Тавре маълум аст санаи 22-уми соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди Давлати Қатар шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ дар баробари дигар кишварҳо ба рушду густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба бо кулли кишварҳои Осиё ва Африка, бахусус Давлати Қатар, аҳаммияти хосса зоҳир менамояд. Боиси зикри аст, ки Давлати Қатар миёни мамлакатҳои арабӣ аввалин кишваре мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.
Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Давлати Қатар дар ҳамаи соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатовар, аз ҷумла рушду густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳавасманд мебошад.
Дар доираи сафари давлатии Президенти мамлакат ба ин кишвар дар баробари дигар соҳаҳо дар самти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ як зумра санадҳои муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расидан, ки муҳимтарини онҳоро чунин хулоса намудан мумкин аст, аз ҷумла:
- Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти танзимкунандаи фаъолияти хайриявӣ дар Давлати Қатар;
- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти минтақаҳои озоди Қатар;
- Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар.
Дар баробари ин, минбаъд рушду тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои зерин, бахусус таъсиси гурӯҳи кории алоҳидаи муштарак ҷиҳати омӯзиш ва мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар ва Бунёди муштараки сармоягузориҳои Қатар ва Тоҷикистон, роҳандозӣ лоиҳаҳои нақлиётӣ-транзитии муштарак ҷиҳати тавсеаи шабакаҳои логистикии миёни ду давлат барои мусоидат ба ҳамлу нақли бор ва мусофирон, инчунин, транзит ба кишварҳои дигар, ҷалби сармоя ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан ва дорусозӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ зарур шуморида шуд.
Санадҳои баимзо расида ва зарур шуморидани ҳамкориҳои судманд дар доираи бахшу соҳаҳои баёнгардида, бори дигар собит месозад, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки муносибатҳо байни ҳар ду кишвар ба ҳисоб мераванд.
Зимни ин сафари пурмасъул инфрасохтори мавҷуда ва имконияҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар заминаи фаъолияти панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ, чор долони нақлиётии Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (КАРЕК), имконоти фарохи соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозӣ, сарватҳои зеризаминӣ, имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ ва кафолатдиҳӣ дар қонунгузории кишвар доир ба соҳибкорону сармоягузорон пешниҳодгардида, ба таври васеъ муаррифӣ гардиданд.
Дар маҷмуъ, амалӣ намудани имкониятҳои мавҷуда, на танҳо ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ҳар ду кишвар, балки ба боз ҳам баланд гардидани нишондиҳандаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар ҳамаи бахшҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатовар, бахусус тавассути иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории ба рушди соҳаҳои афзалиятнок нигаронидашуда, афзоиши ҳаҷми содироту воридоти молу маҳсулот, боркашонӣ, инчунин, тақвияти ҳамкориҳои бахши хусусии ду кишвар таъсири ҳалкунанда хоҳад расонид.
Аз ин нуқтаи назар, сафари Пешвои миллат ба Давлати Қатарро метавон як сафари пурмасъул, бахусус дар самти тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, унвон намуд, зеро дар баробари баррасии дигар масъалаҳои марбут ба ин самт, аз шумораи умумии санадҳои зимни сафари мазкур имзогардида беш аз 55 дарсадаш бевосита ба бахшҳои иқтисоду тиҷорат рост омада, ки ин далели возеҳу равшани ин гуфтаҳо мебошад.
Ҳамин тавр, ба андешаи мо, татбиқи васеи имкону зарфиатҳои зикргардида, бахусус тавассути талошҳои муштарак ба рушду нумуи бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ имкон фароҳам меорад, ки дар ин самт ҳар ду кишвар дастовардҳои назаррас ноил гардад.
Одиназода А.И., сардори
Раёсати таҳлилӣ масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ