ДУШАНБЕ, 26.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми навбатии  Пешвои миллат яке аз ҳидоятҳои асосӣ ин буд, ки ҳар фард ба Ватан-Модар бояд содиқона хизмат намояд ва ба давлату миллат хиёнат накунад. Яъне, имрӯз ҳар фарди соҳибтафаккур бояд дарк намояд, ки давлати Тоҷикистон арзишмандтарин дастоварди миллат аст ва хиёнат ба ин дастовард бузургтарин ҷиноят ба ҳисоб меравад. Чунин ибрози андеша намуд мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашуров вобаста ба Паёми навбатӣ ва нуктаҳои муҳими ишоранамудаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф пешкаш мешаванд.

-Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳост, ки ироа гардидани Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Он ба яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ табдил ёфта, ҳуҷҷати муҳими илмӣ-таҳлилӣ, сиёсӣ ва стратегие мебошад,  ки дар муайян намудани самтҳои стратегии рушди устувори давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, татбиқи ҳадафҳои муҳими миллӣ ва ҳифзи амнияту суботи сиёсии шаҳрвандон нақши калидӣ  дорад. Воқеан, дар раванди давлатдории миллӣ ироа гардидани Паём ба халқ аз ҷониби Президенти мамлакат аз чанд ҷиҳат муҳим аст.

Як хусусияти муҳими Паём дар он ифода меёбад, ки дастовардҳо, ҳолати рушди соҳаҳои ҷамъиятӣ ва имконияту тадбирҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта ба таври мушаххас огоҳона ва илман аз ҷониби Роҳбари давлат таҳлил гардида, ба ҷомеа хулосаҳои ниҳоӣ, вазифагузориҳо ва роҳҳои ҳалли масъалаҳо пешниҳод мегарданд.

Бояд зикр кард, ки нигоҳи илмӣ ба раванди паёмгузорӣ чанд ҳақиқати бузургро ошкор намуда, ҷойгоҳ ва аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар низоми давлатдории миллӣ барои ҳар фарди огоҳ муайян менамояд. Пеш аз ҳама,  дар шароити давлатдории миллӣ ироа гардидани Паёми Президенти Тоҷикистон ба мардуми кишвар ҷомеаи демократӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ будани Тоҷикистон ва шаффофияти натиҷаи фаъолияти Ҳукумати мамлакатро нишон медиҳад. Дигар ин ки дар Паём ба таври мустақилона муайян гардидани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат нишонаи воқеии соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли сиёсии Тоҷикистон аст. Яъне, ҳар Паёме, ки аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод карда мешавад, бозгӯи шукӯҳу шаҳомати истиқлоли сиёсии Тоҷикистон ва тантанаи озодии миллату дастоварди азими давлатдории миллӣ мебошад.

Пайғоми асосии Паёми навбатӣ чӣ буд?

Соли 2021 давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 30-сола шуд ва мардуми кишвар ин ҷашни бузурги ҳувиятсоз ва муқаддасро бо дастовардҳои азим ва тантанаҳои хос таҷлил намуданд. Мавриди зикр аст, ки нисбат ба паёмҳои қаблӣ Паёми навбатӣ ду тафовути ҷиддиро доро буд. Аввал ин ки Паёми навбатии Президенти мамлакат  ба Маҷлиси Олӣ (21.12.2021) дар соли барои мардуми Тоҷикистон таърихӣ- яъне 30-солагии истиқлолу озодии давлат ироа гардид. Дуюм ин ки дар Паёми навбатӣ дар баробари ба таври системавӣ фаро гирифтани дастовардҳои яксолаи тамоми бахшҳои ҷомеа ҳамчунин аз дастовардҳои сӣ соли давлатдории миллӣ натиҷагирӣ карда шуд.

Як нуктаи муҳимро бояд зикр намуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон дар марҳилае ироа гардид, ки дар мамлакат раванди бунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ заминаҳои боэътимод пайдо намуда, давлат ба марҳилаи нав – зинаи рушди устувори иқтисодӣ ворид гардидааст. Дар робита ба ин, дар Паём чунин зикр гардид: «Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад».

Аз нигоҳи таҳлили моҳиятӣ низ мушоҳида мегардад, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат таваҷҷуҳ бештар ба масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ равона гардидааст, ки чунин масъалагузорӣ зарурати амалии масъаларо нишон медиҳад. Яъне, моҳияти Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҷмӯи арзишҳо, барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳое фаро гирифтаанд, ки ба расидан ба ҳадафҳои дар стратегияи миллӣ дарҷшуда мусоидат намуда, татбиқи амалии онҳо марҳилаи рушди устувори иқтисодии кишварро таъмин менамояд.

Ҳамин тавр, пайғоми асосии Паёми навбатии Пешвои миллат ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Аз ҷумла, дар ин марҳила истиқлоли сиёсӣ ҳифз гардид, ваҳдати миллӣ фарогир ва таҳким бахшида шуд, пояҳои асосии давлатдории миллӣ ташаккул ёфтанд, манфиатҳои миллии Тоҷикистон мушаххас гардида, системаи ҳимояи онҳо ба вуҷуд оварда шуд, мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ ҳал гардид, амнияти энергетикӣ таъмин ва кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда шуд, арзишҳои олии миллат- фарҳанг забон ва урфу одатҳо эҳё ва муаррифӣ карда шуданд ва дар ниҳоят имиҷи сиёсӣ ва байналмилалии Тоҷикистон дар ҷаҳон хеле боло рафт.

Мо бояд ба давлати худ хиёнат накунем! 

Яке аз бахшҳои муҳиме, ки дар ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мушоҳида намудан мумкин аст, ин ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари давлат мебошад. Пешвои миллат дар баробари он ки ҳар бахши ҷомеаро алоҳида таҳлил ва натиҷагирӣ менамоянд, инчунин дар қисмати ҷамъбастии Паём дар асоси таҳлили равандҳои сиёсати ҷаҳонӣ барои ҳифзи давлат ва дастовардҳои ноилгардида якчанд ҳидояту роҳнамоиҳоро баён менамоянд. Дар Паёми навбатӣ яке аз ҳидоятҳои асосии Роҳбари давлат ин буд, ки ҳар фард ба Ватан-Модар бояд содиқона хизмат намояд ва ба давлату миллат хиёнат накунад. Дар Паём оид ба ҳамин мавзӯъ аз ҷониби Президенти кишвар чунин таъкид гардид: “Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо”. Акнун саволи матраҳ ин аст, ки чаро мо бояд ба Ватан хиёнат накунем? Рисолати шаҳрвандии мо дар марҳилаи кунунӣ чӣ гуна аст? Вобаста ба ин зарур аст, ки ду нуктаи муҳимро баён намоем.

Нуктаи аввал ин аст, ки миллати тоҷик баъди ҳазорсолаи бедавлатӣ соҳиби давлати миллии мустақил гардид, ки соли 2021 тамоми тоҷикони ҷаҳон сисолагии истиқлолу озодии давлати миллии худро таҷлил намуданд. Ҳақиқати таърихӣ ва воқеияти инкорнашаванда ин аст, ки дар ҳазорсолаи охир бузургтарин дастоварди миллати тоҷик маҳз ҳамин давлати миллӣ аст. Яъне, баъди зулму ҷабрҳои зиёди таърихӣ ва муборизаву ҷоннисориҳои ниёгон насли имрӯзи миллат дар фазои ободу озоди давлати миллӣ нафас мекашад ва зиндагӣ дорад.

Таҷрибаи таърихӣ борҳо собит намудааст, ки хиёнат намудан ба давлат ва арзишҳои давлатдорӣ омили асосии суқути давлату шикасти миллатҳо будаасту ҳаст. Равандҳои сиёсии охир дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон нишонаи онанд, ки яке аз сабабҳои барҳам задани сулҳу субот ва амнияти баъзе кишварҳо маҳз хиёнаткории баъзе афроди хиёнатпеша буда, боиси ба минтақаи ҷангзада табдил ёфтан шудааст. Аз ин ҷост, ки хиёнату хиёнаткориро тамоми бузургону равшанфикрон низ маҳкум намуда, бадтарин рафтори инсон арзёбӣ намуданд.

Агар ба раванди давлатдории тоҷикон дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ таваҷҷуҳ намоем ва омилҳои асосии аз байни рафтани давлатҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳем, маълум мегардад, ки бештари онҳо дар натиҷаи хиёнати гурӯҳҳои муайян шикаст хӯрдаанд. Ҳатто бузургтарин давлати тоҷикон- Давлати Сомониён дар натиҷаи хиёнати як идда аз байн рафт. Инчунин аз таърихи сиёсии Тоҷикистон маълум аст, ки ҳанӯз аз оғози ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ бо хиёнату манфиатҷӯии чанд афрод мамлакат ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва сарнавишти ояндаи давлат зери хатари бузург қарор гирифта буд. Дар чунин ҳолати душвор маҳз бо талошу садоқати фарзандони хирадманди миллат кишвар аз буҳрони ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфта, мавҷудияти давлати миллӣ ҳифз карда шуд. Маҳз бо дарназардошти чунин гузаштаи талхи таърих ва афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир Пешвои миллат ба тамоми шаҳрвандон ҳушдор доданд, ки ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем. Яъне, имрӯз ҳар фарди соҳибтафаккур бояд дарк намояд, ки давлати Тоҷикистон арзишмандтарин дастоварди миллат аст ва хиёнат ба ин дастовард бузургтарин ҷиноят ба ҳисоб меравад.

Нуктаи дуюм ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи соҳаҳо дастовардҳои азимро соҳиб гардид. Тавре дар боло зикр намудем, аз ҳифзи истиқлолу таҳкими ваҳдати миллӣ то марҳилаҳои бузурги созандагиву татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили бунёди роҳҳову сохтмони нақбҳо, бунёди иншооти энергетикиву таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ин замина ворид гардидан ба марҳилаи нави давлатдорӣ дастовардҳои асосии мамлакат мебошанд. Масалан, дар ин давра ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қаламрави мамлакат 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан ба истифода дода шуд. Татбиқ гардидани чунин иқдом имкон дод, ки соли 2017 ҳадафи стратегии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра  амалӣ гардад.

Дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар ҷумҳурӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ гардид. Инчунин аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 поён овардани сатҳи камбизоатӣ дастоварди бузург дар самти таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ ба шумор меравад.

Ҳамзамон дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону волоияти қонун, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва рушди маорифи миллӣ дастовардҳои воқеӣ мавҷуданд. Бунёди 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда заминаи пешрафти маорифи миллӣ гардид. Дар ин давра даҳҳо осори бузурги ниёгон нашру муаррифӣ ва ҷашнҳои бузурги миллӣ, ба мисли Наврӯз ҷаҳонӣ гардиданд. Умуман, шароити соҳибистиқлолӣ ва ҳамин давлат барои насли имрӯзи миллат шароит фароҳам овард, ки дастовардҳои гуногунро дар ҳама соҳаҳо ба даст оранд.

Агар имрӯз забони тоҷикӣ мақоми баланд дорад, агар имрӯз фарҳанги тоҷик ҳифз гардида, соҳиби рушди устувор гардидааст ва агар имрӯз тоҷикро дар ҷаҳон мешиносанд, ба шарофати ҳамин давлат ва ҳамин Ватан аст. Пас дар ягон ҳолат ба ин давлат набояд хиёнат кард.  Новобаста аз ин ки имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ ворид гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардидааст, ҳанӯз ҳам дар ҷомеа баъзе мушкилот ва муаммоҳои ҳалнашуда мавуҷуданд. Вобаста ба ин масъала Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ чунин ибрози ақида доштанд: “Мо хуб медонем, ки дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоти зиёд вуҷуд доранд. Вале эътимоди комил дорем, ки тамоми мушкилоту камбудиҳоро худамон ва бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон дар солҳои наздиктарин бартараф месозем”. Бале, ҳама мушкилот танҳо дар асоси заҳмати содиқона ва муттаҳидиву сарҷамъӣ ҳалли худро меёбад.

Ҳамин тавр, сиёсати дуруст ва огоҳонаи Пешвои миллат, фаъолияти самараноки ниҳодҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ барои таҳкими амнияти миллии Тоҷикистон заминаи пурра фароҳам овардаанд, ки дар партави он манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат дар сатҳи зарурӣ ҳимоя карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, имрӯз тамоми талош ва иқдомҳои Сарвари давлат баҳри пешрафти ҷомеа ва таъмини зиндагии арзандаи ҳар шахс равона шудаанд. Аз ҳамин лиҳоз имрӯз ҳар фарди огоҳ ва бедордили Ватанро зарур аст, ки нуктахои Паёми навбатии Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳад ва дар рушди устувори Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони он саҳми арзанда гузорад. Рисолати асосии ҳар шаҳрванди кишварро дар шароити кунунӣ маҳз ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва дастовардҳои муҳимми давлатдорӣ ташкил медиҳад.

khovar.tj

Чоп кунед