ДАВЛАТМАРДИ ДАВЛАТМЕҲВАР

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳалаи нави муҳимми давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлатӣ соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Ҳамасола 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” Рӯзи Президент “ муайян карда шудааст.

Баробари истиқлол Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро дар атрофаш муттаҳид намуда, ба қалби мардумаш шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуда, давлатро аз фаноёбӣ наҷот диҳад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон  маҳз тавассути марди олиму оқилу фозилу хирадманд буданаш, бидуни талафот Созишномаи сулҳро ба имзо расонида, дар роҳи овардани сулҳ ба Тоҷикистон нақши муҳимро ифо намуд. Боиси ифтихори ҳамагон аст, ки таҷрибаи пойдории сулҳи Тоҷикистонро дигар кишварҳои ҷаҳон омӯхта, истифода мебаранд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯ ва ободии Ватану овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин, ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки барои тасдиқи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад.

Имрӯз баҳои баландтарин ба фарзанди фарзонаи миллатамон сазовор шудан ба боварии халқ ва маъво гирифтан ба дили ӯст, ки хушбахтона, ин ба Пешвои маҳбубамон ба пуррагӣ насиб гаштааст. Маҳз бо дарназардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургаш дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” дода шудааст. Аз ин лиҳоз, барои мо ҳаёту хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, намунаи беҳтарини хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки Пажӯҳишгоҳи исломии Уммон ному насаби Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро имсол низ ба феҳристи “Панҷсад мусалмони таъсиргузор барои соли 2022“ дохил кардааст. Рейтинги таъсиргузортарин мусалмони ҷаҳон, охиран нашр шуд, ки Президенти кишвари мо бори ҳафтум вориди он гашт.

Маҳз дар ҳама ҳолатҳо ба пешвози мардум рафтан, бо онҳо аз наздик суҳбат оростан, хоҳишу дархостҳои онҳоро шунида, ба дардҳои онҳо муддаво шудан ва ғайра Эмомали Раҳмонро бо мардум бузургтару қавитар ва тавоно намуд. Шоҳиди ҳолате будам, ки як марди солор бо номи Эшони Ҳамза дар ноҳияи Ёвон баъди  бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз наздик зиёрат намудан, ҳафтаҳо дасти худро нашуста, бо ифтихор байни мардум Худоро ситоиш  мекард, ки ба ӯ чунин хушбахтии бузургро ато намудааст. Ҷойи пушида нест, ки дар сафарҳои хизматияш ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Ҷаноби Олӣ даставвал ба пешвози пирони рӯзгордида, собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолон ташриф меоранд, ки ин садоқату самимияти хоси роҳбари давлат аст

То тавонӣ нотавононро ба чашми кам мабин,
Хизмати як ришта иттиҳод диҳад гулдастаро.

Ҷаноби Олӣ дар яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд, ки “ то оне ки ман зинда ҳастам, ятимону маъюбон, пиронсолон ва шахсони бесарпаноҳро яккаву танҳо намегузорам”. Бале, ӯ ҳамон фард аст, пуштибону соябони сари ятимон, қадамҷояш хонаи ятимон асту маконаш пур аз меҳри эшон. Дар ҳар як сафарҳояшон бо онҳо аз наздик вохӯрда, сари онҳоро сила намуда, барояшон туҳфае тақдим менамоянду дуои хайрашон медиҳад:

То туро дод Худо давлату мулку ҳашаме,
Боядат кард ба ҳар хаста нигоҳи караме.
То тавонӣ зи дарат ҳоҷати муҳтоҷ барор,
Бо даме, ё қадаме, ё қаламе, ё дираме!

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки суҳбату вохӯриҳое ки Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздиди сафарҳояшон дар шаҳру ноҳияҳо ташкил мекунанд, як мактаби бузурги тарбияву маънавист. Суханони ӯро пиру ҷавон як хел гӯш мекунанду таассурот мегиранд, чунки Эмомалӣ Раҳмон бо забони ноби тоҷикӣ сода ва оммафаҳм ҳарф мезананд. Хусусан, вохӯрии Ҷаноби Олӣ дар ноҳияи Дарвоз  фаромӯшношуданист… Дуои Модарон бузург ва ҷовидонист! Ба манзил мерасонад, аз ҳамаи бадиҳо эмин нигоҳ медорад, роҳи сафеду бахти накӯ меофарад, дардҳоро дармон мешавад… Холаи Фотима бисёр самимӣ ва эҳтиромона бо шеваи ширину зебои маҳалли худ ҳарф гуфтанд ва ин қадар азиз ва дилписанд будани Ҷаноби Олиро ба ҳамагон исбот намуданд.

Обрӯю нуфузе, ки худи Пешвои миллат тӯли ин солҳо байни миллат ва дар сатҳи байналмилалӣ касб намуданд, сабабгори тамоми дастовардҳои мо гардиданд. Шаҳодати бевоситаи чунин мақоми воло чанд моҳ пеш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додани нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” аз ҷониби Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар вазъияти тантанавӣ бо ҳузури президентҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ин нишон ба Пешвои мо барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳо дар арсаи байналмилалӣ ва дигар хизматҳои беғаразонаи ӯ барои миллати худу мардуми минтақа ва халқҳои кулли олам супорида шудааст.

Боиси хушнудист, ки ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол ба 20-солагии таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай ва соли раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, рост омад.

Мавриди зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин бунёдгузор ва ташаббускори асосии таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай буда, дар доираи Созмони мазкур бо ташаббуси бевоситаашон масъалаҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор гирифтанд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ифтихори давлату миллати мо мебошанд, одатҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона доранд ва ба расму ойинҳои меҳмоннавозии мардумамон беандоза арҷ мегузоранд. Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонони фахрӣ, ки барои иштирок дар ҷаласаҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ омада буданд, аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир шуд, қаноатманд гардиданд. Баргузор намудани Шоми Дустӣ барои сарони кишварҳои узви Созмонҳои мазкур баёнгари гуфтаҳои болост…

Бале. Эмомалӣ Раҳмон Мардумсолор аст, ки халқро ба сӯйи ободӣ раҳнамун сохта, Роғунро бо шикастани ҳама шакку шубҳаҳои дӯсту душман сохт. Ӯ ҳамон Мушкилкушоест, ки ормонҳои чандинсолаи миллатро бароварда сохт. Ҳамчун Пайғомрасон пайғоми сулҳро бароямон овард, сулҳе, ки маргро ба зиндагӣ, мамотро ба ҳаёт табдил карда, сулҳе, ки то ҳанӯз орзуи аксари кишварҳои даргир боқӣ мондааст. Шахсияти барҷаста, ватандӯст, мардумшиносу халқпарвар, ваҳдаторову хештаншинос, нангорову баномус ва амсоли инҳо намунаи ибрати ҷаҳониён гаштааст.

Эмомалӣ Раҳмон Давлатмарди Давлатмеҳвар аст, ки дар дили ҳар яки мо чароғи умед ба фардоро рӯшан нигоҳ медорад. Зиҳӣ Эмомалӣ Раҳмон! Будани Шумо барои миллати мо ифтихор аст. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Имомназари Каримиён,
муовини сардори Раёсати
тадқиқоти масъалаҳои соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед