Торафт шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо ҳар як мамлакатро вазифадор месозад, ки на танҳо дар самти пешгӯйии хавфҳо, коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд, балки  ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла  таввасути такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ таваыыущи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Чунки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки бидуни иқтисодиёти бозории озод, истеҳсолкунандаи мустақил ва фаъолнокии соҳибкорӣ, таъмин намудани рушди бемайлони иқтисоди миллӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ ғайриикон  аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рушди устувори минбаъдаи худрро дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ кардааст ба инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ бо дарназардошти нақши муҳим доштанаш дар ҳалли масоили иқтисодию иҷтимоми мамлакат, диққати махсус дода,  дар ин самт пайваста тадбирҳои муассири давлатӣ, андешида мешаванд. Зеро тибқи омори расмӣ, ҳоло беш аз 70 дарсад маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, қариб 80 дарсади  пардохтҳои  андозии  буҷети  давлатӣ ва беш аз 67 дарсади  бо шуғл фаро гирифтани аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъоли кишвар низ аз ҷониби  бахши хусусӣ  таъмин карда мешаванд.  Аз рақамҳои овардашуда хулоса баровардан мумкин аст, ки соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди иқтисоди милии мамлакат нақши ҳалкунанда дорад.

Аз таҳлилҳо мушоҳида мегардад, ки ҳамасола, аз ҷумла соли 2020 низ дар натиҷаи чораҳои амалигардида ва идомаи тадбиқи ислоҳот ин бахши муҳимми иқтисодиёт ба дастоварҳои нав ба нав ноил мегардад.

Дар маҷмȳъ, соли 2020-умро бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ низ соли  бобарор ва мусбат метавон арзёбӣ намуд, чунки дар соли ҷорӣ ин бахши муҳими иқтисодиёт сарфи назар аз  хуруҷи бемории сироятии каронавирус COVID-19 ба  комёбиҳо назарас ноил гардид, аз  ҷумла чунин дастовардҳоро метавон ном бурд:

  • Афзоиш ёфтани ҳаҷми ҷалби сармояи хусусӣ ва дар ин замина, то 10 дарсад расидани  ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ;
  • Ба даҳгонаи кишварҳои  пешсафи ислоҳотгар  шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ташкил ва пешбурди  соҳибкорӣ ва дар  ин замина боз ҳам устувор гардидани мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ;
  • Бо дарназардошти таъсири  пандемияи COVID-19  ба соҳибкории хурду миёна  ва дигар таҳдиду хатарҳои эҳтимоли таҳияи  «Барномаи дастгирии  давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои  2021–2030»;
  • Таҳияи лоиҳаи  Кодекси андоз дар таҳрири нав. Бояд таъкид намуд, ки лоиҳаи мазкур дар муқоиса бо Кодекси андози дар соли 2013 қабулгардида аз бисёр ҷиҳат аз ҷумла, аз лиҳози шумораи андозҳо ва меъёрҳои он, инчунин, ба маротиб кам гардидани номгӯйи фаслҳо ва содаю оммафаҳм будани матни он бартарии зиёд дорад.  Маҷмӯан, дар беш аз 88 моддаи лоиҳаи Кодекси мазкур тағйиру иловаҳо ворид гардидаст. Илова бар ин, дар лоиҳаи мазкур мафҳуми нав “Мониторинги андозӣ” ҷорӣ гардидааст, ки аз мутобиқ гардидани он ба меъёрҳои байналмилалӣ дарак медиҳад;
  • Таъсис ёфтанини бонки саноативу содиротти Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” дар заминаи Муассисаи давлатии “Фонди” дастгирии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таъсиси чунин бонк агар аз як тараф, боиси афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигронидашуда гардад, аз ҷониби дигар, дар зиёд гардиданӣ қарзҳои имтиёзнок ва дастрасии соҳибкорон ба он таъсири мусбат мерасонад;
  • Шумораи мақомоти санҷишӣ  5 адад,  номгӯйи мақомоти иҷозатдиҳанда 7 ва  то 27 адад кам гардидани номгӯйи ҳуҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соли 2020;
  • Эълон гардидани мораторияи навбатӣ  ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти  субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории  истеҳсолӣ ҷиҳати   дастгирии  фаъолияти соҳибкорӣ ва бартараф кардани  монеаҳои мавҷуда дар ин самт;
  • Тавсиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 июли соли 2020 №1544“ Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба  иқтисодии мамлакат. Зикр кардан ба маврид аст, ки аз шумораи умумии имтиёзҳои дар доираи фарнмони мазкур пешбинигардида тақрибан 60 дарсадаш барои дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидааст;
  • Аз 2,9 милиард то ба 39 миллиар сомонӣ расидани ҳаҷми имтиюзу сабукиҳо ба рушди субъектҳои соҳибкорӣ дар соли 2020. Аз ин нишондиҳандаҳо 22,4 миллиар сомонӣ ба  имтиёзҳои андозӣ ва 20,7 миллиард сомонӣ имтиёзҳои гумрукӣ рост меояд;
  • Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ роҷеъ ба иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ –  саноатикунонии босуръати кишвар ташкили беш аз 83 корхонаи нави саноатӣ, бо таъсиси 1135 ҷойи кори дар соҳаи саноат;
  • Дар сатҳи 10,7 дарсад таъмин гардидани рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва дар ин замина то 1,5 дарсад афзоиш ёфтани ҳаҷми содироти молу маҳсулот;
  • То 3500 адад зиёд гардидани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ва аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноати коркард, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ бо такя ба бахши хусусӣ таъсиси зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ.

Ҳамин тавр аз факту рақамҳои овардашуда метавон хулоса намуд, ки  соли 2020-ум бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ, аз ҷумла хуруҷ ва таъсири бемории сироятии каронавирус COVID-19 барои фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ соли  бобарор буд. Вале бо вуҷуди дастовардҳои назаррас ҳоло ҳам дар самти ташкили фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим ба иқтисодиёти мамлакат андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд. Бинобар ин, идома додани ислоҳоти  дахлдоро дар ин самт мувофиқи мақсад мешуморем.

Одинаев А.И.,

сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои

соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ

Чоп кунед