Охири садаи ХХ ва оғози асри ХХI дар ҷаҳон як қатор хатару муаммоҳо, аз қабили тағйирёбии иқлим, биёбоншавӣ, босуръат нестшавии олами набототу ҳайвонот, авҷ гирифтани бемориҳои гуногун, аз байн рафтани навъҳои набототу ҳайвоноти маҳаллӣ, ба амал омада, тадриҷан онҳо имрӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти чомеаро фаро гирифтаанд. Дар чунин вазъ таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ маҳсуб ёфта, дар ин замина таъмини рушди бахши аграрӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, алҳол ҳабдаҳ дарсади аҳолии сайёра аз гуруснагӣ азият мекашад. Ин рақам, тибқи пешгӯии коршиносон, шояд баъд аз даҳ сол бисту панҷ дарсадро ташкил диҳад. Ҳамзамон, далелҳои омории СММ аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои 70 –уми асри ХХ тақрибан 400 миллион нафар аҳолӣ аз гуруснагӣ азият мекашид. Алҳол ин нишондиҳанда ба 800 миллион ва то соли 2050 ба 1,5 миллиард мерасад. Аз ин ҷиҳат, ҳар як давлат қатъи назар аз сохтори сиёсию иқтисодиаш, баҳри бартарафсозии ин мушкилоти глобалӣ тадбирҳо меандешад. Тоҷикистон низ. Ба гуфтаи олимон, ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон имкони хӯрондану пӯшондани то 10 миллион аҳолиро дорад. Хушбахтона, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин далели воқеиро ба инобат гирифта, баҳри рафъи ин мушкили глобалӣ тадбирҳои судманд андешида, барномаҳои давлатии амнияти озуқаворӣ барои то соли 2015, то соли 2017 ва барои солҳои 2019 – 2023 – ро қабул намуд. Инчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ » ва «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ба тасвиб расиданд. Дар баробари ин, Стратегияи бехатарии озуқаворӣ то соли 2030 таҳия гардид. Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри таъмини волоияти қонун дар ин самт Кумитаи амнияти озуқавориро таъсис дод, ки вазифаи асосии он таъмини амнияти озуқавории кишварамон мебошад.
Ҳоло теъдоди аҳолии кишвар ба 9 миллион расидааст ва тибқи пешгӯиҳо, шояд ин нишондиҳанда то соли 2050 ба 14 миллион расад, яъне бо сабаби босуръат афзудани шумораи аҳолӣ талабот ба обу замин ва маҳсулоти истеъмолӣ зиёд мешавад. Тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, кишварҳое, ки дар бахши аграрӣ сиёсати дуруст ва воқеъбинонаро пеш мебаранд, эътидол ва шукуфоиро дар ҷомеа таъмин карда метавонанд.
Дар Тоҷикистон кишоварзӣ соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ аз рушди соҳаи мазкур вобастагии қавӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ соҳаи кишоварзӣ буда, рушди он солҳои охир дар сатҳи устувор қарор дорад”.
Дар баробари ин, ҷиҳати ҳалли масъала ба баъзе нуктаҳои вобаста низ таваҷҷуҳ намудан ба манфиати кор аст. Дар ибтидо бархе аз олимону коршиносон ҳадс мезаданд, ки муносибатҳои бозорӣ ҳамаи нуқсонҳои ҷомеаро бартараф менамоянд. Воқеияти зиндагӣ бошад, имрӯз собит менамояд, ки маҳз ҷорӣ намудани муносибатҳои бозорӣ омили асосии табақабандии ҷомеаи имрӯза гардидааст. Мутаассифона, дар бораи таъмини амнияти озуқаворӣ пайваста ҳарф занем ҳам, аммо то кунун дар кишвар қонун дар бораи сабади истеъмолӣ, ки дар он меъёрҳои воқеӣ барои аҳолии ҷумҳурӣ муайян шуда бошанд, ба тасвиб нарасидааст. Дар чунин ҳолат баҳои воқеӣ додан ба вазъу дараҷаи ҳалли масъалаи мазкур мушкил аст. Ҳамчунин, то кунун ба таври ҷузъӣ ҳам бошад, нақши таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҳифзи генофонди миллӣ мавриди омӯзиши олимону коршиносон қарор нагирифтааст. Агар ба таърихи ислоҳоти кишоварзии Тоҷикистон назар намоем, маълум мегардад, ки собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 20 – 30 – юми асри ХХ дар Тоҷикистон ислоҳоти бахши аграрӣ гузаронда буд. Ин ислоҳот ба барҳам додани заминҳои меросӣ ва ташкили хоҷагиҳои коллективӣ, яъне ба моликияти коллективии замин мусоидат намуд. Ислоҳоти солҳои 90 – уми асри ХХ бошад, ба барҳамхӯрии хоҷагиҳои коллективӣ ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ асос гузошт. Мутахассисон ин равандро ҳамчун озодкунии (либерализатсияи) бахши аграрӣ ва мутобиқгардонии он ба муносибатҳои бозорӣ тавзеҳу ташреҳ доданд. Қобили зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ то соли 1991 – ум 206 колхозу 362 совхоз фаъолият менамуданд. Дар заминаи онҳо зиёда аз 300 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ таъсис дода шуд. Аз ин ҷиҳат, вақти он расидааст, ки дар доираи барномаҳои қабулшуда, бахусус амнияти озуқаворӣ, тамоюлҳои ислоҳоти соҳаи кишоварзиро аз дидгоҳҳои гуногун мавриди арзёбӣ қарор диҳем.
Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023 дар асоси моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030 ва банди 45 – и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 бармеоянд, таҳия гардидааст. Ҳадафҳои асосии барнома инҳоанд:
– дасткашӣ аз воситаҳои маъмулии идоракунии масъалаҳои таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар мамлакат;
– тавсеаи тамоюли мақсадноки таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ки ба баланд бардоштани сифати озуқаворӣ ва беҳдошти саломатӣ нигаронда шудаанд;
– ҳамоҳангсозии масъалаҳои таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ бо истифода аз консепсияи амнияти озуқаворӣ (он дар амалияи ҷаҳонӣ дар асоси чор унсур – мавҷуд будани озуқа, дастрасӣ ба он, истифодаи босамар ва гардиши устувор қабул шудааст).
Барнома бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва хусусиятҳои рушди соҳаи кишоварзӣ таҳия гардида, чор тамоюлро дар бар мегирад: вазъи таъмини маҳсулоти озуқаворӣ дар мамлакат, дастрасии воқеӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ, таъмини рушди истеҳсолот, сифат, гуногунӣ, ғизонокии маҳсулоти озуқаворӣ ва таъмини назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ.
Самтҳои афзалиятноки ин барнома дастгирии рушди соҳаи кишоварзӣ, рушди соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, идоракунию батанзимдарории давлатии содироту воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, ҳимояи бозори дохилии маҳсулоти хӯрокворӣ, ташкил намудани сатҳи зарурии захираҳои маҳсулоти озуқаворӣ, навсозии технологияю таҷҳизот, ташкили иқтидорҳо барои коркарду нигаҳдории захираҳои маҳсулоти озуқаворӣ ва таъмини назорати бехатарии сифати озуқаворӣ мебошанд.
Хулоса, тавре аз таҳлилҳои боло бармеоянд, таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои муҳими давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буда, ҳалли муваффақи он ба рушди соҳаи кишоварзӣ вобастагии ногусастанӣ дорад.
Ҳасан АСОЕВ,
корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр: jumhuriyat.tj