Атиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, кафили соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, нерӯи таъминкунандаи амнияту субот ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ба ҳисоб меравад. Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати миллӣ дорои нуфуз ва мавқеи хосаи хеш мебошад. Воқеан дар таҳкиму таъмини амнияти миллӣ барои ҳар кишвар нақш ва мавқеи артиши миллӣ аввалиндараҷа маҳсуб мешавад. Артиши миллӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим такягоҳ ва сипари ҳар давлат ҳисобида мешуд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим кишварҳо барои мусаллаҳкунӣ ва муҷаҳҳазонидани Артиши миллии хеш, ҳама имкониятро истифода намуда, мекушиданд дорои артиши тавонои пуриқтидор бошанд. Нақши Артиши миллӣ барои ҳифзи кишвар аз ҳаргуна хатарҳои беруна ва танзими вазъи дохилӣ калидӣ ба ҳисоб рафта, ҳамеша дар меҳвари диққати ҳар давлату роҳбари он қарор дошт. Аз замони қадим шахсони низомӣ ва афсарони бомаҳорату бомалака табақаи элита ба ҳисоб мерафтанд. Маҳз артиши тавоно ба империяҳо имкон дод, ки ҳудудҳои зиёдеро ишғол намуда дар таърихи башарият ҷойгоҳ ва нуфузи хешро муайян созанд. Дар ҳақиқат артиши тавонои муҷаҳҳазонида шуда, кафили сулҳу субот, орӣ аз хатар ва оромии ҳар ҷомеа мегардад. Ҳеҷ империяи тавоноеро вохурдан ғайриимкон аст, ки бидуни артиши пуриқтидор бошад. Дар ташкил ва таъсиси артиши тавоно мавқеи сарлашкарон ва сарфармондеҳон аввалиндараҷа шумурда мешавад. Таърихи миллати тоҷик бисёре аз роҳбарон ва сарлашкарони далеру шуҷоеро дар ёд дорад, ки баҳри ҳифзи сулҳу субот, таҳкиму таъмини амният ва ҳифзи марзу буми хеш ҷоннисориҳо кардаанд. Давлатдории Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, корнамоиҳо ва қаҳрамониҳои Темурмалик, Спитамен, Деваштич, Восеъ гуфтаҳои болоро тасдиқ менамоянд. Дар ҳақиқат барои ташкили артиши аз лиҳози ҳарб пуриқтидор аз ҳар шахсе, ки мансаби роҳбариро бар душ дорад, маҳорату малакаи зиёдеро тақозо менамояд. Миллати тоҷик ҳануз аз замонҳои қадим дорои артиши тавоно буда, дар ҳифзи марзу бум, таъмини амнияту субот дар ҷомеа, пойдор нигоҳ доштани адолати иҷтимоӣ ҳама имкониятҳоро истифода менамуд.
Дар зарфи қариб се даҳсола Артиши миллии Ҷумуҳрии Тоҷикистон ба як мактаби тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва меҳнату мардонагӣ табдил ёфта, имрӯз дар сафи он даҳҳо ҳазор ҷавони обутобёфта ба камол расида истодаанд. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик бо ҳисси баланди худшиносӣ хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.
Дар замони мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ, низ фарзандони ин миллати содиқ ба Ватан дар сафи Артиш хизмати содиқона кардаанд. Ҳар фарзанди сарсупурдаи ин миллати номдор бо як руҳияи баланди Ватандӯстӣ барои хизмати Модар – Ватан камари ҳиммат баста, онро бо сари баланд анҷом медод. Замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ ҳудуди ҳазорҳо фарзандони миллати тоҷик барои дифои сарзамину Ватан ва ояндаи башрият, зидди душман размида ин сарзамини муқаддасро барои мо наслҳои ҷавон ҳадя намуданд.
Тавре аз таърих маълум аст, пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ як зумра кишварҳо, алалхусус кишвари моро ба вазъияти номусоиде рӯ ба рӯ намуд. Кишваре, ки нав ба зинаи аввалияи истиқлол қадам ниҳод ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вазъи мавҷуда кишвареро, ки бе ин ҳам дучори мушкилиҳои зиёд буд, ба мушкилии нав рӯ ба рӯ сохт. Он замон дар кишвар Артиши миллӣ вуҷуд надошт, то вазъи ба миён омадаро бартараф намояд. Мутаассифона баъзан нафарон бо дастгириву сармоягузории хоҷагони беруна даст ба амале заданд, ки таъмини амният ва пойдории сулҳу суботро дар кишвар ба коми яғмо бурда, кишварро ба оташи ҷанг кашиданд. Дар таърихи бисёр қавму миллатҳо вохурдан мумкин аст, ки нафароне пайдо мешаванд ва ҷаҳд менамоянд, то чархи рушди кишварро ба самти пеш ҳаракат диҳанд, аммо дар ин замина низ инсонҳое падид омадаанд, ки хостори равона сохтани ин чарх ба самти ақиб буданд. Мақсад аз гуфтаҳои боло он аст, ки ин ҳамон нафароне ҳастанд, ки воқеаҳои солҳои 90-умро дар кишвар болои ин халқу миллат оварданд. Талафоти ҷонӣ, хисороти иқтисодӣ, харобкорӣ, оворагӣ ва бесарусомониҳое, ки бар сари ин миллати соҳибтамаддун оварда шуд, ки саҳифаҳои таърих ёд надорад. Ин ҳама бо кумаки бадхоҳон ва душманони берунии миллат пурра тарҳрезӣ гардида, идора карда мешуд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун кишвари тозаистиқлол ба саҳнаи сиёсии ҷаҳон ворид шуда истода буд, бартараф намудани мушкилиҳои номбурда дар мадди аввал қарор дошт. Баҳри бартарафнамоии мушкилиҳои зикршуда, пеш аз ҳама, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси Ҷувваҳои мусаллаҳи тавоно ниёз дошт. Таърих шаҳодати онро медиҳад, ки дар аксар халқу миллатҳо, доштани шахсияти барҷаста, тавонову кордон пеш аз ҳама ватандӯсту пурифтихор шарти аввали расидан ба озодӣ, ободӣ ва пешрафт ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём дорои шахсиятҳои барҷаста дар соҳаҳои мухталиф аз қабили сиёсат, иқтисод, илм ва маориф буда, дар замони муосир низ шахсияти барҷастаеро ба майдони сиёсат ворид намуд, ки дар таърихи давлатдории миллати тоҷик саҳифаҳои наверо боз намуд.
Хушбахтона, бо азму талоши Пешвои хирадсолори миллат 23 феврали соли 1993 Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, аввалин гузашти низомӣ дар маркази шаҳри Душанбе доир шуд, ки он заминаи асосии таъсиси Артиши миллӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз артишҳои таҷрибадору ҷангдида, далеру шуҷоъ дар минтақа ба ҳисоб меравад. Оид ба нерӯву тавоноии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ баҳои баланд додаанд. Хомуш сохтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу субот яке аз барҷастатарин корнамоиҳои Артиши миллӣ дар самти таҳкиму таъмини амнияти давлат ба ҳисоб рафта, имрӯз он ба ниҳоде табдил ёфтааст, ки кулли мардум ба иқтидору тавоноии он эътимоди хоса даранд. Ҳама сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 феврал ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Қувваҳои мусаллаҳ дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат қарор дошта, ҳама имконияҳоро барои пурзурнамоии ин ниҳод истифода менамоянд. Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси ОлӣПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тақвияти ниҳоди мазкур чунин қайд намуданд: “Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуи ҷиддӣ диҳем. Зеро вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.Тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ, рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад”.
Воқеан, таъмини амният ва ҳифзи марзу буми кишвар дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, ҷангҳои иттилоотиву психологӣ, ҳамлаҳои кибериву амалҳои террористӣ ва бархурди манфиатҳои абарқудратон кори ниҳоят сангин ба назар мерасад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марзи амн ва ноамнии минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дорад, таъмини амният ва ҳифзи марзу бум аз гурӯҳҳои ифротии кишвари ҳамсоя, яъне Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои кишвари мо ва тамоми минтақа дар мадди аввал гузошта мешавад. Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини вазъи сарҳад ба пуррагӣ баромада истодааст, аммо кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро зарур меояд, дар ин самт баҳри боз ҳам пурзур намудани ин ниҳод саҳмгузор бошанд, зеро кишвари мо заминаи асосии таъмини амният дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 28 соли фаъолияти пурмаҳсулаш тавонист низоми амниятиро дар кишвар таъмин намуда, хатару таҳдидҳои ба вуҷуд омадаро сари вақт бартараф намояд, ки дар ҳақиқат шоистаи таҳсин аст. Воқеаҳои солҳои охир исботи гуфтаҳои боло шуда метавонанд. Дар шароити муосир таъмини амният ва фароҳам сохтани фазои амну осоишта дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, барои ҳар давлат амри зарурӣ ва аввалиндараҷа маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам пурзур намудани ин пояи давлатдорӣ аз ҳама имконоти мавҷуда истифода менамояд. Баҳри боз ҳам содиқона хизмат намудани афсарон ва сарбозони содиқ ба савганди ҳарбӣ, ки ниҳоди асосии таъминкунандаи амният ва сулҳу субот ба ҳисоб мераванд, аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамасола қадрдонӣ мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки таъмин намудани сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳамасола аз ҷониби ҷавонони ватандӯсту шуҷоъ сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби ҷавонон ва тариқи ихтиёри сафарбар шудани онҳо ба сафи артиш, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст. Тартиби даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ бо Қонуни соҳавӣ ва Низомномаи даъвати шаҳрвандони ба синни хизмати ҳарбӣ расида, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда шудааст.
Имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ яке аз имтиҳонҳои асосии мардонагӣ барои ҳар ҷавон ба ҳисоб рафта, институти мазкур мактаби омӯзиши дарси матонат, далериву тавоноӣ, инсондустӣ, меҳру шафқат баҳри ҳифзи марзу бум ва ҳар порча хоки ин сарзамин ба ҳисоб меравад. Боиси хушнудист, ки сол то сол ҷалби наваскарони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ афзоиш ёфта истодааст. Ҳар фарзанди миллати тоҷик, ки аз қадимулайём дорои ҷойгоҳи хеш дар синаи таърихи башар буд, мебояд ин мактаби мардонагиро гузашта, ифтихор аз хизмат ба миллату меҳани хешро дошта бошад. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ҳама таҷҳизотҳои хуби муосири ҷангӣ таъмин буда, дар бартараф намудан ва зада гардонидани ҳама хатарҳои эҳтимолии ба амният таъсиррасон омода аст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хислати мудофиавӣ дошта, нисбат ба ҳеҷ кишвари ҳамсоя ва минтақа ғаразе надорад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таъмини сулҳу амният дар минтақа ва ҷаҳон буда, дар Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл оварда шудааст: “Доктринаи ҳарбӣ хусусияти мудофиавӣ дорад, ки дар муқаррароти он мувофиқати аслӣ ба тарафдории тадриҷии сулҳ бо қатъияти ҳимояи манфиатҳои миллӣ муайян карда шуда, амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқчиёни онро кафолат медиҳад”.
Ҳамасола, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони ба синни 18 расида ба хизмати ҳарбӣ” ба тасвиб расонида мешавад. Тибқи Қонуни қабул кардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват баҳри адои хизмати ҳарбӣ дар ду мавсим ба муҳлати ду моҳ сурат гирифта, муҳлати хизмат дар сафи Артиш 2 сол муқаррар гардидааст. Даъвати мавсими тирамоҳии соли сипари шуда исботкунандаи он аст, ки чигуна ҳама Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо, дар як муддати кӯтоҳ нақшаи иҷроиши худро ба анҷом расониданд. Баҳри боз ҳам хубтар ба роҳ мондани хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, Ҳукумати мамлакат ҳама шароитҳои маишӣ, будубош ва дарсомӯзиро фароҳам сохта истодааст. Имрӯз метавон гуфт, ки парафшонии Парчами сулҳу оромӣ дар кишвари ободу озоди мо, маҳсули дасти родмардон ва ҷавонони бонангу номуси он аст. Инсоният ҳамеша баҳри ҳифзи амнияту субот дар сафи пеши муборизаҳои беамон қарор дорад, зеро он арзишмандтарин ва муҳимтарин василаи ҳаёти олами зинда ба ҳисоб меравад. Мардуми шарифи тоҷик бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо, ки дар фазои сулҳу субот зиндагӣ менамояд, ҳамеша дар пайи рушди Тоҷикистони биҳиштосо, пайрави Пешвои муаззами хеш мебошад.
Шодбахт Сабуров,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон