ифода мекунад.
Панҷум, яке аз муҳимтарин нақшҳои лидери миллӣва пешвои давлатӣ дар сарнавишти давлатҳо аз он иборат аст, ки чунин шахсиятҳо бо донишу таҷрибаи бузурги худ мактаби давлатдории миллиро поягузорӣ намуда, шароити ҳифз, рушд ва интиқоли арзишҳо ва анъанаҳои давлатдории миллиро фароҳам меоваранд. Хушбахтона, имрӯз зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд, субот, амният ва ҷовидонагии давлатдории мо мебошад.
Хулоса, зуҳур ва ташаккули пешвои миллӣ ё лидери сиёсии миллат як дастоварди бунёдии давлат ва миллати мо мебошад, зеро, тавре таъкид шуд, таърихи аксари кишварҳои ҷаҳон собит намудааст, ки ташаккули лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофёфтаи давлатӣ як зарурати асосии марҳалаи эҳё ва барқарории давлатҳо буда, зуҳури он тамоми таърихи минбаъдаи давлатҳо ва миллатҳоро муайян мекунад.
Дастоварди бунёдии шашум:
Ташаккули мактаби давлатдорӣ ва модели
давлати миллӣ
Тавре зикр шуд, зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии тоҷикон дар замони нав ташаккул ёфта, ҷанбаҳои шаклӣ, сохторӣ, мазмунӣ ва арзишии он дар сатҳи муосиртарин ба вуҷуд оварда шуданд. Дастоварди шашум ва бисёр ҳаётии Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки маҳз дар доираи мактаби давлатдории ӯ сохти нави давлатдории муосири тоҷикон, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд бунёдгузорӣ шуд. Ин ғояи меҳварӣ аз аввалин рӯз аз тарафи роҳбари тозаинтихоби кишвар ҳамчун хатти ҳаракати ояндаи Тоҷикистон расман садо дод ва дар натиҷаиталошҳои зиёд соли 1994 дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамеша сабт гашт.
Дар ин муддат ба давлати мо муяссар гашт, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла, асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, асли гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар наздиқонун,баробарҳуқуқии занону мардон,асли озодиивиҷдону эътиқодро асоси устувори қонунӣ бахшад.
Ҳамчунин, дар ин давра давлат зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар масъалаҳои ташаккули низоми бисёрҳизбӣ, татбиқи гуногунфикрии сиёсӣ, баланд бардоштани ҳуқуқи занон ва таъмини баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа дастовардҳои муҳим касб намояд. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон бонувон нақши сазовори худро дошта, дар оянда низ ин сиёсати давлатӣ ба таври ҷиддӣ идома меёбад.
Хулоса, Тоҷикистон ҳаракати орому устувори худро дар роҳи бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд идома медиҳад. Беш аз ду даҳсолаи гузашта нишон дод, ки интихоби ин роҳ интихоби дурусту дурбинона буда, худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.
Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллӣ ва модели муосири давлатдории миллии моро асос гузошт, ки он роҳи устувори ояндаи давлату миллатро таъйин ва таъмин мекунад.
Дастоварди бунёдии ҳафтум:
Ташаккули зерсохторҳои ҳаётии Ваҳдати миллӣ
Дастоварди бунёдии ҳафтуми Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки дар ин давра зерсохторҳои ҳаётии Ваҳдати миллӣ ба вуҷуд оварда шуданд. Манзур аз ин зерсохторҳо, пеш аз ҳама, бунёди роҳҳои мошингард, нақбҳо, хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳои умумии иттилоърасонии сартосарӣ ва ғайра мебошад. Аҳамияти бунёдии ин дастовард дар чист?
Бале, роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо пеш аз ҳама, аҳамияти иртиботию иқтисодӣ доранд ва ин нақши худро иҷро карда истодаанд. Вале ёд дорем, ки дар оғози ин барномаҳои азим баъзеҳо маънидорона мепурсиданд, дар ҳоле ки кишвар мушкилоти ҷиддитари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад, ба бунёди чунин роҳҳо воситаҳои иртиботии гаронқимат чӣ ҳоҷат аст? Вале, вақте ин роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо сохта мешуданд, Эмомалӣ Раҳмон дар замири худ илова бар ҳадафи иқтисодӣ, як барномаи бисёр ҷиддитар аз роҳсозию нақбканӣ дошт: ӯ пеш аз ҳама, онро дар назар дошт, ки ин роҳҳо ва ин нақбҳо чун рагҳои хунгарди як пайкари зинда кишвари моро ба кишвари ягона ва миллати моро ба миллати ягона табдил медиҳанд. Зеро кишваре, ки минтақаҳои он бо ҳамдигар соле дар тӯли шаш моҳ робита надошта бошад, кишваре, ки мардуми он дар тайи солҳо натавонад ба минтақаҳои дигари кишвар сафар кунад, чӣ гуна метавонад ваҳдати худро ҳифз намояд? Маҳз робитаи доимӣ ва рафтуомади ҳамешагӣ тафаккури мардумро аз сатҳи деҳаву маҳал ва минтақаҳо берун оварда, ба сатҳи миллати ягона ташаккул медиҳад.
Дар ин давра ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гашт, ки бо сохтани хатҳои интиқоли барқи «Лолазор–Хатлон» ва «Ҷануб–Шимол» системаи ягонаи энергетикии кишварро барқарор намояд, ки он на танҳо як омили ваҳдат, балки омили муҳими амнияти миллӣ низ гаштааст.
Бояд гуфт, ки дар сиёсати иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини комили неруҳои тавлидотии кишвар бо қувваи барқ дар шумули масоили дараҷаи аввал аст ва муассиртарин василаест, ки на танҳо иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Тоҷикистонро дар низоми иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз имконоти бузурге бархӯрдор мегардонад, балки яке аз сарчашмаҳои асосии афзудани буҷети мамлакат хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ дар бузургтарин иншоот– Неругоҳи барқи обии Роғун, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 оғоз ёфт, бо суръат ҷараён дорад. Назар ба ақидаи коршиносони байналмилалӣ дар робита ба лоиҳаи сохтмони он, ки мавриди баҳсу мунозираҳои зиёди байналмалалӣ қарор гирифт, роҳи Тоҷикистон дар ин замина ҳадафманд буда, на танҳо ба манфиати мамлакати мо, балки аксари кишварҳои минтақа аст. Ин матлаб зимни ташрифи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар доираи сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тарҳҳои энергетикии Тоҷикистон мавриди гуфтушунид қарор гирифт. Сарвари давлат бо далелҳои қотеъ ва мантиқи қавӣ эълом доштанд, ки “Тоҷикистон ҳамеша манфиати кишварҳои минтақаро ба эътибор мегирад. Бо татбиқи ин лоиҳа на танҳо минтақаро бо барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин менамояд, балки шароити дастрасӣ ба обро низ беҳтар месозад, зеро иншооти гидроэнергетикӣ ба кам шудани партови газ ба атмосфера мусоидат мекунад, ки комилан ба протоколи Копенгаген ҳамоҳанг аст. Дар сурате, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зиёд шудани партовҳои гази карбон ба ҳаво ҷиддан ба ташвиш омадааст, татбиқи амалии барномаҳои истифодашаванда аз энергияи таҷдидшаванда, аз ҷумла гидроэнергетика, на танҳо ба манфиати минтақа, балки ҳамаи ҷаҳон аст. Бояд тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои молиявӣ ин нуктаро дар назар дошта бошанд ва баҳри татбиқи он кӯшиш ба харҷ диҳанд”.
Ин аст, ки Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчун роҳбари пурнуфузтарин созмони байналмилалии ҳамгироии мамолики ҷаҳон, бо дарки аҳаммияти тарҳҳои энергетикии Тоҷикистон аз сиёсати давлат дар ин бахш истиқбол намуда, омодагии ҷомеаи ҷаҳониро барои баррасии лоиҳаи ин иншооти бузурги аср изҳор доштанд: “Мо аҳамияти бунёди неругоҳи Роғунро барои Тоҷикистон хуб мефаҳмем ва омода ҳастем, ки онро ба таври амиқ баррасӣ намоем, мардум бояд ба неруи барқ дастрасии кофӣ дошта бошанд”.
Ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои гуногуни ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар ҳамоно ба вусъати азим, бо истифода аз тамоми имконоти дохилии мамлакат, бо ҷалби сармояи ширкатҳои хориҷӣ, бо такя ба қудрати бузурги халқ, ки муроҷиати Пешвои худро дар мавриди ҳалли мушкилоти неруи барқ, хусусан бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун, бо самимияти комил истиқбол намуданд, ҳамоно идома дорад.
Баъди таваққуфи тӯлонӣ, дар фазои сулҳу субот бо ташаббуси ҷасуронаву ватандӯстонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва эъмори иншооти тақдирсози миллат, иншооти солҳо хобидаву харобу валангоршуда шаҳсутуни муътамад гузошта шуд, ки дар таърихи халқу миллати тоҷик ба хатти заррин сабт хоҳад шуд ва инак, 16 ноябри соли 2018, агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии Роғун аз тарафи Пешвои миллат ба кор дароварда шуд, ки ин пирӯзии бузурги таърихӣ ба шумор меравад.
Дар маҷмӯъ, албатта, бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат сохтмони Роғун идома дорад ва ин рамзи ғалаба, пирӯзӣ, воситаи муҳими амалӣ шудани орзуҳои тоҷикон доир ба бунёди мамлакати мустақилу устувор ва ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Ҳамчунин, муяссар гашт, ки дар ниҳоят шабакаҳои саросарии иттилоърасонӣ дар сатҳи кишвар барқарор гарданд. Дар натиҷа, имрӯз мавҷҳои шабакаҳои радиоӣ ва телевизонии Тоҷикистон тамоми нуктаҳои кишварро фаро гирифтаанд, ки ин низ яке аз зерсохторҳои ҳаётии ваҳдати миллӣ буда, барои ташаккули тафаккури ягонаи миллӣ нақши ҷиддӣ мебозад.
Хулоса, Ваҳдати миллии мо бо зерсохторҳои зарурӣ низ таъмин гардид, ки бидуни он пойдории ваҳдатро тасаввур кардан мушкил буд. Ин ҳам яке аз дастовардҳои ҳаётист, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гашт.
Дастоварди бунёдии ҳаштум:
Наҷоти кишвар аз буҳрони шадиди
иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
Дастоварди ҳаштум дар он буд, ки дар ин давра ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, то соҳаҳои асосии хоҷагии халқи кишварро эҳё намояд ва ҷомеаи моро аз буҳрони шадидтарини иқтисодӣ ва иҷтимоӣ беруноварад. Ин раванд дар се марҳала анҷом ёфт:
Марҳалаи якум, таъмини фаврии мардум бо маводи ғизоӣ, сарпаноҳ ва эҳтиёҷоти аввалия буд. Дар рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон баъзе минтақаҳои кишвар бо хатари ҷиддии гуруснагӣ рӯбарӯ буданд, дар минтақаҳои дигари кишвар низ таъмини нон, хӯрок ва ашёи зарурии рӯзгор масъалаи асосӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳатто дар пойтахти кишвар мардум рӯзҳои дароз барои нон навбат меистоданд. Дар чунин вазъият барномаи аввалиндараҷаи Эмомалӣ Раҳмон гирифтани пеши роҳи гуруснагӣ ва талафоти мардум буд, ки хушбахтона, бо муваффақият амалӣ шуд. Барои расидан ба ин ҳадаф, аз ҷумла лозим омад, ки то даҳҳо ҳазор гектар замин ба аҳолӣ тақсим карда шавад. Мардуми деҳотонро ҳамчун «замини президентӣ» хуб дар ёд доранд.
Марҳалаи дуюм, раҳоии мардум аз камбағалию камбизоатӣ буд.Инкор иҷрои барномаҳои ҷиддии давлатиро тақозо мекард, ки муҳимтарини онҳо татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Хушбахтона, бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 90% то 30% коҳиш дода шуд.
Марҳалаи сеюм, ба амал баровардани ислоҳоти иқтисодӣ буд,ки муҳимтарин бахши он гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва ба вуҷуд овардани бахши хусусӣ ба ҳисоб мерафт. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, ба давлат муяссар шуд, ки аз сохти хоҷагидории куҳна ба тарзи нави хоҷагидорӣ гузарад, ки дар натиҷаи он деҳқон ба соҳиби воқеии замин табдил гашта, худ барои ба даст овардани ҳосили фаровон ҳавасманд гардид.
Хулоса, ҳар касе, чи мутахассис ва чи шаҳрванди одӣ, вазъияти имрӯзаи зиндагии мардуми кишварро на танҳо бо солҳои мудҳиши 90-ум, балки ҳатто бо 10 ё 5 соли пештар боинсофона муқоиса намояд, бидуни шакку шубҳа, эътироф хоҳад кард, ки имрӯз сатҳи зиндагӣ дар кишвар ба таври бунёдӣ тағйир ёфта, мушкилоти асосии мардум аллакай дар гузаштаи дур мондаанд, иқтисодиёти мамлакат марҳалаи барқарориро пурра гузашта, ба марҳалаи рушди устувор ворид шудааст. Акнун чархаи иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи мо ба пеш ба ҳаракати муназзам даромадааст, ки ин як дастоварди бунёдӣ мебошад.
Дастоварди бунёдии нуҳум:
Эҳёи миллии тоҷикон ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ
Дастоварди бунёдии нуҳум дар он ифода мегардад, ки талошҳои фарҳангсолоронаи Эмомалӣ Раҳмон заминаи онро гузошт, то миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнофарҳангӣ эҳё гашта, ба худшиносии миллӣ ва истиқлолияти фикрӣ бирасад. Тайи ин давра ӯ дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин давра ба роҳбарияти давлат муяссар гашт, ки забони тоҷикиро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии миллат пурра эҳё намуда, корбурди комили идорию сиёсӣ ва илмию ҷамъиятии онро таъмин созад. Ба хотири тақвияти худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳанг ва арзишҳои миллии худ ба Эмомалӣ Раҳмон зарур омад, ки бо барномарезиҳои ҳадафманд хотираи таърихии миллатро эҳё ва барқарор намояд. Барои амалӣ гардидани ин ҳадаф, бо супориши бевоситаи ӯ симои як силсила абармардони таъриху фарҳанги миллат эҳё шуда, ҷашнҳои бошукӯҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, ки Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Камоли Хуҷандӣ, Имом Ғаззолӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ҳамчунин, чун рамзи сипоси абадии мардуми Тоҷикистон барои хидматҳои беназирашон ба як зумра абармардони таъриху фарҳанг, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур барои хидмаҳои бузургашон унвони олитарин–«Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Дар раванди эҳёи худогоҳии миллӣ баъзеҳо эътироз доштанд, ки давлат беш аз ҳад ба гузашта рӯй оварда, «сиёсати таърихгаро»-ро пеш гирифтааст, вале дар ҳолате ки пояҳои худшиносии миллии мо осеби ҷиддӣ дида, миллати мо аз асолати худ то андозае дур карда шуда буд, марҳалаи эҳёи хотираи таърихӣ ва барқарории пойдеворҳои худшиносии миллӣ як зарурати бисёр муҳими ҳам миллию таърихӣ ва ҳам давлатию сиёсӣ буд. Аз тарафи дигар, ҳамаи ин иқдому тадбирҳо барои тарбияи насли наврас бар пояи арзишҳои миллӣ ва дар рӯҳияи ватандорӣ таъсири ҷиддӣ доранд. Ҳадафи ниҳоии ин иқдомҳо иборат аз он буд, ки миллати мо бо касби худогоҳӣ ва эътимод ба худ, ба марҳалаи истиқлолияти фикрӣ бирасад. Ин масъала аҳамияти ҳамаҷонибаи назарӣ ва амалӣ дорад, зеро то истиқлолияти фикрии як миллат таъмин нагардад, истиқлолияти сиёсии он нокомил боқӣ мемонад. Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон на танҳо истиқлолияти сиёсии давлат, балки худшиносӣ ва истиқлолияти фикрии миллатро низ эҳё намуд, ки ин низ як дастоварди бисёр меҳварӣ ва бунёдӣ мебошад.
Дастоварди бунёдии даҳум:
Таъмини ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон
дар арсаи байналмилалӣ
Қадами устувор ё дастоварди бунёдии дигар дар он буд, ки талошҳои Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, то Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад. Ҳанӯз дар аввалин Муроҷиатномае, ки ӯ ҳамчун Сарвари давлат ба халқи шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣқабул карда буд, маҳз бар зарурати ҳамчун воҳиди баробарҳуқуқ ба ҷомеаи ҷаҳонӣворид шудани Тоҷикистон таъкид карда мешуд.Сиёсати «дарҳои боз», ки заминаи он маҳз аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, дар ин муддат ҳамчун як консепсияи амалгароёна, мутавозин ва сулҳомез натиҷаҳои зарурӣ дода, обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд. Ҳоло Тоҷикистон бо беш аз 140 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқи беш аз 40 созмони байналмилалӣ мебошад.
Дар мавриди ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон сухан ронда, зикр кардан зарур аст, ки кишвари мо як узви бемавқеъ ва ё назоратгари одии равандҳои сиёсии байналмилалӣ набуда, балки сиёсати хориҷии соҳибташаббус дорад. Шояд зикр кардан кофӣ бошад, ки маҳз бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005–2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуд.
Мавқеи фаъоли Сарвари давлати Тоҷикистон хусусан дар масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли воқеии буҳрони Афғонистон барои ҳамагон маълум ва равшан аст. Пешниҳоди роҳбарияти олии Тоҷикистон дар бораи ташкили навори субот дар атрофи Афғонистон, ки ҳанӯз понздаҳ сол пештар аз минбари СММ садо дода буд, имрӯз низ ҳамчун саҳеҳтарин формулаи ҳалли буҳрони Афғонистон боқӣ мемонад.
Ҳамин тавр,имрӯз бо камоли ифтихор метавон гуфт,киҶумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақили соҳибихтиёр ҷойгоҳи муносиб ва сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ин тантанаи як ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик аст, ки хушбахтона, зери роҳбарии Эмомали Раҳмон ҷомаи амал пӯшид.
Натиҷагирӣ:
Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро
дар назди ватан, миллат ва таърих ба ҷой овард
Агар ин дастовардҳои усулиро канори ҳам гузорем, метавон гуфт, ки дар натиҷаи фаъолияти ҷиддӣ ва бисёрсамтаи Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз гардид, Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин шуд, зерсохторҳои зарурии Ваҳдати миллӣ барқарор гардиданд, сохти давлатӣ ва самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас шуд, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гашт ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.
Аз нигоҳи илми сиёсат ва аз назари фанни давлатдорӣ ҳамаи ин чӣ маъно дорад? Ин ҳақиқати инкорнопазир ба он маъност, ки:
Якум: Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих ба ҷой овард. Яъне он вазифаҳои таърихие, ки дар назди ӯ, ҳамчун Сарвари давлати тоҷикон гузошта шуда буд, ҷомаи амал пӯшиданд.
Дуюм: Ин дастовардҳо ба он маъност, ки зери сарварии ӯ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва устувор ба як воқеияти инкорнопазири таърихӣ ва сиёсӣ табдил ёфт. Имрӯзҳо дар таҳлилҳои илмии сиёсӣ нисбат ба кишварҳое, ки масъалаҳои асосии сарнавишти худро ҳал карда натавонистаанд ва ояндаи буду набудашон ҳанӯз равшан нест, истилоҳи «давлатҳои ноком»-ро ба кор мебаранд. Ва гоҳе бадхоҳони давлатдории тоҷикон низ мехостанд, ки давлати мо маҳз дар ин радиф қарор гирад. Вале имрӯз, мо метавонем бо сарбаландию ифтихор эълон намоем, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати мустақил барпо шуд, ҳамчун воқеияти устувори таърихию сиёсӣ доир гашт! Дигар ҳеҷ касе ва ҳеҷ неруе наметавонад, ки мавҷудияти Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва ягонагии кишвари моро зери савол гузорад.
Бинобар ин, имрӯз мо бо камоли масъулият дар баробари рӯҳи бузурги ниёгонамон, дар пеши таърихи пурфоҷиаи миллатамон дар баробари рӯҳи ҷовидони қурбониёни ин роҳи муқаддас ва дар назди халқҳои ба мо дӯсти ҷаҳон эълон намоем, ки рисолати таърихии худро ба ҷой овардем, давлати худро соҳибӣ кардем, ҳифз намудем ва ҳифз хоҳем намуд. Ин аст дастоварди муҳимтарини фаъолияти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди Ватан ва Пешвои миллат.
Акнун Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари баркамол дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро чун узви сарбаланди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли масъулият муаррифӣ менамояд. Бо дарназардошти ҳассосияту печидагии фазои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон бояд гуфт, ки дар ҳақиқат, дар чунин марҳалаи печидаи таърихӣ ин мамлакат бояд чунин пешвои пухтакору озмудае дошта бошад.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари одӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад. Пас Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон фақат як мансаб ё як унвони ҳуқуқӣ нест, балки Пешвои миллат будани ӯ як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар шоҳидии тамоми мардум ба ҷой овардааст.
Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз як шахсро гирифтааст, балки ҷонибдорӣ аз ӯ ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрванди кишварамонро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд.
Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ бовар ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти Пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ Пешвои миллат будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон