Дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” аз 7 августи соли 2021, нашри махсус, ки  ба муносибати ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон додани нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” бахшида шудааст, мақолаи Зиёӣ Хуршед Махшулзода, доктори илми фалсафа, профессор, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Асли лашкар, бегумон, сарвар бувад» ба нашр расид. Онро аз ҳамин рӯзнома барои хонадагони сомона бознашр мекунем.

АСЛИ ЛАШКАР, БЕГУМОН, САРВАР БУВАД

Чунонки ба ҳамагон маълум аст, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав – Тоҷикистони соҳибистиқлол пайдо шуда, узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва ҷузъи ногусастании ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Дар ин муддати барои таърих хеле кутоҳ обрӯю нуфузи ин  давлати ҷавон хеле босуръат боло рафта, онро тақрибан 200 кишвар ва теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалӣ эътироф намуданд ва ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон барқарор гардиданд.

Дар баробари ин, дар даврони Истиқлоли давлатӣ сол то сол мақом ва нуфузи ҷумҳурии мо тавассути дастовардҳои худ дар раддабандӣ – муайянсозии тартиби мақоми кишварҳои олам, яъне рейтинги онҳо, ки ба таври даврагӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ гузаронида мешавад, боло рафт.

Вобаста ба ин қобили зикр аст, ки ҳанӯз санаи 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ вазъи маорифи кишварро баррасӣ намуда, таъкид дошта буданд, ки “Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда – дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он  дар  миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд”.

Ҳангоми суханронӣ дар форуми соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар таърихи 6 ноябри соли 2019 низ Пешвои муаззами миллат зикр намуданд, ки дар заминаи ислоҳоти гузаронидашуда “Тоҷикистон дар солҳои охир мавқеи байналмилалии хешро аз лиҳози бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, дастрасӣ ба қарзҳо ва тиҷорати байналмилалӣ то андозае боло бурд… Дар баробари ин, тибқи таҳлилҳои омории Ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолиб барои сайёҳон шомил гардид. Ин ва дигар нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки мавқеи байналмилалии Тоҷикистон аз нигоҳи дастгирии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ тадриҷан баланд гардида истодааст”.

Ҳамаи ин суханон шаҳодат аз он медиҳанд, ки Пешвои муаззами миллат ба масъалаи баланд бардоштани нуфузи давлати тоҷикон ва мақоми он дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса дошта, мунтазам тадбирҳои муассирро тавассути Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии рушд роҳандозӣ менамоянд.

Натиҷаи ҳамин иродаи сиёсӣ ва устувории қадамҳо дар самти ислоҳоти ҳаёти иқтисодии мамлакат буд, ки моҳи октябри соли 2019 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии умумии «Пешбурди тиҷорат 2020» («Doing Business 2020»), ки аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҳамасола гузаронида мешавад, 20 зина боло рафт. Зиёда аз ин, тибқи хулосаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар соли зикршуда Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бистгонаи давлатҳои ислоҳотгари олам дар самти пешбурди тиҷорат дохил карда шуд.

Дар баробари ин, моҳи ноябри соли 2019 маркази таҳлилии Галлап (Gallup) дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё кишварҳоро радабандӣ карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо 94 хол бо ҷойи дуюм баъди Сингапур амнтарин кишвари дунё арзёбӣ намуд. Ин амр низ бозгўи комёбиҳои кишвари мо дар солҳои охир дар самти таъмини амният ба шумор меравад.

Бешубҳа, дастовардҳои зикршуда тавассути заҳматҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти дахлдори давлатӣ ва мардуми тоҷик дар самти рафъ намудани камбудиҳои мавҷудбуда насиби кишвари мо гардидаанд. Вале ба ҳамаи пешравиҳои миллати тоҷик дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ва баланд гаштани обрӯю нуфузи байналмилалии давлати он назар андохта, беихтиёр ин байтҳои донишманд ва адиби бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ (1207-1273) аз «Маснавии маънавӣ» ба ёд меоянд:

Асли лашкар, бегумон, сарвар бувад,
Қавми бесарвар тани бесар бувад.
Ин ҳама, ки мурдаву пажмурдаӣ,
З-он бувад, ки тарки сарвар кардаӣ.

Аз чунин нуқтаи назар тамоми дастовардҳои мо ва баланд шудани обрӯю нуфузи кишварамон дар сӣ соли охир, бе ягон шакку шубҳа, як сабаби асосӣ доранд: ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвари тоҷикон.

Дар ҳақиқат ҳам, Пешвои муаззами миллат зимоми давлатдориро ба дӯш гирифта, тавонистанд, ки дар муддати хеле кутоҳе миллати моро, ки он замон як лашкари парокандаро мемонд, сарварӣ намоянд ва ба сӯи ғояву ормонҳои миллии садсолаҳо дар дил парвардаи ҳар як узви он ҳидоят намоянд. Аз ҷониби дигар, обрӯю нуфузе, ки худи Пешвои миллат тӯли ин солҳо байни миллат ва дар сатҳи байналмилалӣ касб намуданд, сабабгори тамоми дастовардҳои мо гардиданд. Шаҳодати бевоситаи чунин мақоми воло чанд рӯз пеш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додани нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” аз ҷониби Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар вазъияти тантанавӣ бо ҳузури президентҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ин нишон ба Пешвои мо барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳо дар арсаи байналмилалӣ ва дигар хизматҳои беғаразонаи ӯ барои миллати худу мардуми минтақа ва халқҳои кулли олам супорида шудааст.

Оре, Пешвои муаззами миллати мо Сарварест, ки бо обрӯю нуфузи волои худ, таҷрибаи давлатдорию сулҳофаринӣ, созандагию ободкориҳояш қодир аст, ки мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба баландтарин қуллаҳои мурод бирасонад ва мақому манзалати ин кишвари ҳамешасабзро дар тамоми олам боз ҳам болотар барад.

Зиёӣ Хуршед Махшулзода,
доктори илми фалсафа, профессор

Чоп кунед