Хабарҳо аз ҷониби MTC
КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ РУШДУ ИНКИШОФИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН
   “Хусусан, дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонанд истиқлоли миллӣ ва амнияти давлату ҷомеаи моро халалдор созанд, мо бояд ба эҳтироми Конститутсия ва риояи ҳатмии меъёрҳои он ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.”…
Конститутсия–роҳнамои миллат
   Воқеан ҳам, Конститутсия, ки тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз он сарчашма мегирад, барои пешрафт ва рушди бемайлони кишвар равона гардидааст, роҳнамои миллат аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи барои миллати тоҷик басо ҳассос таҳия ва қабул гардидааст. Дар таҳия ва…
МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗ БО РАИСИ АНҶУМАНИ ОСОР ВА МАФОХИРИ ФАРҲАНГИИ ЭРОН МАҲМУДИ ШАЛОӢ
   Имрӯз 1 ноябри соли 2022 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин бо раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон Маҳмуди Шалоӣ баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин…
ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ ВА МУАССИСАИ ФАРҲАНГИИ МУТОЛИОТ ВА ТАҲҚИҚОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТЕҲРОН
   Санаи 31 октябри соли ҷорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳадаф аз имзои Ёддошти тафоҳумро пешбурд ва тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва таҳлилӣ миёни ин ду…
ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ БО ТАҲЛИГАРОНИ МУАССИСАИ ФАРҲАНГИИ МУТОЛИОТ ВА ТАҲҚИҚОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТЕҲРОН
   Санаи 31 октябри соли 2022 дар Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон вохӯрии роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегӣ бо кормандон ва таҳлилгарони муассисаи болозикр доир гардид. Дар вохӯрӣ аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегӣ директори Марказ Усмонзода Хайриддин, муовини директори Марказ Муҳаммадзода Парвиз…
МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗ БО ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ФАРҲАНГИИ МУТОЛИОТ ВА ТАҲҚИҚОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТЕҲРОН
   Рӯзи 31 октябри соли 2022 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин бо директори Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон Обид Акбарӣ баргузор гардид. Дар оғози мулоқот директори Муассисаи фарҳангии мутолиот…
ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАЪРАКАИ ШАНБЕГӢ
   Санаи 29 октябри соли 2022 кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои созандаи Асросгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати корҳои созандагию бунёдкории Ватани азизамон ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
   ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Драупади Мурму барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Хонуми Олиҷоҳ, Хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидан ва…
Асоси ҳуқуқии давлат ва ҷомеа
   Агар ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар зарурати қабули Конститутсияро ба миён гузошта бошад, қабули он барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ, аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид. Конститутсияи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихиест, ки ҳамчун сарчашмаи…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
   ДУШАНБЕ, 30.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: Ҷаноби Олӣ, Хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва осеб…