Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ташаббусҳои соҳибкоронро дар пешбурди истеҳсолоти ватанӣ, хизматрасонӣ ва иқдомҳои эҳсонкорӣ пайваста дастгирӣ менамояд. Бинобар ин, рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ бо дарназардошти нақши муҳим доштанашон дар ҳаллу фасли масоили иҷтимоию иқтисодӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар муайян гардида аст.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида нишондиҳандаҳои рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ пайваста тамоюл ба афзоиш дошта, соли 2023-ум шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 350 ҳазор адад баробар гардид, ки ин нисбат ба 7 соли охир 5,6 баробар зиёд мебошад. Аммо бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам дар ин самт масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд.
Бинобар ин, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ҷиҳати муайяну мушаххас намудани мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб дар ин самт тадқиқоти амалиро дар мавзуи «Арзёбии монеаҳои маъмурӣ дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ» анҷом диҳад.
Тадқиқоти мазкур бо усули миқдорӣ, яъне пур намудани саволнома дар доираи 14 савол бо фарогирии 50 субъекти соҳибкории дар соҳаҳои зерин фаъолияткунанд, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, сохтмон, дорусозӣ ва хизматрасонии маишӣ назарсанҷӣ гузаронида шуд. Дар тадқиқоти мазкур соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ аз сини 25 то зиёда аз 50 сола ҷалб гардиданд.
Аз шумораи умумии мусоҳибони зери назарсанҷӣ қароргирифта 41,7 фоиз мардҳо ва 58,3 фоизро ҷинси занҳо ташкил медиҳад.
Дар заминаи омӯзиш ва таҳлилу арзёбии масъалаҳои дар заминаи зерин гузошташуда, чунин натиҷаҳо ба даст омаданд:
- Оё Шумо аз имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукии дар қонунгузорӣ пешбинигардида истифода мебаред? Дар робита ба ин масъала, аз шумораи умумии субъектҳои соҳибкории зери назарсанҷӣ фарогирифта 23,0 фоиз ибораи “ҳа”, 43,8 фоиз вожаи “не”, 22,8 фоиз ибораи огоҳ нестам ва 10,4 фоизи боқимонда вожаи “дар ҷавоб мушкилӣ мекашам”-ро интихоб намуданд.
- Кадоме аз мақомоти давлатии зерин бештар ба фаъолияти Шумо монеа эҷод менамоянд? Доир ба ин савол, соҳибкорони ба таҳқиқот ҷалбгардида эҷоди бештари монеаҳои маъмуриро аз ҷониби мақомотиу сохторҳои зерини давлатӣ ба миён гузоштанд, аз ҷумла нозироти андоз–39,4 фоиз, хадамоти санитарию эпидемиологӣ–9,8 фоиз, хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ–12,7 фоиз, мақомоти корҳои дохилӣ–9,9 фоиз, ҳифзи муҳити зист–1,4 фоиз, хадамоти давлатии назоратӣ дар соҳаи энергетика–15,5 фоиз. Аз шумораи умумии мусоҳибон 8,5 фоиз “вожаи дар ҷавоб мушкилӣ мекашам” ва 2,8 фоиз аз ҷавоб ба ин савол даст кашиданд.
Аз рақамҳои баёнгардида, хулоса кардан мумкин аст, ки солҳои охир сарфи назар аз андешидани тадбирҳои судманди давалтӣ доир ба кам намудани монеаҳои маъмурӣ ҳоло ҳам, ин масъала ҳамчун мушкилоти ҳалношуда, бахусус дар минтақаҳои зери таҳқиқот қароргирифта боқӣ мондааст.
- Оё боре шудааст, ки Шумо доир ба ҳолатҳои коррупсионӣ ба ягон мақомот расман муроҷиат карда бошед? Дар иртибот ба саволи гузошташуда, аз шумораи умумии субъетҳои соҳибкории дар соҳаҳои гуногун фаъолияткунанда 100 фоиз вожаи “не”-ро интихоб намуданд.
- Шумо қабули қодекси андоз дар таҳрири навро чӣгуна арзёбӣ мекунед?
Вобаста ба ин мавзуъ, соҳибкорони зери назарсанҷӣ қароргирифта чунин ибрози ақида намуданд, аз ҷумла 45,8 фоиз мусбат, 11 фоиз сарбории андоз чун мисли пештара бетағйир боқӣ мондааст, 41,7 фоиз “вожаи дар ҷавоб мушкилӣ мекашам” ва 1,5 фоиз бо сабабҳои ба мо номаълум аз ҷавоб ба ин савол даст кашиданд.
- Шумо дар раванди фаъолияти соҳибкориатон кадом намуди андозҳоро мепардозед? Дар заминаи саволи мазкур натиҷаҳои зерин ба даст омаданд, аз ҷумла соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда: андоз аз даромад – 8,3 фоиз, андози иҷтимоӣ–16,6 фоиз, андози ягонаи замин–2,8 фоиз, патент–16,7 фоиз, шаходатнома бо шартхои махсус–25 фоиз, дар ҷавоб мушкилӣ мекашам–2,8 фоиз, андози низоми содакардашуда– 2,8 фоиз ва даст кашидан аз ҷавоб ба ин савол –25 фоиз.
Соҳибкории бо шаҳодатнома фаъолияткунанда: андоз аз даромад–10 фоиз, андози иҷтимоӣ –10 фоиз, патент–10 фоиз, шаҳодатнома бо шартҳои махсус –20 фоиз, дар ҷавоб мушкилӣ мекашам–10 фоиз, андози низоми содакардашуда–20 фоиз ва даст кашидан аз ҷавоб ба ин савол –20 фоиз.
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд: андоз аз арзиши иловашуда –7,7 фоиз, андоз аз даромад –30,7 фоиз, андози иҷтимоӣ –23,1 фоиз, андози ягонаи замин –7,7 фоиз, андози низоми содакардашуда–7,7 фоиз ва даст кашидан аз ҷавоб ба ин савол 23,1 фоиз.
Рақамҳои баёнгардида, бешубҳа, гувоҳи он аст, ки ҳоло ҳам сатҳи донишу малакаҳои иқтисодии аксари соҳибкорон, бахусус дар шаҳру минтақаҳои дурдасти кишвар, паст буда, андешидани чораҳо доир ба ҳалли масоили ҷойдоштаро тақозо менамояд, чунки дар натиҷаи насарсанҷӣ соҳибкорон андозҳоеро номбар намуданд, ки натанҳо қисман, балки умуман, ба фаъолияти онҳо дахл надорад. Пас маълум мегардад, ки сатҳи донишу малака, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маърифати молиявию иқтисодӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон, бахусус соҳибкорони дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолияткунанда, инчунин, бархӯрдор будан аз нозукиҳои қонунгузории танзими фаъолияти соҳибкорӣ ҳоло ҳам паст аст.
- Агар Шумо соҳибкор бошед, пас меъёри пардохти кадом намуди андоз Шуморо бештар ба ташвиш овардааст? Дар робита ба ин савол, бо дарназардошти шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ натиҷаҳои зерин ба миён омаданд, аз ҷумла соҳибкорони тавассути патент фаъолияткунанда: андоз аз даромад – 8,3 фоиз, андози иҷтимоӣ – 13,9 фоиз, андоз аз арзиши иловашуда – 2,8 фоиз, андози низоми содакардашуда – 13,9 фоиз, андози ягонаи замин – 2,8 фоиз, андози амвол – 2,8 фоиз, патент –8,3 фоиз ва 47,2 фоизи дигар аз ҷавоб ба ин савол даст кашиданд.
Аз шумораи умумии соҳибкорони бо шаҳодатнома фаъолияткунанда 87,5 фоиз андози низоми содакардашударо интихоб намуда, 12,5 фоизи дигар аз ҷавоб ба ин савол, даст кашиданд.
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд: андоз аз даромад – 27,3 фоиз, андоз аз фоида – 9,1 фоиз, андози иҷтимоӣ – 18,2 фоиз, андози низоми содакардашуда – 9,1 фоиз, андози ягонаи замин – 9,1 фоиз, андози амвол – 9,2 фоиз ва 18,2 фоизи дигар аз ҷавоб ба ин савол даст кашиданд.
- Шумо дар фаъолияти худ аз хатҳои нави технологӣ-инноватсионӣ истифода мебаред? Доир ба ин масъала, аз шумораи умумии соҳибкорони ба таҳқиқот фарогирифташуда 27,1 фоиз вожаи “ҳа”, 62,5 фоиз вожаи “не”-ро интихоб намуда, 10,4 фоизи дигар аз ҷавоб гуфтан ба ин савол худори намуданд.
- Ҳоло корхона, ташкилот хоҷагии Шумо бо иқтидори пурра фаъолият менамояд? Вобаста ин савол, натиҷаҳои зерин ба даст омаданд, аз ҷумла 27,0 фози мусоҳибон вожаи “ҳа”, 39,5 фоиз вожаи “не”-ро интихоб намуда, 33,5 фоизи дигар аз ҷавоб гуфтан ба ин савол даст кашиданд.
- Чаро имрӯз корхона, ташкилот хоҷагии Шумо ба иқтидори пурра фаъолият намекунад. Лутфан сабабҳояшро ба таври алоҳида шарҳ диҳед? Дар робита ба ин масъала, 56,3 фоизи мусоҳибони зери назарсанҷӣ қарор гирифта, бо сабабҳои номаълум аз ҷавоб гуфтан ба ин савол даст кашида, 43,7 фози боқимонда, баъзе аз сабабҳои асосии қисман ё пурра фаъолият накардани корхонаҳоро дар таъсири омилҳои зерин баён намуданд:
- дастрасии маҳдуд ба об барои обёрӣ;
- бо иқтидори пурра фаъолият намудан мушкил аст, зеро тафтишот зиёд аст;
- норасоии маблағҳои озоди гардон;
- гарон будани воситаҳои ситеҳсолӣ, бахусус сӯзишворӣ, нуриҳои маъданиву менералӣ, тухмиҳои хушсифат, зархимикатҳо;
- ноустувории вазъи молиявӣ;
- дастрасии кам ба захираҳои қарзӣ-молиявии имтиёзнок;
- хусусияти мавсимӣ доштани фаъолияти корхона;
- надоштани бино, дастрасии маҳдуди субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва биноҳои бекорхобидаи корхонаҳо;
- набудани харидор ва фармоишгар.
- Оё Шумо замини кишоварзии дар ихтиёр доштаатонро пурра истифода мебаред? Вобаста ба ин савол, аз шумораи умумии мусоҳибони зери таҳлил қароргирифта 80 фоиз вожаи “ҳа”, 10,0 фоиз вожаи “не”-ро интихоб намуда, 10,0 фоизи дигар аз ҷавоб гуфтан ба ин савол даст кашиданд.
- Оё Шумо замини кишоварзии дар ихтиёр доштаатонро самаранок истифода мебаред? Дар доираи ин мавзуъ, натиҷаҳои зерин ба миён омаданд, аз ҷумла 36,7 фози кишоварзон вожаи “ҳа”-ро интихоб намуда, 63,3 фози дигари мусоҳибон бо сабабҳои гуногун аз ҷавоб ба ин савол даст кашиданд. Аз рақамҳои мазкур хулоса намудан мумкин аст, ки соҳибкорони дар соҳаи кишоварзӣ фаъолияткунанда, ҳанӯз дар самти стифодаи оқилона ва самараноки замин ба дастовардҳои назаррас ноил нагардидаанд. Илова бар ин, аксари соҳибкорон дар ин соҳа на ба сифати соҳибкор, ки ҳадафи асосии он пеш, пеш аз ҳама, бо харҷи камтарин ба даст овардани фоида аст, балки як воҳиди соҳиби замин ё қисман қонеъсизии талаботи танҳо дохили хоҷагӣ (оила) баромад менамояду халос.
- Ҳоло Шумо аз замини дар ихтиёр доштаатон чанд ҳосил ба даст меоред? Назарсанҷӣ доир ба саволи мазкур натиҷаҳои зеринро ошкор сохт, аз ҷумла 18,2 фози мусоҳибон ҳамагӣ як ҳосил, 27,2 фоиз ду ҳосил ва 54,6 фози дигар аз ҷавоб гуфтан ба ин савол мутлақо даст кашиданд.
- Оё Шумо дар фаъолияти худ аз техникаю таҷҳизоти муосири кишоварзӣ, ки ба коҳишёбии арзиши аслии маҳсулот мусоидат мекунад, истифода мебаред? Дар иртибот ба саволи гузошташуда аз шумораи умумии соҳибкорони ба тадқиқот ҷалбгардида 46,6 фози мусоҳибон вожаи “не” умуман истифода намебарам, 17 фоиз дар сатҳи хеле кам истифода мебарам 18 фоиз бо сабаби вазъи молиявӣ имкони истифодабарӣ надорам ва 18,4 фоизи дигар аз ҷавоб гуфтан ба ин савол худдорӣ намуданд. Дар чунин вазъ истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ба содирот нигаронидашуда ғайриимкон мегардад.
- Ҳоло ба рушди фаъолияти соҳибкории Шумо кадом проблемаҳои асосӣ таъсири манфӣ мерасонанд? Зимни пурсиш бо соҳибкорон ва намояндагони корхонаю муассисаҳои қаблан зикргардида баъзе аз масъалаҳои ҳалталаби зерин дар ин самт ошкор гардида, аз ҷумла 35 фоизи мусоҳибони зери назарсанҷӣ қарор гирифта дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ молиявии имтиёзнок, 20 фоиз баланд ва муҳлати бениҳоят ками қарз, 10 фоиз норасоии маблағҳои озоди гардонро ҳамчун мушкилоти ҳассос интихоб намуда, 35 фоизи дигари мусоҳибон масъалаҳои зеринро ҳамчун мушкилоти ҷойдошта баён намуданд:
- ба даст овардани таҷҳизот ва технологияҳои пешқадами муосир;
- дарёфти нуқтаҳои фурӯши маҳсулот;
- мавҷуд набудани дастгириҳои моддию молиявӣ ҳангоми талафи ҳосили маҳсулот (дар натиҷаи хушксолӣ, коҳиши якбораи нарх ва ғ.);
- зиёд будани ашхоси миёнарав дар бозор;
- норасоии мутахассисони соҳибтаҷриба;
- мунтазам афзоиш ёфтани арзиши воситаҳои истеҳсолӣ (нуриҳои менералӣ, сӯзишворӣ, заҳрхимикатҳо, дасирасӣ ба тухмиҳои хушсифат);
- кам шудани талабот бо сабабҳои воридоти зиёди молу маҳсулот аз хориҷи кишвар;
- надоштани молумулк ё дигар техникаю таҳҳизотҳои ба сифати гарав истифодашаванда;
- мавҷуд набудани рақобати озоду шафоф дар бозор;
- норасоии ашёи хом бо сабаби надоштани маблағҳои озоди гардон;
Дар маҷмуъ, аз натиҷаҳои умумии тадқиқоти гузаронидашуда метавон хулоса намуд, ки ҳоло бо дарназардошти дастоварду комёбиҳои назаррас, бахусус дар доираи мавзуъҳои ҳамчун савол гузошташуда, ҳануз баъзе мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб дар самти таъмини рушди устувори фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан дар минтақаҳои зерин назарсанҷӣ қарор гирифта мавҷуд буда, масъулинро водор месозад, ки ба ҳаллу фасли масоили ҷойдошта дар ин самт тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд. Бартараф намудани монеаҳои дар матни гузориш зикргардида ба рушди ин бахши муҳимми иқтисодиёт боз ҳам такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Одинаев А.И.
Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ