Аз нав ба вазифаи Президенти мамлакат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми аҳли ҷумҳурӣ хурсандӣ ва як шодмонии беинтиҳоест.

Натиҷаҳои интихобот бори дигар нуфузу эътибори баланди сиёсӣ ва қадрдонию эҳтироми мардуми Тоҷикистонро  нисбати Ҷаноби Олӣ нишон дод. Аз сулҳу салоҳ, осудагие, ки ба шарофати Пешвои миллат  дар Ватани азизамон барқарор гашт, табиати кишвар, тамоми олами мавҷудоти зинда баҳравар шуданд.

Бале, комёбиҳои миллат ва давлати мо зери сарварии Пешвои муаззами миллат хело ва хело зиёданд. Фаромӯш набояд кард, ки таҳти роҳбарии ин шахсияти таърихӣ ва тадбиру талошҳояшон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, иттиҳоди миллат таъмин гашт. Масъалаи мазкур муҳимтарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва тамоми ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод.

Баъди ҳазорсолаҳо таърих барои халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати миллӣ дошта бошанд. Агар дар он туфоне, ки солҳои аввали истиқлолият ба миён омада буд, давлатдории миллии мо аз даст мерафт, моро наслҳои оянда ҳаргиз намебахшиданд. Зеро дар он ҷангҳои байниҳамдигарии мо хушку тар месӯхт, ба бешазорону манзилҳои истиқоматӣ алов меафтод, лонаи парандагону пахтазорҳо алов мегирифт, одамон ва ҳатто хазандаю даррандагон ва ҳайвонҳо рӯ ба гурез буданд, мӯру малах, боғу майдонҳои гулпӯш зери суму сапал, хонаву дари мардум таги чархҳои мошинҳои ҷангӣ мемонданд, одаму оламро як ҳолати ногуворе фаро мегирифт.

Маҳз баъди ба Сарварии давлату ҳукумат омадани Пешвои миллат табиат ҳам аз нав зинда гашт, дар ҷойҳои сӯхта сабза дамид, гулу гиёҳҳо ҳифз шуданд, пахтазорҳо чаман-чаман ба шукуфтан оғоз карданд, гурезаҳо бо тамом ба ҷумҳурӣ баргардонида шуданд, барқароркунии харобаҳои ҷангӣ оғоз шуд, ҳазорҳо гектар боғу майдонҳои дарахтзор бунёд гашта, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ эҳё шуданд. Ободонию дурнамои рушди истеҳсолот дар ҷумҳурӣ босуръат пеш рафт, саноатикунонии кишвар-ҳадафи чоруми миллӣ эълон гашт…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ тавонист, ки:

–  кишварро аз ҷанги таҳмиллии дохилӣ ва нобудӣ наҷот диҳад;

–  дар мушкилтарин вазъият мардуми кишварро муттаҳид намуда, баҳри якпорчагии Тоҷикистони азиз хизматҳои шоён намояд;

– баҳри рушди кишвар, таъмини суботи ҷомеа, рушди бонизоми иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ мусоидат намуда, кишварро аз бунбасти иқтисодӣ барорад ;

– дар маърифатноккунонӣ ва созандагию бунёдкории кишварамон устувории ҷиддӣ ба миён овард…

Агар тоҷикон бо сарварии Пешвои миллат худашон талош ба Ваҳдати миллӣ намекарданд, ягон қувва ё тарафи миёнрав онҳоро ба ҳам оварда наметавонист. Маҳз масъалаи баргардонидани гурезаҳо аз хориҷи кишвар ва истодагарии Президенти кишвар  дар баргардонидани охирин гурезаҳо дар таҳкими бақои давлату иттиҳоди миллат нақши калонро бозид.

Фаромӯш набояд кард, ки аксарият аз зумраи баъзе фаъолону роҳбарон барои баргардонидани гурезаҳо муқобил буданду онҳоро барои ҷумҳурӣ шахсони нодаркор ва зараровар меҳисобиданд.

Хушбахтона, Пешвои миллат ба онҳо гуш накарда, худашон аввалин шуда ба пешвози гурезаҳо рафтанд. Баргардонидани гурезаҳои иҷбориро барои худ шараф, номус, хештаншиносию мардумпарварӣ ва қарзи виҷдонӣ ҳисобиданду ваъдаи  “то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам худамро орому осуда ҳис намекунам”-ро ҷомаи амал пӯшониданд…

Ҳадафу мақсади асоси Президенти кишвар баъди баргардонидани гурезаҳо ва ба эътидол омадани вазъият байни  мардум рафтану вохӯрӣ бо онҳо буд. Дар остонаи барқароршавии Ҳокимияти конститутсионӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор шудани маъракаҳои « Рӯзи ёдбуд ва сулҳу дустӣ » ба ҳукми  анъана даромада буд. Ин маъракаҳои муҳим барои ба пешвози якдигар омадани мардум ва дустиву рафоқат, амнияту оромӣ ва сулҳу субот асос гузошт. Пешвои миллат новобаста аз ташвишҳои зиёд ва нооромии вазъият қариб дар ҳамаи маъракаҳои мардумӣ иштирок намуда, бо мардум аз наздик ва рӯ ба рӯ суҳбатҳои самимӣ доир карда, онҳоро ба якдигарфаҳмию якпорчагӣ, бахшиши ҳамдигар, оромии комил, барқарор намудани истеҳсолот ва самаранок истифода бурдани заминҳои президентӣ даъват намуда, барои якпорчагии давлату иттиҳоди миллат нақши калонро иҷро намуданд.

Дар ҳама ҳолат ба суханҳои бузургон такя карда, таъкид мекарданд, ки « Хунро бо хун намешуянд, хунро бо об мешуянд », “Қувваи мушт дар панҷ ангушт ”, “ Бузургтарин кори хайр гузашт кардан аст ”, “Ёр аҳл бошад, кор саҳл мешавад”, “Пароканда лашкар наояд ба кор”, Зӯри мушт аз ваҳдати ангуштҳо ояд ба даст” ва садҳо чунин мақолҳоро асос оварда мардумро барои пойдор мондани бақои давлату иттиҳоди миллат даъват менамуданд. Беҳуда ҳам бузургони Аҷам нафармудаанд:

Иттиҳоди қавм душманро шикаст овардан аст,

Хиштҳо якҷоя бардоранд бори хонаро.

 

Боиси хушнудист, ки бо шарофати иродаи ҷиддии Пешвои миллат хатари аз байн рафтани ҷумҳурӣ бартараф гашта, ягонагию муттаҳидии миллат таъмин карда шуд. Ин дастовардҳо ин шахсияти бузургро ҳамчун асосгузор-наҷотбахши давлату миллат ба оламиён муаррифӣ намуданд. Боиси ифтихор аст, ки имрузҳо дар назди Созмони миллали муттаҳид барои ба эътидол овардани ваъзи давлатҳо аз хунрезию нооромиҳо омӯзиши Мактаби  Сулҳи тоҷикон тавсия карда шудааст.

Баъд аз ин барои Пешвои миллат даврае фаро расид, ки соҳаҳои асосии хоҷагии халқи кишварро эҳё намояд ва ҷомеаи моро аз буҳрони шадидтарини иқтисодӣ ва иҷтимоӣ берун оварад. Бо ҳамин мақсад барномаҳои таъмини мардум бо маводи ғизоӣ, раҳоии мардум аз фақру камбизоатӣ ва ба амал баровардани ислоҳоти иқтисодӣ таҳия шуд, ки муҳимтарин бахши он гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва ба вуҷуд овардани бахши хусусӣ ба ҳисоб мерафт.

Манбаи асосии рушди иқтисодиёт ин такя ба рушди соҳаи соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ ҳисоб меёбад. Аз рӯзҳои аввали давлати соҳибихтиёру мустақил шинохта шудани ҷумҳурӣ Роҳбари давлат ба рушди соҳаи мазкур эътибори аввалиндараҷа дода, ба афзоиши маҳсулоти ватанӣ, муҳайё  сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи асосии захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум диққати назаррас зоҳир намуданд. Ҳамчунин, бо мақсади дастгирӣ ва ҳимояи манфиатҳои соҳибкорони истеҳсолӣ тавассути муҳайё гардонидани шароити дастрасӣ ба захираҳои молиявии имтиёзнок соли 2013 Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки ин барои рушди  фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ  дастоварди бузургу беназир дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Таъсис ёфтани Шӯрои машваратӣ (соли 2007) оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусии ватанию хориҷӣ ва шарикони рушд шомил шуда буданд, қадами устуворе буд барои рушди ислоҳоти иқтисодию аграрии кишвар. Дар ҳамин замина ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба пуррагӣ анҷом ёфта, заминҳои кишоварзӣ ба секторҳои ғайридавлатӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)  тақсим карда шуд. Акнун баъди ин талошҳою заҳматҳои Пешвои миллат чархаи иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи мо ба пеш ҳаракат намуда, дастовардҳою натиҷаҳои мусбати  истеҳсолӣ  дод ва қалби ҳар як шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо ва ояндаи умедбахш гардонид.

Юнониён ҳикмати бузурге доранд,ки мефармоянд: “Худоён ба яке истеъдод медиҳанду ба дигаре-омади кор. Вале он касро ки ҳам ин даст медиҳаду ҳам он, нафареро, ки некуаҳволии инсонҳоро аз шахсияти хеш афзалтар медонад, иҷрои кори бузурге насиб мешавад ва ӯ абадӣ дар ёди халқи хеш мемонад”,

Пӯшида нест, ки имрӯзҳо Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Президенти Чумхурии Тоҷикистон ҳамчун наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ, меъмори давлатдории навини тоҷикон ва дар маҷмӯъ Асосгузори бақои давлату иттиҳоди миллат ва пешвои  умумимиллӣ шинохта ва эътироф шудааст.

Имомназари  Каримиён,

муттахасиси пешбари Раёсати

тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ

ва инкишофи  бахши хусусии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аълочии фарханги Тоҷикистон

Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Чоп кунед