Зикр кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои ИДМ ба рушду густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо Озарбойҷон, аҳаммияти хосса зоҳир намуда, ба рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳама бахшҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатовар ҳавасманд мебошад. Бинобар ин, аз рузҳои аввали барқарории муносибатҳои дипломатии байни ҳар ду кишвар, ки ба соли 1992 рост меояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар стратегияи сиёсати хориҷии худ Ҷумҳурии Озарбойҷонро ҳамчун шарики муҳим эътироф кардааст.

Дар давоми солҳои 1992-2023 миёни ҳар ду кишвар, аз ҷумла дар доираи сафарҳои расмии сарони ҳар ду кишварҳо як зумра созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Ҳоло заминаи ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷонро беш аз 57 созишномаву ва шартнома дар бар мегирад, ки муҳимтарини онҳо Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҳисоб меравад.

Санадҳои байни ду кишвар қабулшуда, бешубҳа, заминаи ҳуқуқии таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои  иқтисодию тиҷоратии миёни ҳар ду кишвар мебошанд.

Дар ин самт Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамчун механизми ҳамгироии мутақобилаи ду кишвар нақши муҳим дорад. Аз соли 2008 то кунун бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар якчанд маротиба ҷаласаҳои муштарики Комиссияи мазкур баргузор гардида, дар доираи он, аз ҷумла, вобаста ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва сармоягузорӣ тавофуқҳои муҳим ҳосил шуданд.

Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар самти рушду густариши муносибатҳо зерин нақши муҳим гузошт:

  • афзоиши ҳаҷми гардиши мол;
  • ташкили кооператсиҳои саноатӣ;
  • ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
  • энергетика
  • таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак;
  • истеҳсоли алюмин;
  • истифодаи имкониятҳои транзитию нақлиётӣ;
  • истеҳсол ва коркарди муштараки захираҳои карбогидрид;
  • сайёҳӣ.

Тавре, ки гузаштем, мунтазам афзоиш додани ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Озарбойҷон ва густариши доираи ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи  ҳар ду кишвар қарор дорад.

Дар натиҷаи татбиқи босамари санаду созишномаҳои қаблан имзошуда, ҳаҷми гардиши мол миёни ҳарду ду кишвар мунтазам тамоюл ба зиёдшавӣ дошта,  соли 2022 тақрибан 6 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба соли 2020 тақрибан 12 дарсад зиёд мебошад. Вале ин нишондиҳанда бо дарназардошти будани иқтидору имконияҳои зиёди истифоданашудаи барои ҳар ду ҷониб қонеъкунанда нест.

Ҳоло барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ҳар ду кишвар имкониятҳои зиёде мавҷуданд, ки дар сурати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҳаҷми гардиши мол миёни ҳар ду кишвар метавонад ба маротиб афзоиш ёбад. Баъзе аз имкониятҳои васеии ҷойдоштаро дар ин самт чунин хулоса намудан мумкин аст:

  • васеъ ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи саноати коркард, хусусан истеҳсол ва коркарди алюмин;
  • истифодаи васеи имкониятҳои нақлиётиву транзитии Озарбойҷон, аз ҷумла Коридори наклиётии Кавказ;
  • бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, истифодаи хатҳои роҳи оҳан ва бандарҳои баҳрии Озарбойҷон, аз ҷумла Баку, Астара, Ленкоран и Сумгаит;
  • ҳамкориҳои судманд дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла соҳаи чорводорӣ. Ҷониби Озарбойҷон аллакай ҳавасмандии худро дар робита ба хариду парвриши қутос аз Тоҷикистон ва Тоҷикистон вобаста ба воридоти ғизои чорво ва моҳӣ аз озарбойҷон иброз намуд;
  • рушду густариши ҳамкориҳо дар доираи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавии аҳаммияти иқтисодидошта;

Дар маҷмуъ, дар амал тадбиқ намудани имкониятҳои мавҷуда ба афзоиши ҳаҷми содироту воридот, гардиши мол ва рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ҳар ду кишвар таъсири ҳалкунанда хоҳад расонид.

Дар ин раванд, дар баробари дигар масъалаҳо, ҳамкориҳои судманд, хусусан дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои транзитию нақлиётии Озарбойҷон барои Тоҷиикстон метавон ҳамчун яке аз бахшҳои муҳимми муносибатҳои мутақобилаи иқтисодӣ байни ҳар ду кишвар арзёбӣ карда мешавад.

Одиназода А.И.,
сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши
хусусии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед