Ризои Худованд дар ризои падару модар ва хашми Ӯ дар хашми онҳост.

Паёмбари акрам (с)

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст.

Иқболи Лоҳурӣ

Зан ҳамеша синни худро аз таърихи никоҳ ҳисоб мекунад, на аз таърихи таваллуд.

Эрҳард

Покдоманӣ дар зан монанди шуҷоат дар мард аст.

Наполеон

Зан паҳлавоне аст, ки далертарин мардонро дар сахттарин ҳолати хашм ором мекунад.

Ҳеродот

Зан кӯдаке аст, ки бо андак табассум хандон ва бо камтарин бемеҳрӣ гирён мешавад.

Ҳервед

Зан барои он офарида нашудааст, ки вуҷуде пуч ва беҳуда бошад ва танҳо ба дарди зинат ва тафриҳи мард бихӯрад.

Смойлз

Зан ягона вуҷуде аст, ки ҳақиқати ишқи покро мешиносад.

Шиллер

Худписандии занҳо бузургтарин иллати  бадбахтии онҳо ва нобудии хонаводаҳост. Ҳеҷ чиз ба андозаи худписандии занҳо бунёди хонаводаҳоро вайрон накардааст.

Чарли Чаплин

Нахустин касе, ки метавонад занро фиреб диҳад, худи ӯст.

Лафонтен

Мардон дар вақтҳои хушбахтӣ нисбат ба дигар касон ҳамдардӣ нишон медиҳанд ва занон дар бадбахтӣ.

Зарбулмасали чинӣ

Зани зишт дар дунё вуҷуд надорад. Танҳо баъзе аз занҳо ҳастанд, ки наметавонанд худро зебо ҷилва диҳанд.

Бернард Шоу

Зан шарики зиндагонӣ ва ёри соатҳои дармондагӣ аст.

Гёте

Як зани зебо ва некусурат дар назар зебост, аммо як зани хуб ва некусират дар қалби инсон ҷой дорад.

Наполеон Ҳилл

Ҳар зани покдомане зебо ва дилписанд аст.

Виктор Ҳуго

Чунин аст табиати зан: дӯстат надорад, то дӯсташ дорӣ ва чун дӯсташ надорӣ, дӯстат дорад.

Мигуел Буффлер

Тасхири як кишвари бузург аз тасхири қалби кӯчаки зан осонтар аст.

Наполеон

Аз даҳ зан нуҳ зан пеш аз ба кор бурдани тозиёна онро аз дасти мардон мегиранд.

Рассел Бертранд

Он ҷо, ки ишқ ё нафрат аҳамияте надорад, зан нақши миёна бар уҳда мегирад.

Фридрих Ниче

Тамаддун чист? Натиҷаи нуфузи занони покдоман.

Амрсон

Ба суроғи занон меравӣ? Тозиёнаро фаромӯш накун.

 Фридрих Ниче

Хашми зан монанди алмос аст, ки медурахшад, аммо намесӯзонад.

Такур

Чизе, ки зан дорад ва мардро тасхир мекунад, меҳрубонии ӯст, на симои зебояш.

Шекспир

Ширинтарин суханон дар зиндагӣ хушомадгӯйии поку беолоиши  зан ба шавҳари худ аст.

Ҷорҷ Велз

Ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақомоти баланд расидааст, яқинан, зани покдомане ӯро ҳамроҳӣ кардааст.

Шиллер

Зан вақте, ки дӯст бидорад ғайр аз маҳбуби худ чизеро намебинад ва ҳарчи отифа, меҳрубонӣ ва новозишу фидокорӣ дорад танҳо барои ӯ ба кор мебарад.

Алфанс Дуда

Агар зани зебо гавҳар бошад, пас зани бофазилат ганҷ аст.

Кант

Зан монанди гул аст, он гоҳ мешукуфад, ки обаш диҳӣ.

Зарбулмасали лотинӣ

Зани ғазабнок занбӯре аст, ки неш мезанад.

Брайтон

Беҳтарин силоҳ бар зидди зан, зани дигар аст.

Стендал

Зан аз кам доштани худ ғам намехӯрад, аз он ғам мехӯрад, ки дигаре аз ӯ зиёд дорад.

Гуфтори португалӣ

Зан монанди соя аст, агар дунболаш шавӣ аз ту мегурезад, агар аз ӯ гурезӣ ба дунболат мешавад.

Гуфтори фаронсавӣ

Бе офтоб гулҳо намешукуфанд, бе муҳаббат хушбахтӣ нест, бе зан ишқ нест, бе модар шоир нест, қаҳрамон ҳам нест. Тамоми ифтихори дунё аз модарон аст.

М. Горкий

Як модар хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад.

Ҷорҷ Ҳерберт

Ҳеҷ атргуле ранг ва зебоии модарро надорад.

Эрнест Ҳамингвей

Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: Ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад.

Алан Кэй

Қалби модар ба андозае густарда ва фарох аст, ки ҳамеша метавонед бахшиш ва гузаштро дар он ёбед.

Ҳоноре Ди Балзак

Падару писар бештар аз модару духтар, нисбат ба якдигар мулоҳизакортаранд.

Фридрих Ниче

Барои модар вожае зеботар аз фидокор наметавон ёфт.

Оруди Бузург

Бо падару модари худ чунон рафтор кун, ки аз фарзандони худ таваққ=ъ дорӣ.

Суқрот

Тору пуди модарро аз меҳрубонӣ бофтаанд.

Ролф Волду Амрсон

Камоли зан дар модарӣ аст, зане, ки модар нест мавҷуди ноқисе аст.

Ҳоноре  де Балзак

Поктарин нигоҳи меҳромезро дар чашмони падару модари хеш ҷустуҷӯ кун.

Уруди Бузург

Модар шудан марҳилаи камоли зан аст.

Александр Дюмо

Ман аз ишқ бадам меояд, зеро як бор ошиқ шудам ва модарамро фаромӯш кардам.

Марк Твен

Меҳмониҳои фаровон аз арзиши одамӣ мекоҳад, магар дидори падару модар.

Уруди Бузург

Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати модари хуб ёбед.

Ҳоноре де Балзак

Тифл модарашро аз лабхандаш мешиносад.

Ферҷил

Яке аз бузургтарин офаридаҳои Худованд қалби Модар аст.

Андре Гретри

 
Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.

Эмомалӣ Раҳмон

 Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.

Зан агар моро намебахшид умри бардавом,

Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Гар намедидем мо аз кӯдакӣ оғӯши гарм,

Аз муҳаббат бехабар, ноком мемондем мо.

Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,

Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.

Гар намеомӯхтем аз зан раҳу расми адаб,

Бадгуҳар, бадзот, бадфарҷом мемондем мо.

Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,

Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо.

Гар каломи аввалин аз зан намеомӯхтем,

Лаб фурӯ баста ҳама чун лом мемондем мо.

Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем,

В-арна чун санги сари аҳром мемондем мо.

Мирзо Турсунзода

Талъати Модар бубинам субҳгоҳ,

Зиндагонӣ бӯйи Модар мекунад.

Аз рухи ӯ метаровад файзи бахт,

Дил ба файзи бахт бовар мекунад.

 Лоиқ Шералӣ

Гирдоварӣ ва тадвини

Қиёмиддин Сатторӣ

Чоп кунед