Боиси шукргузории зиёд аст, ки имрӯз дар саросари кишварамон сулҳу субот тантана дораду мардум дар фазои оромиву осоиштагӣ осудаҳолона кору зиндагӣ менамоянд. Симои шаҳру деҳотамон аз баракати сулҳу субот, сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол ба таври шинохтанашаванда дигаргун ва ободтару зеботар мегардад.
Агар саҳифаҳои начандон дури таърихи кишварамонро варақгардон намоем, хоҳем дид, ки 28 сол муқаддам дар кишварамон нооромӣ, ҷангу хунрезӣ ҳукмфармо буду мавҷудияти миллату давлатамон зери бори суол қарор дошт. Он рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ агарчи аксари мардум аз нарасидани озуқа сахт танқисӣ мекашиданд, вале аз хурд то бузург танҳо орзуи оромиву осоиштагӣ дар дил доштанд. Аммо гӯё шӯълаи умед дар дилҳо хомӯш гардидаву ба рӯзи хушу пурсаодат расиданро касе бовар надошт.
Яке аз вазифаҳои муҳимтарини солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таъмини амният, сулҳу субот ва манфиатҳои давлату миллат ба шумор мерафт, ки ба он танҳо бо таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ муваффақ шудан имкон дошту халос. Ин худ воқеияти таърихист, ки бе Қувваҳои Мусаллаҳ – таъминкунандаи амнияти кишвар ва оромию осоиштагии мардум ҳеҷ давлату миллате вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин хотир, роҳбарияти давлат таҳти роҳбарии Сардори давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил шудан ба ин мақсад тадбирҳои зарурӣ андешида, ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатсозии хеш ноил гардиданд.
Дар санаи 23-юми феврали соли 1993 Артиши миллӣ бе заминаи дурусти моддию техникӣ таъсис ёфт. Новобаста аз ин рӯҳияи баланди ҳар як нафар сарбоз, ки сидқан ба он шомил гардидаву ҳифзи тамомияти Ватан ва манфиатҳои миллату давлатро қарзи фарзандии худ қарор дода, дар ин роҳ ҷоннисорӣ намуданро барояшон шарафу ифтихор дониста буданд, ба Қувваҳои Мусаллаҳамон иқтидору тавоноӣ мебахшид.
Соли 1994 Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона пирӯзӣ ба даст оварда, баланд бардоштани базаи моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз муҳимтарин вазифаҳои барномавии худ қарор дода, ба он комилан муваффақ гардиданд.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон дар тӯли солҳои мавҷудияти худ на танҳо аз лиҳози техникӣ муқтадир гардид, балки он барои дар рӯҳияи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти Ватан, ҷасорату мардонагӣ, садоқати бепоён ва фидокорӣ тарбия ёфтани ҳар як хизматчии ҳарбӣ хизматҳои шоиста ба анҷом расонид.
Боиси сипосу шукргузории ҳамешагии мост, ки хизматчиёни ҳарбӣ корнамоии қаҳрамонони гузаштаи халқамонро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ намуда, дар қатъи нооромиҳои кишвар, ҳифзи амнияти халқу Ватан, таҳкими Ваҳдати миллӣ мардонагию шуҷоат ва фидокориҳои бемисл нишон додаанд.
Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ, ки бо кӯшишу талошҳои душманони дохилию берунии давлату миллатамон рӯй дод, дар саҳифаҳои таърихи кишварамон нақши фаромӯшношуданӣ гузошт. Агарчи он барои мо талафоти бисёр оварда, баанҷомрасии онро касе чашми умед надошт, сабақҳои талхи он мардуми моро сарҷамъ сохта, ҳушдор дод, ки мо бояд дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиамонро аз даст надиҳем, фирефтаи дасисаю иѓвои душманони халқу миллатамон нашуда, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро пос дошта, ба қадри истиқлолияти миллату давлатамон бирасем.
Соли равон аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва баимзорасии Созишноми истиқрори сулҳи тоҷикон соли равон 24 сол сипарӣ мешавад, Ҳанӯз ҳам рақибони сиёсии кишвару миллатамон барои дубора барангехтани оташи ҷанг ва халалдор кардани осудагию сулҳу суботи халқу кишварамон талош доранд.
Чуноне Пешвои мауаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли равон таъкид доштанд, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд».
Бо дарназардошти вазъи мавҷуда Пешвои миллат Кумитаи давлатии амнияти миллиро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати ҳимояи устувори сарҳади давлатӣ ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ пайваста чораҷӯӣ карда, назоратро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намояд.
Пешвои миллат, таъкид намуданд, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем. Зеро вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.
Тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз оморда кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ, рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад.
Аз ин хотир, хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд, донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон дар ҳифзи давлату миллат ва истиқлолиятамон саҳми бузург ва шоиста доранд. Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ин эътибор ва шаъну шарафро ба осонӣ ба даст наовардааст. Хизмати содиқонаи ҳазорон сарбозони шуҷоъ ва корнамоиҳои вантандӯстонаи онҳо буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ба комёбиҳои бузург ва шаъну эътибори бепоён ноил гардид.
Ихтиёран хизмат намудан дар сафи қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон қарзи виҷдон ва шаъну шарафи ҷавонмардони ватандӯст аст.
Сарбозони ихтиёрӣ бо ин амали хуб собит менамоянд, ки падару модар ва ватани ҷоноҷонашонро сидқан дӯст медоранду, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат намуда, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва падару модар адо менамоянд.
Ҳар як ҷавонписар бояд фаромӯш накунад, ки ихтиёрӣ ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ, беҳтарин сифати ҷавонмардӣ ба шумор меравад. Ин гуна ҷавонмардон муҳофизони ҳақиқии ватан, фарзандони шоистаи халку миллатанд, ки ҳифзи Ватанро бо амри дил интихоб намудаанд.
Шоистаи таҳсин ва қобили зикр ва аст, ки айни ҳол дар нуқтаҳои муҳими муҳофизатӣ, хосса дар сарҳади давлатамон ба хотири ҳифзи кишвар аз ҳамлаҳои душманон, ҷавонони ѓаюри миллатамон шабҳои бедорхобиро паси сар намуда, фароѓату осоиш ва амнияти моро ҳифз менамоянд. Аз ин рӯ, ҷавонмардони дигар бояд бо нидои дил ба ҳифзи халқу Ватан дар роҳи ҳифзу ҳимояи он омода ва дар лаҳзаҳои зарурӣ дар ин роҳ ҷоннисорӣ намуданро шаъну шараф ва қарзи виҷдонии худ донанд.
Ҳар касе ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати ҳарбиро ба ҷо меорад, чусту чолокӣ, ҷасорат, шуҷоат, далерӣ, мардонагӣ омӯхта, дигар хислатҳои наҷибро дар худ парвариш медиҳад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намуда буданд, ки: «Ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нишонаи бузурги ватандӯстӣ, азму ирода ва ҷасорату далерии ҷавонмардони мо буда, ин сифатҳо зимни хизмати ҳарбӣ боз ҳам ташаккул меёбанд».
Айни замон имконияту шароитҳои хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтару хубтар гардида, дар қисму воҳидҳо, ҳазорҳо нафар ҷавонони кишварамон хизмати ҳарбиро сарбаландона ба ҷо оварда истода, садоқати худро ба халқу Ватан ва ба Пешвои муаззами миллатамон нишон медиҳанд.
Имрӯзҳо аз баракати сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишварамон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 воқеъ мегардад, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааанд.
Бо василаи бунёди сислсилаи иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла иншооти соҳаи ҳарбӣ иқтидори муофиавии кишварамон дучанд ва шароитҳои хизмат барои сарбозон боз ҳам беҳтар мегардад.
Мирзо Ашуров,
сармутахассиси Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон