Қарор аст аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” баргузор гардад. Дар назар аст, ки дар чорабинии мазкур намояндагони баландпоя аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои мухталиф ширкат варзанд. Маврид ба зикр аст, Конфронси мазкур бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллали муттаҳид баргузор мегардад. Бо ин мақсад дар кишвар Кумитаи тадорукоти Конфронс таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст. Ҳамзамон, сомонаи расмии Конфронс (http://www.dushanbewaterprocess.org/) фаъол карда шудааст.

Албатта Конфронси дуюми сатҳи баланд, идомаи Конфронси аввала аст, ки соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гардида буд. Яъне конфронсҳои мазкур дар ҳошияи ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мегирад, ки дар рӯзномаи ҷаҳонии об ҳамчун “Раванди оби Душанбе” маълум аст.

Бояд зикр намуд, ки дар шароити имрӯза, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатари тағйирёбии босуръати иқлим ва мушкилоти вобаста ба об ба ташвиш овардааст, татбиқ гардидани ташаббуси чоруми Тоҷикистон ва дар ҳошияи он баргузории конфронсҳои сатҳи баланд хеле муҳим аст. Дар робита ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки аввали моҳи июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, чанд нуктаи муҳимро баён намоем, ки зарурат ва аҳмияти онро барои хонандаи гиромӣ равшан менамояд.

Нуктаи аввал ин аст, ки об ва манбаъҳои обӣ дар ҳаёти инсоният нақши калидӣ доранд. Дар баробари ҷомеаи башар, дигар мавҷудоти табиат ҳамеша ба об эҳтиёҷ доранд. Яъне рушди дилхоҳ мавҷудоти табиат аз об ва манбаъҳои обӣ вобастагии амиқ дорад. Аз ин ҷост, ки обро “манбаи ҳаёт” баҳогузорӣ намуда, дастарсӣ ба оби тозаро Созмони миллали муттаҳид як аз Ҳадафҳои рушди устувор арзёбӣ кардааст.

Мувофиқи маълумотҳои Созмони миллали муттаҳид дар соли 2021 тақрибан 2 миллиард сокини ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур иқдомҳои муҳим роҳандозӣ гардидааст. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ба шумор меравад. Ин воқеияти бебаҳс аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷоҳон эътироф шудааст. Масалан, Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир чор ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо қабул гардида мавриди амал қарор гирифтанд. Айни ҳол ташаббуси чоруми кишвари мо Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” татбиқ гардида истодааст, ки далели гуфтаҳои болост. Дар конфронси дуюми сатҳи баланди Душанбе, низ яке аз масъалаҳои меҳварӣ дастрасии сартосарӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар назар гирифта шудааст, ки барои бартараф сохтани мушкилоти мазкур ба рӯзномаи ҷаҳонии об роҳҳои нави ҳалли соҳа ворид мегарданд.

Нуктаи дуюм ин аст, ки дар баробари мавҷуд будани мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза дар байни сокинони ҷаҳон, ҳамзамон хатари тағйирёбии иқлим ва муаммоҳои экологӣ давлатҳоро нигарон намудааст. Тайи ду даҳсола аст, ки дар нишастҳои сатҳи ҷаҳонӣ сиёсатмадорону коршиносон аз хатарҳои тағйирёбии иқлим сухан намуда, оқибатҳои ин равандро барои инсоният манфӣ баҳогузорӣ менамоянд. Воқеият ва оқибатҳои манфии онро аз баланд шудани сатҳи оби баҳрҳо ва ба амал овардани харобкориҳо инчунин, дар об шудани пиряхҳои азим, ки яке аз сарчашмаҳои асосии зуҳури обҳои тоза мебошанд, мушоҳида намудан мумкин аст. Дигар ин, ки тадриҷан кам гардидани сатҳи об дар Баҳри Арал дар минтақа аз нишонаҳои ҷиддии тағйиробии босуръати иқлим аст. Масалан, оби Баҳри Арал дар натиҷаи таъсири омилҳои тағйирбии иқлим то кунун 50 фоиз кам гардидааст, ки ба ҳаёти сокинони ҳавза таъсири манфӣ мегузорад.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон новобаста аз он, ки яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги обӣ аст, дар сиёсатгузориҳои Ҳукумати кишвар масъалаҳои пешгирии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонии марбут ба об пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд. Ин нуктаро дар аксари суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон мушоҳида кард. Аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки санаи 23 апрели соли 2022 баргузор гардид, чунин ибрози назар намуданд: “… равандҳои рушди ҷаҳонӣ чунинанд, ки арзиши об метавонад аз арзиши нафт, газ, ангишт ва дигар захираҳое, ки барои рушди устувори ҳар як мамлакат ва минтақа заруранд, боло равад”. Дар амалияи ҷаҳонӣ низ Тоҷикистон бо ироаи ташаббусҳои муҳим нақши худро дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об гузошта истодааст. Дар бароабри чор ташаббуси ҷаҳонӣ, ҳамзамон ташаббусҳои нави кишвар дар масъалаи ҳифзи прияхҳо алакай ба барои баррасӣ пешниҳод гардидааст. Вобаста ба ин дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021 чунин иброз гардид: “…кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст”.

Аҳамияти дигари Конфронси дуюми сатҳи баланди Душанбе аз он иборат аст, ки барои пешгирии гармшавии иқлим ва мушкилоти вобаста ба обу экология тадбирҳои муҳим ва қарорҳои самарнок қабул мегарданд. Ин Конфронс, марҳилаи нави ҳамгироӣ ва ҳамкории ҷаҳонӣ дар самти ҳалли тағйирёбии иқлим хоҳад буд.

Нуктаи сеюм ин аст, ки Конфронси дуюми сатҳи баланд дар баробари аҳамияти муҳимми башардӯстона ва байналмилалӣ доштан ҳамзамон аҳмияти муҳимми минтақавӣ ва миллиро доро аст. Тавре дар боло ҳам таъкид гардид, Тоҷикистон низ дар раванди тағйирёбии иқлим канор нест. Таҳқиқотҳои илмӣ нишон додаанд, ки беш аз 60 фоизи захираҳои обии минтақа аз кишвари мо сарчашма мегиранд. Дар натиҷаи гармшавии иқлим солҳои охир сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳо Тоҷикистон аз байн рафтаанд. Табиист, ки ин ҳолат таъсири манфии худро ба ба минтақа мегузорад. Аз ҳамин лиҳоз, ин Конфронс заминаи мусоид барои ҳифзи пиряхҳои кишвар фароҳам меорад.

Аз тарафи дигар Конфронси Душанбе барои таҳкими имиҷи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим мегузорад. Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор эътироф гардидааст. Ва ин чорабинии сатҳи баланд имиҷи мусбати давлати моро дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ тақвият мебахшад.

Ҳамин тавр, Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” идомаи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон буда, марҳилаи нави ҳамкориҳои ҷаҳонӣ оид ба андешидани тадбирҳои муайяни минбаъда вобаста ба мушкилоти обу экология мегардад.

Алиназар Ашуров,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоп кунед