Масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ хусусияти мураккаби геополитикӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  дорад. Мураккабии он аз  таъсири бисёрсатҳаи омилҳои дохилӣ ва  берунӣ ба вазъи амнияти минтақа бармеояд.

Бояд қайд намуд, ки пас аз соли 2016 дар Осиёи Марказӣ раванди ҳамгироии минтақавӣ идома дорад. Дар баробари ин, як қатор сиғаҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа ва давлатҳои сеюм, аз ҷумла Чин, Россия, ИМА, Япония, Иттиҳоди Аврупо, Ҳиндустон ва ғайраҳо таъсис ёфтаанд. Раванди тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи давлатҳои Осиёи Марказӣ бо абарқудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба бархурди манфиатҳои миллии онҳо оварда мерасонад, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.

Аз  ин  сабаб,  омӯзиши  масъалаҳои ҳамкориҳои  ҳарбӣ – сиёсӣ ва  иқтисодӣ хеле муҳим ва актуалӣ  мебошад. Таҳлили он барои  пешгӯӣ  ва  ба  танзим  даровардани системаи амнияти  минтақавӣ мусоидат  мекунад.

Осиёи Марказӣ дар раванди рақобати стратегии абарқудратҳо дорои аҳамияти муҳими  геостратегӣ  ва  геоиқтисодӣ дошта, омилҳои зерини таъсиррасонро метавон қайд намуд:

  1. Осиёи Марказӣ дубора ба  макони ба  ҳам  таъсиррасонӣ ва бархӯрди ғояҳои  гуногун, диду назарҳои сиёсӣ-иқтисодӣ, ҷараёнҳои  динӣ ва фарҳангӣ  мубаддал гаштааст. Дар баробари ин, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ имкон фароҳам овардаанд, ки идеология  ва ғояҳои тарсафкании худро паҳн намоянд.
  2. Осиёи Марказӣ ба яке аз объектҳои муборизаҳои манфиатҳои геостратегӣ ва  геополитикии абарқудратҳои  глобалӣ  ва  минтақавӣ табдил ёфт, ки байни худ  дар  муборизаи шадид  қарор  дошта, манфиатҳои миллии онҳо на танҳо миёни худ, балки ба манфиатҳои ҳаётан муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ ва принсипҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлатҳои ин минтақа мутобиқат намекунанд.
  3. Аксарияти сарчашмаҳои муноқишаҳо ва омилҳои ба амнияти минтақавӣ хатарзо берун аз минтаќа қарор доранд, ки сабаби асосии як навъ заифӣ ва пешгуинашавандагии системаи амнияти минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Се кишвари Осиёи  Марказӣ бо Афғонистон  ҳамсарҳаданд, ки то ҳанӯз бузургтарин истеҳсолкунандаи маводи мухаддир боқӣ  мемонад.  Чунин ҳолат ба  рушди ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили экстремизму терроризм мусоидат менамояд, зеро он яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории фаъолияти ташкилотҳои мазкур ба ҳисоб меравад.
  4. Новобаста аз он, ки Осиёи Марказӣ ба субъекти муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст, омиле чун мудохилаи кишварҳои сеюм ба корҳои дохилӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Равандҳои воқеаҳои сиёсии охир бозгӯи идома ва то рафт авҷ гирифтани омили мазкур мебошанд.

Дар баробари омилҳои болозикр, омилеро метавон қайд намуд, ки зарурият ва мубрамияти таҳкими амнияти минтақавиро дар Осиёи Марказӣ ба миён овардааст, ки он марбут ба тағйири ҳокимияти сиёсӣ дар Афғонистон мебошад. Чунонки аз хабарҳои матбуоти даврӣ бармеояд, Толибон нияти ба минтақаи наздисарҳадӣ бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон равона намудани 10 ҳазор ҷангҷӯёни мусаллаҳ бо яроқу аслиҳаи муосирро дорад. Ин ҳолат тақозо менамояд, ки мо ба масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ бо назардошти омилҳои нав диққати махсус зоҳир намоем.

Ҳамин тариқ, таъмини  амнияти  миллии  кишварҳои  минтақа дар сурати  таъсиси системаи  бисёрсатҳаи амнияти минтақавӣ имконпазир аст. Дар  ҳоли  ҳозир  кишварҳои  Осиёи  Марказӣ  иштирокчии  фаъоли созмонҳои минтақавӣ ва  байналмилалӣ ба монанди Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи амнияти Дастҷамъӣ (СААД), Маркази  зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил (МЗТ ИДМ) ва ғайраҳо мебошанд, ки ҳам системаи  амниятӣ ҷаҳонӣ ва ҳам минтақавиро ташкил медиҳанд.

Дар дурнамои наздик омилҳои болозикр ба вазъи амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таъсиррасон боқӣ мемонанд. Авҷи рақобатҳои стратегӣ миёни абарқудратҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои Ғарб аз як ҷониб ва Россияву Чин аз ҷониби дигар, ба манфиатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ низ таъсиррасон хоҳанд буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаро пеш гирифта, дар доираи СММ, СҲШ, СААД, ИДМ, МҲТБО, САҲА, дигар созмону ташкилотҳо ва кишварҳои ҷаҳон бо назардошти манфиатҳои миллии давлату миллат ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст.

Содиқова Саодат,
мутахассиси пешбари Раёсати
омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон

Чоп кунед