Либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тули таърих зебоиашро гум накардааст ва минбаъд гум нахоҳад кард. Ҷойи хурсандист, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ роҳбарияти мамлакат ба эҳёю ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Таърих гувоҳ аст, ки зан – модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллат либоси миллии ӯст. Вақте сухан дар бораи либоси миллӣ меравад, ҳатман бонуи чаканпӯши тоҷик пеши назар меояд, зеро занро олиҳаи ҳусн мегӯянд. Барои ҳамагон равшан аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо атласу адраси чашмрабои мардуми Суғд, гулбасту куртачаканҳои дилкаши ҳунармандони Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори дӯзандагони минтақаҳои Рашт, алочаву шоҳии чирадастони водии Ҳисор, тоқӣ ва ҷуробҳои зебои занҳои ҳунарманди Бадахшон хеле овозадор буда, либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷиллоҳои минтақаҳои кишвари мо дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
Баробари фарорасии фасли зебои баҳор талабот аз ҷониби занону духтарон ба либосҳои миллӣ, аз ҷумла чакан ва атласу адрас зиёд мегардад. Либоси миллӣ тараннумгари фарҳанги волои миллат аст. Мардуми моро дар навбати аввал аз рӯйи либоспӯшиашон мешиносанд. Бинобар ин, мо бояд унсурҳои миллию хоси худро дошта бошем. Ба бар намудани либоси миллӣ аз кас маҳорат ва маърифату фарҳанги хосро талаб мекунад. Либоси зебо инсонро боз ҳам зеботар ва шахсро дилкашу мафтункунанда менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба занҳои тоҷик муроҷиат карда гуфтанд: “Як бор ба тарзи либоспӯшии модарони худамон нигарем, магар ягон нуқсоне дорад?”.
Аз ин рӯ, моро зарурати тақлид ба фарҳанги бегона нест. Мо аз либоси миллии худамон бояд ифтихор дошта бошем. Мо бояд ин таъкиди Сарвари давлатро чун ғамхорӣ нисбат ба анъанаҳои миллӣ донем ва қабул намоем, зеро пӯшидани либоси миллӣ моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Либос зеби одам аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки “одаму либос, хонаву палос”. Либос ҳамон вақт ба одам мезебад, ки шинам, муваффақ ва одӣ бошад. Пӯшидани либос фарҳанги хос дорад. Либос на танҳо ҷисми моро мепӯшонад, балки ҳамчун нишонаи фарҳанги миллӣ моро бо дигарон мешиносонад. Сайёҳони хориҷӣ либосҳои моро дида, ба он таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва дар онҳо майли харидорӣ пайдо мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки либоси миллӣ муаррифгари халқу миллат ба шумор меравад. Эҳтиром ба либоси миллӣ, расидан ба қадри арзишҳои миллӣ, ифодаи тамаддуни ҳар як кишвар аст. Мо, мардуми тоҷик, расму анъанаҳои худро ҷиҳати пӯшидани либоси миллӣ вобаста ба минтақаҳои кишвар дорем. Солҳои охир пӯшидани либосҳои ба миллати мо бегона хеле зиёд гаштааст. Модарону хоҳарони мо ба ин масъала бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд ва барои равнақи расму анъанаҳои гузаштаи мо доир ба пӯшидани либоси миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Анъанаҳои фарҳанги миллии мо хеле зиёд гуногун мебошанд, ки ҳар кадоме аз онҳо бо хусусияту мазмуни махсуси худ, таърихи офариниш ва рушду равнақи худ аз ҳамдигар фарқ мекунад.
Яке аз ҳунарҳои волои мардуми тоҷик кашидадӯзӣ ё гулдӯзии чакан мебошад. Чакан таърихи ниҳоят қадимӣ дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Чакани тоҷикӣ диққати ҷаҳониёнро ба худ кашидааст. Моҳи ноябри соли 2018 он ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, дар арсаи ҷаҳон маъруф гардид. Либоси миллии дигари халқи тоҷик атласу адрас мебошад. Имрӯз дар Тоҷикистон чандин навъи атласу адрас истеҳсол мешавад. Бонувони тоҷик аз ин навъҳои матоъҳои миллӣ либоси миллӣ медӯзанд.
Мо анъанаҳои миллии худро дорем, аз ҷумла либоси миллӣ – чакан, атлас ва рӯймол, ки зебо, шинам ва тоҷикона ҳастанд, ин гуна либосҳо пурра метавонанд ба талаботи замона ҷавоб диҳанд. Дар анъанаи миллии мо либосҳои тоҷикидӯхт дар зебоишиносии миллии мо нақши муҳим мебозанд. Мо – тоҷикон, воқеан ҳам фарҳанги либоспӯшии худро дорем ва бояд ин гуна арзишҳоро ҷонибдорӣ кунем.
Либоспӯшии тоҷикӣ бо такя бо назокати хосси худ моро дар ҷодаи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад. Бинобар ин, имрӯз бояд дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, тарбия намудани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштан, яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеа дониста шавад.
Шукурова Л.М.,
мутахассиси пешбари
Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон