Дар суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ мавриди натиҷагирӣ қарор гирифт, ки дар ноил гардидани ба ин дастовардҳо нақши Шурои Ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хеле бузург аст. Ҳамчунин, дар Паёми Президенти мамлакат баҳри рушди минбаъдаи кишвар андешаҳо ва барномаҳои мушаххасе пешниҳод гардиданд, ки татбиқ гардидани онҳо дар амалияи ҷамъиятӣ боиси рушди устувори иқтисодии давлат мегардад.
Иқтибос аз суханронии Пешвои миллат “Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони Истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистон, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносанд ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд”
Воқеан, дар ноил гардидан ба дастовардҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ тамоми мардуми соҳибхиради Тоҷикистон нақши бевосита доранд. Дар ин раванд нақши Шурои ҷамъиятиро мехоҳам махсусан таъкид намоям, ки дар лаҳзаҳои душвор ва санҷиши таърихӣ Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ тавонист дар барқарории сулҳ субот ва оромиву осудагӣ саҳми назарраси худро гузорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-уми апрели 1996 Шӯрои Ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун неруи муттаҳидкунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис ёфт. Маҳз дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ Шурои ҷамъиятӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифаи намояндагӣ аз манфиатҳои гуногуни ҷомеаро иҷро намуда, дар барқарорсозии сулҳу субот нақши муассири худро гузошт. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар татбиқи мақсаду маромҳои гузашта ва имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши фаъол дорад. Махсусан, ташкилотҳо ва ҳаракатҳо, созмонҳову иттифоқҳои ғаёриҳукуматӣ ва дигар муассисаҳои ҷамъиятии узви Шуро дар пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои узви он дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии нақши муҳим доранд. Шурои ҷамъиятӣ, ки тибқи Низомномаи Шуро ҳамчун ниҳоди машваратӣ ва намояндагиву ҳамоҳангсозанда аст, ки бо таҳлили масъалаҳои гуногун ва пешниҳодҳои алтернативӣ дар ҳалли муаммоҳои мубрами ҷомеа саҳм мегузорад. Яъне Шурои ҷамъиятӣ дар муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун ниҳоди ҳамоҳангсоз иштирок намуда, дар таҳкими ваҳдати миллӣ аст, ба таври шоиста иҷро намуда истодааст. Агар ба дастовардҳои се даҳсолаи охири давлати мо назар намоем, худ маълум мегардад, ки ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ омили асосии рушди босуботи Тоҷикистон гардидааст. Аз ҳамин лиҳоз, муҳим аст, ки ташкилотҳо ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳифзи ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ бештар саҳм гузоранд. Вале вобаста ба самти фаъолияти машваратии сохторҳои Шурои ҷамъиятӣ як нуқтаро қайд намудан мехоҳам. Вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, талаботи рушд ва мақсаду маромҳои дар пеш гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд, ки ҳамаи моро аз ҷумла сохторҳои Шӯрои ҷамъиятиро водор намояд, ки бештар фаъол бошанд ва бо таҳлил намудани масъалаҳои гуногун ба Ҳукумати кишвар ва дигар сохторҳо пешниҳодҳои лозимиро баён намоянд. Ва ба ин васила дар пешрафти давлат саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар шароити муосир ҳалли масъала ва муаммоҳои дар ҷомеа ҷой дошта, танҳо вазифаи давлат нест. Дар ин раванд фаъолнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он хеле муҳим аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки фарогири гурӯҳӣ муайяни одамони гуногун аст, дар инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим дорад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули ҳизбҳои сиёсӣ тамоми шароит ва имконот фароҳам сохтааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои бунёдии сиёсиро муайян карда, барои рушди гуногунандешии сиёсӣ, низоми бисёрҳизбӣ, амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо шумораи иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон босуръат афзуда, ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфт. Агар имрӯз тамоми аъзоён ва сохторҳои Шурои ҷамъиятӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои дар паҳлуи Ҳукумат бошанд ва дар татбиқи нақшаву барномаҳои давлатӣ саҳми муносиби худро гузоранд, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки тамоми камбудиҳои мавҷуда дар муддати кӯтоҳ ҳалли худро ёфта, ҷумҳуриамон соҳиби рушди устувор мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаҳони муосир давлатҳои дунёро хатару таҳдидҳои гуногун, ба монанди тероризму ифротгароӣ, бархурди таммадунҳо, раванди ҷаҳонишавии канора, манфиатҷӯӣ қудратталабии давлатҳо тағйирёбии иқлим, қочоқи маводи мухаддир, фурӯши инсон ва фурӯши силоҳ, ҳадаф қарор доданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар байни хатару таҳдидҳои дар боло арзёбӣ гардида, ҷиддитарину хавфноктарин онҳо барои ҳар як давлати миллӣ тероризму ифротгароӣ ба шумор меравад. Имрӯзҳо дар натиҷаи амалҳои созмонҳои ифротӣ ва террористӣ даҳҳо ҷомеаҳо пароканда гардида, давлатҳои орому обод ба коми ҷанг кашида шудаанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо тероризм ва экстремизм “Стратегияи муқовимат бар экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” татбиқ шуда истодааст, ки он мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайн намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст. Дар ин раванд фаъол будани Шурои ҷамъиятӣ ва сохторҳои он натиҷаи мусбат ба бор меорад.
Сохторҳои Шурои ҷамъиятӣ, ки имрӯз дар ҳама шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамояд, муҳим аст, ки дар байни ҷомеа бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ба ин васила, муҳиммият ва зарурати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти давлат ва тинҷиву оромиро ба сокинон омӯзонанд. Чунин ташшабусҳо ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, ки аз ҷониби Шурои ҷамъиятӣ доир карда мешавад, ба шаклгирии мафкураи солими наврасону ҷавонон мусоидат намуда, дар ҳифзи афкори умумии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Маҳз ҳамин арзишҳо ва дастовардҳои муҳимро бештар ҳифзу ҳимоя намоем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шурои ҷамъиятиро низ водор менамояд, ки дар ин самт ташшабус ва тадбирҳои амалии худро аз ҳамин ҳоло оғоз бахшад. Шӯрои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои узви онро зарур аст, ки дар раванди амалигардонии нақшаи чорабиниҳо доир ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар канори Ҳукумати мамлакат бошанд.
Мирзо Ашӯров,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон