“Мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд”.
Эмомалӣ Раҳмон

Марҳалаи нави рушди давлатдории миллии Тоҷикистон зарурати омӯзиш ва таҳқиқи амиқу ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихиву фарҳангии чандинҳазорсолаи миллатро дар пояи воқеияти таърих ба миён гузошт. Ҳамин аст, ки миллати тоҷик бо ҳисси баланди маърифат Парчами давлатиро ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва  муқаддасоти миллӣ қарор додааст.

Пaрчaми қaдимaи тоҷикон таърихи тулонӣ дошта, “Дирaфши Ковиён” ном дошт, ки он ҳaмчун рaмзи вaҳдaт вa ягонaгии дaвлaтдории ориёӣ бa ҳисоб мерaфт. Аз ин ҷост, ки парчам ифодагари дастҷамъӣ, муттаҳидӣ, ягонагӣ дар лаҳзаҳои ҳассос ва ҳалкунандаи тақдири ин ё он қавму мардум ба шумор мерафт. Ҳамчунин, дар парчамҳои давлатҳои гуногуни олам ҷузъиёти тамаддун, фарҳанг, урфу одат, боварию эътиқодот, одобу русуми ниёгон, ҳувияту руҳияи миллии ба миллатҳо хос таҷассум мегардад. Маҳз бо ҳамин хусусиятҳои ба худ хос Парчам ё дигар рамзҳои давлатӣ дар сатҳи баланд арҷгузорӣ карда мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз касби Истиқлоли давлатии худ 9-уми сентябри соли 1991, яъне баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия нагардида буд. Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2-юми марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Малдова, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар бинои СММ оғоз шуд, барои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бо далели қабул нашудани парчами нав, парчами пештараи замони Шӯравӣ бардошта шуд. Яъне аз соли 1991 то соли 1992 Тоҷикистон парчами замони шӯравиашро бо андак тағйирот, яъне бе нишонаи досу болға истифода мебурд.

Бояд қайд намуд, ки барои таҳияи тарҳи парчами давлатӣ комиссияи махсус ташкил гардида, то санаи қабули он чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш гардид, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медод.

Даргириҳои муноқишаҳои  ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон“Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мувофиқи он “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад”. Маҳз дар ҳамин рӯз парчами давлатӣ бо тарҳи имрӯзаи худ ба толори Қасри Арбоб ворид карда шуд. Аз ҷумлаи иштирокдорони Иҷлосия аввалин шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ва эҳтиром ба рамзи муқаддаси давлатӣ дар назди Парчам сари таъзим фуруд оварда, онро ба дидаҳои худ молиданд. Ҳамзамон намояндагони гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ бо пайравӣ аз Президенти кишвар ва ифодаи мавқеи сиёсии худ дар самти давлатдории миллӣ ба парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварданд.

Вобаста  ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон, 11 декабри соли 1992 “Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “12 майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.

Бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд, аз ҷониби вакилон низ қабул гардид.

Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими бунёди  манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаи “Алюминсохтмон” ва ширкати байналмилалии “Трайдент Саппот” заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷа ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30 метр ва дарозии он 60 метр мебошад.

Ҳамин тавр дар даврони солҳои соҳибистиқлолӣ Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Аз ин рӯ, таҷлил гардидани Рӯзи Парчам барои гиромидошти рамзи муқаддаси миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Ин рӯз ба эътирофи аҳаммияти Парчам ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, ифтихор ва ҳувият бахшида шудааст ва таҷлил гардидани рамзи муқаддаси миллӣ ба омилҳои зерин асоснок мегардад:

  1. Рамзи ваҳдати миллӣ: Парчам ифодагари ваҳдату ягонагии миллат аст. Он ҳамчун рамзи муттаҳидкунандаи халқи соҳибтамаддуни тоҷик хизмат мекунад. Таҷлили Рӯзи Парчам ҳисси ваҳдатро тақвият бахшида, хотиррасон мекунад, ки сарфи назар аз тафовутҳоямон, ҳама як миллат ҳастем.
  2. Рамзи озодӣ ва демократия: Парчами давлатӣ рамзи тавонои озодӣ ва демократия буда, идеалҳо ва принсипҳоеро аз қабили озодӣ, адолат ва баробарӣ ифода мекунад, ки миллати тоҷик бар пояи онҳо ташаккул ёфтааст, Таҷлили Рӯзи Парчам фурсатест барои андеша дар бораи ин арзишҳо ва қурбониҳое, ки барои ин рамзи муқаддас мубориза бурдаанд.
  3. Ифодагари ифтихори миллӣ: Парчами давлтӣ дар замири шаҳрванд ҳисси ифтихор ва ватандӯстиро бедор намуда, дастовардҳо, таърих ва фарҳанги як миллатро ифода мекунад. Таҷлили Рӯзи Парчам ба мардум имкон медиҳад, ки дастаҷамъона муҳаббати худро ба Ватан баён намоянд ва ба онҳо ҳисси баланди мансубият ва ҳувиятро ато мекунад.
  4. Аҳаммияти тарбиявӣ: Таҷлил гардидани Рӯзи Парчам ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон роҷеъ ба аҳамият ва маънои парчам мусоидат намуда, ба кӯдакон ва калонсолон имкон медиҳад, ки дар бораи таърих, рамзҳо ва истифодаи дурусти парчам маълумоти зарурӣ пайдо намоянд. Бо таҷлил аз Рӯзи Парчам, мо метавонем ин донишро ба наслҳои оянда расонем ва кафолат диҳем, ки аҳамияти парчам ҳифз карда шавад.
  5. Арзёбии хизматҳои шоиста: Таҷлил гардидани Рӯзи Парчам, инчунин, барои эҳтиром ва қадр кардани мардону заноне, ки дар пойдорӣ ва парафшон гардидани ин рамзи давлатдорӣ хизматҳо кардаанд, лаҳзаи тақдирсоз ба шумор меравад. Ин рӯзест барои эътирофи қурбониҳо ва фидокориҳо ҷиҳати ҳифзи арзишҳои бо парчам ифодаёфта. Бо таҷлил аз Рӯзи Парчам мо аз шахсиятҳои бузург изҳори сипос ва дастгирии худро баён мекунем.
  6. Тарғиби ваҳдат ва эҳтиром: Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ мардумро ба ҳам мепайвандад ва ҳисси худшиносиро дар ҷомеа тарбия мекунад. Ин рӯзи таърихӣ шахсони алоҳидаро ба арҷгузорӣ ва эҳтироми парчам даъват намуда, фазои эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмиро фароҳам меорад. Ин як фурсатест, ки тафовутҳоро як сӯ гузошта, диққати худро ба он чизе, ки моро ҳамчун миллат муттаҳид мекунад, равона созем.

Мубрамияти таҷлили Рӯзи Парчам дар он зоҳир мегардад, ки бо шарофати ин рӯз аҳаммияти Парчам ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, озодӣ ва ифтихори миллӣ таъкид мегардад.  Бо таҷлил аз Рӯзи Парчам мо метавонем аҳаммияти парчам ва арзишҳои ифодакунандаи онро барои наслҳои оянда ба мерос гузорем.

Аз иқболу сарнавишти неки мардуми шарафманди Тоҷикистон аст, ки парчами миллати фарҳангбунёди мо дар радифи беш аз 193 давлати дунё дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва биноҳои дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ парафшонӣ мекунад. Бешак, ин баёнгари пайванди амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Азимов Бахтиёр,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед