Муҳаббат ба диёри бостонӣ ва пос доштани забони ширини модарӣ моро ба сӯйи ояндаи нек раҳнамоӣ мекунанд.
***
Забону фарҳанги мо ойинаест, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро инъикос кардааст.
***
Бигузор, забони ҷовидонаи шеъри қофиласолори адабиёти тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ равшангари роҳи мо ба сӯйи фардои обод бошад.
***
Забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии муттаҳидкунанда ва пайвандгари миллат мебошад.
***
Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки забон дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои асосии пойдории Истиқлоли миллӣ мебошад.
***
Забони мо дар тӯли таърих ҳамчун забони робита ва муколамаи тамаддунҳову фарҳангҳои гуногун нақши арзишманд доштааст.
***
Забони тоҷикӣ фақат дар сурате ҳамчун забони илму фарҳанг мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад.
***
Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсат, коргузорӣ, илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар истифодаи васеъ қарор дорад.
***
Маҳз забони давлатӣ дастовардҳо ва ҳастии моддию маънавии мардуми кишвари моро дар дохил ва хориҷи он муаррифӣ менамояд.
***
Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад.
***
Умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст.
***
Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост.
***
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз ҳифз ва рушди забони давлатиро вазифаи муқаддаси худ медонад.
***
Метавон гуфт, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ марҳилаи нав оғоз гардид.
***
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистон барои рушди забони давлатӣ тамоми заминаҳо фароҳам оварда шудааст.
***
Бо дарназардошти собиқаи таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ, забони тоҷикӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ иқтидори пешинаи худро эҳё ва ҳифз менамояд.
***
Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист.
***
Моро дар таърих маҳз ба тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эътироф мекунанд.
***
Бе рушди забони давлатӣ, ҳамчун рукни муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ, соҳибистиқлол буда наметавонем
***
Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад.
***
Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш диҳад.
***
Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад.
***
Забонеро, ки гузаштагони мо ба ин шевоӣ ва ғановат ба мерос гузоштаанд, онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ бояд ҳифз кард.
***
Акнун замоне фаро расидааст, ки мардумро бештар бо намунаҳои беҳтарини осор ва забони ноби тоҷикӣ ошно созем.
***
Мо бояд асолати забони модариамонро барои ворисони он бозгӯ намоем ва забони асили адабиро ба мақому мартабаи пешини худ боз гардонем.
***
Муҳимтарин манбаъ дар таблиғ ва шинохти забони адабии меъёр, воситаҳои ахбори омма, бахусус радио ва телевизион маҳсуб мешаванд.
***
Забони радио ва телевизион оинаи ҷилодори забони адабии меъёр буда, бояд беҳтарин намунаи савтиёти забонро ба мардум пешкаш намояд.
***
Мо бояд барои рушди забони давлатӣ аз тамоми имконот истифода барем ва ҳифзу густариши онро дар сатҳи давлатӣ таъмин намоем.
***
Дар назар бояд дошт, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як забони расмии давлатӣ амал мекунад ва ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки онро донад.
***
Тарғиби забони давлатӣ ба воситаи расонаҳои иттилоотии компютерӣ яке аз омилҳои асосии густариши забони тоҷикӣ мебошад.
***
Забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт.
***
Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад.
***
Набояд фаромӯш сохт, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад.
Таҳияи Қиёмиддин Сатторӣ