ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» ба кор оғоз намуд, ки дар он нақши давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амният ва суботи минтақавию байналмилалӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар самти мазкур таҳлил мегарданд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Конфронс бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад.
Дар конфронс роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳлилии давлатҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иштирок доранд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода конфронсро ифтитоҳ намуда, сипас муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, раиси кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода ва намояндаи Бунёди ба номи Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ Ронни Хайне сухан гуфтанд.
Муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии ҷумҳурӣ Парвиз Муҳаммадзода изҳор дошт, ки «имрӯз сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати санҷидашуда, мутавозеҳ ва сулҳомез буда, дар сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи пешсафро касб намудааст. Маҳз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистон давлати ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи чаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст. Ва дар робита ба пешниҳоди Тоҷикистон қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бори дигар ин амрро тасдиқ намуд»,-изҳор дошт Парвиз Муҳаммадзода.
Конфронс аз ду бахш иборат буда, давоми рӯз иштирокчиён дар бахши аввал мавзӯи «Сиёсати ҳамҷавории давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун омили муҳими таъмини субот ва рушди устувор дар шароити пешрафтҳои калидӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ» ва дар бахши дуюми он мавзӯи «Ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ: вазъ, мушкилот ва дурнамои рушди муштарак»-ро баррасӣ менамоянд. Ҳамзамон доир ба мавзуъҳои болозикр роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳлилии давлатҳои Осиёи Марказӣ маърӯза хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки 14-15 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
Khovar.tj