Санаи 24 ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон- шаҳри Боку бо иштироки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ саммити навбатии Барномаи махсуси СММ доир ба рушди иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки СПЕКА соли 1998 таъсис ёфта, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон давлатҳои иштирокчии он ба ҳисоб мераванд.
Имсол аз таъсиси он 25 сол пур мешавад, ки аз нақши муҳимми он дар самти мусоидат ба суботу рушди ин кишварҳо гувоҳӣ медиҳад.
Ҳадафи асосии барномаи СПЕКА пеш, аз ҳама, сафарбар намудани захираҳои иловагии дохилӣ ва берунӣ ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои афзалиятнок барои кулли кишварҳои иштирокчии он ба ҳисоб меравад.
Аз нуқтаи назари иқтисодӣ, тақвияти ҳамкориҳои судманд дар доираи барномаи мазкур барои иқтисодиёти кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз бисёр ҷиҳат, бахусус, дар роҳи баромад ба баҳр, бандарҳои тиҷоратӣ, рушди нақлиётӣ, транзитӣ ва ғайра бисёр муҳим мебошад.
Тибқи омори расмӣ, ҳоло 26 дарсади гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба кишварҳои узви барномаи СПЕКА рост омада, далели возеҳи нақши муҳим доштани фаъолияти судманд дар чаҳорчӯби барнома дониста мешавад. Илова бар ин, мақсаду вазифаҳои барномаи СПЕКА ба масъалаҳои иқтисодие, ки дар доираи барномаву стартегияҳои амалкунандаи кишвар, ҳамчун афзалият пешбинӣ гардиданд, мутобиқ буда, ин бори дигар аз нақши муҳим доштани барномаи мазкур дар раванди расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат дарак медиҳад.
Аз ин нуқтаи назар, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду густариши мунтазами ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла дар чорчӯби барномаи СПЕКА аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад.
То кунун бо иштироки аъзои кишварҳои иштирокчии барномаи мазкур беш аз даҳ маротиба саммит дар сатҳои гуногун баргузор гардида, дар доираи онҳо ҷиҳати тақвияти рушди ҳамкориҳои тарафайни иқтисодиву тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои имконпазири ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои марбут ба ин самт, чандин эъломияҳои муштараки ҳамкорӣ таҳия ва ба имзо расиданд.
Ҳоло дар доираи барномаи СПЕКА Фонди мақсаднок амал менамояд, ки яке аз ташаббускорони асосии он Тоҷикистон мебошад. Ёдовар мешавем, ки ҳануз 6 сол қабл ҷониби Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷиҳати ташкили чунин фонд фикру андешаҳои худро иброз намуда буданд. Хушбахтона, соли ҷорӣ ин масъала ҳалли худро пайдо намуд. Таъсиси фонди мазкур бори дигар иштироки фаъоли Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар доираи барномаи СПЕКА собит месозад.
Сарфи назар аз он, дар тули фаъолияти Барномаи СПЕКА кишварҳои иштирокчиёни он дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида бошанд ҳам, вале ин раванд бо дарназардошти имконоти мавҷуда ҳанӯз қонеъкунанда нест. Чунки ҳоло кишварҳои аъзои иштирокчии СПЕКА дар бобати рушду бемайлоини ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дорои имкону захираҳои бузурги истифода нашуда доранд.
Бо дарназардошти чунин имкониятҳои фарохи ҷойдошта, вазифаҳои зерин аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноки фаъолият дар доираи барномаи мазкур барои кишварҳои иштирокчии он муайян гардидааст:
- Тақвияти ҳамкорҳои судманд дар самти инкишофи иқтидори бандарҳои баҳри Хазар (Каспий) ва рушди ҳамгироӣ доир ба истеҳсоли киштиҳои нақлиётӣ;
- Рушду густариши ҳамкориҳо дар самти диверсификатсияи долонҳои нақлиёти байналмилалӣ;
- Андешидани чораҳои муштарак ҷиҳати таъсиси Фонди боэътимоди бисёршарикии молиявии СПЕКА;
- Бо дарназардошти санаду меъёрҳои СММ таъсиси харитаи роҳ ҷиҳати рақамисозии табодули мултимодалии маълумот ва ҳуҷҷатҳо дар гузаргоҳҳои нақлиётии фаромарзӣ, аз ҷумла долони Транс-Каспий;
- Татбиқи васеи мақсаду вазифаҳои дар доираи нақшаи кории СПЕКА барои солҳои 2024-2025 пешбинӣ гардида;
- Баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гуруҳҳои корӣ дар самтҳои асосии ҳамкорӣ ва таҳкими асосҳои ниҳодии СПЕКА;
- Таҳия ва қабули Консепсияи рушди СПЕКА барои давраи то соли 2030;
- Таъсиси Маркази СПЕКА доир ба рушди зеҳни сунъӣ;
- Таҳияи нақша-чорабиниҳои муштарак доир ба рафъи монеаҳои мавҷуда ва ҳамоҳангсозии тадбирҳо вобаста ба танзими техникии амалиёти содиротиву воридотӣ;
- Тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар самти таъсиси «Долонҳои нақлиётии рақамӣ»;
- Бо дарназардошти ба ҳам алоқамандии зич доштани соҳаҳои захираҳои об, энергетика, экология ва кишоварзӣ таҳияи «Стратегияи сабз»-и бисёрҷонибаи СПЕКА;
- Содагардонии расмиёти савдо ва рафъи монеаҳои сунъӣ дар соҳаи тиҷорат ва рушди иқтисоди «сабз» ва рақамикунонӣ.
Силсилаи масъалаҳои зикргардида, бешубҳа, баёнгари саҳми бузурги барномаи СПЕКА дар рушди минбаъдаи иқтисодиву тиҷоратии кишварҳои иштирокчии он тавассути ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои гуногун мебошад.
Ба андешаи мо, татбиқи васеи чунин масъалаҳо ба афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, бахусус дар заминаи ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ, роҳ ёфтан ба бозорҳои нав, рушди устувори мубодилаи молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо байни кишварҳои минтақа, тавсеаи робитаҳои транзитиву нақлиётӣ, рушди иқтисоди “сабз”, пайдо гардидани бозори умумии манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, истифодаи оқилонаи манбаъҳои об ва дигар захираҳои табиӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мусоидати комил хоҳад кард.
Дар охир ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки қаблан дар доираи баргузории саммити сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, раёсати навбатии барномаи СПЕКА дар соли 2024-ум ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Дар ин раванд кишвари мо омодагии худро ҷиҳати дар якҷоягӣ амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дар доираи барномаи мазкур муайян шуда иброз намуда аст.
Пешбинӣ шудааст, ки дар ин раванд, муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва дигар вазифаҳои мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои иштирокчии барномаи СПЕКА қарор дошта, ки самаранокии ҳамкориҳоро таъмин менамояд, баррасӣ карда шуда, дар натиҷаи қарорҳои дахлдор, аз ҷумла қабули Эъломияи муштараки Душанбе қабул карда шаванд.
Одинаев А.И., сардори Раёсати
таҳлилӣ масъалаҳои соҳибкорӣ
ва рушди бахши хусусии МТС- и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон