Дигаргуниҳои дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ баамаломада, муҳимтарин руйдод дар вақтҳои охир ба ҳисоб мераванд. Дар натиҷа, ташаббусҳои ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ аз ҷониби субъектҳои муҳимми минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бештар ба назар мерасанд. Назари сиёсатмадорон ва коршиносон аз нигоҳдории ҷаҳони якқутбӣ то ташаккули ҷаҳони сифатан нави бисёрқутбӣ фарқ мекунад. Барои мо, ҳамчун намояндагони марказҳои таҳлилӣ, таҳлили холисонаи равандҳои имрӯзаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муҳим аст.
Бешубҳа, имрӯз, вақте ки ҷаҳон дар давраи мураккаби рушди худ қарор дорад, сиёсати ҳамсоягии нек мубрамияти хосаро касб менамояд. Мо бо ташвиш тезу тунд шудани муносибатхои байналхалкиро мушоҳида менамоем. Дар пеши назари мо чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти миллии давлатҳо меафзоянд. Дар баробари ин тамоюлҳои нави минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ташаккул меёбанд, ки аллакай ба равандҳои ҷорӣ таъсир мерасонанд. Ба ғайр аз ин, мутаассифона, монеаи асосӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда дараҷаи баланди нобоварии байни ҳамаи иштирокчиони кунунии арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар заминаи гуфтаҳои боло, бояд гуфт, ки агар ҷомеаи ҷаҳонӣ нуқтаи назари муштарак наёбад ва дар баробари мушкилоти мавҷудаи минтақавӣ ва байналмилалӣ сиёсати меъёрҳои сирф худхоҳонаро дар қабули қарорҳои сиёсӣ идома дода, мавқеи муътаризони худро эътироф накунад, дар ниҳояти кор ба фалокати ҷаҳонӣ оварда мерасонад. Равандҳои дарҷгардида ба минтақаи мо таъсири бевосита фарогир ва ҳамаҷониба доранд.
Бояд гуфт, ки имрӯз нақш ва мавқеи Осиёи Марказӣ дар шароити дигаргуниҳои куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ беш аз пеш меафзояд. Осиёи Марказӣ ба таври воқеӣ мавқеи муҳимми стратегиро дар ҷаҳони муосир ишғол мекунад. Минтақа дорои иқтидори бузурги созанда ва дар оянда метавонад муҳаррики дигаргуниҳои ҷиддӣ гардад. Дар баробари ин, имрӯз Осиёи Марказӣ оқибатҳои тамоми мушкилоти дар ҷаҳон ба амаломадаро пурра аз сар мегузаронад. Дар шароити воқеияти геополитикии имрӯза, ба назари мо, барои шукуфоии минтақа, сулҳу суботи пойдор, дастгирии мутақобила, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак зарур аст. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф давлатҳои мо тамоми захираҳоро доранд, ки омили муҳимми таъмини субот ва рушди устувор дар Авруосиёи паҳновар гарданд. Боиси хушнудист, ки вақтҳои охир давлатҳои минтақа таҷрибаи муваффақи худро дар ҳалли аксари масъалаҳои байнидавлатӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намудаанд.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонву дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша хислати сулҳҷуёна ва беғаразро касб намуда, дар оянда низ чунин боқӣ хоҳад монд. Бо эълони сиёсати «дарҳои кушода» Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо тамоми кишварҳои дуру низдик дар асоси эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд тасдиқ менамояд. Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок дорад ва Тоҷикистон ҳамкорӣ бо давлатҳои минтақаро муҳимтарин василаи рушди муштарак, таъмини сулҳу субот мешуморад.
Тоҷикистон роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилоти минтақавии ба миёномадаро танҳо дар чаҳорчӯби музокироти сулҳ ҳамчун муассиртарин василаи ҳалли онҳо медонад. Чунончи воқеаҳои охир нишон доданд, танҳои гуфтушунид мушкилотҳои мавҷударо ҳал карда метавонад.
Дар робита ба ин, бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз ташаббусҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба рушд ва шукуфоии Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, ҷонибдорӣ менамояд. Татбиқи амалии лоиҳаҳои зиёд танҳо дар сурате имконпазир аст, ки дар минтақа ва атрофи он сулҳу субот ҳукмфармо бошад. Дар робита ба ин таваҷҷуҳи шуморо ба чолишҳо, хатарҳо ва таҳдидҳое ки минтақа бо онҳо рӯ ба рӯ мегардад, ҷалб менамоем. Тоҷикистон дар низоми тамоми талошу фаъолиятҳои байналмилалӣ, ки ба решакан кардани зуҳуроти номатлуб нигаронида шудааст, фаъолона иштирок намуда, ба яке аз иштирокчиёни фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ табдил ёфтааст.
Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо хатари ифротгароӣ ва терроризм буда, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои берун аз ҳудуди онро аз оқибатҳои фоҷиабори ин падида ҳифз менамояд.
Бо дарназардошти он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ таҷриба ва саҳми бузург дорад, кишвари мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ҳамчун давлати пешсаф ва ташаббускор дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Қобили зикр аст, ки суханрониҳои Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамеша бо пешниҳоду ташаббусҳои асосноку созанда, пеш аз ҳама ба таъмини амният ва рушди муштараки устувор, таҳкими ҳамкорӣ ва робитаи байни давлатҳо, инчунин баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халкҳои минтақа равона гардидаанд.
Ташаббус ва пешниҳодҳои мубрами байналмилале, ки Тоҷикистон пешниҳод кардааст, бо дарназардошти вазифаҳои муштараки кишварҳои минтақа дар рафъи чолишҳо ва таҳдидҳои муосири бавуҷудомада буда, саривақтӣ ва воқеӣ мебошанд.
Дар заминаи таҳкими амнияти минтақавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад. Аз ҷумла, таъкид менамоем, ки тарҳи наве, ки дар ҷаҳон бо номи «Раванди Душанбе» маъруф мебошад, роҳандозӣ шудааст. Он аз соли 2018 фаъолият дорад. Дар ин муддат он таваҷҷуҳи ҷомеаи минтақа ва ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст. Самти асосии он ҳалли масъалаҳои мубориза бо терроризм ва экстремизми хушунатомез ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки бӯҳрони Афғонистон, терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, кибертерроризм, киберҷинояткорӣ, онлайн-экстремизми, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун сарчашмаи асосии маблағгузории гурӯҳҳои ифротгароиву террористии байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, масъалаҳои марзӣ, таблиғи намояндагони гурӯҳҳои мухталиф дар фазои иттилоотӣ, тиҷорати ғайриқонунии силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҳдидҳои фаромарзӣ, вуруди ҷангиёни созмонҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ ба Афғонистон ва фаъолияти террористӣ-экстремистии онҳо алайҳи кишварҳои минтақа ва зуҳури хатару омилҳои дигар сабаби асосии таъсиси «Раванди Душанбегӣ оид ба мубориза бо терроризм» гардид. Ҳамин тариқ, дар ин раванд зарурати таҳияи василаҳои ҳамоҳангсозӣ, равишҳои муассир ва муштарак барои мубориза бо чолишҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар баробари хатарҳо, чолишҳо ва таҳдидҳои мавҷуда афзоиш меёбад. Бинобар ин метавон гуфт, ки Раванди Душанбе – марҳалаи нави мубориза бо хатару чолишҳо ва таҳдидҳои мавҷуда мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун шарики боэътимод дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир муаррифӣ намудааст. Ҳамин тариқ, бо мақсади саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва табодули таҷрибаи ғании Тоҷикистон дар муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ, барқарории сулҳу субот тавассути гуфтушунидҳо Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки кишвари худро ба узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2028-2029 пешбарӣ намоем.
Ташаббуси дигари муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти обу иқлим ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки беш аз 60 дарсади манобеъи оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Вобаст ба ин, дар даврони истиқлол бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тақрибан 10 қатънома дар бораи об қабул кард. Қатъномаҳои мазкур дар пешбурди масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳм гузошта, дар ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати ҳалли онҳо саҳми арзанда гузоштанд.
Дар асоси ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об моҳи декабри соли 2020 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи 75/212 дар бораи тартиби баргузории Конфронси СММ оид ба захираҳои об қабул карда шуд, ки он дар шаҳри Ню-Йорк аз 22 то 24 марти соли 2023 таҳти раёсати муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд бо иштирок ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Конфронси миёнамӯҳлати ва баррасии ҳамаҷонибаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ё Конфронси мухтасари СММ оид ба захираҳои обии соли 2023 мебошад. Ин конфронс таърихӣ маҳсуб мешавад, зеро он дувумин Конфронси СММ аст, ки дар 50 соли охир ба масъалаҳои об бахшида шудааст. Аввалин конфронс соли 1977 дар Аргентина дар шаҳри Мар-дел-Плата баргузор шуда буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти обро барои истифода ва зиндагии муштараки давлатҳои минтақа дарк намуда, ба СММ ташаббуси наверо оид ба эълони “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” пешниҳод намуд, ки дар рафти Иҷлосияи 77-уми СММ 14 декабри соли 2022 якдилона қабул гардид.
Дар асоси изҳороти кабулшуда таклифҳои пешниҳодшуда аз тарафи давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
• Эълон кардани 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
• Эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
• Таъсиси фонди боварии байналмилалии дар назди СММ барои мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо;
• Баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар соли 2025.
Ин ташаббуси Президенти Тоҷикистон як платформаи беназир ва муҳимми ҳамкориҳои ҷаҳонӣ буда, метавонад дар таъмини амнияти иқлимӣ дар тамоми сайёра саҳми арзанда гузорад.
Дар маҷмуъ бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун ташаббускори ду раванди муҳимми ҷаҳонӣ яъне «Раванди Душанбе дар масъалаи об» ва «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» эътироф гардидааст.
Ташаббусҳое, ки мо зикр намудем, аз ҷониби давлатҳои Осиёи Марказӣ комилан дастгирӣ ёфтаанд. Мо ин дастгириро қадр мекунем ва он аз сиёсати неки ҳамсоягӣ ва дастгирии мутақобилаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дарак медиҳад. Итминони комил дорем, ки ин иқдомҳо дар пешрафти минтақа саҳми бузург хоҳанд дошт. Ҳамзамон, мехоҳам таъкид намоям, ки Тоҷикистон ҳамеша аз ташаббусҳои глобалии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби СММ, ки ба рушди минтақа нигаронида шудааст, дастгирӣ намуда, минбаъд низ дастгирӣ хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, бояд гуфт, ки ташаббусҳои дар боло зикршудаи ҷаҳонии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти воқеии башарият пешниҳодҳои воқеӣ ва муассир буда, ҳадафу вазифаҳои онҳо вобаста ба авлавияташон хеле оқилона гузошта шуда буданд.
Мавқеи санҷидашуда ва мутавозини Тоҷикистон, бешубҳа, ба таҳкими обрӯи байналмилалии Тоҷикистон ва мавқеи минбаъдаи кишвар ҳамчун нерӯи бонуфузу созанда дар суботи минтақавӣ мусоидат мекунад.
Дар охир таъкид менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои муколамаи созанда бо тамоми давлатҳо ва сохторҳои ҳамгироӣ ба хотири таҳкими сиёсати неки ҳамсоягӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак ба манзури некӯаҳволии мардуми минтақа ва ҷаҳон омода мебошад.
Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон,
доктори илмҳои сиёсӣ, Муовини директори
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон