Санаи 10 марти соли 2023 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Конфронси байналмилалиро дар мавзуи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» баргузор менамояд. Дар кори конфронс роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ ширкат меварзанд.
Ҳамоишро бо сухани табрикӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ менамояд. Сипас муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода ва намояндаи Бунёди ба номи Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ Ронни Хайне суханронии табрикӣ менамонд.
Дар ҷаласаи пленарии конфронс директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, директори Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов, директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов, директори Пажӯҳишгоҳи миллии тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Канатбек Азиз, директори Маркази тадқиқоти стратегии Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон Шири Шириев, муовини директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акрам Неъматов суханронӣ менамоянд.
Бахши аввали ҳамоиш таҳти унвони “Сиёсати ҳамҷавории давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун омили муҳимми таъмини субот ва рушди устувор дар шароити пешрафтҳои калидӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ” ва бахши дуюми он таҳти унвони “Ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ: вазъ, мушкилот ва дурнамои рушди муштарак” доир мегардад. Доир ба ин мавзуъҳо роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳлилии давлатҳои Осиёи Марказӣ маъруза хоҳанд кард.
Дар конфронс нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амният ва суботи минтақавию байналмилалӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар самти мазкур таҳлил мегарданд. Ҳамзамон, сиёсати ҳамҷаворӣ ва ҳолату дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун омили муҳимми таъмини субот ва рушди устувор дар шароити тағйироти куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ андешаҳои худро пиромуни маърузаҳои ироашуда иброз намуда, вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот, дастгирии мутақобила, муборизаи дастаҷамъӣ ба муқобили терроризму ифтрогароӣ дар минтақа, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои сӯдманд дар соҳаҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитию нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳии давлатҳои минтақаро арзёбӣ хоҳанд кард. Чорабинии мазкур бо дастгирии Бунёди ба номи Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ доир мегардад.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон