Баҳория (шакли ҷамъи он – баҳориёт), чунонки маълум аст, як навъи шеъри лирикиест, ки бештар дар шакли ғазал, қитъа, мусаммат ва ташбиб ё сароғози қасида гуфта шуда, дар он фаро расидани мавсими баҳор ва манзараҳои табиат дар ин фасли сол васф карда мешаванд. Ашъори зиёде дар ин самт дар тавсифи ҷашни Наврӯзанд, аз ин рӯ баҳорияро баъзан «наврӯзӣ» низ меноманд. Дар ин навъи лирика намояндагони зиёди адабиёти классикӣ ва муосири тоҷику форс шеър сурудаанд ва агар дар сафҳои аввали онҳо сӯфию орифи пешрав, шоири шинохта ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхиро (1207-1273) низ қарор бидиҳем, иштибоҳе нахоҳад буд.

Қабл аз ҳама зарурат ба таъкид аст, ки ашъори Мавлоно дар бораи баҳору Наврӯз ё баҳориёт хеле зиёд буда, аксарияти онҳо аз ҷиҳати шакли шеърию мундариҷа на танҳо хеле доманадору фароханд, балки махсусиятҳои худро доранд. Дар маҷмӯъ дар «Девони кабир», ки аз 3229 ғазал, 44 тарҷеъот, 1 мустадракот, 1 маснавии кӯтоҳ ва 1983 рубоӣ иборат аст, зиёда аз саду даҳ ғазал ва бист рубоӣ, ки ба навъи шеърии баҳория ба пуррагӣ ё қисман мутобиқат доранд, ё худ дар мавзӯъҳои наврӯзию баҳориянд, ба чашм мерасад. Аз онҳо тахминан 27 ғазал  ва 3 рубоӣ пурра баҳориётанд ва 26 ғазал қисман тибқи талаботи ин навъи лирика суруда шудаанд. Аз ғазалиёти баҳории Мавлоно сетои он ба забони арабӣ ва боқӣ ҳама дар забони модарии худи муаллифанд.

Мавлоно аз гуфтани баҳориёт бо тамоми қонунмандиҳои ин навъи шеърӣ иттилои хубе дорад ва худ низ ба ин маънӣ дар тарҷеъоташ ишорат карда  – «Баҳор омад, баҳор омад, баҳориёт бояд гуфт»  – пасон як баҳорияе ба мазмуни зайл сурудааст:

Баҳор аст он, баҳор аст он ва ё рӯи нигор аст он,

Дарахт аз бод мерақсад, ки чун ман беқарор аст он…

Бигӯ бар лола чун Маҷнун, бигӯ сӯзидаву пурхун,

Зи ишқи дилбари мавзун, ки чун гул хушизор аст он…

Дарунаш равзану бустон, баҳори сабзи бепоён,

Фароғат нест худ ӯро, ки аз берун баҳор аст он.

 

Баҳориёт дар шакли «наврӯзӣ» бошад, ҳамагӣ чанд ҷое дар «Девони кабир» дучор меояд. Аз ҷумла, дар як баҳорияи Мавлоно, ки дар тарҷеоти ӯ ҷой дорад, мафҳуми Наврӯз бо чунин ташбеҳот зикр гардидааст:

Мастию ошиқию ҷавонию ёри мо,

Наврӯзу навбаҳору ҳамал мезанад сало.

Ҳаргиз надида чашми ҷаҳон инчунин баҳор,

Мерӯяд аз замину зи кӯҳсор кимиё.

Паҳлӯи ҳар дарахт яке ҳури некбахт,

Дуздида менамояд агар марҳаме лиқо.

Ушкуфа мехурад зи майи рӯҳ тос-тос,

Бингар ба сӯйи ӯ, ки сало мезанад туро…

 

Ҳамзамон, Наврӯз ҳамчун ҷашни ҳама ҷаҳониён дар рубоии зерини Мавлоно зикр ёфтааст:

Андар дили ман, маҳо, дилафрӯз туӣ,

Ҳастанд дигарон, вале-к дилсӯз, туӣ.

Шоданд ҷаҳониён ба Наврӯзу ба ид,

Иди ману Наврӯзи ман имрӯз туӣ.

 

Чун аз мавзӯи аҳамияти зиёд додани Мавлоно ба баҳору Наврӯз сухан мегӯем, бояд таъкид кард, ки ба ин амр шояд муҳити зисти мутафаккир – Рум (Византия, Осиёи Сағир ё Туркияи муосир) низ таъсир дошта бошад. Дар ин сарзамин тибқи ривоятҳои мардумӣ Наврӯз аз қадим таҷлил мегардидааст. Аз ҷумла, ривояте дар бораи Эргенекон ва Бозкурт (гург) вуҷуд дорад, ки ба иттилои баъзе маъхазҳо то асри панҷуми мелодӣ пайдо шудааст. Тибқи он аҳолии Эргенекон баъди мағлубият дар ҷанг бо як қабилае дар сарзамини пушти кӯҳсори Сарп ҷой гирифтанд. Баъди зиёд шудани шумораи аҳолӣ дар ин мавзеъ, онҳо ба сарзамини кунунии худ кӯч бастанд. Рӯзи кӯч бастан аз Эргенекон, ки ба рӯзҳои наврӯзӣ рост меояд, минбаъд барои мардуми ин сарзамин ҳамчун рӯзи аввали сол маҳсуб мегардид.

Минбаъд омилҳои дигаре арзи вуҷуд карданд, ки ҷашни Наврӯзро дар Рум боз ҳам устувортар намуданд. Чунонки маълум аст, ба ин минтақа аз асрҳои Х1 Салҷуқиён аз Осиёи Миёна ворид шуда буданд. Соли 1107 – соли забти шаҳри Қӯния (шаҳре, ки Мавлоно  ва аксари мавлавиён он ҷо зиставу фаъолият бурдаанд) ибтидои ҳукмронии пурраи намояндагони ин хонадон –  Салҷуқиёни Рум ё худ Султонати Қӯния дар ин минтақа ҳисоб мешавад. Забони давлатӣ ва адабии ин сулола дар Рум забони тоҷикӣ буд. Султонони салҷуқӣ худро ба мисли шоҳони қадимаи ориёинажод «шоҳ», «кай» ва «хусрав» ном мегирифтанд. Аз ҷумла, Маликшоҳ (с.в. 1082), Алоуддин Кайқубод (1219-1236), Ғиёсуддин Кайхусрав (1236-1245) ва ҳоказо. Дар умум, тамаддуни Салҷуқиёни Рум таҳти таъсири фарҳанги мардуми ориёинажод инкишоф меёфт ва устувор гаштани таҷлили Наврӯз ҳам асаре аз ин омил аст. Барои мисол таъкид кардан кофист, ки дар овони ҳукмронии султони салҷуқӣ Маликшоҳ тақвиме бо номи «Тақвими маликшоҳӣ» таҳия шуда буд, ки тибқи он дар саросари қаламрави ӯ Наврӯз рӯзи аввали сол муайян гардида буд.

Дар маҷмӯъ, таъкид кардан зарур аст, ки дар сарзамини Руми собиқ Наврӯз, ки имрӯз бо каме таҳриф бо номи «Неврӯз» ёд мешавад, ҳам решаҳои таърихии қадима дорад ва ҳам бо Наврӯзи ориёӣ пайваста аст. Мавлоно ва ҳазорҳо муҳоҷирони дигар аз Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон ва курдҳои муқимӣ бошад, ин ҷашнро бо феълу қавли худ, бо эҷодиёти нотакрорашон барои садсолаҳо дар Рум ва сарзамини имрӯзаи Туркия, хусусан дар маркази оламии сайёҳони муосир – Анталия ё  Қӯния, ба анъанаи устуворе мубаддал сохтанд.

Гуфтаҳои боло ҳамзамон ишора ба он доранд, ки Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ дар девони худ аз анъанаҳои баҳориясароёни тоҷику форс пайгирӣ мекунад. Аз ин рӯ, баҳору Наврӯз барои ин шоиру мутафаккири шинохта хеле гиромиянд. Аз ҷумла, баҳорро Мавлоно асли фаслҳо дониста дар як ғазали худ, ки ба мавзӯи фалсафӣ – тазодҳо дар табиат ва тағйирёбандагии он бахшида шудааст, мегӯяд:

…Олам чаҳор фасл аст, фасле хилофи фасле,

Бо ҷанги чор душман ҳаргиз қарор монад?

Пеш о, баҳори хубӣ, ту асли фаслҳоӣ,

То фаслҳо бисӯзад, ҷумла баҳор монад.

 

Дар ҷойи дигаре фасли баҳорро Мавлоно фурсати муносиб барои ваҳдату сарҷамъии дӯстону ёрон шинохта, дар шакли рубоӣ сурудааст:

Он рӯз, ки рӯзи абру борон бошад,

Шартест, ки ҷамъияти ёрон бошад.

З-он рӯй, ки ёр ёрро тоза кунад,

Чун маҷмаъи гул, ки дар баҳорон бошад.

 

Чунон ки дар ибтидо зикр гардид, баҳориёти Мавлоно аз ҷиҳати шакл ба ду навъ тақсим мешаванд: ашъоре, ки пурра ба талаботи ин навъи шеърӣ мутобиқат доранд ва ашъоре, ки қисман ҷавобгӯи ин талаботанд. Аз ҷумлаи баҳориёти комили шоир ғазалиёте, ки бо матлаъҳои зайланд, аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва санъати шеърӣ хеле ҷолиби диққатанд:

Баҳор омад, баҳор омад, баҳори хушизор омад,

Хушу сарсабз шуд олам, авони лолазор омад.

***

Об занед роҳро, ҳин, ки нигор мерасад,

Мужда диҳед боғро, бӯи баҳор мерасад.

***

Омад баҳори хурраму раҳмат нисор шуд,

Савсан чу зулфиқори Алӣ обдор шуд.

***

Дай шуду баҳман гузашт, фасли баҳорон расид,

Ҷилваи гулшан ба боғ ҳамчу нигорон расид.

***

Омад баҳори хурраму омад расули ёр,

Мастему ошиқему хуморему беқарор

ва ғайра.

Аз баҳориёти Мавлоно, ки қисман ба талаботи ин навъи лирика мутобиқат доранд, метавон ғазалиёти ӯро бо матлаъҳои зерин зикр намуд:

Омад баҳори ҷонҳо, ай шохи тар, ба рақс о!

Чун Юсуф андар омад, Мисру шакар, ба рақс о!

***

Ай баҳори  сабзу тар, шод омадӣ

В-ай нигори симбар, шод омадӣ.

***

Омад баҳори хуррам, омад нигори мо,

Чун сад ҳазор танги шакар дар канори мо.

***

Омад баҳори ошиқон, то хокдон бустон шавад,

Омад нидои осмон, то мурғи ҷон паррон шавад.

***

Мастию ошиқию ҷавониву ҷинси ин,

Омад баҳори хурраму гаштанд ҳамнишин

ва ғайра.

Чун аз баҳориёте, ки қисман ҷавобгӯи талаботи ин навъи шеъриянд, сухан меравад, чунин ғазалиёт дар назар дошта шудааст, ки дар онҳо Мавлоно аз омади баҳору тавсифи он шурӯъ мекунад ва баъдан ба  баёни мавзӯъҳои дигари фалсафию ирфонӣ ва амсоли он мегузарад. Сабаб дар он аст, ки чунин тарзи баён ба осори дигари ин шоиру мутафаккир низ хос аст. Аз ҷумла, чунон ки маълум аст, дар «Маснавии маънавӣ» қиссаҳои гуногуни бадеӣ бо баррасиҳои илмию ирфонӣ аз аввал то охир дар омезишанд. Ин асари Мавлоно як навъ китоби дарсист, ки аз рӯи услуби имло ва педагогика барои осон фаҳмонидани шогирдон пешбинӣ шудааст. Ба ин мақсад Мавлоно дар «Маснавӣ» дар ибтидо қиссае, воқеаи муқаррарие ё худ латифае меоварад ва баъдан вобаста ба мазмуни он андешаҳои назариявии худро дар мушкилтарин масоили тасаввуфу ирфон барои шогирдон баён мекунад. Ба ибораи дигар, камтарин таҷрибаи инсонӣ ҳам барои Мавлоно воситаи таълим аст. Ногуфта намонад, ки ин услуб, ки дар осори Абдуллоҳи Ансорӣ (1006-1089), Саноии Ғазнавӣ (1079/1080-1140/1141) ва дигарон решаҳо дорад, дар «Маориф»-и падари Мавлоно – Баҳоуддини Валад (с.в. 1232) ба хубӣ корбаст гардида буд ва минбаъд онро писари Мавлоно – Султонвалад (1226-1312) низ дар «Валаднома» ва «Маориф»-и худ ба таври махсус истифода кардааст. Баҳориёти Мавлоно ҳам аз чунин тарзи баён истисно нестанд. Барои аёният ғазали зайли ӯ қобили таваҷҷӯҳ аст:

Омад баҳор, ай дӯстон, манзил сӯйи бустон кунем,

Гирди ғарибони чаман, хезед, то ҷавлон кунем.

Имрӯз чун занбӯрҳо паррон шавем аз гул ба гул,

То дар асалхонай ҷаҳон шаш гӯша ободон кунем…

Бишнав самоъи осмон, хезед, ай девонагон,

Ҷонам фидои ошиқон, имрӯз ҷонафшон кунем…

Оташ дар ин олам занем, в-ин чархро барҳам занем,

В-ин ақли побарҷойро чун хеш саргардон кунем.

Кӯбем мо бепову сар, гаҳ пой, медон, гоҳ сар,

Мо кай ба фармони худем, то ин кунему он кунем…

 

Ғазали боло ва аксарияти ашъори дигари Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ аз ин қатор аз ҷиҳати мундариҷа ба куллӣ ирфониянд. Чунин тарзи баён имкон медиҳад, ки Мавлоноро ба ҳайси яке аз поягузорони ворид сохтани мавзӯъҳои ирфонӣ ба баҳориёт дар таърихи илму адаби тоҷику форс эътироф намоем.

Қобили тазакур аст, ки санъатҳои шеърии баҳориёти «Девони кабир» низ гувоҳи воридсозии мавзӯъҳои ирфонӣ ба ин навъи шеър аз ҷониби Мавлоноанд. Дар чунин ашъори шоир дар қатори калима, ибора, таркиб ва ташбехоти маъмули баҳорӣ – «навбаҳор», «булбул», «гулу гулзор», «нағмаҳои тӯтӣ» ва амсоли он, мисраъҳои аз ҷиҳати бадеият саҳлу беназир – «Дар рақс шохи беду дудастакзанон чанор» – ҳамчунин таркибу ташбеҳоти зиёди орифона ба назар мерасанд. Барои айёният  чунин мисолҳоро дар ин самт овардан мумкин аст: «шайхи баҳор», «харобаҳои баҳман», «сабзпӯшон чун Хизр», «ҳусни Юсуф», «Оби ҳаёти сабзазор», «навбаҳор аз ломакон» ва ғайра.

Ҳамчунин қобили қайд аст, ки Мавлоно дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ ҳамчун беҳтарин тарғибгари таҳаммулпазирӣ, сулҳу сулҳҷӯӣ шинохта шудааст ва ин ақидаҳои хешро ӯ дар баҳориёташ низ хеле моҳирона идома додаст:

Ман абри обдорам, чархи гуҳар нисорам,

Бар ташнагони хокӣ Оби ҳаёт дорам.

Ман булаҷаб ҷаҳонам, дар мушти гул ниҳонам,

Дар ҳар шабе чу рӯзам, дар ҳар хазон баҳорам.

 

Аз ин ҷост, ки барои Мавлоно фасли баҳор мавсими эҳёву созандагӣ, даври ваҳдату сарҷамъии ёрон, фасли рондани ғаразу кинаҳо аз дили мардумон аст. Ба ин маънӣ ӯ хулқи қахрамони лирикӣ ва маҳбубаи васфшавандаро дар баҳориёти худ ба «хӯйи баҳор», яъне эҳёгару созанда ва накӯкору адолатхоҳ  монанд месозад:

Бе ту ҳастам ҳамчун зимистон, халқ аз ман дар азоб,

Бо ту ҳастам чун гулистон, хӯйи ман хӯйи баҳор.

***

Он рӯйи ҳамчу рӯзаш в-он ранги дилфурӯзаш

В-он лутфи тавбасӯзаш в-он хулқи чун баҳораш.

 

Дар охир таъкид карданием, ки Мавлоно аз умқи асрҳо бо васфи баҳору зебогиҳои табиат мардумро боз ҳам барои инсондӯстӣ, таҳаммулпазирию сулҳхоҳӣ, накӯкорию адолатпешагӣ даъват мекунад. Аз ин сабаб аксарияти ғазалиёти ӯ, аз ҷумла баҳориёташ то кунун ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва чун сухани муосир садо медиҳанд. Барои исботи ин мехостем, ки пораеро аз як баҳорияи Мавлоно ҳамчун иршоди пир барои хонандаи муосир мисол орем ва хостори он бошем, ки Наврӯз, ба қавли ин орифи ҷаҳонгир, рӯзи шодии ҳама ҷахониён ва имсолу ҳама сол барои мо ҳамеша соли гулу даврони шукуфоӣ бошад:

Имрӯз рӯзи шодиву имсол – соли гул,

Некӯст ҳоли мо, ки неку бод ҳоли гул.

Гулро мадад расид зи гулзори рӯйи дӯст,

То чашми мо набинад дигар заволи гул…

Хуршед Зиёӣ,

доктори илми фалсафа, профессор,

директори Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед