Санаи 13 октябри соли 2021 нишасти 17-уми роҳбарони хадамоти амниятӣ ва ниҳодҳои истихборотии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) доир гардид, ки дар кори он Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин тариқи видеоконфронс иштирок намуд. Баргузории чунин як нишасти муҳим дар ҳоле сурат гирифт, ки давлатҳои ҷаҳон дар рӯ ба рӯи як қатор чолишу буҳронҳо қарор доранд. Алабатта, ин буҳронҳоро шаклгирии равандҳои канораи сиёсӣ, тавсеа ёфтани хатари ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ, мушкилоти экологӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, авҷи бемориҳои сироятӣ ва ғайра тақвият бахшидаанд. Воқеият ва ҳақиқати равандҳои  дар ҷаҳон ба вуқуъ омада нишон доданд, ки мавҷудоти дорои тафаккур бо он ҳама кашфиётҳои илмиву техникӣ ва он ҳама зарфиятҳои маърифативу фалсафӣ ҳанӯз натавонистааст, ки маҷрои дурусти рушди бехатарро барои тамоми инсоният пайдо созад. Вобаста ба ин таъкид намудани чанд воқеиятро ба маврид медонем, ки аз яктараф ҳақиқати андешаи зикргардидаро тасдиқ менамояд ва аз тарафи дигар муҳимму саривақти будани арзёбиву мавқеъ ва нигоҳи Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов вобаста ба таҳаввулоти охири минтақа дар чорабинии нишасти 17-уми роҳбарони хадамоти амниятӣ ва ниҳодҳои истихборотии кишварҳои узви ИДМ собит менамояд.

  1. Муддати як сол аст, ки ҷаҳон дар мубориза бо буҳрони бемории сирояти коронавирус қарор дорад. Ин буҳрон аз чанд ҷиҳат ба давлатҳои ҷаҳон таъсири манфии худро гузошта истодааст. Аз идомаи қарантинҳои сахту нарм то баста мондани марзҳо, аз фаъолият боз мондани корхонаҳои хурду бузург дар сартосари ҷаҳон то афзоиш ёфтани нархи маҳсулотҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ин ҳама дар  ҳошияи зуҳур ва паҳн гардидани  бемории сироятии коронавирус ба вуҷуд омада, ки дар пай буҳрони иқтисодиро барои давлатҳо  ҷо гузошт.
  2. Масъалаи дигар ин, ки солҳои охир манфтатҷӯи давлатҳои абарқудрат нисбат ба солҳои пеш бештар намудор гардида истодааст. Тарҳрезии сенарияву барномаҳои нави моҷароҷуёна ва кӯшиши татбиқи онҳо дар минтақаҳои алоҳида аз ҷониби абарқудратҳо далели  равшани гуфтаҳои болост. Зимнан, хуруҷи неруҳои ҳарбии Амрико аз қаламрави Афғонистон ва суқути Ҳукумати расмиву ба дасти Ҳаракати террористии Толибон гузаштани ҳокимият вазъи сиёсии Афғонистонро ба буҳрони нав ворид намуда, давлатҳои минтақа ва ҷаҳонро нигарон кардааст.

Албатта, дар нишасти роҳбарони роҳбарони хадамоти амниятӣ ва ниҳодҳои истихборотии кишварҳои узви ИДМ низ яке аз масъалаи асосиро баррасии вазъи амнияти кишварҳо дар пасманзари буҳрони охири Афғонистон ташкил дода буд. Маврид ба зикр аст, ки дар нишасти мазкур Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар асоси таҳлилҳои ҷиддӣ, фактҳои воқеӣ ва нигоҳи стратегӣ суханронӣ намуда, вазъи амниятии минтақаро шарҳ дод. Дар нишаст Саймумин Ятимов аз таҳаввулоти охири дар Афғонистон ба вуҷуд омада сухан карда, омилҳои эҳтимолии афзоиши хатарҳоро арзёбӣ намуд. Тавре дар суханронии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов таъкид гардид: “Мо бовар дорем, ки вазъи кунунии Афғонистон на танҳо барои амнияти Тоҷикистон ва  кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари воқеӣ эҷод мекунад. Ман фикр мекунам барои тамоми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус минтақаҳое, ки аҳолии мусулмон доранд, он хатар эҷод мекунад.”

Дар воқеъ, нуфуз пайдо кардани Ҳаракати террористии Толибон дар Афғонистон эҳтимоли эҷод кардани хатар ба тамоми ҷаҳонро дорад. Дар ин раванд якчанд омилҳое ҳастанд, ки чунин дидигоҳро тақвият медиҳанд. Аввал ин, ки идомаи чунин буҳрон метавонад боиси ташаккули гурӯҳҳои нави экстремистӣ ва террористӣ дар дохили Афғонистон гардад ва онҳо ба як ҷанги комилан шаклан печида ворид гарданд. Масалан, интиқол додани боқимондаҳои ташкилоти террористии “ДИИШ” ба Афғонистон  намунаи зуҳури як хатари ҷиддӣ ба кишварҳои минтақа аст. Сониян, идомаи буҳрони сиёсии Афғонистон метавонад боз солиёни зиёд ин кишварро ба пойгоҳи терроризми байналмилалӣ табдил диҳад ва табиист, ки чунин раванд таҳдид ба тамоми кишварҳои ҷаҳон мегардад. Масъалаи дигар ин аст, ки вазъи буҳронии Афғонистон метавонад дар оянда сабаби пайдоиши гуруҳҳои тундгаро дар минтақа аз ҷумла дар ҳавзаҳои мусулмонишин гардад. Ин воқеияти эҳтимолиро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов низ дар арзёбии вазъи амнияти минтақа чунин таъкид дошт: “Ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки террористон кӯшиши аз дини ислом ҳамчун омил барои ноором сохтани минтақа, аз ҷумла давлатҳои мусулмоннишин доранд.”

Бояд гуфт, баргузории чунин нишаст дар шароити мураккаби Афғонистон ва изҳороти Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов оид ба вазъи минтақа аз чанд ҷиҳат муҳим ва саривақтӣ аст. Дар пайвастагӣ ба ин баён доштани чор нукта муҳим аст, ки моҳияти арзишии онро нишон медиҳад:

  1. Қабл аз ҳама, таҳлил ва суханронии Саймумин Ятимов идомаи мантиқии мавқеъгириҳои Тоҷикистон дар нисбати вазъи буҳронии Афғонистон аст, ки устуворӣ ва зарфияти азими нерӯҳои қудратии кишварро дар ошкор ва пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ нишон дод. Роҳбари хадамоти амнияти кишвар бо фактҳои раднопазир собит намуд, ки вазъ дар Афғонистон он гунае, ки баъзе кишварҳо хуб арзёбӣ мекунанд нест. Яъне, буҳрони сиёсӣ ҳамоно дар Афғонистон печидатар гардида, таҳдидҳои гуногун аз қабили терроризму иҷротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар шаклҳои ҷинояти зиддибашарӣ дар ҳоли афзоиш аст.
  2. Баъдан, таҳлили ҷиддӣ ва инъикоси воқеии вазъи амниятӣ дар минтақа, тамоми давлатҳои узви ИДМ-ро водор месозад, ки бо роҳандози  як тарҳи муҳимми амниятӣ ояндаи суботи минтақаро ҳифз кунанд. Яъне, кӯшиши дастаҷамъонаи таъмини амнияти минтақа дар ин марҳила муҳимтар ба назар мерсад.
  3. Дигар ин, ки Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои узви ИДМ бо Афғонистон марзи тулонӣ дорад ва ин ҳолат аз як ҷониб ба мо даст додааст, ки то дар шинохти равандҳо бештар муваффақ бошем ва аз ҷониби дигар ба он водор менамояд, ки дар ҳифзи сарҳади кишвар бештар ҳушёриро пеша намоем.
  4. Ниҳоятан, арзёбӣ ва нигоҳи стратегии Саймумин Ятимов ба минтақа  паём ва ҳушдорест ба давлатҳо, ки дар муносибат ба вазъи кунунии Афғонистон ва мубориза ба терроризм аз сиёсати дугонаи худ даст кашанд ва дар таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон бо дарназардошти манфиатҳои умумӣ амал кунанд. Чунки, идома сиёсати дугона дар муносибат бо буҳрони Афғонистон дар оянда метавонад барои худи ҳамон кишварҳо таҳдиди ҷиддиро ба вуҷуд орад.

Ҳамин тавр, дар нишасти роҳбарони хадамоти амниятӣ ва ниҳодҳои истихборотии кишварҳои узви ИДМ Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо дарназдошти воқеияти равандҳои ба вуҷуд омада ва буҳрони Афғонистон системаи амнияти давлатҳои пасошӯравиро баҳогузорӣ намуда, ба маврид таъкид дошт, ки дар шароити кунунӣ коркарди василаҳои таъмини амнияти дастаҷамъона дар муқобили терроризм ва  коркарди роҳи самараноки ҳалли қазияи Афғонистон ба манфиати тамоми кишварҳои узви ИДМ аст.

Алиназар Ашӯров,
корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед