«Бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад».

(Аз Паёми Пешвои миллат ба МНМОҶТ, 23.12.2023)

 

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки рушди босамари иқтисодиёт дар кишварҳое бештари суръат мегирад, ки дар он ҷо низоми пардохти ғайринақди васеъ ба роҳ монда шудааст.

Бинобар ин, ҳоло системаҳои пардохтии ҷаҳонӣ ба рушди технологияҳои нави пардохт, системаҳои таҳлили маълумот ва зеҳни сунъӣ фаъолона сармоягузорӣ мекунанд.

Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт, аз ҷумла бозорҳои молиявӣ, васеъ ба роҳ мондани низоми пардохти ғайринақдӣ, хусусан бо сабабҳои, зерин дар рушди иқтисоди миллӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад:

  • Мусоидат дар ҷамъоварии восита ва захираҳои пулӣ дар бонк. Дар ин замина маблағҳои муваққат озоди ташкилоту муассиса ва шахсони воқеие, ки дар муассисаҳои бонкӣ нигоҳ дошта мешаванд, метавонанд ҳамчун манбаи қарздиҳӣ ба рушди соҳибкории хурду бузург истифода шаванд;
  • Аз муомилот хориҷ намудани пули нақд, агар аз як тараф ба коҳиш ёфтани шумори ҷиноятҳои молиявӣ ва муборизаи самаранок ба он мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, боиси сарфа ва кам гардидани арзиши хизматрасониҳои пулакӣ, инчунин, коркарди арзонтари пардохтҳои электронӣ мегардад;
  • Гузариш аз пули нақд ба пардохтҳои электронӣ, ҳам барои истеъмолкунандагон, ҳам ҷомеа, хусусан аз нуқтаи назари амният, идораи самаранок, ҷамъоварии беҳтари пардохтҳои андозӣб гумрукӣ, мубориза бо иқтисодиёти соягӣ ва суръат бахшидан ба афзоиши ММД аҳамияти бузург дорад;
  • Таъмини самараноки гардиши воситаҳои пулӣ дар соҳаҳои иҷтимою иқтисодии кишвар;
  • Васеъ гардидани доираи муомилоти ғайринақдӣ имкон медиҳад, ки андозаи эмиссия ва аз муомилот гирифтани пули нақд дақиқтар муайян карда шавад;
  • Ҳудудгузории дурусту аниқи гардиши нақдӣ ва ғайринақдии воситаҳои пулӣ, шароит фароҳам меорад, ки самаранокии барориш ва хориҷи мабалағҳои нақдӣ аз муомилот таъмин карда шавад;
  • Коҳиш ёфтани ҳаҷми муомилоти пули нақд ва дар ин замина кам кардани ҳаҷми барои истеҳсол ва тақсимоти он.

Ҳоло аксар кишварҳои ҷаҳон, ба масъалаи васеъ ҷорӣ намудани  низоми пардохти ғайринақдӣ бо дарназардошти нақши муҳим доштанаш дар рушди иқтисодиёт аҳаммияти хосса зоҳир менамоянд. Масалан, дар ин замина таҷрибаи баъзе аз кишварҳои ҷаҳонро метавон мисол овард, аз ҷумла:

Аз соли 1999 то кунун дар ИМА, ҳама пардохтҳои ҳукумати федералӣ танҳо ба таври электронӣ анҷом дода мешаванд. Ҷиҳати иҷрои самараноки  талаботи мазкур, ҳисоби махсуси интиқоли электронӣ амал намуда, дар доираи он музди меҳнати ҳамаи кормандони ҳукумати федералӣ, ки суратҳисоби шахсии бонкӣ надоранд, ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дар Кореяи Ҷанубӣ ҷиҳати ҳавасманд гардонидани истифодабарандагони кортҳои кредитӣ имтиёз ва тарҳҳои андозӣ, хусусан барои соҳибкороне, ки дар соҳаи савдо, кор ва хизматрасониҳо фаъолият мебаранд ва қабулкунандаи кортҳои қарзӣ мебошад, ҷорӣ гардидааст. Бархӯрдор шудан аз чунин имтиёзҳо, ба арзиши ҳаҷми харид, ки на кам аз 4 ҳазор долларро дар як сол ташкил медиҳад, вобаста мебошад.

Дар ин кишвар, дар доираи қонунҳои амалкунанда, андозаи ниҳоии пешниҳоди қарзҳо нақдӣ наметавонад аз 610 доллар ИМА дар як моҳ бештар бошад. Илова бар ин, соҳибкороне, ки ҳаҷми даромадашон аз фурӯши мол, кор ва хизматрасониҳо ба ҳисоби миёна, зиёда аз 18 000 доллар ташкил дода бошад, вай уҳдадор мегардад, ки пардохти ғаёринақдиро тавассути корҳо қабул намояд.

Дар Белгия аз соли 1967 то кунун як қатор қонун ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ амал мекунанд, ки бевосита ба маҳдуд кардани истифодаи пули нақд нигаронида шудаанд. Қонунҳои амалкунанда дар ин кишвар, даст кашидани нуқтаҳои савдоро аз қабули пардохтҳо тавассути чек ё суратҳисоби бонкӣ дар ҳаҷми беш аз 250 евро манъ мекунад. Дар баробари ин, пардохтҳо барои хариди амволи ғайриманқул низ бояд тавассути суратҳисоби бонкӣ, ба истиснои на бештар аз 10 дарсади маблағи умумии муомилот сурат гирад. Ин ҳам дар сурате амалӣ карда мешавад, ки агар ҳаҷми пардохти нақд аз 15 000 евро зиёд набошад.

Дар Ҳиндустон пешбурди пардохтҳои чаканаи ғайринақдӣ асосан ташаббуси соҳибкорон сурат мегирад. Дар навбати худ соҳибкорон ва муассисаҳои бонкӣ дар  ин самт ҳавасманд мебошад, зеро, барои бонк арзиши коркарди як амалиёте, ки тавассути корти дебетӣ дар корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ анҷомдода мешавад, аз арзиши коркарди амалиёт  нақди навассути хазинаҳои бонк 10 маротиба арзонтар аст.

Шарти муҳими тавсеаи қабули кортҳои пардохтӣ дар корхонаҳои хурду миёнаи соҳаҳои тиҷорату хизматрасонии Ҳиндустон 50 дарсад кам кардани арзиши POS терминалҳо буд, ки соли 2002 ҷорӣ гардида буд.

Ҳоло дар Шветсия танҳо 1–05 дарсади амалёти моливии хариду фурӯш, кор ва хизматрасониҳо тавассути нақдӣ анҷом дода мешавад. Дар ин кишвар, ҳатто беш аз 40 дарсади пардохтҳои калисо тавассути интиқоли бонкӣ қабул карда мешаванд. Чунин вазъ айнан дар кишварҳои Дания, Исландия ва Норвегия низ ҷорӣ мебошад.

Дар Шветсия ҳануз аз соли  1661 дар ҷаҳон аввалин ба ҳисоб меравад, банкноҳо ба муомилот бароварда шуда, то кунун амал мекунад. Дар Британияи Кабир беш аз 52 дарсади амалёти молиявӣ тавассути пардохтҳои электронӣ анҷом мегиранд.

Соли 2022 ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла тавассути кортҳои бонкӣ, воситаҳои пардохти онлайн, векселҳои тиҷоратӣ, интиқоли кредитӣ ва ғайра дар Чин 4 415,56 триллион юанро ё тақрибан 695,27 триллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли гузшта беш аз 10 фоиз зиёд мебошад.

Тавре болотар қайд карда гузаштем, коркарди пардохтҳои электронӣ нисбат ба пули накд хеле арзонтар хоҳад буд. Масалан, дар Норвегия арзиши миёнаи ҳар як амалиёти нақдӣ 7,1 крон ($0,92) ташкил дода, нисбат ба амалиёти ғайринақдӣ тақрибан 72 дарсад гаронттар мебошад.

Дар Ӯзбекистон дар натиҷаи беҳтар гардидани инрасохторҳои рушди низоми ғақринақдӣ, боварию эътимоди мардум вобаста ба истифодаи кортҳои бонкӣ ва дигар воситаҳои ғайринақди давра ба давра боломеравад. Аммо бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам сатҳи истифодаи пули нақдӣ дар кишвар баланд аст.

Ҳоло тибқи маълумот, ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти Қирғизистон 46,6 дарсадро ташкил дода, нисбат ба кишварҳои аз лиҳози иқтисоди пешрафта  беш аз 2 маротиба кам мебошад.

Соли 2022 дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳиссаи амалёти ғайринақдӣ 82,5 дарсадро ташкил дода, нисбат соли гузашта, 4,8 банди фоизи зиёд мебошад. Дар ин давра  ҳаҷми муомилот тавассути кордҳои пластикӣ 102,8 трлн тенге ё 99 фоизи ММД-ро ташкил намудааст.

Тибқи маълумот соли 2022 ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар Федератсия Русия 77,7 фоизро ташкил намуда, ки ин нисбат соли 2021-ум 3,7 банди фоизи зиёд мебошад. Дар давоми панч соли охир вазни киёсии пардохтхои гайринакдй тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфтааст

Ҳамин тавр, ҳоло дар ҷаҳон 10 кишвар ҳамчун пешсафони низоми ғайринақдӣ ба ҳаисоб мерасанд, аз ҷумла:

Белгия. Дар ин кишвар  ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳаҷми умумии пардохтҳои истеъмолӣ 93% ва дорандагони корти дебетӣ 86 фоизи аҳолиро дар бар мегирад. Ин рақам дар Фаронса 92–69%, Канада 80–88%, Британия 89–88%, Шведсия 89–98%, Австралия 86–79%, Нидерландия 85–98%, ИМА 80–72%, Олмон 76–88%, Куриёи Ҷанубӣ 70–58%, Руссия 53–41 фоиз.

Дар заминаи факту рақамҳои овардашуда метавон хулоса намуд, ки  бо вуҷуди рушди мунтазами низоми пардохти ғайринақдӣ, ки аз ҷорӣ гардидан он тақрибан 70 сол сипарӣ гардад ҳам, вале сифати рушди он ҳануз қонекунанда нест, чунки ҳоло тибқи маълумоти корпоратсияи фаромиллӣ, молиявии «Mastercard» 85 дарсади амалёти хариду фурӯш дар ҷаҳон нақдӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба андешаи коршиносони соҳавӣ, рушди низоми пардохти ғайринақдӣ ба рушди иқтисодиёт мустақиман таъсири ҳалкунанда хоҳад расонид. Тибқи арзёбиҳо, ба андозаи ҳамагӣ 1 банди фоизи афзоиш ёфтани ҳаҷми муомилот тавассути кордҳои пластикӣ метавонад боиси то 75 миллиард доллар барои кишварҳои пешрафта ва 29 миллиард доллар ба ММД кишварҳои дар роҳи рушд қарордошта маблағҳои иловагӣ ворид намояд. Масалан танҳо дар давоми солҳои 2011–2015 дар Федератсия Русия аз ҳисоби интиқоли як қисми пардохтҳо бо пардохтҳои ғайринақдӣ ба маблағи 26 миллиард доллар ба буҷет маблағи иловагӣ ворид карда шуд. Ин далели возеҳи нақши муҳим доштани рушди низоми ғайринақдӣ дар ҳамаи соҳаҳои иётисодиёт мебошад.

Аз ин нуқтаи назар, иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба  васеъ ҷорӣ намудани низоми ғайринақди, бисёр масъалаи муҳим ва саривақтӣ мебошад. Дар ин замина минбаъ низ андешидани ҷораҳои зарурӣ, хусусан дар самтҳои зерин ба мақсад мувовиқ мешуморем: баланд бардоштани сатҳи таъмини нуқтаҳои савдо, кор ва хизматрасониҳо бо дастгоҳҳои қабули кортҳои пардохтӣ (POS–терминалҳо), фаъол гардонидани корҳо доир ба интиқоли ҳамаи муштариён ба истифодаи системаи хизматрасониҳои бонкии фосилавӣ, пеш аз ҳама, тавассути технологияҳои интернетӣ, фароҳам овардани имтиёзҳои андозӣ ва бонус барои дорандагони кортҳо, ки онҳоро барои пардохти арзиши молу маҳсулот, кор ва хизматрасонҳо истифода мебаранд; ҳавасмандгардонии истифодаи кортҳои кредитӣ дар самти қарздиҳӣ, хусусан қарздиҳии хурд ва ниҳоят баланд бардоштани боварию эътимоди мардум, ичунин, донишу маллакаи молиявию техникии шаҳрвандон

Наҷмудинов М.С.,
мутахассис пешбари Раёсати таҳлилӣ
масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ

Чоп кунед