Агар ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар зарурати қабули Конститутсияро ба миён гузошта бошад, қабули он барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ, аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид. Конститутсияи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихиест, ки ҳамчун сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузорӣ иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат ва идораи давлат таъмин намуд. Бо мақсади таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ дар он дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд.
Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқ бошаду тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо номбар шудааст. Қабули он дар таърихи навини кишвар рӯйдоди сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувор гардид. Мувофиқи он озодии инсон ва шаҳрвандонро давлат риоя, эътироф ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад.
Бори нахуст Тоҷикистон дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон дошт, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Бори аввал дар таърихи давлатдории миллати тоҷик матни Конститутсия ба шабони давлатӣ омада карда шуда буд.
Аввалин маротиба ғояи ҷамъияти ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил дод.
Дар таърихи миллати тоҷик нахустин маротиба халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият ва василаи истиқлолият шуморида шуд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба ҳуқуқҳои фитрӣ ва табии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус, амният, озодӣ равшану аниқ муқарар гардиданд, ки ин хусусият Конститутсияи моро дар радифи Қонунҳои асосии кишварҳои пешрафта қарор медиҳад.
Зимнан, раванди ҷаҳонишавӣ дар ҷаҳони муосир, аз шаҳрвандон риояи муқаррароти Конститутсия, меъёрҳои қонунгузории кишвар ва дарки амиқи моҳияти онҳоро ҳамчун воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ, инчунин амнияту осоиштагӣ тақозо менамояд.
Ҳоло ки зиддиятҳо дар дунё бо таъсири раванди ҷаҳонишавӣ боз ҳам шиддат ёфтаанд, таъмини ҳадафҳои давлатӣ мушкилтар мегардад. Бинобар ин, танҳо дар сурати ҳифзи сулҳу ваҳдат, суботи иҷтимоӣ пешрафти кишварро таъмин карда метавонем. Аз ҷониби дигар, вазъи мураккаби баъзе аз минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадри сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватан талош варзад.
Зикр кардан ҷоиз аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Конститутсия ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф ва ба қатори давлатҳои демократии ҷаҳон шомил шудааст. Зеро Конститутсия заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муколама иваз ва барои ривоҷи ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам намуд.
Табиист, ки вобаста ба давраҳои муайяни рушди ҷамъият Конститутсия, меъёрҳои он ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба такмил эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Дар мамлакат даҳаи охири асри бист гузариш аз сохти сотсиалистӣ ба шакл ё сохти ҷамъиятии бозоргонӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин, хусусан, ба Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат ва ҷомеае иртибот мегирад, ки дар марҳалаи гузариш аз як сохт ба сохти дигар ва рушду такомул қарор доранд. Такмили Конститутсияи мамлакат ва се маротиба ба он ворид намудани тағйиру иловаҳо тақозои давраҳои муайяни пешрафти ҷомеа мебошад. Такмили он имконият дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем.
Дар ҷаҳони муосир сохти демократӣ ва дунявии давлатдорӣ ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва пешрафту тараққиёти соҳаҳои ҳаёт мусоидат кардааст. Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонист, бунёд кардани чунин давлатро бо назардошти арзишҳои миллӣ ихтиёр намудааст, зеро ҳар як миллати соҳибтамаддун мувофиқи хусусиятҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву мазҳабӣ давлатдорӣ мекунад. Вобаста ба ин, ҳуқуқу озодиҳои инсон муайянкунандаи моҳияту татбиқи қонунҳо ва фаъолияти мақомоти давлатӣ буда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешавад.
Таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ — сохтори нодири ризояти миллӣ барои неруҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ майдони фаррохи мубодилаи афкор, ҳамкории онҳо дар шаклҳои гуногунро фароҳам оварда, имкон муҳайё сохт, ки ҳизбу ҳаракатҳои гуногун бо назардошти манфиатҳои миллӣ дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд. Дин ва муносибатҳои динӣ дар аксар давлатҳо кори хусусии одамон аст. Дар ҷое ки масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои истиқлолият ва амнияти давлат пеш меояд, дин бояд дар хидмати онҳо қарор гирад. Чунин холат дар таърихи дини ислом ва давлатдории қадимаи халқи тоҷик хеле зиёд рӯй додаанд.
Тибқи Конститутсия дар кишвар таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Амалҳои хусусияти зиддиконститутсиониву зиддидемократидошта, оромӣ ва суботи ҷомеаро халалдор мекунанд ва ба амнияту озодии инсон тахдид менамоянд. Бинобар ин, таъсиси чунин созмонҳо ва амалҳои экстремистӣ дар давлатҳои демократӣ ва ҷаҳони мутамаддин манъ карда шудаанд.
Тамомияти арзии мамлакат, муттаҳидӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро кафолат дода, Конститутсия терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи яроқу аслиҳаро қатъиян манъ ва маҳкум мекунад.
Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро дар Конститутсия ҷой дод. Асоси ин принсипро ба се рукн — ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим шудани ҳокимият ташкил медиҳад. Ҳар як рукни ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳият вазифаҳоро мустақилона иҷро менамояд.
Мувофиқ ба рукнҳои ҳокимияти давлатӣ қонунҳои зарурӣ қабул шудаанд ва онҳо пурра имкон медиҳанд, ки ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти он тибқи принсипи зикршуда фаъолият намоянд. Ҷавҳари ин принсипро танҳо тавассути Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда ҳал намудани масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ташкил медиҳад.
Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд эълон гашт. Аз ин рӯ, риоя ва татбиқи Конститутсия вазифаи муқаддаси шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст. Дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Шаҳрвандони мамлакат ба мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон нигоҳ накарда, қонунҳоро эҳтиром ва риоя мекунанд. Дар айни замон миллати тоҷик ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузорад.
Ҳамин тавр, 28-солагии Конститутсия боз фурсати мувофиқе шуд, ки дар бораи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии кишвар мулоҳиза ронем. Ин мақсади олиест, ки кори зиёдеро барои амалӣ шудани он анҷом бояд дод.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
сардори Раёсати таъминоти иттилоотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон