КОНСТИТУТСИЯ – ИФОДАГАРИ МАНФИАТҲОИ ХАЛҚ

Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол сипарӣ мешавад. Давоми ин солҳо бо ҳидояту раҳнамоии Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони мамлакат роҳи созандагию бунёдкориро пеш гирифта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Қабули Конститутсияи кишвар дар рӯзҳои душвори иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба вуқӯъ пайваст ва хиради азалии миллати тоҷик имкон дод, ки аз ин санҷиши таърихӣ бо сари баланд гузашта, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи сазовори хешро пайдо намояд.

Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дастоварди муҳимми давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Бояд гуфт, ки аксари кишварҳои мутамаддини ҷаҳон ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор додаанд. Яке аз қадимтарин санадҳое, ки дар он масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон дарҷ шуда буд, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад, ки соли 539 то милод қабул шудааст. Дар ин санад бори нахуст озодии виҷдон ва ҳуқуқ ба мусофират ба танзим дароварда шуда буд. Баъд аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба вуҷуд омад, ки дар асоси он ба оинномаи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ якчанд тағйиру илова оид ба ҳуқуқи инсон ворид шуда, Эъломияи ҳуқуқи башар (соли 1948) қабул гардид.   Баъд аз ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бунёди низоми байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон шурӯъ намуд. Аз ҷумла, якчанд санади ниҳоят муҳим, аз ҷумла Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ ва сипас Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба тасвиб расиданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлол шудан, ба самти бунёди давлати воқеан мардумӣ қадами устувор гузошт. Фаъолияти Ҳукумат барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ки дар он ҳимояи ҳуқуқи инсон мавқеи хос дорад, равона гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон эътироф намуда, меъёрҳои онҳоро ба қонунгузории кишвар ворид намуд.   Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Дар моддаи 14 омадааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи боби якуми он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Инчунин, ҳеҷ як мақоми давлатӣ ва шахсони мансабдор ҳақ надоранд, ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол ё маҳдуд кунанд.
Таъмини риоя ва бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифз намудани онҳо маънои онро надорад, ки дар ҳеҷ як маврид онҳо маҳдуд карда намешаванд. Конститутсия ва қонунҳо ҳолатҳои истисноиеро пешбинӣ ва муайян кардаанд, ки дар сурати мавҷудияти онҳо давлат метавонад ҳуқуқу озодиҳои шахси алоҳида ё гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандонро маҳдуд намояд. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Конститутсия шиносномаи давлату миллат аст. Пас аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ кишвари моро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро бошад, чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва тамаддунофар дар миқёси ҷаҳон шинохтанд.

Ин санади муқаддас чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, орзуву омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ бисозад. Ин санади тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф гардид. Ба гуфтаи Сарвари давлат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад.

Гулафзо Салимова,
 мутахасиси пешбари
Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии МТС–и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед