Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус, ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем. (Аз Паёми Президети кишвар ба МН МОҶТ, 23.12.2022)

Ҳоло дар бисёре аз кишварҳои  пешрафта, кооперативҳо дар рушду тараққиёти соҳаи кишоврзӣ, аз ҷумла тавасути истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он то ҳадди ниҳоӣ, инчунин, кашонидан, фурӯш, нигоҳдорӣ, кор ва хизматрасониҳо нақши муҳим мебозанд.

Аксари чунин кооперативҳои дар соҳаҳои зикргардида фаъолияткунанда ба шароитҳои зудтағйирёбандаи рушди иқтисодиёт, аз ҷумла, татбиқи хатҳои нави технологӣ ва саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ мутобиқ шуда метавонанд.

Кооперативҳои кишоварзӣ, ки дар муҳитҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ қайд карда шудаанд, қариб дар ҳама кишварҳои ҷаҳон амал намуда, гарчанде онҳо аз ҷиҳати минтақавӣ нобаробар тақсим шудаанд.

Ҳоло ин шакли фаъолияти самараноки хоҷагидорӣ, ҳам дар кишварҳои пешрафта ва ҳам дар баъзе аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ низ, фаъолияти хуб нишон дода, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ саҳми назаррас доранд.

Кооперативҳо ба соҳибкорони дар соҳаи кишоварӣ фаъолияткунанда, тавассути муттаҳид кардани захираҳо, ҷиҳатии дастгирии фаъолияти муштарак ва васеъ намудани имкониятҳои иқтисодӣ, ба афзоиши ҳаҷми даромади онҳо мусоидати назаррас мерасонанд.

Ҳоло зери кооперативҳои муосири кишоварзӣ кооперативҳое фаҳмида мешаванд, ки аъзоёни онҳо, яъне ХДФ мувофиқи ниёзҳои иҷтимоию иқтисодии худ, захираҳои истеҳсолӣ, аз қабили замин, техника ва ғайраро ҷиҳати фаъолияти якҷоя дар соҳаҳои муайян муттаҳид намуда, барои расидан ба ҳадафҳои гузошташудае, ки дар алоҳидагӣ комёб гардидан ба он ғайриимкон аст, фаъолияти пурсамар мебаранд. Илова бар ин, дар ин самт боз кооперативҳои хидматрасониро метавон ном бурд, ки ба аъзоёни худ хидматҳои гуногунро пешниҳод мекунанд, аз қабили таъмини нуриҳои маъданиву органикӣ, тухмиҳои хушсифат, техника ва мошинолоти инноватсионӣ, коркарди маҳсулот, нигоҳдорӣ, хидматрасонии маркетингӣ ва дигар воситаҳои истеҳсолӣ.

Ҳоло натанҳо кооперативҳои истеҳсолӣ, балки хизматрасонӣ низ дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дар қиёс бо дигар каишварҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, саҳми онҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ чандон назаррас нест .

Тибқи маълумоти Иттиҳоди байналмилалии кооператиҳо, ҳоло шумораи умумии кооперативҳо дар ҷаҳон танҳо 5 фоизаш ба соҳаҳои истеҳсолот рост меоянд.

Кооперативҳои истеҳсолӣ тавассувти ба шахсони сеюм фурӯхтани маҳсулоти кишоварзии аъзоёни худ вазифаи муҳимро, аз қабили муҳайё сохтани шароити мусоиду самарабахши фаъолияти хоҷагидорӣ, назар ба хоҷагиҳое, ки дар алоҳида фаъолият мебаранд, иҷро менамояд.

Шакли дигари кооперативҳо, ки аз ҷиҳати шумора дар соҳаи кишоварзии ҷаҳонӣ мавқеи назаррас доранд, кооперативҳо дар соҳаи хизматрасонӣ, аз ҷумла дар соҳаи таъминот ва маркетинг фаъолияткунанда ба ҳисоб мераванд.

Кооперативҳои таъминотӣ ба аъзоёни худ воситаҳои зарурии истеҳсолиро, аз қабили (сӯзишворӣ, нуриҳои маъданӣ, тухмӣ, зарҳхимикатҳо ва дигар хизматрасонӣ) таъмин намуда, кооперативҳои маркетингӣ дар навбати худ дар бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба аъзоёни худ мусоидат ва кумакҳои зарурӣ мерасонад.

Кооперативҳои дар соҳаҳои хизматрасонӣ фаъолияткунанда дар муомилоти бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла соҳаи кишоварзии онҳо, саҳми назаррас доранд. Масалан, кооперативҳои маркетингӣ, коркард ва таъминот дар бозорҳои маҳсулот ва захираҳои кишоварзии Амрикои Шимолӣ, Аврупои Ғарбӣ, Ҷопон ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумлаи бозингарони асосӣ дониста мешаванд.

Дар ИМА 30 фоизи ҳаҷми умумии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва тақрибан ба ҳамин андоза, хариди маҳсулот аз ҷониби ХДФ тавассути кооперативҳои кишоварзӣ анҷом мегиранд. Ин рақам, дар кишварҳои ИА 70-80 фоизро ташкил медиҳад. Дар Нидерландия, Дания, Ирландия ва Шведсия, 50-70 дарсади хариди маҳсулоти кишоварзӣ ба кооператиҳо рост меояд.

Аз ин нуқтаи назар, кооперативҳои хизматрасонии кишоварзӣ барои муттаҳикунии ХДФ-ии мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ, инчунин кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон воситаи самаранок ба ҳисоб меравад.

Дар ҳоле бунёд ва нигоҳдории кооперативҳои хидматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ кори осон нест, валн ин усули исботшуда дар самти баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ХДФ ба ҳисоб меравад, чунон ки дар тайи бисёр даҳсолаҳо дар Аврупои Ғарбӣ ва Амрикои Шимолӣ амал мекарданд.

Ҳамин тавр, дар давоми панҷоҳ соли охир аҳаммияти кооперативҳо барои тамоми бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ афзуд.

Фаъолияти иқтисодии кооперативҳо гуногун аст. Масалан, тибқи як назарсанҷие, ки Комиссияи Аврупо дар солҳои 2016-2017 гузаронида буд, нишон дод, ки 33-35 фоизи ҳамаи кооперативҳое, ки дар тадқиқот иштирок намуданд, ба соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ рост омаданд.

Аз 2575 адад кооперативҳои зери пурсиш қарор гирифта, 50 дарсадаш ба соҳибкории хурду миёна рост омада, ҳаҷми гардиши солонаи онҳо зиёда аз  50 миллион евроро ташкил додааст.

Мувофиқи тадқиқоти комиссия мазкур,  ҳиссаи кооперативҳо дар бозори маҳсулоти кишоварзӣ бузург аст. Масалан, ҳиссаи онҳо дар Ҳолландия 83 фоиз, Финляндия 79 фоиз, Италия 55 фоиз ва Фаронса 50 фоизро ташкил медиҳад.

Рақамҳои баёнгардида, бешубҳа, баёнгари саҳми муҳим доштани кооператиҳои дар таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Бинобар ин, ба рушду тараққии онҳо, аз ҷумла дар кишвари мо низ бояд таваҷуҳи ҷидди зоҳир карда шавад.

Тибқи гузориши Конфедератсияи умумии кооперативҳои кишоварзӣ дар Иттиҳоди Аврупо танҳо дар давоми солҳои 2013-2014 гардиши умумии муомилоти ҳамаи кооперативҳои дар соҳаи кишоварзӣ фаъолияткунанда, ки 22 ҳазор ададрро бо фарогирии 6,2 миллион нафар аъзоён дарбар мегирад, 347 миллиаро ташкил намудааст.

Солҳои охир фаъолияти бисёрсамтаи кооперативҳо ба назар мерасад, ки сабаби асосии он ба рақобат тоб овардан ва ба сифати созмони байналмилалӣ баромад намудан, арзёбӣ карда мешавад. Илоба бар ин, онҳо ҳарчи бештар кӯшиш менамоянд, ки сохтори моликияти худро тағйир дода, бо ин роҳ ба соҳаи фаъолияти худ бештар сармояи зарурӣ ҷалб намоянд.

Масъалаи дигар ин аст, ки кооперативҳо ҳамчун ташкилоти истеҳсолкунанда аксар вақт дар заминаи қонунҳои рақобат ба номуайянии ҳуқуқӣ дучор мешаванд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои мувозинати қудрати бозор, дар қонуни рақобат, махсусан барои кооперативҳо, истисноҳои бештар дорад.

Дар рушди кооперативҳои кишоварзӣ дар ҳамаи кишварҳои ИДМ нисбат ба кооперативҳои мамлакатҳои Иттиҳои Аврупо (ИА) фарқи калон мавҷуд аст. Чунин норасоиҳо, натанҳо дар тафовути паҳншавии кооперативҳо дар соҳаи кишоварзӣ, балки дар сиёсати давлатӣ ва қонунгузорӣ оид ба танзими фаъолияти кооперативҳо, дидан мумкин аст.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи кооператиҳои истеҳсолию хизматрасониҳое, ки дар заминаи собиқ колхозу совхозҳо ба вуҷуд омаданд, хеле кам ба назар мерасанд.Ҳол он, ки дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ дар ин самт мавҷуд аст.

Сарфи назар аз дигаргуниҳои куллие, ки дар давоми 30 соли охир ба амал омаду ва бо равандҳои консентратии сармоя ва замин дар соҳаи кишоварзии мамлакат алоқаманд буд, ХДФ-ии хурдро ҳануз дар самти мутаҳидшавӣ ба кооперативҳо ҳавасманд насохта аст. Бинобар ин, ҳоло акасари ХДФ дар кишвар на ба ҳайси субъекти соҳибкорӣ, ки ҳадафи он ба камтарин харҷ ба даст овардани фоидаи барзиёд аст, балки ҳамчун як воҳиди рӯзгузаронӣ амал мекунанду халос.

Ҳамин тавр, таҷрибаи кишварҳои дар ин самт пешрафта нишон медиҳанд, ки дар шароити муосир аз ХДФ-рии хурд дида, фаъолияти кооперативҳои кишоварзӣ дар таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ тавасути афзоиши ботадриҷи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас мегузоранд. Чунки дар сурати ташкили кооперативҳо ба ХДФ ҳамчун аъзо имкон фароҳам хоҳад шуд, ки онҳо аз техникаву таҷҳизоти муосири кишоварзӣ, дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ-молиявӣ, истифодаи хатҳои нави технологӣ, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти худ, васеъ истифода баранд.

Одиназода А.И.,
сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши
хусусии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед