Хабарҳо аз ҷониби MTC
Густариши муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
   Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти хориҷии худ сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, ҷонибдори ҳамкориҳои дӯстона ва мутақобилан судманд мебошад. Яке аз шарикони тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад, ки аз соли 1992 бо ҳам муносибати дипломатӣ барқарор намуда буданд. Сафарҳои расмии…
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон анҷом ёфт
   23 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23 май ҷараён дошт, ба анҷом расид. Зимни сафари давлатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олии ин кишвар…
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев
   Ташаккур, Илҳом Ҳайдаровичи муҳтарам. Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, дӯсту бародари азизам Илҳом Ҳайдарович Алиев ва мардуми бародари Озарбойҷон барои меҳмоннавозии анъанавӣ, таваҷҷуҳи хос ва истиқболи гарм сидқан изҳори сипос намоям.…
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон
   ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо…
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Озарбойҷон
   ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти…
СИЁСАТИ СОЗАНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ ҶАВОНОН
   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ доир ба ҷавонон сиёсати созандаро амалӣ менамояд ва барои рушди маънавии онҳо шароити мусоидро фароҳам меорад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд кардаанд:…
Мизи гирд дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдории миллӣ”
   Имрӯз, 23.05.2024, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида, ба Рӯзи ҷавонон мизи гирд таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдории миллӣ” баргузор гардид, ки дар кори он директори Марказ, д.и.ф., профессор, Усмонзода Хайриддин Усмон, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон…
ТАЪСИРИ РАВАНДҲОИ МУОСИРИ ҶАҲОНӢ БА АФКОРИ ҶАВОНОН: ВАЗЪ ВА ДУРНАМО
   Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ тайғироти куллӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа ворид кард. Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ҷузъи муҳимми сиёсати давлатиро ташкил медиҳад. Ба вазъи ногувори ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда мулоқоти аввалини расмии Роҳбари мамлакат…
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
   ДУШАНБЕ, 22.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди давлатӣ вориди шаҳри Боку — пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев меҳмони олимақом — Президенти…
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
   ДУШАНБЕ, 22.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани боздиди давлатӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти…