Оби тоза сарчашмаи ҳаёт буда, ибтидою интиҳои ҳаёти инсон дар рӯйи олам мебошад. Ин неъмати табиат на танҳо дар рушди инсон инчунин дар рушди тамоми мавҷудоти табиат нақш дорад. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки саломатию дарозумрии инсонҳо низ ба покии оби нӯшокӣ вобаста аст.
Пирях захира ва манбаи асосии об ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон доир ба тағйирёбии иқлим дар чанд соли охир, хатари обшавии пиряхҳо масъалаест, ки имруз сайёраи мо бо он мувоҷеҳ гаштааст. Афзоиши аҳолии ҷаҳон ҳамарӯза ба назар расида, дар ин росто талаботи онҳоро ба оби ошомиданӣ низ зиёд мегардонад. Лозим ба ёдоварист, ки захираҳои обӣ дар меҳвари рушд қарор дошта, давра ба давра талабот ба онҳо афзоиш меёбад.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, барои як рӯза масрафи оби тоза бо ҳисоби миёна 50-100 литрро барои як нафар ташкил медиҳад.
Масъалаи истифодаи самараноки об, захираҳои обии мавҷуда, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии онҳо аз ифлосшавии манбаъҳои гуногун доимо дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор мегирад. Имрӯзҳо танқисӣ ба оби ошомиданӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон ба назар расида, нақши об дар рушди устувор ҳис мегардад. Таъминот бо оби нӯшокӣ торафт ба мушкилоти аввалиндараҷа табдил мегардад. Ин раванд аз тамоми бошандагони сайёра масъулият ва маърифати баландро доир ба истифодаи об талаб менамояд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли 2025 аз ҷониби СММ ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардид. Ҳадаф аз эълон шудани ин сол ҷалби ҷомеаи ҷаҳон ва кушода додани муҳиммият ва аҳаммияти об, коҳиш додани обшавии пиряхҳо мебошад. Шуруъ аз соли 2025 се рӯз 21-23 март дар ҷаҳон Рӯзи пиряхҳо, Рӯзи захираҳои об ва Рӯзи обуҳавошиносиро таҷлил хоҳад гашт. Ин як қадами бузург барои ҳифзи пиряхҳо ба шумор меравад. Кишвари мо ҳамчун кишвари обҳои муссафо тадбирҳои муҳимро дар ин самт на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар арсаи байналмилалӣ низ пешниҳод намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти дипломатияи об аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ шинохта шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои беназири худ доир ба масъалаи об ва иқлим аз тамоми аҳолии ҷаҳон даъват ба амал меорад, ки ҳар як нафар дар истифодаи оби ошомиданӣ сарфакор ва масъулияти баланд дошта бошад. Соли 1999 аз минбари СММ ташаббуси аввалини Пешвои Миллат бо эълон кардани соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза” дар санаи 29 август – 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор шуд. Эълон намудани соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва амсоли ин пешниҳодҳои ҷаҳонӣ, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи ҷаҳонӣ дастгирӣ эътироф гардидаанд.
Барои имкониятҳои нав ва муҳим бахшидан ба рушди таъмини оби тоза ва дастрасии аҳолии ҷаҳон ба оби ошомиданӣ қадами навбатӣ дар таърихи 22 то 24 марти соли 2023 дар қароргоҳи СММ гузошта шуд. Ин конфронс оид ба захираҳои об буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ҳамчун мизбонони ин Конфронс буданд.
Конфронси навбатӣ ба аҳолии ҷаҳон барои нигоҳи нав доштан доир ба истифодабарии ин сарвати бебаҳои табиат замина фароҳам меорад. Дар он доир ба нақши об дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим, ки сарчашмаи он об ба ҳисоб меравад, ибрози назар намуданд. Ҳамчунин, масъалаи иқлим, ки яке аз онҳоро гармшавии ҳаво ва таъсири ин раванд ба обшавии пиряхҳо, обхезиҳои шадид, хушксолӣ ва амсоли инро дар бар мегирад. Натиҷаи манфии ин паёмадҳо ва таъсири манфиаш ба иқтисоди мамлакатҳо арзёбӣ гардид.
Хулоса, маҳз бо ташабусҳои Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари моро дар арсаи байналмилал ҳамчун кишвари ташшабускор дар самти об ва иқлим шинохтанду мешиносанд. Ҳадафи ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳон нақш, рушд, ҳифз ва аҳаммияти обро собит сохт. Мо бо бовари гуфта метавонем, ки ташаббусҳои кишвари мо натиҷаҳои беназирро ба тамоми аҳли башар фароҳам меорад. Имрӯз муносибати беҳтарро бештар аз пештар аз ҳар яки мо талаб менамояд. Саривақтӣ будани ин ташшабусҳо ва нақши захираҳои обӣ дар рушди кишварҳо, бахусус дар соҳаи иқтисодии мамлакатҳо баръало назаррас аст.
Таварова Моҳира Шарифхоновна,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон