Дар шароити зоҳиршавии таҳдидҳои нави замони муосир артиши миллӣ воситаи муҳимтарини ҳимояи ватану сарзамин аз ҳатарҳои берунӣ ба ҳисоб рафта, дар низоми таъмини амнияти ҳарбии кишвар мақому манзалати хосса дорад. Ҳамзамон қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол муқаддасот ва нишонаҳои муҳими давлатдории мо тоҷикон буда, таҷассумгари суннату ормонҳои волои ниёгон ба ҳисоб меравад. Дар масири дури таърихи миллат намунаҳои барҷастаи артишро метавон мушоҳида намуд. Эҳёи артиши миллӣ дар шароити давлатдории миллии тоҷикон таҷассумгари муҳимтарин рукни давлатдории ниёгонамон дар сақфи таърих мебошад.
Аз назари таърих, мафҳуми «артиш» баробари суннатҳо ва рукнҳои давлатдории ниёгони мо тоҷикон ташаккул ёфта, дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ рисолати муқаддаси худро иҷро намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 дар яке аз баромадҳои худ нақши Артиши миллиро дар раванди барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи сиёсию ҳарбӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ махсусан муҳим қайд намуданд.
Дарвоқеъ, таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пояҳои истиқлоли сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон аҳамияти ҳаётан муҳим касб намудааст. Амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳимояшавандагии манфиатҳои ҳарбии кишвар дар назар дошта мешавад, ки он дар низоми манфиатҳоии миллӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Манфиатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити феълӣ манофеи бақодории мамлакат, аз ҷумла ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар, якпорчагию ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ ва ҳимояи кишвар аз таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд. Дар ин замина эҷоди тавозуни стратегӣ ва таҳкиму густариши ҳамкориҳои стратегӣ ҳамчун бахши муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми манфиатҳои ҳарбии кишвар нақши муҳим дорад. Таҳкиму ҳимояи манфиатҳои ҳарбӣ асоси фаъолияти Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои кишвар маҳсуб меёбад.
Илова бар ин, сохторҳои мухталифи Артиши миллӣ рамзи олии ватану ватандорӣ, сипари воқеӣ аз таҳдидҳои ҳарбӣ ва пойдевори истиқлоли давлатӣ дар шароити рушди давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Аз ин нуқтаи назар Артиши миллӣ дар шароити дигаргуниҳои нави ҷаҳонӣ барои кишвари мо нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон, асоси пойдории давлат ва мазҳари идеалу ормонҳои таърихии миллат маҳсуб меёбад. Зеро ягон давлат бе артиши миллии муқтадиру муҷаҳҳаз пойдор буда наметавонад.
Бояд ёдовар шуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нихоят ҳассос ва басо мушкили таърихие ташаккул ёфт, ки заминаҳои моддиву техникии он дар маҷмуъ ба сифр баробар буд. Махсусан дар он шароит кишвари мо тавассути ватанхоҳони худхоҳу дуруғин ва душманони сохти конститутсионӣ, ки ба арзишҳои дунявият дар сохтори нави давлатдорӣ ситеза доштанд, ба гирдоби кашмакашиҳои даҳшатангез кашида шуда буд. Эҳёи Артиши миллӣ дастоварде буд, ки ба музаффариятҳои мамлакат дар шароити эҳёи давлатдории миллӣ дастовардҳои сифатан нав зам намуд, ки бузургтаринаш пешгирӣ намудани хатари аз байн рафтани давлату миллат ва таҳкиму густариши мақсадҳои миллӣ дар масири минбаъдаи давлатдорӣ буд. Махсусан нақши барҷастаи онро дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти ҳарбию сиёсии мамлакат дар шароити пуртазоди низои таҳмилӣ метавон арзёбӣ намуд, ки ҳамчун рисолати таърихӣ шоистаи таҳсину офарин аст.
Самтҳои афзалиятноки таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар меҳвари сиёсати дохилӣ карор дорад, балки он дар сиёсати хориҷии кишвар низ ҷойгоҳи хосса дорад. Махсусан ҳамкориҳои амниятию ҳарбии кишвар бо шарикони стратегӣ дар чаҳорчӯби СААД ва СҲШ дар шароити афзалияти геополитикӣ пайдо намудани минтақаи Осиёи Марказӣ махсусан муҳим мебошад.
Ҳамин тариқ, мардуми шарифи кишвар дар остонаи таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин рӯ, аскарони ҷонбакафи сохторҳои мухталифи Артиши миллии кишвар ва дигар ниҳодҳои давлатиро, ки дар таҳкиму ҳимояи манфиатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши тақдирсоз доранд бо ин рӯзи фархунда муборакбод гуфта, дар самти таъмини амнияти манфиатҳои бақодории ватани аҷдодӣ дар шароити пуртазоди минтақа ва ҷаҳон муваффақият таманно менамоем. Мардуми шарифу хештаншиноси кишварро низ мебояд аз ҷабри таърих ва гузаштаи фоҷиабори хеш сабақ гирифта, дар баробари Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватани азиз бошанд.
Баротов Исроил,
муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои
амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон