Баъд аз барҳам хӯрдани давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлоли давлатӣ соли 1991 дар таърихи давлатдории тоҷикон давраи нави инкишофи таърихии давлатдорӣ оғоз гардид. Вазъи сиёсӣ ҳамчунон тезутунд гашта буд, ки ҳатто ба ном “ҳукумати мусолиҳаи миллӣ” имконияти таъмин намудани роҳбарии давлат ва ҷомеаро надошт. Давлате, ки нав истиқлоли худро ба даст оварда буд, ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда, дар натиҷа дар ҷомеа бетартибиҳо, беқонуниятӣ ва сиёсати бесарусомонӣ ҳукумфармо гардид.
Баъд аз муқовиматҳои зиёди мусаллаҳона ва ҷанги бародаркуш, фалаҷ гардидани сохти конститутсионӣ, мақомоти давлатӣ ва умуман, ҷомеаи шаҳрвандӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи наверо кушода намуд. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб карда шуд.
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон соати ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат -таъмини сулҳу субот, муттаҳид сохтани мардуми Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсии он кас ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад. Халқи Тоҷикистон дар симои роҳбари худ шахсиятеро дарёфтанд, ки мақсади он кас сулҳу салоҳ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободию осудагии халқ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баъд аз интихоб шуданашон ба мансаби Раиси Шурои Олии Тоҷикистон, савганд ёд карда, иброз доштанд, ки ман ба мамлакат сулҳ меорам, халқи Тоҷикистонро аз фоҷиаи ҷангу хунрезӣ наҷот медиҳам, ваҳдати мардумони гуногунмиллати кишварамонро таъмин менамоям.
Халқи Тоҷикистон хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи бунёди сулҳи тоҷикон, суботу оромӣ дар ҷомеа, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, амалӣ намудани ислоҳоти бузурги иқтисодию сиёсӣ, аз ҷумла таъмини амнияти Точикистон, ҳамчун давлати муосири демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандидошта муаррифӣ намудани Тоҷикистон қадр намуд.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.
Ҳадафу дастгириҳои беназирашон дар сохаи саноатикунонии босуръати кишвар, ба роҳ мондани иқтисодиёти сабз, таҳким бахшидан ба соҳаҳои кишоварзӣ, ғамхориҳои беназирашон ба соҳаи маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоии кишвар, бунёди садҳо муассисаҳои таълимию иҷтимоӣ ғамхориҳои доимӣ ба ятимону маъюбон, оилаҳои ниёзманд, шахсони яккаву танҳо ва дигар ашхосе, ки ба нигоҳубини давлат эхтиёҷ доранд, ба таври ҳамешагӣ дар мадди назари Роҳбари давлат қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Президенти Федератсияи Руссия Владимир Путин чунин иброз намудааст: “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои ИДМ яке аз мавқеи асосиро ишғол менамояд. Аз ҷониби Президенти Федератсия Русия ба Президенти кишварамон ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи 3, барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои шарики ва стратегӣ байни Федератсия Руссия ва Тоҷикистон, дар мисоли ин, аз ҷониби собиқ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон бо ордени “Фаросат”, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ордени “Эл-юрт ҳурматӣ” ва аз ҷониби собиқ Президенти Ҷумҳурии Туркманистон “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” ҷиҳати таҳким бахшидан ба сулҳу субот саҳми арзанда доир ба хамкориҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ сарфароз гардонида шудааст.
Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи чаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст. Дар робита ба пешниҳоди Тоҷикистон қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бори дигар ин амрро тасдиқ намуд. Мо наслҳои ояндаи кишвар бо ифтихор мегӯем ва ин суханро ба ояндагон мерос мегузорем, ки Пешвои муаззами мо “ Сарвари тоҷикони ҷаҳон” ва дар рӯйхати зиёда аз 500 мусулмонони ҷаҳон номаш бо ҳарфи заррин навишта шудааст.
Cарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, ғамхориҳои беғаразона, ҷонфидоиҳои бесобиқа, талошҳои шабонарузӣ, ташаббусҳо аз минбарҳои бонуфӯз, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, якпорчагии сарзамин, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизматҳои басо муҳиму арзандае кардаанд, ки таърих гувоҳ аст.
Суфизода Хадича Боймурод мутахассиси
пешбари Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон