Равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир торафт мураккаб ва печида гардида, ба вазъи сиёсии минтақа ва кишварҳо таъсири худро мерасонад. Афғонистони ҳамсоякишвар муддати 40 – сол мешавад, дар гирдоби низоъу ноамниҳо гирифтор аст. Дар ин муддат муноқишаҳои дохилӣ ва дахолати берунӣ буҳронро амиқтар намудааст. Хориҷ шудани нерӯҳои Амрико ва ба қудрат расидани Толибон, нобоварии ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳукуматдории Толибон ва ҷорӣ намудани таҳримҳо вазъи иҷтимоӣ – иқтисодии мардуми мазлуми Афғонистонро мушкил намуда, метавонад дар ояндаи наздик гуруснагии сартосариро дар ин кишвар ба вуҷуд биёрад.
Дар урфият мегӯянд ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳ. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар солҳои 90 – уми асри гузашта ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро пушти сар намуд, ҳолати аҳолии ҳамсоякишварро комилан дарк карда, нисбати ин вазъият бетавофут буда наметавонад. Аз ҷумла, кӯмакҳои башардӯстона ва дигар шакли кӯмакҳоро ба хотири мардуми Афғонистон ба роҳ монда, инчунин аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват намуда истодааст, то ба Афғонистон ёрии башардӯстона расонанд. Дар баъзе доираҳо манзур ва мавқеи Тоҷикистонро нодуруст дарк намуда, гоҳҳо ғаразнок баҳо медиҳанд. Дар мавриди эътирофи Толибон мавқеи давлат аллакай рӯшан ва возеҳ аст ва тағйир накардааст. Чуноне Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Тоҷикистон ҷонибдори ҳукумати ҳамашумул бо иштироки тамоми қавму миллатҳои Афғонистон аст. Дар ин росто мардуми Афғонистон ҳеҷ гуноҳе надошта, ҷуз ранҷу азоб дигар чизе ба онҳо нарасидааст”. Дар Паёми солонаи Президент ҳам оиди ин ҳолат омадааст: “ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар ба амаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад”. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар муносибат бо ҳамсоякишварҳо чӣ дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чӣ дар Паёмҳои Президенти кишвар возеҳу равшан мебошад.
Имрӯз баъзе сиёсатмадорон ва таҳлилгарон бояд миёни мардум ва ҳукумати Афғонистон фарқ гузоштанро ёд бигиранд, чун мардуми афғон ҳукумати худро интихоб накарда, балки болои онҳо таҳмил шудааст. Айни замон низ Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ҳамкорӣ мекунад на бо ҳукумат.
Аз набуди субот дар ин давлат ҳаракатҳои тундгаро ва даҳшатафкан сӯистифода намуда, ҳам ба мардуми афғон ва ҳам ба давлатҳои Осиёи Марказӣ хатар эҷод менамоянд. Ин ҳолат давлатҳои минтақаро водор мекунад, то ба масъалаи амният таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Албатта ин боис мегардад, ки масъалаҳову мушкилотҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба дараҷаи дуввум гузаранд.
Барқарории сулҳу ваҳдат дар Афғонистон барои Тоҷикистон аз чанд назар ҳаётан муҳим мебошад: якум, ҳамчун дарвозаи ҷануб барои дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалии Осиёи ҷанубӣ ва Ховари Миёна; дуюм, Тоҷикистон метавонад ҳамчун кишвари транзитӣ барои дигар давлатҳо хизмат намояд; сеюм, имконияти анҷом додани лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон мавҷуд аст, вале бо сабаби вазъи имрӯзаи Афғонистон ин лоиҳаҳо наметавонанд амалӣ шаванд.
Хулоса, комилан аён мегардад, ки бесуботии Афғонистон натанҳо ба худи Афғонистон, балки ба ҳамсоякишварҳои он таъсири бевоситаи худро мерасонад. Пас, давлатҳои минтақаро зарур аст дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба Афғонистон аз рӯи нақшаи муайян ё Осиёи Марказӣ + Афғонистон барои суботи он барнома пиёда намоянд, зеро мушаххас аст, ки агар дар ин вазъият давлатҳои Осиёи Марказӣ дар алоҳидагӣ сиёсати ҷудогонаро нисбат ба Афғонистон роҳандозӣ намоянд, ҳеҷ гоҳ муваффақ намегарданд.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир
Мутахассиси пешбар Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон