Имрӯз, 10 марти соли 2023, дар  доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Конфронси байналмилалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзуи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак»   ба кори худ шуруъ намуд. Дар кори конфронс роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иштирок доранд.

Ҳамоишро бо сухани табрикӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни  нишастро хайрамақдам гуфт. Сипас муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода  ва намояндаи Бунёди ба номи Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ Ронни Хайне суханронии табрикӣ намуданд.        

Дар ҷаласаи пленарии конфронс директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, директори Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов, директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов, директори Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Канатбек Азиз, директори Маркази тадқиқоти стратегии  Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Турманистон Шири Шириев, муовини директори Пажӯҳишгоҳи  тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акрам Неъматов суханронӣ намуданд.      

Дар ҳамоиш нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амният ва суботи минтақавию байналмилалӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар самти мазкур арзёбӣ  мегардад. Ҳамзамон, сиёсати ҳамҷаворӣ ва ҳолату дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун омили муҳимми таъмини субот ва рушди устувор дар шароити тағйироти куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мавриди  таҳлил ва арёбӣ қарор мегирад.

Конфронси байналмилалӣ дар ду бахш идома дорад.  

 

Хадамоти  матбуотии  Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед