ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 май Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Андрис Америкс мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати дарҳои кушода ҳамкории неку дӯстонаро бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ба роҳ мондааст.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҷаласаҳои ҳамасолаи Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ заминагузори самараноки муколамаи созандаи ҳар ду ҷониб ба ҳисоб рафта, Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аз соли 2004 асоси бунёдии муносибати тарафайн дониста мешавад.
Дар мулоқот ҳамчунин ба ҳамкории судманди дуҷониба дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, бартарафсозии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, обу экология, иқтисоду сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва тақвияти ҳамгироӣ дар ин соҳаҳо ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.