Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ – пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи расид, кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ, супоришномаҳои пардохтӣ дар раванди ҷорӣ тавассути маблағҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд. Дар муомилоти ғайринақдӣ нақши эквивалентиро ҳамон суратҳисоби электроние, ки дар корт ё дигар воситаҳои эелекторнии истифодашаванда мавҷуд аст, ба миён меояд.
Дар замони муосир воситаҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринакдӣ ба зинаи сифатан нави таҳаввулоти худ қадам мегузоранд. Масалан, дар иқтисодиёти Шветсия, аз рӯйи маълумоти Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ, пули нақд бениҳоят кам ҳаҷми умумии муомилоти пулиро ташкил медиҳад. Дар ИМА бошад, истифодаи ҳисобаробаркуниҳои ғайринақди ба таври бениҳоят васеъ истифода мегардад. Шумораи зиёди кишварҳо ҳоло тадриҷан аз ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ба усулҳои нисбатан мусоид, арзон ва самараноки муомилоти ғайринакдӣ мегузаранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин раванд талош меварзад, ки ҳарчи зудтар ба ҳасобаробаркуниҳои ғайринақдӣ гузарад.
Боиси қайд аст, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи тадбирҳои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшад. Таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта баёнкунандаи он аст, ки густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молявии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғани гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои корупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.
Тибқи Фармони мазкур, шуруъ аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатнома, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, навъҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин, қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад. Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ муваззаф гардидаанд, ки инфрасохтори зарурии қабули пардохтҳои ғайринақдиро омода намуда, амнияти пардохтҳо ва имконияти ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатиро дар тамоми манотиқи кишвар таъмин намоянд.
Воқеан ҳам гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ба сарфи вақту хараҷоти иловагии муштариён мусоидат менамояд. Бояд дар назар дошт, ки минбаъд пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ танҳо ба таври ғайринақдӣ ҷараён мегирад. Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, интизориҳоро дар назди банкомату постерминалҳои хазинаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту коҳишёбии хараҷоти иловагии мардум гардида метавонад.
Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳаммияти хоси иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва мусоид мегардонад. Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, тайи солҳои охир шумораи шабакаи терминалии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) босуръат афзоиш ёфта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эътимоду боварии аҳолии мамлакат ба воситаи муосири пардохтҳои электронӣ ва истифодаи он беш аз пеш зиёд шуда истодааст.
Ҳамзамон, ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ имкон медиҳад, ки пасандозҳо афзоиш ёбанд ва дар соли 2023 раванди ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷалби пасандозҳоро афзоиш дода, дар муқоиса нисбат ба соли 2022-юм 25,5 дарсад зиёд гардонад. Ҳамзамон, ин раванд имкон медиҳад, ки рушди фаъоляти низоми бонкӣ дар кишвар бозҳам беҳтар гардад.
Имрӯзҳо аксари ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ тавассути телефонҳои мобилӣ барномаҳо таҳия намудаанд. Дар ин самт теъдоди зиёди шаҳрвандон дорандагони кортҳои пардохтӣ ва истифодабарандагони замимабарномаҳои махсуси бонкӣ мебошанд, ки тавассути онҳо метавонанд ҳангоми хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ҳисоббаробаркуниро ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд. Ҳоло аксари ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои пешниҳоди навъҳои гуногуни хизматрасониҳои пардохтӣ тавассути телефонҳои мобилӣ барномаҳо таҳия карда истодаанд. Дар баробари ин, ҷиҳати ҳавасманд намудани муштариён ҳаққи хизматрасониро коҳиш дода, барномаҳои бонусӣ, кэшбэк, пардохти фоиз аз амалиёти гузаронидашуда ва дигар роҳу воситаҳои ҳавасмандгардониро пешниҳод менамоянд.
Мусаллам аст, ки тамоми талошҳои пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти он барои баланд бардоштани шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии мамлакат ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Таҳлили вазъи низоми бонкӣ далели он аст, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ тамоми инфрасохтори барномавию техникии заруриро барои татбиқи босамари Фармон дар ихтиёр дошта, дар сурати тақвияти ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ доир ба қабули пардохти ғайринақдии хизматрасонии давлатиро тавассути замимабарномаҳои мобилӣ, шабакаҳои терминалӣ ва дигар роҳу усулҳои хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои болозикр, низоми ғайринақдӣ барои аҳолӣ як қатор афзалиятҳои худро доро мебошад. Махсусан, зарурати бо худ ҳамроҳ гирифта гаштани маблағи калони пул аз байн рафта, ҳамзамон ҳамеша имкони пардохтани нархи моли харидашуда дар дохил ва хориҷи мамлакат вуҷуд дорад. Дар ин радиф, пардохтҳои ғайринақдӣ доираи гардиши пулҳои нақдиро рӯз аз рӯз маҳдуд мекунад. Масалан, барои дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ гирифти пули нақд аз бонкомат зарур нест.
Дигар афзалияти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ин бехатарии пардохти мол ё хизматрасонӣ мебошанд:
- Якум, ин ки онҳо имкон медиҳанд, ки ҳамроҳи худ нақдинаи зиёд гирифта нагардем ва дар хусуси бехатар нигоҳ дошта шудани онҳо дар ташвиш набошем.
- Дуюм, дар сурати гум шудани (дуздӣ, гумшавӣ, нобудсозӣ ва ғ.) ҳамён, пули нақдро яқинан баргардонидан номумкин аст, дар ҳоле ки маблағҳои дар суратҳисоби корти пардохтии бонкӣ ё дар ҳамёни электронӣ бударо зуд банд кардан мумкин аст. Камтар будани хавфи гумшавии маблағи пулӣ ва имкони барқарорсозии он ба соҳиби маблағ таҳти ҳимоя будани онҳо боварӣ мебахшад.
Маълумот дар бораи ҳамаи он маблағҳое, ки барои молу хизматрасонии гуногун харҷ гардида, дар воситаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад, имконият медиҳад, ки пайваста ин хароҷот пайгирӣ карда шавад. Вақте ки дар бораи маблағҳои харҷкардаатон маълумот доред, метавонед ба саволи “Пул ба куҷо рафт?” ҷавоб пайдо намоед. Ба воситаи корти пардохтии бонкӣ пардохт кардани моли харидашуда–воқеан супориши мо ба бонк аст, ки аз суратҳисоби шумо маблағ дода шавад. Бо доштани нусхаи электронии ҳамаи пардохтҳо барои шумо пайгирию назорат кардани транзаксияи (амалиёти) даркорӣ осонтар мебошад.
Дар асоси гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳар чӣ қадар муомилоти пулӣ суръати баланд дошта бошад, барои боз ҳам бештар рушд намудани тамоми механизмҳои иқтисодиёт ва давлат имконият пайдо мегардад. Метавон гуфт, ки нақши эквивалентиро дар ин самт на бавоситаи пулҳои қоғазӣ, балки тавассути технологияи итиллоотӣ, ки дар асри 21 ҳамто надорад, амалӣ мегардад. Албатта, дар даҳсолаи охир ба даст овардани чунин натиҷаҳои назаррас ва зуд ба эътимоди истифодабарандагон даромадан, яке аз натиҷаҳои беҳтарини ихтирооти асри нав ба ҳисоб меравад. Аммо барои такмили принсипҳои боз ҳам беҳтар гардонидани ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ иродаи қавии на танҳо бонкҳо ва Ҳукумати кишвар лозим аст, балки саъю кӯшиши муштараки аҳолӣ, соҳибкорон ва дигар истифодабарандагон доир ба низоми пардохти ғайринақдӣ зарур ва муҳим мебошад.
Рустамҷони С.Қ., н.и.и.
сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон