ДУШАНБЕ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои Муттаҳидаи Америка Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид.
Тавре сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар ин маврид иброз доштааст, «сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дигар сафарҳояшон ба қароргоҳи бонуфузтарин созмони дунё- СММ бо он тафовут дошт, ки ба ду санаи муҳими башарӣ- Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи ҷаҳонии об рост омад. Ин ду падида, ки сарчашмаи ҳаёти башар номиданашон бамаврид аст, ба ҳам робита ва пайванди ногусастанӣ доранд. Об дар баробари хок, бод ва оташ яке аз чор унсури азал, муъҷизаи бузургтарин ва сарвати бебаҳотарини кураи Замин буда, мавҷудияти ҳаёт дар биосфера маҳз аз мавҷудияти он вобастагӣ дорад».
Дар зимн матни пурраи андешаҳои муаллиф пешкаши хонандагон мегардад.
— Конфронси мазкурро метавон ҳамоиши бузурги таърихии давлатҳои дунё ҳисобид, чунки Конфронси якуми СММ оид ба масъалаҳои об дар Аргентина гузашта буд. Инак, баъди қариб ним аср (46 сол) Конфронси дуюми СММ таҳти унвони Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 доир гардид. Дар кори он ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзои СММ, аз ҷумла 110 ҳайат бо роҳбарии вазирон, роҳбарон ва намояндагони зиёда аз 100 созмони минтақавию байналмилалӣ иштирок карданд.
Метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Сарвари давлат тавонист баъди қариб панҷоҳ сол таваҷҷуҳи давлатҳои дунёро боз ба масъалаҳои об ва иқлим ҷалб намояд.
Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, шоҳи Нидерланд Виллем Александр ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раисони Конфронс таъйин гардиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоишро ифтитоҳ карда, суханронӣ намуданд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад. Вобаста ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намудааст, ки татбиқи онҳо ба пешгирӣ ва ҳалли мушкилоти соҳаи об мусоидат менамояд.
Дар рафти маъруза дар Конфронси СММ доир ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи равандҳои геополитикӣ, ки ҳанӯз мураккабу печида боқӣ мондаанд, мушкилоти марбут ба об, тағйирёбии иқлим, таъсири офатҳои табиӣ ба иқтисодиёту амнияти кишварҳо, иқдоми Тоҷикистон дар самти рушди «иқтисоди сабз» ва тавлиди «энергияи сабз» сухан ронда, таъкид доштанд, ки “имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд ва ин ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус амнияти озуқаворӣ, тавлиди «неруи сабз» ва пойдории табиат бетаъсир намемонад”.
Ҳанӯз дар раванди омодагӣ ба конфронси мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон бо подшоҳии Нидерланд таваҷҷуҳи асосиро ба гирифтани уҳдадориҳо ҷиҳати суръатбахшӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор марбут ба об равона намуд.
Моҳи декабри соли 2022 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул гардид. Дар ҳамин асос соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо мегардад. Зимни суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҳия ва қабули Стратегияи миллии Тоҷикистон дар соҳаи об ва барномаи миллии ҳадафнок андеша баён намуданд. Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамчун платформаи пайгирии васеъ истифода шудани «Рӯзномаи амали об- Раванди оби Душанбе» аз ҷумлаи ҳамин гуна пешниҳодҳост.
Дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк чорабинии канорӣ таҳти унвони «Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум; Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об» доир гардид. Дар он зарурати нақши захираҳои об дар таъсиси ҷойҳои корӣ, пешрафти иқтисодӣ, обёрии кишоварзӣ, гидроэнергетика, саноат, сайёҳӣ махсус таъкид гардид. Бино ба маълумоти коршиносон, 70 дарсади ҳолатҳои фавқулода ва 80 дарсади зарарҳои иқтисодӣ ба офатҳое нисбат доранд, ки аз об сарчашма мегиранд.
22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025; Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» иштирок ва суханронӣ намуданд. Чорабинии мазкур- ин қадами аввал дар самти татбиқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба ҳисоб меравад. Ҳадафи ин чорабинӣ муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳои гуногун барои муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ду ҳадаф дорад: ҳадафи якум, талошҳо барои андешидани тадбирҳои қатъӣ нисбат ба ҳифзи пиряхҳо ва ҳадафи дуюм- устувор ва мутобиқ гардонидани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад.
Пешвои миллати тоҷик таваҷҷуҳи давлатҳо ва созмонҳои гуногуни хориҷиро ба мушкилоти ҷаҳоние, ки аз норасоии об сар мезананд, равона карда, таъкид менамоянд, ки бартарафсозии саривақтии онҳо боиси беҳтаршавии муносибату робитаҳо байни кишварҳои гуногуни минтақаҳои ҳассоси дунё мегардад.
Маълум аст, ки 70 дарсади об дар ҷаҳон дар соҳаи кишоварзӣ бебозгашт масраф мешавад. Тақрибан 20 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҳисоби кишоварзӣ ба даст омада, қариб 70 дарсади аҳолии деҳоти минтақа дар соҳаи кишоварзӣ шуғл меварзад. Аз ин рӯ, масъалаи мудирияти об ва истифодаи дурусти он дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва тавлиди «энергияи сабз» дорои аҳамияти бузург мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 15 соли охир барои ҳалли масъалаи дастрасӣ ба обу беҳдошт қариб як миллиард доллари америкоӣ сарф кардааст. Дар даҳсолаи охир тақрибан 1,2 миллион нафар бо оби босифат ва 600 ҳазор нафар бо оби ошомидании бехатар таъмин гардид. Захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба манфиатҳои рушди иқтисодии мамлакат, балки баҳри пешрафти давлатҳои минтақа низ истифода мешаванд. Хусусияти хоси Барномаи Рушди Устувор дар он аст, ки захираҳои об дар он ҳамчун унсури асосии рушд эътироф гардидаанд.
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ таъкид намуд, ки барои таъмини об ва мудирияти самараноки масъалаҳои марбут ба он бояд механизми боэътимоди муосир таҳия ва роҳандозӣ карда шавад. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим ба ҷаҳониён собит намуданд, ки об метавонад ба ҳайси омили пайвандгар дар муносибати байни давлатҳо нақши муассир бозад.
Мояи ифтихор аст, ки Конфронси сеюми ҷаҳонӣ марбут ба об соли 2028 дар Душанбе баргузор мегардад. Миллати сулҳхоҳи тоҷик мизбони як маъракаи сатҳи ҷаҳоние хоҳад гашт, ки дар он натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷамъбаст карда мешаванд. Бо боварии комил таъкид кардан ҷоиз аст, ки Тоҷикистон ба ин конфронси байналмилалӣ омодагии ҳаматарафа мебинад ва онро мисли конфронсҳои байналмилалии қаблан дар Тоҷикистон баргузоршуда дар сатҳи олӣ доир менамояд.