Беш аз сӣ сол аст, ки сокинони кишвари азизамон–Тоҷикистони биҳиштосо аз баракати соҳибистиқлолӣ дар фазои орому осудаи сиёсӣ Наврӯзро ботантана истиқбол мегиранд. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Наврӯзи Аҷам домани густурда пайдо карду ба ақсои олам роҳ гирифт ва ба як чорабинии бузурги байналмилалӣ табдил ёфт.
Санаи 18 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфт. Дар қатъномаи СММ гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Соли 2016 ба қарори ЮНЕСКО ҷашни бостонии Наврӯз ба Феҳристи осори фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд.
Бояд таъкид кард, ки ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии умумиҷаҳонии созмони ЮНЕСКО, ки рӯзҳои 28 ва 2 декабри соли 2016 дар Ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ЮНЕСКО доир ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт гардид. Дар ин кори хайру наҷиб саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавриди мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз барҳақ чунин фармудаанд: “Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ, бо иштироки хурду бузурги мардум доир мегардад. Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад.
Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудию шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмуъ, ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд. (Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе,21.03.2016, сомонаи интернетӣ: www. president.tj).
Қабул гардидани қарори Шурои 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид аз 26 феврали соли 2010 дар бобати дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил намудани Наврӯз бояд мояи ифтихори ҳар яки мо бошад. Ангуштшуморанд чорабиниҳое, ки ба як ё чанд халқу миллат мансубанду баъдан ба доираи васеъ роҳ ёфта, ба ифодаи дигар байнанмилалӣ мегарданд. Сездаҳ сол аст, ки аксари кишварҳои олам пайи татбиқи қарори Созмони Миллали Муттаҳид бо ҳусни тавваҷуҳи зиёд ва ботантана Наврӯзи оламафрӯзро таҷлил менамоянд.
Инак, ба сарзамини кишварамон боз Баҳор омад. Баҳоре, ки бартарафкунандаи сардиҳою эҳёгари табиат аст, омаданашро тамоми мавҷудоти олам чашминтизорӣ мекунанд. Нахли умеду орзуҳо бо шарофати рангу ҷилои тоза ва нафаси гарму ҷонбахшои Баҳор дар қалби ҳар яки мо бедор мегардад. Наврӯзи оламфрӯз қосид асту аз бедории табиат, аз оғози фасли гулбасар ва оғози кишту кор мужда медиҳад.
Наврӯзие, ки ифодакунандаи рамзи эҳёи табиат, чун оғози тоза ва нишони ҷовидонаи зиндагӣ, сарчашмаи хуррами, покизагиву зебоӣ, ҳамчун мероси гаронбаҳои аҷдодии мардуми Шарқи бостонӣ, алалхусус тоҷикон, ҳазорсолаҳост, ки арзи ҳасти дораду акнун дар саросари олам тантана мекунад.
Замоне идеологияи Шуравӣ ҳукмронӣ дошт, Наврӯзро ҳамчун мероси хурофотпарастон мамнуъ дониста, муддате монеи таҳким ва рушду нумӯи ин ҷашни бостонӣ гардида буд. Шукронаи беинтиҳо, ки Истиқлоли давлатии кишвар Наврӯзро ҳамчун мероси милливу аҷдодӣ шукуҳу нусрат бахшид. Бо моҳияти бузурги тарбиявии худ Наврӯз ҳазорсолаҳо фаромуш нагардид, балки дар қарни 21-ум мақоми ҷаҳонӣ пайдо кард. Бояд тазаккур дод, ки боиси ифтихор аст, ки дар қабули қарор доир ба ҷашни байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бузург доранд.
Тоҷикон бо мероси пурарзиш ва гаронбаҳои худ ҷашни Наврӯзи дилафрӯз, ки саросар аз ойинҳои неки зиндагиомӯз иборат аст, дар миёни халқҳои олам эътибору шуҳрати зиёдаро сазовор гардиданд.
Барои оламиён бори дигар собит гардид, ки мероси пурғановату фарҳангии миллати тоҷик, ки ҷашни Наврӯз аз қабили онҳост, ки дар тарбияи ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан, дар таҳкими ваҳдати халқияту миллатҳо ва дину мазҳабҳои гуногун дар оянда хизматҳои арзишманд хоҳанд намуд.
Аҳаммият ва мақому мартабаи баланд доштани Наврӯзро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рушду нумӯи он хизмати арзишманд намудаанд, чунин қайд кардаанд: «Наврӯз иди поку беолоиши мардумист, ки ба дастархони ҳар хонадон файзу баракат меорад, аз зиндагии серу осуда мужда мерасонад ва ба кишоварзону деҳқонон кушоиши кор ато менамояд»
Ҳамеша ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан омода будан аз фалсафа ва ҳикмати бузурги Наврӯз маҳсуб ёфта, ҳамчунин, ин ҷашни бузург анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихи халқро дар худ таҷассум намудааст.
Дар оғози сол дар айёми фарорасии Баҳор ва рӯзҳои таҷлили Наврӯз, ки рамзи покизагии ҳаёт аст, дар дил парваридани орзуву ниятҳои нек ҳамеша касро ба муроду мақсадҳои наҷиб мерасонад гуфта таъкид месозанд гузаштагон.
Ёдовар шудани ин нукта аз он хотир зарур аст, ки имрӯз дар саросари кишварамон фазои ором ва амният воқеи ҳукмрон аст. Барои фаъолияти бисёрҷабҳа ва рушду равнақи кишварамон ин гуна шароит мусоидати комил менамояд. Ҳамеша баҳри ҳифзи оромӣ ва афзун гардонидани дигар дастовардҳои халқу кишварамон, ки боиси рузгори пурсаодатамон гардидаанд, бояд ҷидду ҷаҳди қавӣ намоем. Дар паҳлуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи татбиқи сиёсати ин марди воқеан халқпарвар, созандаву бунёдкор кӯшиш ба харҷ диҳем. Бояд ба воқеаҳои сиёсии ҷаҳон баҳои ҳаққонӣ дода, душворӣ ва мушкилоти ду даҳсола пештари ҳаёти халқу кишварамонро пеши назар оварда, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсаро аз даст надода, барои дубора такрор нашудани ҳодисаҳои барои халқ нангин роҳ надиҳем.
Яке аз талаботи оинҳои наврӯзӣ ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагист. Аз ҳамин хотир аст, ки мардум қабл аз Наврӯз хонаву дар, кӯчаву деҳу диёри худро тозаву озода менамуданд. Ин анъанаро пас аз Наврӯз ҳам идома медоданду бо ин васила ба ободкориҳои бисёр комёб мешуданд. Аз тарафи Роҳбарияти кишварамон дар арафаи ин ҷашни фархунда эълон гардидани ҳашарҳои ободонӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муассир ҷиҳати ба корҳои ободонӣ сафарбар намудани тамоми шаҳрвандони кишвари азизамон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки барои ба яке аз кишварҳои беҳтарину дидании ҷаҳон табдил ёфтани кишвари азизамон, ки орзуи ҳар яке аз сокини мамлакатамон аст, заҳмати зиёд кашиданамон зарур аст. Барои ба ин мақсад ноил гардидан, пеш аз ҳама, ҳар яки мо бояд дар ободӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва кору таҳсили худ кӯшиш намоем. Ин вазифаи ватандӯстонаву шаҳрвандии ҳамаи мо ва вазифаи инсонии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани солҳои 2019-2021 боз ҳам обод гардонидани саросари кишварамон ба шумор мерафт. Барои ба ин ҳадаф расидан имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки аз онҳо оқилонаву самаранок истифода бурдан зарур аст.
Бояд тазаккур дод, ки дар нақшаи бунёдкориву созандагиҳои кишварамон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо иншооти таъйиноти гуногун дарҷ гардида буданд, ки шумораи зиёди онҳо бунёду ба истифода дода шудаанд. Итминони комил аст, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз нақшаи тасдиқгардида иншооти гуногун бунёд гардида, моро на танҳо барои сазовор истиқбол гирифтани ин бузургтарину муқаддастарин ҷашни миллиамон муваффақ мегардонад, балки дар баробари ин дар беҳдошти сатҳу сифати рӯзгори сокинонамон мусоидати комил менамояд.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз “Солҳои рушди саноат” эълон гардидани солҳои 2022-2026 боз ҳам обод гардидани саросари кишварамон ва таъмини зиндагии арзандаи халқамон ба шумор меравад. Албатта, барои ба ин ҳадафҳо расидан имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки аз он оқилонаву самаранок истифода бурдан зарур аст.
Имсол низ мардуми кишварамон ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар фазои озод, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоянд, ки ин неъмати бузург аст. Ба хотири боз ҳам афзун намудан ва таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар як фарди бонангу номуси Ватанамон тақозо мегардад, ки бунёдкориву созандагиро сармашқи зиндагии ҳаррӯзаи худ намуда, минбаъд низ бо неруи дучанд барои ободониву пешррафти Ватани азизамон саъю талош варзида, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовезҳои арзанда омода намоянд.
Мо, сокинони кишвар, бо ҷонибдорӣ аз ин зуҳуроти ғамхорӣ ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ба хотири рушди минбаъдаи давлату миллатамон дар амалӣ гардидани тадбирҳои андешидаи Сарвари давлатамон бо ҳисси баланди масъулият ҳиссагузорӣ намоем.
Ҳар рӯзатон Наврӯз ва Наврӯзатон пирӯз бод!
Мирзо Ашӯров,
сармутахасиси раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон