Миллати тоҷик яке аз халқҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, бо доштани таърихи ғании худ дар ҷаҳон ном баровардааст. Тоҷикон аз замони арзи вуҷудашон ҳамчун халқи созанда, ободкор, дорои таммадуни баланд шинохта мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои муҳим барои боз ҳам дар сатҳи баланд муаррифӣ кардани фарҳанги халқи куҳанбунёд ҳамарӯза ба чашм мерасад. Иқдомҳои мазкур кишвари моро натанҳо дар дохил, балки дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
Истиқлоли давлатӣ барои рушду ташаккул ва эҳёи арзишҳои миллӣ шароит фароҳам овард. Дар ин раванд кишвари мо ба тамоми дастовардаҳо дар соҳаҳои гуногун ноил гардид. Айни ҳол мо дастовардҳои назаррасро дар соҳаҳои маорифу фарҳанг ва амсоли инҳо дида метавонем. Дастовардҳо дар соҳаҳои номбурда беназир буда, барои эҳёи таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик хеле назаррас мебошанд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд: “Ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд”.
Дар таърихи ҳар халқу миллат дар давраҳои гуногуни таърихӣ фарзандоне ба дунё меоянд, ки барои ватан хизматҳои арзанда анҷом медиҳанд. Бобоҷон Ғафуров далели равшани ин гуфтаҳост. Бобоҷон Ғафуров барои халқу ватани хеш меросе ба ёдгорӣ гузошт, то ин ки таввасути он ба гузаштаи пурарзиши хеш шинос шаванд. Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров барои миллати тоҷик беҳтарин василаи омӯзиши таърихи миллат ба ҳисоб меравад.
Китоби “Тоҷикон” шоҳасарест, ки тамоми ҷанбаҳои таърихии миллатро дар бар гирифта, аҳамияти баланди илмиро доро аст. Руйдоди муҳиме, ки соли 1972 барои халқи тоҷик рух дод, ин чопи китоби “Тоҷикон” бо забони русӣ, бо теъдодӣ 10 ҳазор нусха буд, дере нагузашта соли 1983, яъне баъди 11 сол ба олими дақиқсанҷ тарҷума ва чопи он бо забони тоҷикӣ муяссар гашт. Ба ин китоб тақриз навиштани устод Садриддин Айни беҳуда набуда, аз аҳамияти баланди илмӣ доштани он дарак медиҳад. Дар китоби “Тоҷикон” тамоми таърихи миллати тамадунофари мо давра ба давра, бо як тартиби хоссаю услуби илмӣ дарҷ гардидааст.
Дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз беҳтарин сарчашмаҳои ватанию хориҷӣ истифода шудааст. Тартиби мавзуҳо дар китоби “Тоҷикон” хронологӣ буда, давра ба давра оварда шудааст, ки таърихи тайкардаи миллати тоҷик пурра инъикос ёфтааст. Баъд аз мутолиаи ин китоб хонанда аз таърихи гузаштаи миллати худ воқиф мегардад.
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи тоҷик, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, тақдим гардид. Ин иқдоми Пешвои миллат мазмуни онро медиҳад, ки барои худшиносии ҳар як тоҷик донистани таърихи гузаштаи миллат муҳим мебошад.
Ин тадбири ҳукумати мамлакат дар замони ҷаҳонишавӣ хеле ба маврид арзёбӣ мегардад. Мутолиаи ин китоб ба ҳар оилаи тоҷик шароити беҳтаринро барои омӯхтан ва огоҳ гардидан аз таърихи миллати хеш фароҳам овард. Бо тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳури китоби Тоҷикон сари вақт дастрас гардид. Дар кишвар ба ифтихори 115 солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Пешвои миллат озмуни махсусгардонидашуда ба роҳ монда шудааст. Озмуни “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” барои муаррифии беҳтарин донандаи ин китоб замина ба ҳисоб меравад. Озмуни мазкур барои тақвият додани ҳисси ватандустӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани донишҳо оиди таърихи миллат беҳтарин васила ба шумор меравад.
Имрӯз ҳар шаҳрванди кишварро мебояд, ки арҷгузорӣ ва муаррифӣ кардани таърихи миллатро қарзи шаҳрвандии хеш донанд, зеро шароити пуртазоди ҷаҳони муосир донишҳои таърихиро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ тақозо менамояд.
Таварова Моҳира Шарифхоновна,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон